Буҳрони бесаводи Тоҷикистонро мехурад…?


Имруз ҷомеъаи башар бо шахсони босавод хеле эҳтиёҷе дорад, аз ин раванд ҷумҳурии мо низ бояд таъмин бошад, бо ҳамин сабаб тасмим гирифтем, ҳарфе гуфта бошем оиди савод, ва саводомузии имруза. Маҳфи нест, ки имруз савияи дониш, донишандузи дар кадом поя карор дорад. Аксар соҳибназарон бар ин боваранд, ки анкариб 50-60 фисади ҷомеаи Тоҷикистонро бесаводон ташкил мекунанд, аммо ин танҳо фарзия ва тахминест, ки коршиносон иброз намудаанд чун саводи мардумро наметавон бо тарозу баркашид. Таасуфовараш ин аст, ки агар 50 фоизи мардуми ҷомеаро босаводон ташкил кунанд ҳам, мунтаҳо анкариб 25 фисади ин табаа дар хориҷ аз кишвар дар куи муҳоҷират зиндаги доранд ва ногузир саҳиманд дар рушду пешрафти ҷомеаи беруна.

Бесаводи. Ин як вожаи кучак, як миллат, кишвар ва ҷаҳонро метавонад бо як зарба нобуду маҳв намояд. Ин вожа ба масобаи бемориест, ки ба ҳар ҷомеае, ки гом ниҳад муҷиби маҳви он ҷомеа хоҳад гашт. Бесаводи бузургтарин омил дар шикасту заволи ҳар ҷомеае маҳсуб меёбад. Бесаводи ба ҷомеа танҳо торики, ҷаҳолат, ҷангу тафрика, беадолати, ришваситони, дуздиву тороҷ меораду бас. Одами бесавод хатарноктарин одам аст, чун таҳлилу киёс надорад, чун бинишу дидгоҳ надорад, чун бо кадом су ру намуданашро худ намедонад ва ҳар коре гуи бидуни  ҳеҷ шакку тардиде мекунад ва якинан метавон иддао намуд, ки ру овардани аксар табаи ҷомеа ба ину он кор ва ҷой, аз ҳамин самт аст ва аз ҳамин зовия метавон ба ин нигарист. Ҳоло биёед сари асли матлаб  руҷуь намоем. Кишвари мо, Тоҷикистон. Ҷомеаи ин кишварро  метавон яке аз муаммотарин, печидатарин, проблемадортарин ҷомеаи ҷаҳони хонд. (албатта ба истиснои баьзе пешравиҳо дар баьзе умурҳо). Имруз миллати мо дар ҳоли буҳрон карор дорад. Мо дар ҳама самт, дар ҳам соҳот мушкил дорем, ягон соҳае нест, ки дар он бидуни камбуди фаолият бурда шавад. Ҳарчанд мушкилоти калиди ва умдатарини  ҷомеаи мо буҳрони иктисоди  аст вале  шояд то андозае ин мушкили асоси  буда натавонад. Аз ҳама хатарноктарин ва зарарноктарин буҳрон, ки ҳоло дар кишварамон муддатест, ки чун  меҳмон ҳузур дорад ин  «ҷаноби бесаводи»–ст, ки  бартараф кардани он аз буҳрони иктисоди ҳам ба маротиб мушкилтару  душвортар аст. Мо агар ин иддаоро салоҳ бидонем ва бигуем , ки дар Тоҷикистон чеҳраҳои донишманду хирадмандро ба нудрат метавон пайдо кард, шояд иштибоҳ шавад, аммо агар гуем, ки дастгири ва кумаки ин аҳли зиё ва боистеьдоди ҷомеа ба таври хеле маҳдуд дида мешавад шояд иддаоямон то андозае саҳеҳ бошад. Аммо суоли матраҳ инҷост, ки оё дар васати ҳама буҳронҳо кадоминро метавон зарарноктарину сангинтарин буҳронҳо барои ҷомеа донист.Тибки як назарсанҷи ки дар миёни чанд коршиносони умури мухталифи ҷомеа гузаронида шуд, рушан гардид, ки  фисади аьзами назари коршиносон бар самти буҳрони фикри ё худ  буҳорни саводу маьрифат равона гардид, ки ин буҳрони ваҳим тибки назари  соҳибназарон имруз (ва чандин сол аст, ки) ҷомеаи бе ин ҳам муаммодори Тоҷикистонро боз ҳам  мушкилтар намудааст. Аксар соҳибназарон бар ин боваранд, ки анкариб 50-60 фисади ҷомеаи Тоҷикистонро бесаводон ташкил мекунанд, аммо ин танҳо фарзия ва таҳминест, ки коршиносон иброз намудаанд чун саводи мардумро наметавон бо тарозу баркашид. Таасуфовараш ин аст, ки агар 50 фоизи мардуми ҷомеаро босаводон ташкил кунанд ҳам, мунтаҳо  анкариб 25 фисади ин табаа дар хориҷ аз кишвар дар куи муҳоҷират зиндаги доранд ва ногузир саҳиманд дар рушду пешрафти ҷомеаи беруна. Анакнун казоват намоед ҳудудан  50 фоизи мардум бесавод, анкариб 52 фоиз зери ҳатти факр ва чаҳоряк фисад аҳли зиёи кишвар дар хориҷ ба сар мебаранд. Агар вазь чунин идома ёбад моро чи интизор аст? Ва оё метавон ояндаи рушане аз кишварро чашм дошт? Дар робита ба ин масьала рузноманигор Муҳаммадюсуфи Шоди чунин мегуяд:

-Бесаводии миллат, ки аз охири асри гузашта огоз гардид, ҳамакнун соате карор нагирифтааст ва мисле, ки як нафар бо парашут худро аз ҳавопаймо ҳаво додаю поин меояд ба ҳамин суръат поин омадан дорад. Аллакай мо бо ҳатмкунандагони макотиби олии кишвар вомехурем ва мебинем, ки дараҷаи бесаводии эшон то андозае аст, ки дар замони мо синфи 3-4 савод дошт. Хуб моро чи интизор аст? Фалаҷ интизор аст, зеро имруз дар корхонаҳои кишвар ва идораю муассисаҳо нафари  ҷадиде нест, ки мактуберо беҳато навишта тавонад. Бесаводии ҷомеа окибате сахт вазнинро метавонад ба дунбол бигирад.

Шурави мугассири бесаводи?

Як масьули баландмакоме, ки нахост ному насабаш зикр гардад, чунин мешуморад, ки Шурави ягонa давлате буд, ки сатҳи саводу маьрифат дар ин давра баланд буд  агар даврони Шуравиро аз нигоҳи меьёр ва адл бингарему баҳозгузори намоем мебинем, ки Шурави дар микёси давлатҳои ҷаҳон ягона давлате буд, ки  сатҳи саводнокияш дар зинаи хеле баланде карор дошт. Аммо ҳоло он зинаҳои баланди маьрифату савод, ки дар миёни тоҷикҳо  ва ҳатто деҳотиён дида мешуд, куллан маҳв шудааст ва инро метавон заьифиҳои ниҳоди маориф номид.

Аммо  донишманд ва ҷомеашиноси тоҷик  огои Ҳошим Холзода Некварз  таьлиму тарбия дар даврони Шуравиро ба идеалогияи мардуми тоҷик носозгор медонад ва чунин мешуморад, ки Шурави тавонист мардуми тоҷикро аз хатту саводи суннатии худашон дур кунад ва  сиёсати он вактро сиёсати фархангкуш унвон мекунад:

-Барои дармони ҳар дард ва рафьи ҳар офате  лозим аст, он решаёби шавад ва сабабу иллатҳояш рушан гардад. Дар ин радиф агар перомуни нобасомониҳои кунунии бахши маориф андеша кунем, дармеёбем, ки агарчи давлати шурави бесаводиро аз ҷумла дар Тоҷикистон решакан кард, аммо ин саводнокгардони аз ҷиҳати  ҳадаф, сифат ва умк ба ҳадде набуд, ки посухгуи ниёзҳои  дарозмуддати миллатҳои сокин дар маҳдудаи Шурави   бошад. Таьлиму тарбия дар он даврон бо эдеологияи марксисти-ленини созгор гардонида шуда ва дар ҷиҳати сохтани «инсони шурави» ё «совети» ба кавли сарони коммунист хидмат мекард. Дар ин масир буд, ки миллатхои дар гузашта соҳибтамаддун амсоли тоҷикон аз   хатту оин  ва таьлиму тарбияи суннати дур гардонида шуданд. Ин сиёсат ба наслкушии фарҳанги мемонд, ки мушкилоти баьдиро замина гузошт.

Бо фурупошии шурави  захмҳои он зарбаҳо  ру шуданд ва ҷангу мушкилоти солҳои аввали истиклол ва бадтар аз инҳо бебарномагиҳои маьсулони алоҳида барои соҳаи маориф » болои сухта намакоб»  гардид

Албатта агар ҳануз ҳам ба сари як карор биёем ва дарк кунем, ки бидуни илму амал наметавонем ба ҷое расем , метавонем дар ҷиҳати ободии фардои Тоҷикистон саҳмгузор бошем.

Мо авлоди Рудакию Синоем?

Мусаллам аст, дар ҷомеае ки сатҳи камбизоати, вазьи  иҷтимои ва иктисоди дар сатҳи паст карор дорад, дар мавриди босаводию саводнокии ҷомеа ҳарф задан гайриимкон аст. Яьне вазьи иктисодию иҷримои метавонад муаянкунандаи меьёри босаводии ҳар ҷомеа бошад. Имруз чуноне, ки мушоҳида мекунем дар кишвари Тоҷикистон, сабади истеьмоли ва вазьи иҷтимои дар ҳама минтакаҳои кишвар чи русто ва чи шаҳр дар пояи хеле пасте карор дорад. Ва ин чиз муҷиб гашта то мардуми кишвар асбоби сафар ба ҳиҷратро омода кунанд. Аммо бадбахтона имруз муҳоҷират барои мардуми мо  на ҳамчун як падидаи маьрифатзою маьниофар, балки ҳамчун як падидаи дарёфти кутти лоямут гаштааст. Ва албатта ҳеҷ муҳоҷире фурсати онро надорад, ки китобе, рузномае бигираду хонад, чун вакт надорад. Ва гуфтан метавон ҳеч гуна дасрасие ба васоити ахбoри чи электрони ва чи хаттиро надорад. Имруз гуфтан метавонем, ки деҳоти кишвар аз дастраси  бо ҳама гуна  иттилоот дар ҳама гуна шакл маҳруманд.Ба унвони мисол он рузномаҳое гайридавлатие, ки  дар кишвар амал мекунанд, кариб ҳамааш фарогири киссаву достонҳои хонаводагист, ки  дар сурати дастраси ба он мардуми дурдасти деҳот метавонанд то андозае савияи маьрифати худро боло бубаранд.Аммо бадбахтона чунин дастрасие ба деҳотиён хеле маҳдуд аст, пас магар ин омилро наметавон бар бесаводии ҷомеа арзёби намуд? Аммо имруз мебинем, ки лаҳза ба лаҳза лашкари бесаводи ҳамлагари мост ва моро ба коми хеш фуру мебарад.

Муҳаккики тоҷик Маликнеьмат гирифтор будани ҷомеаи кишвар бо буҳрони фикри, илмиро дар заьифиҳо ва ноустувориҳои андешаи мо медонад. Ва ҳама бадбахтиҳои ҷомеаи башариро маҳз аз касофатҳои ҳамин буҳрон арзёби мекунад. У ба накл аз гуфтори Зардушт он паёмбари ростин чунин мегуяд, ки дар ибтидо одамият «инсон» буд, яъне ба сони ҳудо буд, аммо баъд «башар» шуд, яъне олуда ба шарр гардид, акнун ба сурати туда даромадааст, яъне ба галаи сутур монанд шудааст. Ин ҳама аз касофати буҳрони фикрист. Зеро одамизод ончунон, ки андеша менамояд, амал намекунад, чунки аз иблис метарсад. Лекин калиди ҳалли муаммои буҳрони фикри дар панҷаи андешаи мост ва он ин аст:

Зишт бояд диду ангорид хуб,

Заҳр бояд хурду ангорид канд.

Маҳмудҷон Файзраҳмонов устоди донишгоҳи байналмилаллии Исломии Исломобод ва номзади илм дар риштаи «динҳои ҷаҳон» дар мавриди тафовути буҳрони моли аз буҳрони фикри бар ин андеша аст, ки буҳорни маьнави  аз буҳрони  моли хатарноктар аст ва онро метавон дар радифи буҳорнҳое чун маҳалгарои, адами маьрифати сиёси, шахсиятпарасти гузошт.

-Ба  фикри банда, буҳрони фикри аз буҳрони моли дида хатарноктар аст, зеро аввали дар аксари ҳолатҳо сабаби зуҳури баъди мешавад. Бубинед, Олмон баъди ҷанги дуввуми ҷаҳони ба замин яксон шуда буд, вале тарзи тафаккури олмони, ки аз чанд карн боз дар шахсияти олмони ҳифз шуда буд тавонист дар кутоҳтарин замон Олмонро яке аз зеботарин ва пешрафтатарин кишварҳои дунё кунад. Инчунин, дар карни 7 милоди  тарзи тафаккури ҷадид мардуми факири Арабро дар як муддати кутоҳ ба як импротури калон мубаддал сохт. Аммо, 13 сол аз сулҳи тоҷикон гузашт вале ватанамон дар зербиное, ки Шуравии собик сохта буд ба зур истода аст, зеро буҳрони фикри монанди шаҳсият-парасти, маҳалгарои, камбуди фаҳмиши сиёси ва гайра дар умки тафаккури мо лона кардааст.

Дигар он чизе, ки имруз зеҳни моро нигарон карда ин то рафт дур шудани мардум аз китобу китобхонаҳост. Оре   дар ҳама давру замон китоб дусту ҳидоятгари инсон будааст. Аммо солҳои охир дари китобхонаҳо баста ва таваҷуҳу муносибати мардум нисбати ин ганҷина сард аст. Ба кавле агар китоб нахонем, як сифати инсониро аз даст дода,  маьзарат ба ҳайвоне наздиктар мешавем. Сухансарое фармуда: касе ҳарруз акалан панҷоҳ саҳифа китоб нахонад, ҳаргиз хирадмандаш нахонед. Пас ҳар кас ба худ суол кунад, оё имруз саҳфае хондааст. Мо миллати фарҳангпарварем. Ва ин иддаоро сaлоҳ медонем. Аммо аз нигоҳи соҳибназарон вактҳои охир дар олам аз ҷумлаи онҳое чой гирифтаем, ки сатҳи фарҳангиямон коста. Чи касем, ки хонаҳои дабдабаноку осмонбус дорему лек дар хона китобхона надорем? Имруз вокеан дури аз китобу хондани онро метавон авомиле бар каммаьрифатии ҷомеа хонд. Агар боре ба замони мози лангари назар андозем, хоҳем дид, ки миллати мо чун яке аз аввалин офарандагони кутуб буд баъдан ҳеч вакт аз китобу хонишу дониш дур набудааст ва донишро  чун ҷароги равшану роҳкушо дар даст дошт. Аммо ҳоло , дар зaмони кунуни чи? Чун ба ин миллати ба кавле  созанда, тамаддунсоз, донишдуст ва ҳоказо тайи солҳои баъди менигарй, яьне дар мукоиса бо замони Шурави вобастагию муносибати фарзандони ин миллатро нисбати китобу китобдорй, китобхонй  ва донишчуи мебини ҳиҷ боварат намеояд, ки ин мардум авлоди ҳамон бобои Рудакию Фирдавсй, Синою Аттору Румию дигаронанд.

Ҷанги шаҳрванди омили бесаводист!

Албатта камтаваҷҷуҳи ба кутуб ва ҳисороти маьнави дидани мардумро баьзеҳо дар ҷанги 5 солаи шаҳрванди маьнидод мекунанд, ки  маҳз ин ҷанг муҷиби  харобу коста гардидани низоми маорифи кишвар гардидааст ва кисми азими наслро дар зери сояи бесаводи карор дода буд. Бояд бигуям, ки тибки назари коршиносон ва соҳибназарон ҷанги 5 солаи солҳои 90-ум анкариб 50 сол моро ба акиб кашонд ва хисороти бузурги маьнавию фарҳангиро дар ҳаёти миллати мо эҷод кард.

Умед Аҳмадов  як нафар рузномнаигор  дар робита ба ин  мавзуь ҷанги шаҳравндиро асоситарин  омили бесаводии ҷомеа медонад  ва аз хатарноктар будани буҳорни фикри чунин мегуяд:

-Албата буҳрони фикри сангинтараст, зеро агар ин падида ру занад ба дунболи худ ҳам буҳрони моли ва ҳам буҳрони сиёсиву дигару дигарро меорад. Буҳрони моли ки феълан саросари ҷаҳонро фаро гирифтааст танҳо бо акли солим ва касбияти баланд метавон онро бартараф кард. Аммо мутаасифона ҷанги шаҳрванди то андозае мардумро ба чунин мушкил, яъне буҳрони фикри гирифтор намуд ва  насли баьдиро бесавод монд ва онҳо кариб ҳама имруз ба буҳрони фикри гирифторанд.

Аммо инҷо бар хилофи андешаҳои ҷаноби Аҳмедов, рузноманигор Муҳаммадюсуфи Шоди бесаводии ҷомеаро дар нодуруст гузории кадрҳо мешуморад ва сатҳи пасти иктисодиётро асоситарин омил дар ин самт мебинад:

-Шояд ин иддао то андозае дуруст бошад, лекин сабаб дигар аст. Сатҳи пасти иктисодиёти кишвар ва надонистани усулҳои идори яъне (приоритет) ба кадом соҳа додани авлавит дар ҷомеа миллатро бесавод кардааст. Вале бо ин вуҷуд роҳҳои баромадан аз ин буҳрон мавҷуд аст, факат иктисоддоне чун Умаровро токати шунидан доштан лозим,ки афсус дар мо гуши шунавое нест. Пеш аз ҳама вазъи ногувори иктисодии кишвар аст, аммо «Агар дил сузад, аз чашми кур ҳам об меравад» мо агар хоҳем метавонем реформа гузаронида авлавиятро танҳо ба соҳаи маориф дода ,дар чанд сол аз ин мушкили бароем.

Ба бовари ҳамсуҳбатам реформаи ҷаноби Абдуҷаббор яьне 12 сола кардани таҳсил теша бар решаи саводнокии миллат аст. Чун алъон муалиме надорем, ки дарс гуяд пас чи гуна метавон барои 12 сола муаллим ёфт?

Забони маориф гунг аст?

Яке аз бадбахтии дигари мо  дар он аст, ки дар системаи маорифи кишвар  яьне системаи макотиби олии Тоҷикистон таҷрибаи  дигар кишварҳо ҷори карда нашудааст.Ин дар ҳолест, ки  дар аксар давлатҳои ҷаҳон   макотиби оли  ба ду система таксимбанди шудааст, яьне  яке макотиби оли, ки бевосита аз ҷониби давлат  таьсис дода шудаанд, ки хондан дар он ройгон  сурат мегирад ва дигаре  муассисаҳои гайридавлати. Аммо , бубинед дар Донишгоҳҳои  давлатии мо имруз гуруҳҳои буҷави хеле маҳдуд карда шудаанд, ҳоло он,ки инҳо донишгоҳи давлатиянд чунон чи дар Сарконун омада аст: «Давлат вазифадор аст,ки  таьлимро бепул ҷори кунад».Ва имруз мебинем,ки донишгоҳҳои шартномави ба тадриҷ афзоиш меёбанду рушд мекунанду ва Сарконунро ҳеч мешуморанд.Ва ҳар яке  ба истиллоҳ «нарх»-и худро дорад ва барои шомил шудан ба ин даргоҳҳои «маьрифат» бояд маблагҳои ҳангуфтеро соҳиб буд,ки унвони донишҷуйро сазовор гадад.Бар замми ҳамаи ин, ки  ҳоло барои макотиби Тоҷикистон муаллим намерасад Вазорати маорифи кишвар таҳсилро 12 сол кард.ХУб, бубинед дар кишваре, ки маоши ҳадди акалаш 60 сомони аст, магар метавон  бо чунин маблаги ҳангунфе савод омухт? Пас шаҳрванди Тоҷикистон маҷбур мешавад  ба Руссия ё дигар давлати муҳоҷирпазир сафар намояд. Аммо ин суол маро ва чандин нафароне чун  маро азият медиҳад, ки то кай метавонем худро бо раванди муҳоҷират созгор намоем?

Пас дар ҳоле, ки Тоҷикистонро буҳрони фикри-илми-маьнави  фаро гирифтааст, оё киро метавон мукассир шуморид ва чиро метавон сабаб хонд? Ҳукумат ё мардум ё чизу каси дигарро?

Саймуддин Дустов коршиноси маосили сиёси чунин мегуяд:

-Ин ҳукумат аст, чун барои рушди инсонҳо шароити мусоид намеофарад.

ба андешаи ман, дар Ҳукумати Тоҷикистон дарки муҳимияти ин масъала вуҷуд надорад. Суханҳое, ки дар ин самт ягон-ягон гуфта мешаванд, ё ба ном чорабиниҳое пиёда мешаванд хокпошианд ва намоиши беҳунарии ҳукумат маҳсуб меёбанд

Аммо Маҳмудҷон Файзраҳмонов устоди донишгоҳи байналмилаллии Исломии Исломобод ҳам ҳукумат ва ҳам мардумро мукассир мешуморад.

-Чунин ба назар мерасад, ки дар эҷоди ин буҳрони асли ҳам ҳукуматдорон ва ҳам мардум мукассир (гунаҳкор) мебошанд. Ҳукуматдорон ба хотире, ки озодиро маҳдуд карданду дар болои халки Худо зулм мекунанд. Мардум ба хотире, ки ба ин ҳолат рози буда аз ҳакки худ талаб намекунад. Барои ҳамин, Маҳмуд Аббос Ал-Аккод, муфаккири муосири мисри, ба ин акида буд, ки мазлумон дар ҷурми золимон шарик мебошанд, зеро маҳз  ҳамин мардуми мазлум аст, ки ҳакки худро талаб намекунад ва ба ҳамин тарик золимро дар анҷоми зулм ва истибдод кумак мекунад.

Ба иддаои Маҳмудҷон Файзраҳмонов  муваффакияти мо мардумон танҳо аз мардуми будани Ҳукумат ба даст меоад ва то вакте, ки мо ҳукумати мардуми надорем, наметавонем дар мукобили чолишҳои руз  муковимат кунем. Масалан, то вакте, ки кадрҳо аз руи садокат ба «боло» ва аз руи маҳал ҷобаҷо мешаванд ва шафофият дар он вуҷуд надорад, ҳеҷгоҳ мо дар мукобили фасод (коррупсия) комёб нахоҳем шуд. Вакте фасод дар ҷомеъа ба шакли кави пайдо шавад, факр зиёд мешавад. Вакте факр зиёд шуд мушкилоти равониву иҷтимоъи ва гайра зиёд мешавад. Ҳамин тавр, аз мушкили асли даҳҳо балки садҳо мушкилиҳои фаръиву ҷузъи буруз мекунад.

Аксар соҳибназарон сабаби асосии бесаводии ҷомеаро на ин ,ки дар ҷанги 5 солаи шааҳрванди мебинанд, балки онро аз сиёсати нодурусти ҳукумати кишвар дар соҳаи маориф арзёби мекунанд. Ва ба пиндори кисми аьзами соҳибназарон ва рушанфикрони тоҷик ягона роҳи наҷот аз ин буҳрони маьнави дар беҳтару хубтар кардани вазьи иҷтимоии мардум, дар ҳавасмандкунии мардум нисбат ба хонишу дониш ва дастгирии кадрҳои боистеьдод  мебошад.Хуб, суоли матраҳ инҷост, ки барои босаводкардани бесаводони кишвар чи кор бояд кард. Бо чи барномаҳое метавон  ба ин падида мубориза кард? Тибки назари баьзе коршиносони тоҷик  роҳи наҷоту раҳои аз ин буҳронро аз ба кор омадани вузарову руасои окилу кордоне  медонанд.Рузноманигор Муҳаммадюсуфи Шоди  яке аз он нафаронест,ки ин иддаоро дорад:

-Алъон метавон гуфт, ки сиёсати давлатие бояд роҳандози карда шавад, ки тарбияи миллатро аз гаҳвора то гур дар бар гирад. Пеш аз ҳама Вазири окилеро бояд кашф кард, ки дагдагаи Абдуҷаббори надошта, сарфаҳм равад, ки кишвар  ба табаддулоти ҷидии фарҳанги ниёз дорад. Баъдан порлумоне бояд руи кор бошад, ки ҳамин масьалаи саводноккунии ҷомеаро дарк намояд. Барои роҳандози кардани ягон барномаи мукаммали фарогири ҷомеа монеаҳои дохили ва беруна хело зиёданд. Моро зарур аст то консепсияи инкилоби фарҳанги  таҳия намоем ва  дар мадди аввал саросар саводнок кардани аҳоли ибтидо тавре гуфтем аз зода шудан то багур  тамоми паҳлуҳои зиндагиро дар бар бигирад. Вакташ мерасад, ки мо ру ба фарҳанг ва инкилоби фарҳанги меорем.Аммо ҳануз акли мо намегирад. Барои ин таҷрибаи 50 солаи Чинро мебояд омухт.

Аммо ҷомеашинос Ҳошим Холзода Некварз бар хилофи иддаои ҷаноби Муҳаммадюсуфи Шоди роҳи наҷотро аз тагйр додани муносибати мардум ба ин падида мехонад ва раҳои аз ин ҷараёни офатзоро аз ислоҳоти окилонаи соҳаи маориф унвон мекунад:

-Ба зоҳир чунин мерасад,ки вазири маориф дар кори худ чандон муваффак набудааст, вале ман фикр намекунам, ки танҳо бо иваз кардани у мушкили соҳаи маориф бартараф шавад. Бисёре аз мушкилоти мо аз ҳамин ҷараёни офатзои бесаводи  сарчашма мегирад,ки ҳануз дар замони шурави ва ҳатто пеш аз он  поягузори шудааст.Бинобар ин решакан кардани ин офат корест бас душвору мушкил.Аммо чора нест,агар биҳоҳем истиклол ва давлатдории милии Тоҷикистон дар оянда ва ҳайсияту  обруи  фарҳангиву динии миллат дар дарозои замон побарҷо бимонад,боисти ба таври ҷидди ва дар амал на руи когаз ва ҳисоботу расмиятбози, дунболи ислоҳи соҳаи маориф ва саводнокгардонии табакаҳои бесавод ва камсавод барномарези ва икдом намоем.Мушкили соҳаи таьлиму тарбия ба дард ва  заҳми куҳна мубаддал шудааст,аз ин ру барои дармони он ниёз ба азму ҷазми умумимилли ва кабули ранҷу заҳмати табии аст, дар гайри ин сурат, мушкилот болои мушкилот зам шуда ,фосилаи акибмондагии мо аз ҷомеаҳои пешрафта бештар хоҳад шуд. Ба кавли Шайх Саьди -» Даво боядат, доруи талх нуш».

Ба ҷои охирсухан

Бояд муносибати тамоми ҷомеа ё ҳаддиакал аксарияти кишрҳои ҷомеа нисбати ин масала тагйир кунад ва он вакт мешавад ба беҳбудии авзоь ба хусус маориф умед баст.Аз ин лиҳоз имруз бояд бонги изтироб зад, то ки шахсони мутассади аз хобби гарон бедор шуда, рафъи камбудиҳои мавҷуда чорае андешанд, Ҳоло, ки дер нашуда, бояд ҳамаруза кушише дод, ки методика ва усулҳои таълимро равнак дод, шояд марказияте ташкил, дод, то ки муборизаро оиди маҳв намудани сафи бесаводон андеша кунад

Реклама

комментария 3

  1. durud dustam, oli bud,zinda boshi.

  2. Durud!
    Bale voqean besavodi yak musibat ast va hamai in badbakhtihoe ki dorem tajriba mekunem avvalin omilash besavodist.
    Khudo kunad millati tojik az jihati sathi savod ba on joe birasad, ki boyad boshad.
    muvaffaq boshed dustam.

  3. Tojikistonro hama kasofatho mekhurand, metarsam, ruze moro niz mekhurand..

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: