Aзияти мухочири мусалмони точик тавассути пулиси Руссия


Акс аз сайти islam.ru гирифта шудааст.

Дусти арчманди мо Одинамухаммад хабаре навишта дар мавриди азияти мухочири мусалмони точик тавассути пулиси Руссия бо такя ба навиштаи сайти islam.ru ки онро манзур мегардонам.

Зарбу шатми муҳоҷири мусалмон тавассути пулиси Руссия эътирози ҷамъияти мусалмони Руссияро дар пай доштааст. Ба навиштаи сомонаи интернетии islam.ru шоми рўзи 19 август ду нафар аз пулиси минтақаи Домодедово шаҳри Маскав, дар ҳоле, ки таҳти таъсири маводи алкулӣ ё маводи мухаддир қарор доштанд, як тан аз муҳоҷирини мусалмон бо номи Файзали Савлатов Зумратович, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикисон мебошад, бо баҳонаи барраси ҳуҷҷатҳои иқоматиаш боздошт ва мавриди зарбу шатм қарор доданд. Вай пас ҳудуди севуним соат, ки таҳти таҳқиру тавҳин ва зарбу шатми афроди пулиси Руссия қарор дошт дар ҳоле, ки ҷароҳоти мутааддиде бар сару сурату соири аъзои баданаш ворид омада буд, муваффақ ба раҳоӣ аз дасти пулис гардида ба масҷиди минтақаи Домодедово муроҷиа кард. Дар пайи вуқуи ин ҳодиса ҷамъияти ин бахши аз Руссия бо ибрози эътирози худ аз мақомоти интизомии Руссия хостори ин пулисҳо гардиданд. Борис Жуков яке аз мақомоти пулиси руси бо таъйиди иқдоми нажодпарастонаи авомили пулис, ваъдаи муҷозоти онҳоро дода аст.

Беш аз 5 милион муҳоҷири мусалмон дар дар Руссия ба сар мебаранд, ки аксари онон аз бархурди табъизомези пулиси Руссия шикоят доранд.

Реклама

Aзияти мухочири мусалмони точик тавассути пулиси Руссия: 2 комментария

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s