Таҳоҷуми фарҳанги ғарби


Ҳарҷанд, ки сари ин мавзуъ, ки дар вокеъ яке аз масоили доғи руз дар Тоҷикистон маҳсуб меёбад, навиштаанд ва бисёр гуфтаанд, аммо банда низ чун як нафар  фарзанди ин хоку бум намтевонад нисбати ин масъала бетараф бошад ва моилам то чанд андешаи худро оиди ин масъала руи саҳфа орам.

Имруз дар Тоҷикистон раванди ҳаёти сиёсию ҷамъиятии ба вижа ҷавонон-ин кишри пешбарандаи ҷомеа халалдор аст.Ва дар ин табааи ҷомеа як нав вобастагию мутеъи ва пайрави ба тамоилоту падидаҳои ноҷояву ношоями фарҳанги бегона  дида мешавад, ки чи ҳукумат ва чи мардуми оддиро ба ташвиш овардааст.Албатта омилҳое, ки дар пешрафту рушди ҷомеа метавонанд, садду монеаҳо эҷод намоянд, ниҳоят афзунанд,аммо дар ин навишта танҳо ангушти ишоратро ба суи ана ҳамин пайравиҳо ва омили калиди,ки монеъа ба пешрафт аст, мекашем.Ва метавон якин буд, ки ин омили монеаи рушду пешрафт ин  надоштани идеологияи миллию фарҳанги мебошад, ки муҷиб гашта то теъдоди аъзаму кабири ҷавонони тоҷик ба фарҳанги кишвари бегона ру оранд.

Хеле дарднок ва таассуфовар аст, ки ҷавонони Тоҷикистон ба ҳаёту рафтору гуфтор, тарзи либоспушиву ҳатто саломкунии  ғарбиҳо таклид мекунанд.Бехабар аз он, ки ин гуна зистанҳо ва буданҳо марбути мо нест ва ҳаргиз буда ва ё шуда наметавонад.Албатта мо даъвои онро надорем, ки гуё  ғарбиҳо аз табиати инсоният берунанду ҳайвонсифат умр ба сар мебаранд.На, агар  аз як тараф ин «навовариҳо ва туҳфаҳо»-и  Ғарб ба мамолики ҷаҳон бошад аз тарафи дигар ин ҷурму иштибоҳи худи ҷавонон аст, ки танҳо самтҳои манфии ҳаёти  ғарбиҳоро пайрави мекунанд ва бо ин амал доғҳое дар пироҳани тозаи фарҳанги хеш мениҳанд

Омилҳо ва сабабҳо

Яке аз сабабҳо ва омилҳое, ки имруз кишри ҷавони кишвар ба усули таклидкори ба фарҳанги аҷнаби руй мекунанд, ин аз ноогоҳ будани ҷавонон аз ҳадафи аслии худи онҳост.Онҳо барномае барои фардо тарҳрези накардаанд.Онҳо дар ҷаҳоррoхи зиндаги карор доранд ва ба кадом су ру ниҳодандро ангор намедонанд, аз ин ру мераванд ба масири гумномию бенишони, ки ин ҷодда мекашонад эшонро ба суи фаслшавию дури аз асолату фарҳангу тамаддуни хеш.

Охир чаро мо аз пешрафту таракиёти иҷтимоию иктисодии онҳо пайрави накунем? Чаро мо аз паи роҳҳову усулҳои муваффакияту комёбии онҳо наравем? Охир чаро чашми мо чунин самтҳои мусбиро наменигарад? Бубинед, он гуна , ки ҳар давлат конуну карорҳо ва сиёсати ҷудогонаи худро дорад, ҳар миллат низ арзишу вижагиҳои миллии худро соҳиб аст ва мо наметавонем усули идеалогияи давлату миллати дигареро дар ҳаёту зиндагии худ пиёда намоем.Чаро инро ҷавонон дарк намекунанд.Он фарҳангу тамаддуни оламгире, ки мо соҳибем, эшон надоранд, он китобе,  ки мо хондаем эшон нахондаанд. Чунончи раиси чумҳури Тоҷикистон Эмомали Раҳмон дар як суханронияш зикр карда буд: «Нусха кардани демократияи  Ғарб ба дарди мо намехурад».Мо бояд ҳадафи худ, идеологияи худ ва тарзи зиндагии худро дар асоси чаҳорчубаи урфу анъаноти миллии худ тахия намоем. Хотирнишон бояд намуд, ки вакте миллатҳо бо ҳамдигар иртибот ҳосил мекунанд, аз ҳамдигар чизҳое мегиранду ба ҳамдигар чизҳое медиҳанд. Яъне як нав ба истилоҳ доду ситоди маънави сурат мегирад. Аммо имруз он гуна , ки мо мушоҳида мекунем, чунин нест дар байни миллали  Ғарбу Шарк. Имруз  Ғарб дар бархурд бо мо ё ки баръакас Шарк дар бархурд бо  Ғарб чи масоиле фаро гирифтаанд!

Миллатҳои таъсиррасон ва таъсирпазир

Бубинед миллате, ки аз лиҳози тамаддуни, фарҳанги, фикри, анъанави кавитар аст ҳамеша камтар таъсир мепазирад ба миллате, ки аз ин арзишҳо ба пурраги бархурдор нест бештар мутаассир мешавад. Ҳарчанд, ки мо аз лиҳози иктисоди дар радифи поёнтарин карор дорем аммо наметавонем Тоҷикистонро аз лиҳози фарҳангию тамаддунию фикри камтар шуморем. Агар боре ба замони мози назари хирадмандона биандозем,  хоҳем дарёфт,  ки миллати тоҷик ва форстабор аз бузургтарин миллатҳои замон маҳсуб меёфт ва  ҳануз чунин аст ва чи басо масоилест, ки  Ғарб аз мо омухтааст. Ба андешаи ман таклид ба як фарҳанги бегона ин заифию ноогоҳбудани моро аз асли хеш нишон медиҳад.Агар дар он роҳе, ки мо меравем чоҳ карор дошта бошад, ҳаргиз ба он роҳ гузаре намекунем, ва фикр мекунам агар мо аз ки будани хеш вокиф бошем он гоҳ чунин таклидҳову вобастагиҳо нахоҳад буд. Ба ҳами ин боз худи мо ҷавонон мукассирем, ки хештан нашносем.

Имруз идеологияи  Ғарб бо пурзур ва кави  намуданди таъсиру кувваи худ дар ҷаҳон бо воситаи оинаи нилгун, радио, ҳар гуна барномаҳои таблиготиву ташвикоти, фиттаҳои гуногуни садо ва симои, шабакаи ҷаҳонии Интернет, хар гуна кумакхои башардустонаю созмонхои чамьиятию байналхалки ва дигар воситаҳо ба ҳаёти ҷомеаи ҳар кишваре ҳуҷум мекунад ва кишваре ё худ миллате, ки аз лиҳози фарҳангиву тамаддуни заиф аст, курбони ин ҳамлаҳо мегардад.

Суоле матраҳ аст, ки чаро  Ғарб айни змон дар баробари ин зуҳуроташ аз фарҳанги мо чизеро пайрави намкеунад? Ва чаро барои мисол як зани аврупои либоси миллии тоҷикиро дар шаҳри худаш ба бар намекунад? Чаро ва чароҳои дигар.Албатта ин аз он сабаб аст, ки ишон аз ки будану куҷо рафтани хеш то андозае иттилоъ доранд. Дар мо бошад, ҳама гурусначашмону кутаҳандешонем ки бо як чашмбарҳамзадан шефтаву шайдои «дастовардҳо»-и  Ғарб мешавем. Аммо хотирнишон бояд кард, ки  Ғарбиҳо дар гузашта аз мо шаркиҳо бисёр пайравиҳо мекарданд ва бисёр чизҳо аз бар намудаанд. Ғарб  бо адабу фалсафаи шеъру ирфон ва афкори ҳакимонаю андешаҳои хирадмандонаи нобиғагони Шарк пайрави мекард ва албатта баҳраҳо низ бурдааст.

Анҷомсухан

Хуб, ба ҳар сурат имруз ҷавонони кишварро зарур аст, то дар бархурд мо фарҳангу олами  Ғарб бомулоҳизаву боандеша бошанд ва зуд шефтаву дилдодаи он нагарданд.Мо метавонем, ки дар бархурд бо фарҳанги  Ғарб масоили маънави ва фарҳангии чун озодии сиёси ва ҳукуки фарди ва ҳикмати илмию иктисодии милли ва дигар улуми назариву дигар заминаҳоро, ки имруз  Ғарб аз мо хеле пешсаф мебошад, пайрави кунем. Агар чунин намоем, ман якин мешуморам, ки ҷавонони мо кувваи хубе дар пешрафти кишвар хоҳанд гардид ва шояд аз дигар ҷавонони ҷаҳон тафовут намоянд.Сад дарегу ҳасрато, ки ин навиштаҳо  шояд дар аввал ба гуши ҷавонон даромада таьсире бирасонад аммо, соате нагзашта аз гуши дигари онҳо хорич мешаванд ва ин навиштахову ин дардхо барои хамеша руи саҳфаи испеди рузнома мустаккар мешаванд.Чи хуб буд агар ин навишта заррае ба худшиносию бедории ҷавонон мусоидат менамуд ва таконе ба худии эшон медод то бингаранд ва бидонанд, ки кистанд ва ба куҷоҳо роҳиянд!

Худгифи Соя

Реклама

комментария 4

  1. khudgifi oftobru guftani blog ham hast yo ne?

  2. Mo sarmoyahoe az khudamon dorem, ki ba jomeai tamadduni bashari ato namoem. Onguna nestem, ki jabhai Sharqu Gharb mekhohand, ba mo talqin kunand, ki aqibmonda va bechoraem. Bale, onho mekhohand mo in tavr fikr kunem to joi hissi e’timodi moro iztriob va joi umedi moro ya’su noumedi bigirad, to monandi shikorhoi khudbokhta gohe dar changoli inu gohe dar domi on giriftor boshem.
    In jost, ki bo yk dunyo taasuf boyad kard:
    Solho dil talabi jomi jam’ az mo mekard,
    On chi khuf dosht zi begona tamanno mekard.

  3. Ман намефахмам чаро мардхо вакте аз пушиши аврупои интикод мекунанд, хатман занонро мисол меоранд, мисле ки худашон то хол чомахои бобоиро бар тан доранд?! Шумо хади акал 1 дарсади чавонписаронро дидаед, ки дар ин давру замон либоси милли ба бар дошта бошанд, дар холе ки духтарон ё занони миллипушро хеле зиёд мебинем. Мардхо! Вакте шумо рози шавед, ки дар шароити имруз хар руз либоси миллии точикиро ба бар мекунед, он вакт хакки интикод аз пушиши аврупоии занхоро пайдо мекунед! Холо ки ба 1 дарсад хам нарасидаед, харфе барои гуфтан надоред.

  4. Дуруд бар Фирдавси меҳрубон ва Маҳини фарзона. Сӯҳбат сари пӯшиши либос ва интиқод аз тарзи ба бар кардани либосҳои аврупоӣ аз сӯйи бархе бонувон ба ин маънӣ нест, ки духтарони тоҷик либосҳои духти аврупоиро умуман напушанду мардон бо ҷелаву саллаву дастору арақчин дар кӯчаҳо сайр намоянд. Гап сари ин аст, ки мутаасифона бархе аз бонувон тарзи пӯшидани либосҳои ғарбиро намедонанд. Дар куҷо бо кадом либос гаштан хело муҳим аст, ки ин чизро мо қариб мушоҳида намекунем. Ғарб аз Шарқ тамоми чизҳои мусбияшро гирифтаву барои худ таҷриба кардааст ва боз ҳам мекунаду хоҳад кард, аммо шарқиён ҳамеша чизҳои манфии ғарбро дуст доранд…

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: