ҚОНУНМАНДИИ ҶОМЕЪА ВА ҲАСАНИ АСАДУЛЛОҲЗОДА ё илтиҷои кумак аз Президенти ҶТ


Бознашр аз нашрияи «Начот»

Қудуми мубораки моҳи шарифи Рамазонро барои мусалмонони кишвар муборак гардонад ва илоҳо файзи рўҳбахши хешро вориди қалби саршор аз муҳаббату ихлоси ҳамватанони азиз гардонад! Воқеан, дар ин моҳ ҳар як бандаи муъмин кўшиш менамояд, ки тавассути дуъову тазаррўъ, ба хусус иҷрои холисонаи аҳкоми шаръӣ ба Офаридгори хеш наздиктар шавад. Саховатпешагон ва ташкилотҳои хайрия дасти хайри хешро сўи фақирон ва мустамандону мустаҳиқин дароз мекунанд. Онҳо кўшиш ба харҷ медиҳанд, ки тавзеҳи закоти мол дар асоси фармудаҳои Ислом, зиндагии хешро пок нигоҳ доранд. Ин як масъалаи усулии Ислом аст ва сарватмандони ботақво онро бе ишораи кадом ҷонибе дар ин моҳ анҷом медиҳанд.  Яке аз усулҳои дигари исломӣ ин муомилоти мол бо ҳамтои хеш ва ё ҷониби дигар аст, ки дар Қуръони маҷид дар ин маврид рўшану возеҳ омадааст ва шариъати исломӣ ҳам онро аз рўи адл ва инсоф танзим кардааст. Миллиёнҳо одамон тибқи ҳамин талабот низоми иқтисодии хешро мечархонанд ва мусалмонони олам тўли беш аз 14 аср онро риоя мекунанд. Мусалмонони кишвари мо ҳам дар ин авохир ба дарки дурустии ин ҳарфи худовандӣ расидаанд. Парвардигори оламиён дар сураи Оли Имрон: 282 мефармояд: «Ай мўъминон, агар муъомала кунед бо қарз додан ба якдигар то мўҳлати муайяну муқаррар, пас бинависед онро ва бояд бинависад онро дар миёни шумо нависандае баинсоф ва саркашӣ накунад нависанда аз навиштан, чунончӣ омўхта аст ўро Худо бояд бинависад ва иншо кунад, қарздор ҳам бояд битарсад аз Парвардигори худ ва кам нанависад аз  он қарз чизеро. Агар қарзгиранда шахси бедониш ё нотавон бошад ё наметавонад иншо  намудан, бояд иншо кунад сарпарасти ў ба адлу инсоф ва гувоҳ гирад. Ин бо инсофтарин хукм аст назди Худо ва дурусттарин роҳ барои гувоҳӣ додан ва қарибтар аз он аст, ки ба шакку шубҳа гирифтор нашавед».

Тавре дида мешавад, сураи муборака дар мавриди боинсофтарин ҳукм дар рўйи замин ишора мефармояд, ки ҳар як фарди мусалмон, новобаста дар кадом мансаб будан ва чӣ гуна наздикиву хешӣ доштан бо мақоми аввали давлат, бояд муқаррароти онро иҷро намояд, агар ба Худои хеш имон дорад ва аз мусалмон будан ифтихор.

Тоҷикистон тибқи Сарқонуни кишвар давлати дунявӣ буда, аҳкоми шаръӣ ба таври возеҳ дар ҳалномаҳои додгоҳ ҷой надошта бошанд ҳам, дар афкори ҷомеъаи мусалмонии мо ва муносибатҳои молӣ ба онҳо эҳтироми вижае зоҳир мегардад. Биёед рўҷўъ мекунем сари мақсад ва масъалае, ки мехоҳам паҳлўҳои алоҳидаи онро рўшанӣ андозам. Ва тавассути иншои хеш ба хонандагони арҷманди нашрияи «Наҷот» изҳор намоям, ки чӣ тавр роҳбари «Ориёнбонк» Ҳасан Асадуллоҳзода, бонкири нуфўздор ва обрўманди ҷумҳурӣ ва намояндагии ин бонк дар ш.Хуҷанд бар хилофи шариъат ва ҳалномаҳои додгоҳӣ амал намуда, талаботи дини мубини Ислом ва қонунро иҷро намекунанд. Дар ҳоле ки тибқи навиштаи баъзе расонаҳои хабарӣ эшон дар оянда яке аз номзадҳои  эҳтимолӣ ба мансаби президентӣ дониста мешавад. Мо фаҳмидан мехоҳем, ки оё шахсе ки аз талаботи шариъати исломӣ ва қонунҳо сарпечӣ мекунад, метавонад номзадии хешро ба мансаби президенти ҶТ пешниҳод намояд? Дар ҳоле ки қарзи ташкилоти худро ба як шаҳрванди оддӣ баргардониданӣ нест.

Қазияи мавриди назари моро, ки ҳоло болои он мехоҳем сўҳбат дошта бошем, аксари доираҳои огоҳи Тоҷикистон медонанд. Вале, мутаассифона, мақомоти ҳуқуқӣ нисбати афроди масъул, ки дар поймол намудани ҳуқуқи инсон даст доранд, мисли Ҳасан Асадуллозода ва роҳбари бахши хуҷандии Ориёнбонк дар вилояти Суғд, ҷаноби Идиев А. чорае намеандешанд. Дар муқобили банда «элитаи бонкӣ» қарор дорад ва ҳатто аз амалҳои ғайриқонунӣ истифода бурдан мехоҳанд. Қонуншикании онҳо аз соли 2004 то имрўз, яъне муддати беш аз 6 сол аст, ки идома дорад.

Моҳияти қазия ин аст: дар асоси ҳалномаи Додгоҳи иқтисодии вилояти Суғд аз 20.01.10 даъвои ҶДММ «Бахт»-и шаҳри Хуҷанд дар мавриди руёнидани  780395 сомонӣ аз суратҳисоби бахши хуҷандии ҶСШК Ориёнбонк ҳалли худро пайдо кардааст. Аммо беш аз 8 моҳ мегузарад, вале ҳеҷ не ки ҳукми додгоҳ мавриди амал қарор гирад. Агарчи масъулини Додгоҳи иқтисодии вилояти Суғд кушиш намудаанд, ки ҳалномаро амалӣ намоянд. Вале ҷониби муҷрим, бахши ҶСШК Ориёнбонк дар ш.Хуҷанд ҳалномаро иҷро карданӣ нест. Даҳҳо аризаи ман ба мақомоти додгоҳӣ ва прокуратура дар мавриди бадқасдона иҷро накардани ҳалномаи додгоҳи иқтисодӣ ва ҷиноят содир кардани масъулини Ориёнбонк дар асоси моддаи 363 КҶ ҶТ беасос рад карда мешавад. Вале онҳо дар суҳбатҳо руи рост изҳор менамоянд, ки ҳалномаи додгоҳ воқеан иҷро нашудааст, вале аз оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ нисбати роҳбарияти бонк метарсем, чунки ў ба Президенти ҶТ муносибати хешутаборӣ дорад.

Мавриди тазаккур аст, ки имрўз писари собиқ Прокурори генералии ҶТ-ро бо ҷурми тамаъҷўӣ ва дигар ҳолатҳои ҷиноӣ, ки прокурори ноҳияи Ҳисор буд, боздошт кардаанд. Ва ҳама дар ҳайратанд, ки чаро дар замони прокурори генералӣ  будани Б.Бобохонов, писари ў мавриди боздошт қарор нагирифт. Қазияи мо низ шабоҳат дорад ба гуфтаҳои боло. Бубинед, далели бебаҳс вуҷуд дорад ва ҳалномаи додгоҳ низ, аммо Ҳасан Асадуллоҳзода ҳамроҳ бо Идиев онро иҷро карданӣ нестанд. Онҳо хешро роҳат эҳсос мекунанд, ки гўё зери сояи Президенти ҶТ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд ва касе маҷоли талаб кардани ҳукми қонунро надорад. Чунин ба назар мерасад, ки агар мақомдори ҳуқуқие аз раҳбарияти Ориёнбонк иҷрои конунро талаб намояд, дер ё зуд аз вазифа барканор мешавад. Яъне масъала тарзест, ки гўё додгоҳу прокурорҳо зертобеъи Ориёнбонк бошанд. Агар ин тавр нест, пас ҳолати мавриди баҳсро чӣ тавр фаҳмем ва чаро ҳалномаи додгоҳ иҷро намешавад? Бо даҳҳо мактубу ариза ба прокурорҳои зинаҳои поёнӣ, Прокурори генералӣ ҷаноби Шерхон Салимзода ва Президенти ҶТ муроҷиъат намудаам, вале…

Пурсида мешавад, ки вақте ҳалномаи додгоҳ мавриди амал қарор намегирад ва бонк маблағи корафтодаро намедиҳад, чӣ тавр ин гуна идораи молӣ дар муносибат бо субъектҳои дохилӣ ва хориҷӣ ширкат менамоянд? Дар ҳоле ки 19 феврали соли 2004 бо ташаббуси бахши хуҷандии ҶСШК Ориёнбонк ва ризоияти ҶДММ «Бахт» иҷроиши ҳалномаи додгоҳӣ тағйир дода шуда, бо дар назардошти он ки ҷавобгар ҶСШК «Темурмалик»-и шаҳри Қайроқум ва даъвогарони дигар, аз ҷумлаи ҶСШК Ориёнбонк ва ҶСШК «Соҳибкорбонк»-и шаҳри Хучанд, ҶС «Сомониён»-и шаҳри Душанбе, ҶММ «Далер»-и шаҳри Чкаловск, корхонаи «Хозкултгалантерея»-и ноҳияи Ғафуров ва ҶММ «Бахт»-и шаҳри Хуҷанд мебошанд, аризаи бахши хуҷандии ҶСШК Ориёнбонк дар бораи тағйир додани тарзи иҷроиши ҳалномаи додгоҳӣ қаноъат кунонида шуд.

Моликияти давлатии дар баланси ҶСШК «Темурмалик»-и шаҳри Қайроқум буда, дар маҷмўъ бо дар назардошти варосати ҳуқуқӣ ба ҷои қарз ба баланси бахши хуҷандии ҶСШК Ориёнбонк гузаронида шудааст. Дар навбати худ бахши хуҷандии ҶСШК Ориёнбонк бояд тамоми ўҳдадориҳои ҶСШК «Темурмалик»-и шаҳри Қайроқумро оиди пардохт намудани маблағҳои қарзии он сари вақт иҷро мекард. Таъиноти мазкур ҳукми қонунӣ гирифт ва бахши хуҷандии ҶСШК Ориёнбонк ҳам таъиноти додгоҳро аз 19.02.2004 дар мавриди пардохти қарз гирифт ва дар муддати 3 моҳ бояд маблағи ҶДММ «Бахт»-ро пардохт мекард. Мўҳлати семоҳа 19.05.2004 сипарӣ шуд ва ҶДММ «Бахт» борҳо такроран ба Додгоҳи иқтисодии вилояти Суғд ҷиҳати мусоидати бозгардонии маблағи қарзӣ аз ҷониби ҷавобгар, бахши хуҷандии ҶСШК Ориёнбонк муроҷиъат намуд, аммо ҷавобгар ўҳдадории худро оиди бозгардонии маблағ ба миқдори 390 ҳазору 395 сомонию 50 дирам иҷро накард. Ва тўли ин муддат аз ҷониби бахши хуҷандии ҶСШК Ориёнбонк ба ҶДММ «Бахт» зарари калони моддӣ расонида шуд. Бо таваҷҷўҳ ба поин рафтани қадри пули миллӣ ва боқӣ мондани маблағи мо дар бонки мазкур тўли 5 сол ва ҷамъи фоизҳои дигари молӣ дар маҷмўъ 1 миллиону 163 ҳазору 377 сомонию 60 дирамро ташкил медиҳад. Бо гузаштани корхона ба тобеъияти филиали бонк, маблағи қарзии моро аз рўи шартнома ва  дар асоси мактубҳои бонк, ки ба додгоҳ пешниҳод намудаанд ва аз номи филиали бонки Лаълбеков П ва Ҳайдаров А, ки ба ҳамаи субъектҳои дигар ваъда дода буданд, ки бо гузашти иҷроиши ҳалномаи додгоҳӣ, маблағи моро пардохт менамоянд. Аммо ин кор сурат нагирифт. Ба ҷои пардохти қарзи хеш филиали бонк роҳи гумроҳкунӣ ва фиреб додани моро пеш гирифтааст. Бинобар ин даъвои филиали бонк, ки аз ЧДММ «Бахт» қарздор нест, асос надорад ва инро ҳалномаи додгоҳӣ исбот кардааст. Дида мешавад, ки роҳбарияти бонк ва кормандони он Лаълбеков Панҷшанбе Қаландарович, Аскаралӣ Ҳайдаров ва дигарон тибқи фармудаи сураи Оли Имрон «кару гунг набудаанд», забонро медонистанд ва барои ба мақсадҳои нопоки худ расидан ба додгоҳ аҳду паймон бастаанд. Ва пас аз кашида гирифтани амвол ва бознагардонидани он, фиреб ва дурўғгуиро пеш мегиранд, ки Худованд онҳоро дар моҳи шарифи Рамазон  иншоаллоҳ намебахшад.

Имрўз барои ҳимояи ҳуқуқ ва гирифтани маблағи ҳалоли худ, ки ба таври тўлонӣ ва ғайриқонунӣ дар Ориёнбонк «маҳфуз» аст, талош дорам. То ин муддат ба як қатор корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, сохторҳои ҳуқуқӣ ва ҷомеъаи шаҳрвандӣ муроҷиъат намудаам. Манзур аз гуфтаҳо ин аст, ки дар давлати ҳуқуқбунёд ва демократии мо рўирост шахсоне, ки ба ҷаноби Президенти ҶТ наздикӣ ва хешутаборӣ доранд, қонунро поймол намуда, ҳалномаи додгоҳиро, ки аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон мешавад, иҷро карданӣ нестанд ва маълум ҳам нест, ки ин ҳолат то кай давом мекунад. Дар ягон давру замон ва низоми давлатдорӣ ҳолате ба ёд намеояд, ки қарздор аз додани қарз сарпечӣ карда бошад. Шариъати исломӣ ҷиддияти муомилоти молиро дар ҷомеъаи мусалмонӣ таъкиди ошкор кардааст, аз ин хотир қарзро то қиёмат гуфтааст. Дар сураи Оли Имрон: 281, 282 омадааст: «Агар қарздор ночор бошад, пас лозим аст мўҳлат додан ўро то мол ёфтан ва тавонгариаш ва хайрот кардани шумо беҳтар аст, агар медонед. Ва битарсед аз он рўзе, ки бозгардонида шавад дар он рўз ба суйи Худо, пас пурра дода шавад подоши амалу кирдори ҳар шахс ва мазлум нашаванд».  Банда, агар медонистам, ки қарздор дар шахси Ориёнбонк нотавон ё ночор аст, то мол ёфтан ва ё ғаниву тавонманд шудани он ба ў мўҳлат медодам ва хайрот мекардам. Аммо мебинам кор баръакс аст ва он ҷониб солҳо боз фаъолияти хешро бо роҳи фиреб пеш мебарад, ки ин василаи ҳаром дар пардохти моҳонаи кормандонаш низ бетаъсир нест. Чунки дар он ҷабру ситам ҷой дорад ва банда яке аз мазлумонам. Агар ҳалномаи додгоҳиро Ориёнбонк ва роҳбарияти он иҷро намекунад ва ҳукми шариъати исломиро низ ба эътибор намегирад, мо танҳо ҳушдор медиҳем, ки бояд аз рўзи ҷазо дар пешгоҳи Офаридгор битарсанд, ки охируламр ин қарз ба молики хеш баргардонида мешавад, мо ба ин имон дорем. Дар он рўз дигар касе додраси ў нест, ҳатто қудратмантарин нафари кишвар. Дар он рўз ҳама мўҳтоҷи кўмак қарор доранд ва ин Худованд аст, ки ҳарфи ҳақ, иқдоми ҳақ, тасмими ҳақро аз ботил ташхис мекунад ва ҳар касро дар ҷойҳои маълум мефиристад.

Ҳоло хонандагони мўҳтарами нашрияи «Наҷот»-ро мехоҳам ба мўҳтавои яке мактубҳои ба роҳбари давлат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ирсол доштаи хешро, ки то ҳол посухе дарёфт накардам, манзури шумо намоям. Бихонед онро ва қазоват кунед:

Муҳтарам Ҷаноби Олӣ!

Шуморо кафили ҳуқуқҳои шаҳрвандони кишвар медонем ва эътироф дорем. Шуморо президенти кишвар интихоб намудем ва Худо хоҳад бори дигар интихоб менамоем. Аммо баъзан ҳайрон мешавем, ки чаро ба доди интихобкунандаи худ, шаҳрванди оддии кишвар намерасед ё ин ки муроҷиъати мо ба Шумо намерасад?! Барои мисол, мардум агар аз бонке қарздор шаванд, ин бонк тамоми молу амволи онҳоро кашида мегирад. Вале бонки шинохтае имрўз қарздор шудааст ва василаи бозгардонии қарз барои шаҳрванд мавриди иҷро қарор намегирад, дар ҳоле ки он ҷониб бояд ҷавонмардона қарзро бармегардонид. Чаро мақомоти алоҳида атрофии номи Шумо гап мекунанд, ки ин бонки Ҷаноби олист ва қарзи касеро намедиҳад? Сабаби мавриди иҷро қарор нагирифтани ҳалномаи додгоҳ низ маҳз ҳамин ҳолат аст. Масъулини бонк чӣ густохие хоҳанд, ҳамонро раво мебинанд ва касе онҳоро водор карда наметавонад, ки тибқи қонун амал намоянд. Ман чандин маротиба ба прокуратураи шаҳри Хуҷанд,  прокуратураи вилояти Суғд ва Прократураи генералии ҶТ муроҷиъат намудам, то дар мавриди иҷро нашудани ҳалномаи додгоҳ ва дар асоси моддаи 363 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораи амалӣ андешанд. Аммо онҳо гўё барои он ки Шумо, Ҷаноби Олӣ хафа нашавед, ин амалро иҷро карданӣ нестанд.

Муҳтарам Ҷаноби Олӣ! Ман як шаҳрванди оддӣ, сокини шаҳри Хуҷанд мебошам, вале намефаҳмам, ки чӣ гуноҳ дошта бошам, ки Ориёнбонк манро фиреб дода, қарзамро доданӣ нест. Чӣ кор кунам, ки адолат барқарор шавад, ба куҷо муроҷиъат намоям?! Шумо Президенти кишвар ҳастед ва кафили ҳуқуқҳои мо, аз ин хотир ба Шумо муроҷиъат мекунам. Ман имкони онро надорам, ки аз наздик бо Шумо вохўрам ва мушкилоти мавҷудро ошкоро бигўям. Дар тамоми сафарҳо ва сўҳбату мулоқотҳои Шумо дар манотиқи кишвар ҷуз маддоҳон афроди дигаре ҷои по пайдо намекунанд. Ман аз беэҳтиромии қонун, аз он ки ҳалномаи додгоҳ аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон мешавад, вале мавриди иҷро қарор намегирад, дилам месўзад. Дар мавриде садо баланд мекунам, ки 2-3 нафар шахсони мансабдори бахши хуҷандии ҶСШК Ориёнбонк на қонун, на ҳалномаи додгоҳ ва на сиёсати Шуморо ҷиҳати дастгирии соҳибкорони ватанӣ иҷро карданӣ нестанд. Мо, соҳибкорон гузаштем аз баҳри ин гуна дастгирии бонкҳо. Танҳо пули худро талаб мекунем, ки бонк ғайриқонунӣ онро солҳо боз «нигоҳ» медорад. Бонкҳо агар ҳадди ақал ҳалномаҳои додгоҳро иҷро мекарданд, ин маънои дастгирии сиёсати Шуморо дошт, вале мутаъассифем аз он ки баръакси онро мебинем. Хоҳиш мекунам ва бовар дорам, ки бо расидани паём тавассути ВАО дар нисбати шикояти мо чораи амалӣ меандешед ва бо ин васила умедҳоро дар мавриди низоми ҳуқуқбунёдии давлат тақвият мебахшед.

ҶАНОБИ ОЛӣ,

ПРЕЗИДЕНТИ

МЎҲТАРАМИ ҶТ!

Агар дар давлати мо ҳукми қонун барои нафаре амал кунад ва барои дигаре не, инро чӣ гуна фаҳмем?! Хоҳиш мекунам мустақим посухам диҳед ва онро ҳаволаи дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ накунед. Агар қонун ҳаст, агар Шумо кафили ҳуқуқҳои мо ҳастед ва манфиъати мардуми оддиро ҳимоя намоед, ёрии хешро дареғ надоред, то ин ки аз бонки қарздор маблағҳои худро дар асоси қарори додгоҳ гирифта тавонем, на ин ки сарсону саргардон ба навиштани аризаву шикоятҳо машғул шавем. Мо ба ин фикрем, ки дар давлати ҳуқуқбунёд адлу инсоф ҳоким аст, на ҷабр ба мазлумон ва ҳеҷ касе ҳуқуқи роҳбари давлатро ба худиву бегона тақсим кардан надорад. Президент сарвари давлат аст ва ҳомии ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон.

Роҳбарияти бахши хуҷандии ҶСШК Ориёнбонк дар мавриди мушкили матраҳ шуда маълумоти комил дорад, аммо аз бечорагӣ ва мазлумии мо истифода карда ҳалномаи додгоҳро иҷро намекунад ва мақомоти ҳуқуқӣ ҳам дар муқобили онҳо дасткутоҳӣ нишон медиҳанд. Дар давлате, ки дар радифи он мафҳуми ҳуқуқбунёд омадааст, ҳолати мазкур беэҳтиромӣ ва беэътиноиро нисбати ин гуна мафҳумҳо эҷод мекунад. Дар кишваре, ки президенти он тақозо аз дастгирии сохибкорӣ мекунад, вале аз ҷониби масъулини бонкҳо бархўрди дигаре ба мушоҳида мерасад, оё институти президентӣ нуфузи хешро аз даст намедиҳад? Ба ҳар ҳол боз ҳам ба хиради Шумо, фардои дурахшон, тантанаи қонунмандӣ ва адолат дар кишвар ва барқарории комили талаботи моддаи 64 Конститутсия (Сарқонуни) ҶТ: «Президент кафили конститутсия ва қонунҳо, кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон мебошад», бовар дорем.

Иншо намудани паёми хеш ба ин тарз эҳтиром қоил шудан ба арзишҳои конститутсионии кишвар аст ва ба ин боварам, ки дарди аслии ҷомеъа аз суи мақомоти иҷроияи зидахли ҳукумат ба Шумо расонида намешавад. Ҳоло моҳи шарифи Рамазон бо файзи гуҳарбори хеш меҳмони хонадони фард-фарди мусалмон аст ва шефтагони хешро масрур месозад, боз ҳам аз даргоҳи Раббулъиззат талаби дуъо дорем, ки бо лутф ва марҳамати хеш зиндагии осуда ва муносиб ба қалбҳои бандагони хешро бароварда созад. Омин!»

Дар охир муроҷиъате дорам ба шаҳрвандони мўҳтарами кишвар. Банда, дарди хешро ба он хотир рўи сафҳа овардам, ки ин гуна ҳолатҳо истисноӣ нестанд ва ҳолатҳои сангинтар аз ин ҳам ҷой дорад. Аз ин хотир хоҳиши ин ҷониб он аст, ки мусалмонони кишвар баъди мутолиъаи матлаб посухи хешро дар мавриди мавқеъгирии банда ва дар умум вазъияти қонунмандии ҷомеъа ба нашрия ирсол медоранд. Наход Ориёнбонк муддати 6 сол маблағеро ба миқдори 800 000 сомонӣ бо роҳи фиреб «нигоҳ» дорад, аммо ниҳод ва ё қудрати дигари ҳуқуқие набошад, ки онро дар ҷои хеш шинонад. Агар ин тавр аст, пас бояд қонунҳои мавҷудро сарфи назар кунем ва амалҳои раҳбарияти Ориёнбонкро «қонуни ягона» донему зери иродаи он ба сар барем. Пешниҳоди банда сангин аст, вале натавонистам аз воқеияти рўз хешро дур бигирам. Бо умеди пирўзии ҳақ алайҳи ботил.

Н.П.Махкамов,

роҳбари ҶДММ «Бахт»

Реклама

Один ответ

  1. Намешавад, ки матнхо кутохтар бошанд? зеро маколае, ки бо ин андоза оварда шудааст, барои хондан хавасманд намегардонад..

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: