МАҲДИИ БАҲМАНӣ :ТАРҶУМОНИ ИШҚ


Гузидаи ашъорТАРҶУМОНИ ИШҚ

Мутаассифона, банда бо кулли осори Маҳдии Баҳманӣ ошно нестам, аммо ҳамин қисмати ашъор, ки дастрасам шуд, ҳуҷҷату бурҳони бетардид аст, ки ўро ба унвони шоир шиносам. Шоире, ки ҷонпораҳову дилрезаҳояшро пора – пораву реза – реза бо ваҳйи муҳаббат мавзун кардааст ва ҳолиё низ саломҳои бомдодиву башоратҳои шодӣ дорад ба ҷонҳои пазирандаву дилҳои иштиёқманд. Ба қавли худаш:

Кош, табъи аз тавонафтодаи Маҳдӣ дубора

Тарҷумоне месуруд аз шоҳбайти кибриёӣ.

Барҳақ, Маҳдии Баҳманӣ тарҷумон аст, тарҷумони сабзтарин чакомаҳои баҳор, тарҷумони маснавии абру борон, тарҷумони китоби мунаввари офтоб, тарҷумони заҳмату ҷиҳоди барзгарони шариф, тарҷумони оина, тарҷумони ишқ… Бо он ки ў ба табиат бисёр меандешад ва ҳар баргу гулу гиёҳро ба қаламрави шеъраш даъват мекунад, аслан шоири дардҳои иҷтимоъ аст, ки мехоҳад бо фитрати тилисмкушо гираҳҳои печопечи зиндагии ҷомеаро боз намояд. Чунонки дар тасвири ранҷи кишоварзон мегўяд:

Белу досу гову говоҳан рафиқи ўст, аммо

З-ин ҳама суде надида, з-ин намат тарфе набаста.

Ё дар шеъри «Шохаи зайтун» инчунин руҷўъ мекунад:

Саҳна моломоли ғавғои ҷидоле нобаробар,

Кўдакон беёру ёвар, чеҳраҳошон устухонӣ.

Агар ин ҳуруфро нафаре мегуфт, ки дар инзиво нишаставу дарро ба рўи офоқ бастааст ва иртиботаш бо дунё бо василаи як панҷара аст, ҳатман, ки каломаш чун меваи гармхонаҳо зебоӣ медошту таъм намедошт. Аммо ин номаҳои дардро оне иншо мекунад, ки сари азизро борҳо барои нисор ба Миллату Меҳан овардааст, бо белу досу говоҳане, ки зикр мекунад, борҳо кишту дарав кардааст, барои бунёди корхонаву иншооти мухталиф ва имороти шаҳристонҳо заҳмат кашидааст ва ҷону танашро ҳаргиз аз гудозишҳои паёпай дареғ надоштааст. Шояд бо ҳамин далел шеъри ў хушку бетапишу коғазӣ нест, балки зиндаву шодобу шўрангез аст, ки овои ҳар зарабонаш шуниданист. Чӣ нерўест, ки ўро аз сари кори мошинсозиву нигаҳдории обу барқ ва дигар саноеъ ба ҷаҳони бадеъву афифу мастури шеър мекашад. Ба ҷаҳоне, ки ў «рагҳояшро ба решаҳои дарахтон-ин бародарони замингири инсон гираҳ мезанад», ба ҷаҳоне, ки офтобу моҳаш ба саломҳои ошиқонаи ў посухи шўълавар медиҳанд ва инсонҳояш дар ишқ маъман меҷўянд. Барҳақ, он нерўи пинҳону пайдо нерўи ҷаҳонтасхири ишқ аст, ки ба ҳурматаш нўҳ осмон гирдгардонанд. Мухотаби ишқи Баҳманӣ инсонест, ки сулуки ҷовидонааш ба самти камол аст ва марҳала ба марҳала навтару зеботару расотар мешавад, зеро ҷавҳараш сиришта аз хубиву нағзиву некўиҳост.

Як фазилати дигари шеъри Баҳманӣ содагиву хушобиву бонамакии забони ўст. Шеваи гуфтори ў барои чандин миллион форсизабонони олам, агар аҳли Эрон бошанд ё Тоҷикистон ё Афғонистон, ё Порису Лус-Анҷелус, мақбулу ошност ва дар ин замина камтарин мушкилаву масъалае падид намеояд.

Метавон зиёд имтиёзу муҳассаноти каломи Баҳманиро баршумурд ё ҷурми андакеро ёдрас кард, аммо нигоҳи мо бештар на ба резакории ҳунарӣ, балки ба рўҳи шеъри ўст. Ба рўҳи барозидаи шеъраш, ки бо садоқати аладдавом ҳарами ишқро тавоф мекунад:

Ишқ, эй фархундаоташ, аз дами гарми ту дорад,

Маъбади хомўши ҷонам Каҳкашони рўшноӣ.

Орзумандам, ки сууди рўҳонии ин шоири мо ба сўи Каҳкашони рўшноӣ-яъне ба дилҳои мунири ишқпазир мустадом бошад.

ФАРЗОНА,

ШОИРИ ХАЛҚИИ ТОҶИКИСТОН

Нигоҳе мухтасар ба зиндагӣ ва аҳволу ашъори Маҳдии Баҳманӣ

Маҳдии Баҳманӣ 9 меҳрмоҳи соли 1318 дар Теҳрон таваллуд шудааст.Эшон дорои панҷ фарзанд – як писар ва чаҳор духтар ба номҳои Ардашер,Афсона,Ифтихор,Озар ва Озода мебошанд.Бо даргузашти ҷисмонии ҳамсараш шодравон Маъсумаи Валёнӣ дар 29 меҳрмохи соли 1385 -и шамсӣ худ бо фарзандону наберагонаш рўзгор мегузаронад.

Дар соли 1345 бо ҳамкории адибон ва дўстони ҷавони он рўзгор –Фаридуни Муширӣ,Аҳмади Хотамӣ ва Баҳроми Ковиёнӣ чопхонаи “Ҳофиз” –ро таъсис дод.Ҳафт сол баъд ҳамроҳи хонаводааш ба вилояти Ҳурмузгон рафт ва дар он ҷо чопхонаеро ба номи Гутенберг бунёд ниҳод.Соли 1357 ба шаҳристони Караҷ омад ва чопхонаи дигаре ба номи “Санъати Шарқ”-ро таъсис дод ва парчами чопи Гутенберг-и Бандари Аббосро ба фарзандаш – Ардашер вогузор намуд(Вай худро яке аз парасторони фарҳанги Эронзамин медонад).

Пас аз оғози ҳамлаи Ироқ ба Эрон ба ҷабҳа рафт ва дар сафи муборизони роҳи озодии Ватан сангар гирифт.Чанде баъд ўро ба унвони намояндаи комилихтиёри ситоди бозсозии саноъати минтақаҳои ҷангзадаи Вазорати саноеъ ва сипас ба симмати муовини иҷроии ситод мансуб намуданд,ки дар бозсозии саноати минтақаҳои ҷангзада саҳм гирифт.Оқои Баҳманӣ дар роҳандозии корхонаҳои мухталиф,таъмири мошинҳои сабуку вазнин,корхонаҳои яхсозӣ ва нонпазӣ дар шаҳристонҳои Фов, Шуштар,Карха,Ободон,Солеҳобод,Элом,Ҳувайза,Аҳвоз,Кирмоншоҳ,Сарипули Заҳоб,Дезлии Курдистон дар амри пуштибонӣ аз размандагон ва ҳамчунин дар таҳияи имконоту шароити нерўҳои мутахассис барои нигаҳдории об,барқ,ҳавосозии бемористонҳои минтақаҳо ва шаҳристонҳои даргири ҷанг бо ҳамёрии ҳамсангарони Вазорати саноеъ хизматҳои фаровон анҷом дод.Пас аз поёни ҷанги ҳаштсола ба унвони мушовири таҳқиқоту омўзиши вазорати саноеъ дар умури интишорот таъин гардид.Соли 1376 духтараш Ифтихори Баҳманӣ иҷозатномаи чопу нашри маҷаллаи “Оинаи зиндагӣ”-ро гирифт,ки Баҳманӣ мудирияти иҷроии онро ўҳдадор шуд.Ҳамакнун,ин маҷалла дар миёни хонандагони соҳибзавқи эронӣ маҳбубияти зиёд дорад.

Маҳдии Баҳманӣ дар баробари ин фаъолиятҳои муфид дар кори табъу нашр ва густариши адабу ҳунар корҳои боарзиш анҷом додааст ва дар саҳифаҳои ин маҷалла бисёре аз ашъору мақолаҳои адибони тоҷикро ба нашр расонидааст.Баҳманӣ шеър низ мегўяд ва ба қавли худаш “агар шеър навиштаам,мухотабамро,ки ба ҳар ҳол аз қабилаи бузурги инсонҳо будааст,дўст медоштаам ва билохира агар чанд соле низ рагҳоямро ба решаҳои дарахтон – ин бародарони замингири инсон – гираҳ задаам,боз ҳам ишқ дарди аслиам будааст;ишқ ба хоку борварӣ ва ба паррандаву барг,ки гоҳ бисёр зеботар ва беҳтар аз инсонҳо қодиранд ба саломҳои ошиқона посух диҳанд”.

Муҳаққиқону мунаққидони Эрон дар мавриди ашъори Баҳманӣ нақду баррасиҳо анҷом додаанд.Аз ҷумла,профессор Саидҳасани Амин дар бораи шеърҳои ў менависад:”Шеъри Баҳманӣ асарест,ки бар хонанда ,шунаванда таъсир мегузорад ва ҳам худи шоир ба ҳамин манзур онҳоро иншо ва халқ кардааст.”

Дарвоқеъ,шеъри ин шоир ба ҳамаи қонунҳои шеър ҷавобгўст ва дар ниҳояти ҳунар эҷод шудааст.Ба назари профессор Амин шеъри Баҳманӣ аз ду вижагии муҳим бархурдор аст:яке бофти клоссик,вожагони фахим,баҳрабардории санҷида аз таъбирот ва истиъороти нав,дуюм,таъаҳҳуди иҷтимоӣ-ахлоқӣ,бе он ки бўи тазоҳур ва ранги шиор бигирад,ҳама ҷо дар шеъри Маҳдии Баҳманӣ ошкор аст ва ин аз дил бархоста ва бар дил менишинад.

Зиндаёд Аббоси Содиқӣ(Пидром)шоири номовари эронӣ зимни баррасию арзёбии ғазалҳои ў менависад:”Дар ҳавзаи ғазали муосир ғазалҳои ў сабки хос дорад;на нимоии сирф аст ва на қадимоии маҳз,ғазале “бедилвор” аст рангу луобе аз сабки ҳиндӣ ва шаклу шамоиле зоҳиран ироқӣ,мушаххасаҳои фаннии ин ғазалҳо,ки аз мутафарриоти баҳри ҳазаҷ аст,яъне мафъулу мафоъилу фаъулун.Ба таъбире дар баҳри мусаммани ахраби маҳзуф мебошад”.

Беш аз ин шеъри ўро намеситоем ва хонандаи хушзавқро ба хондани ашъори зебои ў фаро мехонем.

Тўфони ҷунун

Ин сўхта дигар ба Худо хоми шумо нест,

Озурда ҳам аз санҷиши айёми шумо нест.

Тўфони ҷунун дар дили дарёияш, инак

Симои шигарфест,ки дар ҷоми шумо нест.

Сайёлии сарчашмаи хуршед ба ҷон дошт

Ин обилабарпой,ки ҳамгоми шумо нест.

Маҳсури тани хокиву оинаи хиштист,

Бо ҷомаи саргашта,агар роми шумо нест.

Дурдикаши майхонаву овораи ишқ аст

З-ин бодаи гулфом,ки дар коми шумо нест.

**** ***** *****

Ялдоиву яхбаста шавад гар,ки натобӣ

Зарринаи хуршед магар номи шумо нест?

Тафсири маҳу субҳиву тахдири баҳорӣ,

Гулзори хазондида,ки бар номи шумо нест.

Ҳар лаҳза шудӣ шефтаи турраву лаъле

Аз тубаву парҳез дар арқоми шумо нест.

Овои наи сўхтаву Маҳдиву шеъраш

Ангор,ки таскиндеҳи оломи шумо нест.

Аз шамъ пурс қисса

То жарфнои синаи ман захми ғам нишаст,

Он лаҳзае,ки риштаи улфат зи ҳам гусаст.

Оинаи мушаъшаи уммеду ишқи ман

Аз санги ҷаври он бути паймоншикан шикаст.

Дар сар ҳавои баҳр туро буд,эй аҷаб

Мондӣ бад-ин уқубати гумроҳ пойбаст.

“Аз қилу қоли мадраса ҳоли дилам гирифт”1

Бар ман самоъи сўфии чашми ту роҳ баст.

Аз шамъ пурс қисса,ки шабҳои интизор

Хандон даруни оташи ҷон метавон нишаст.

Маҳдӣ,тариқи меҳр маҷў аз паривашон

Эй ту ҷафогурехта,инони ҷафопараст.

1.Аз қилу қоли мадраса ҳоли дилам гирифт,

Якчанд низ хидмати маъшуқу май кунам.

Ҳофиз

Афсуни каломи ту

Лаҳзае аз ту дили девонаам ғофил нашуд,

Ҳарчи аз ташвиши хотир гуфтамаш,оқил нашуд.

Хира шуд бар килки девони ту чашми ҳастиям

Ҷуз ба афсуни каломи ту дилам моил нашуд.

Ҷуръанўши бодаи шеъри ту шуд пири дилам

З-ин майю майхона пири ман даме ғофил нашуд.

Шуд вуҷуди ташнаам сероб шеъри ноби ту

Раҳраве чун ман ба коми хештан восил нашуд.

Нақши садҳо орзу бар об шуд,аммо даме

Тарҳи рухсори ту аз лавҳи дилам зоил нашуд.

Маҳдии саргаштаро чун мавҷ аз дарёи ту

Баҳрае ҳосил ба ғайри силии соҳил нашуд.

Уфуқи сабзи нигоҳ

Уфуқи сабзи нигоҳи ту чу рў бинамояд,

Занги ғам з-оинаи хотири ман бизудояд.

То бароям даме аз пилаи танҳоии хеш,

Нофа соидани боди саҳарам хуш ояд.

Сухан аз он шаби маҳтобу туву соҳилу рўд

Дари уммед ба рўи дили ман бигшояд.

Хасу хокистари ин кўҳна уҷоқ афрўзад

Боз ҷон гираду бар оташи дил афзояд.

Мижа бар ҳам назанам пеши ту оинасифат

То бубинам,ки нигоҳи ту чӣ мефармояд.

Маҳдӣ,ар з-оташи ишқи ту гудозад на аҷаб

Шамъро сўзи дил аз шавқи шумо мебояд.

Насими орзу

Андалебе дур аз боғу баҳоронам ҳанўз

З-ин сабаб бо мурғи шаб аз дард нолонам ҳанўз.

То ҳисори шаб фурў пошад зи гирдогирди ман

Чашмаи хуршед ҷўшад аз шабистонам ҳанўз.

Ҳамчу шамъе чашм дар роҳи ту,эй субҳи умед

Мечакад ҳар шаб ситора аз ду чашмонам ҳанўз.

Бегумон ишқи худоӣ бо ҳавас олуда нест,

Ҳамчунон дар мактабат ин дарс мехонам ҳанўз.

Эй тавофи Каъба воҷиб гашта аз обои ту

Ман дар ин водӣ ба дунболи ту ҳайронам ҳанўз.

Бо баҳорон то дароӣ эй насими орзу

“Бар сари имони худ чун бед ларзонам ҳанўз”.1

Маҳдиям,бо кўлборе орзу,дасте тиҳӣ

Зоири байтулвисоли рўи ҷононам ҳанўз.

Дизлай –Курдистон,1365

1 .Чу бед бар сари имони хеш меларзам.

Ҳофиз

Чашми саввум

Ваҳ чӣ ширин аст эҳсоси шарифи бериёӣ,

Аз варои марзҳо,фарҳангҳо,ҷуғрофиёӣ.

Ҷазбаи пуршўри чашме дод ваҷди сўфиёнам

То чунин бар гирди худ чархам ба шавқи ошноӣ.

Ҳуҷҷату бурҳони имонест таҳлили каломаш,

Чашми саввум барнаметобад таъассуф,хешроӣ.

Бо бароат хонамаш нури мубину арзи ҳастӣ

Гўи оташбори хуршеду фараҳбахши зиёӣ.

Нокасайнро во ниҳода бар арўси хушки пистон

Аз хирадварзон пазиро нест расми бевафоӣ.

Бо хати хуш нақши ў раҳ бурд бояд то ҳақиқат

Дур аз олудаҷонӣ,пой то сар порсоӣ.

*** **** ****

Ишқ,эй фархундаоташ,аз дами гарми ту дорад,

Маъбади хомўши ҷонам каҳкашони рўшноӣ.

Ҷуз туву номи ту ҳар лафзе,ки ояд бар лаби ман

Чист илло ҳарзалоӣ,худситоӣ,жожхоӣ.

Кош табъи аз тавонафтодаи Маҳдӣ дубора

Тарҷумоне месуруд аз шоҳбайти кибриёӣ.

Рубоӣ

Бо шўълаи нопадид умрат тай шуд,

Маъсури таъаллуми кадуи май шуд.

Анбонаи пуки жожхоӣ ,охир

Тадбири матини фикри Маҳдӣ кай шуд?

Дастҳои ошиқӣ

Ба ёди бузурги ҳамеша Аҳмади Шомлу

Гарчи ҷорӣ гашта сели ашк аз чашмам чу рўд,

Санги ҳасрат гар занам бар сина баъд аз ин чӣ суд?

Ҳиҷрати бериҷъати дар пеш дорад “Бомдод”,

То ба хоки худ бигўяд он чиро ногуфта буд.

Дастҳои ошиқӣ ку то кунад аз хоки ў

Маъбаде,хишту гилаш,ҷонпораи шеъру суруд.

Ҳамсафар бо фавҷи мурғони муҳоҷир з-ин қафас

Нимаи шаб рў ба соҳилҳои дигар пар кушуд.

Як сари мў кам нагардад з-ин сиёвушӣ ба дил

Оташе марг ар,ки аз бому дараш ояд фуруд.

Тобнокандеша ин фарзонаи Эронзамин

Ҳамраҳи хуршед занги зулмат аз олам зудуд.

**** ****

Дар фазои дерсоли фикриат Маҳдӣ бихон

Бар равони поки фарҳангофаринон сад дуруд.

Эй бинозам ҳиммати…

Тасвири кишоварзони шариф –рўзгор ва ситези беамонашон бо падидаи фақру гуруснагӣ

Пои пур аз таъвали дард асту дасти пинабаста,

Бар ҷабини пир,гарди меҳнати даврон нишаста.

Белу досу гову говоҳан рафиқи ўст,аммо

З-ин ҳама суде надида,з-ин намат тарфе набаста.

Ҷомае пурвасла дорад,ҷисму ҷоне захму таъвал

Эй бинозам ҳиммати ин жандапири дилшикаста.

Ҷавҳари кори мудомаш базру шухми обёрӣ

Гарчи аз ин раҳгузар тори дилу ҷонаш гусаста.

Хирмане гандум барои пораи нони ману ту

Гирд орад хўша-хўша ,соқа-соқа,даста-даста.

Хўшае чидӣ агар Маҳдӣ аз ин хирман ба шеърат

Пок кун гарди ғам аз рухсораи ин марди хаста.

Ҷуз хеш надидӣ

Андешаи парвози фазои дигарат нест,

К-аз бориқаи ишқ ба ҷон болу парат нест.

Чун шохаи хушкидаи ин боғи хазонӣ

Уммеди баҳорону сари баргу барат нест.

Ҷуз хеш надидиву набинӣ,ки надонӣ

Чашми ту ба ҷуз оинаи худнигарат нест.

Ҳамнаъра машав ҳарзагии зоғу зағанро

Гар шўри ҳамовойии мурғи саҳарат нест.

Бо Маҳдии шўрида бизан ҷом,гар имшаб

Парвои шаби арбадаву шўру шарат нест.

Абри ақим

Зи тундарҳои беборони ин абри парешида

Парешон аст ҳоли киштзорони балодида.

Чунон хиссат гирифта осмони сарзаминамро

Ки мебандад сила хоки аташзорони тафтида.

Тиҳӣ гардида ҷоми рўдҳо аз ҷўшиши ҳастӣ

Гумонам чашмаи хумхонаҳо дерест хушкида.

Таракҳои замини тафзада дар димзорон боз

Ҳикоят мекунад аз фақри деҳқони ситамдида.

Кадевар гуфт бо абри ақими холӣ аз борон

Сазоворе,ки бошӣ борвар бо ройи санҷида.

*** ****

Наборад ашк агар ин гунбади нилӣ зи чашмонаш

Мароратҳои бепоёни Маҳдиро нафаҳмида.

Маснавии абр

Абри беборон ғуборе беш нест,

Боғи бегул хорзоре беш нест.

Ташна афтодаст дашту кўҳи мо

Мазраъи мо,ҷангали анбўҳи мо.

Лола дилхун шуд ба хок аз ташнагӣ

Дона мадфун шуд ба хок аз ташнагӣ.

Оҳувон аз даштҳо бигрехтанд

Ҷои мушк аз нофаҳо хун рехтанд.

Ҷумла табхол асту товал хоки мо

Аз лиҳеби абри оташноки мо.

Чашма хушкидасту хушкидаст боғ

То сароб,эй ташна ,ку чашму чароғ.

Гўр гирифт аз ташнагӣ боғи дилам

Тоза шуд бори дигар доғи дилам.

Абр хис(с)ат мекунад ё осмон

То фитад аз кори дасту досамон.

Сўхт аз бедоду хашми офтоб

Киштзорон пеши чашми офтоб.

Эй Худо,абре зи дарёе барор

Базри бороне бар ин саҳро бикор.

То биҷўшад чашмае ҳар гўшае

То шавад ҳар хўша моро тўшае.

Аз танўри деҳ барояд бўи нон

Нон фаровон аз барои мардумон.

*** ****

Бўи нони тоза Маҳдиро гирифт

Дар фазои тоза шеъраш по гирифт.

Караҷ-Шаҳревари 1378.

Селоби хурўшанда

Ҳайратзадаи макри ту, рўбоҳи дурангам

Бо он ки қавипанҷатар аз шеру палангам.

Селоби хурўшандаам, эй қуллаи мағрур

То чанд занӣ пои шитобанда ба сангам.

Ман дар талаби баҳру ту бо силсилаи санг

Хоҳӣ,ки диҳӣ ҷой дар ин дарраи тангам.

Эй қулзуми тўфонзада,ҳаргиз наҳаросад

Аз ҳийманаи хашму хурўши ту наҳангам.

Бо лашкаре аз мавҷ ба соҳил бигурезӣ

Чун дарнигарӣ арсаи тўфонии ҷангам.

То з-ин хами найранг нагирад дили ман ранг

Ё румии Румам ману ё зангии Зангам.

Ман Маҳдии маҳди ғазалам, гар накашонад

Бетобии гаҳвораи зулфе ба дирангам.

Намнами борон

Фарози қуллаи субҳи баҳру ҷоми шаробе

Ду байти ноб зи Хайёму бонги чанге рубобе.

Зи кабки ғулғула печон даруни дарраву доман

Ки сангу сахра бигўяд ба шўру шавқ ҷавобе.

Хушо раҳо шудану тан ба дасти бод супурдан

Аз ин сароб гузаштан ба бўи ҷуръаи обе.

Хушо гурехтан аз худ зи бекаронаи ҳастӣ

Ба қалби ҳодиса ҷастан чунон ки тири шаҳобе.

Баҳору намнами борону сукри сабзаву гулҳо

Бинўш Маҳдии озурда соғари маи нобе.

Аташе дигар

Шуда осмони чашмаш ҳама шаб ситораборон

Зи фиреби фитнасозон,зи гуноҳи нобакорон.

Ҳама нахлҳои Кўфа аташ асту дуду оташ

Чӣ кунад агар нагиряд ба фарози нахлзорон.

Дили ў диле,ки бар ҷон ҳама захми дашна дорад

Ҳама шаб чу лола сўзад ба канори доғдорон.

Ба кадом кўҳ гиряд?Зи кадом най нолад?

Ҳама шаб агар нагўяд ғами дил ба чоҳсорон.

Шабу то саҳар нахуфтан,ба ситора роз гуфтан,

Ки даре Худо кушояд,ба дили умедворон.

Аташи дигар надорад дили Маҳдӣ аз ду олам,

Шавад аз ғубори роҳи шаҳи мулки шаҳсаворон.

Замзама

Қасам ба сукри каломат,ки бе ту дар таъаабам

На нағмае ба гулўям,на хандае ба лабам.

Дилам ба зулмати шабҳои бе ту раҳ гум кард

Биё,биё,ки туӣ офтоби рўзу шабам.

Чӣ бехабар,мани ғамдида,оҳ мебинӣ?

Чӣ мекашад дили девона аз лиҳеби табам.

Нигоҳи гарми ту ку то ба лаб ниҳад имшаб

Ба рағми ин ҳама ғам ҷоми бодаи тарабам.

Кунун,ки замзама ҷорӣ бувад ба номи сухан

Ман аз сукути ту,Маҳдӣ,аҷиб дар аҷабам.

Ғизоли кўҳӣ

Зи ишқе сўхтам бар бод шуд хокистарам,гардам

Ки ҳамчун гарди бод аз дард гирди хеш мегардам.

Ба дунболи ту, ай рангинтар аз боғу баҳору гул

Чу мурғе ошёни хештан гум мекунам ҳар дам.

Ту сарви сояпарвардӣ,баҳорони гулафшонӣ

Мани афсурдаҷон,аммо хазони пири дамсардам.

Даруни маъбади ишқи ту чун шамъе ба оромӣ

Ҳама ашкам,ҳама сўзам,ҳама оҳам,ҳама дардам.

Агар бовар надорӣ қиссаи дил,боз мегўяд

Забони ашки хунинам равон бар чеҳраи зардам

“Ҳазорон захми корӣ дорам андар дил”1 зи дасти ту

Агар дармон намебахшӣ, чаро афзун кунӣ дардам?

Манам Маҳдӣ,ки аз офоқи рангини хаёли худ

Ғизоли кўҳии ман ин ғазал баҳри ту овардам.

1.Аз Маликушшуарои Баҳор.

Насимосо

Дилозурдае,вомондапое,

Ҳикоятҳо кунад аз бевафоӣ.

Вуҷуде на,наи ларзандаҷоне

Парешонсаргузаште,бенавое.

Зи сўзи сина менолиду мегуфт

Азизи меҳрубони ман куҷоӣ?

Насимосо гузаштӣ аз ман,эй дўст

Магар ин буд расми ошноӣ?

Гули ман,бе ту аз гулҳои ин боғ

Насиб омад маро доғи ҷудоӣ.

Ба ҷуз дарди мани дармонда бошад

Табибонро ба ҳар дарде давое.

*** *** ***

Ало эй ғамгусори дардмандон

Ки ҳамзоди ғами дерини моӣ.

Бар ин мискин чу Маҳдӣ, нола сар кун

Агар дорӣ дили дардошное.

Санги сабур

Чашои сабзи ту боғи биҳи Худо диёри ҳура

Шоха-шоха ҳама шеъри хўша-хўшаи пурнура.

Миллиёрдо Каҳкашун бо ун маҳу ситора

Пеши хуршеди чашот то дунё дунёс суту кўра.

Сурхии ғунчаи лабҳоту надора гули ваҳшӣ

Вақте ки ҳарф мезанӣ мазаи ҳарфот шур-шура.

Мавҷи гесут рўи шуна,медунӣ ба чӣ мемуна?

Боруни талои шур-шур рў ба соҳили булура.

Дили ман танге барот,расми замунаас,вале ҳайфа

Ки миюни ману ту кўҳи баланде,роҳ дура.

Медунам ба ҷои дил оҳани сарде туи синаат

Дили ман якерў нашкан,ки восат санги сабура.

Теҳрон –Урдубиҳишти 1345

Баҳори гумшуда

Ин рўзо вақте ки олбуми дилу во мекунам

Ҳама ҷо акси қашанги туру пайдо мекунам.

Ҳарфе,ки баром дикта мекардӣ ёдате?

Ҳоло ман ҷумла ба ҷумла восат иншо мекунам.

Зўҳри я рўзи тобистун ту қасам хўрдӣ баром

Ки ту хобам ҳамеша туру тамошо мекунам.

Ту дорӣ бо ҳама ишқат ману ҳошо мекунӣ

Ман барой ту худаму расвои дунё мекунам.

Дидӣ вайрунии дил сарат намеша?Чӣ бигам?

Боз дорам ин ҳама зулми туру ҳошо мекунам.

Ага ёди ҳарфову хотираҳомун бизора

Баҳори гумшудаму дубора пайдо мекунам.

Бандари Аббос-Баҳмани 1354

Дафтари зиндагӣ

Аге ун лабҳои хандуни туру ҳеҷ ки надора

Шур-шури ашкои ман ҳам миси боруни баҳора.

Ин ба ун дари ҳисобам бо зиндагии пок медунам

Дига ҳеҷ вақт баро ман зиндагӣ зеру рў надора.

*** *** *** ****

Аз ҳамун вақт,ки барош туи дилам я хуна сохтам

Ҳама ҷо шаб мехоба,ин ҷо вале по намезора.

Дафтари зиндагиму касе наметуна бихуна

Бас,ки аз абри чашом рў сафаҳош борун мебора.

Бо вуҷуде,ки дилам зи бевафоиш пурхуна

Намехом қабул кунам дурӣ фаромўшӣ меёра.

Теҳрон –Хурдоди 1349

Наъраи мастона

Малолангезу ғамгинӣ, шабу вайронаро монӣ

Парешонхотирӣ,овораи девонаро монӣ.

Зи хайли нағмапардозони рангинболи ин гулшан

Ба ҷамъи пурфуруғи анҷуман бегонаро монӣ.

Туву хоби фаромўшиву хомўшиву танҳоӣ

Ҷудо афтода аз май соғару паймонаро монӣ

Гурезон аз ту шўру шодиву ишқу тараб,гўӣ

Ба базми бодахорон наъраи мастонаро монӣ.

Бад-ин афсурдаҷонӣ ҳамчу Маҳдӣ бесаранҷомӣ

Тиҳӣ аз майгусорон хилвати майхонаро монӣ.

Баҳория

Зи рўҳи сабзаву гул ай баҳори бедорӣ

Ба хоки мурда ниҳоли умед мекорӣ.

Т аз каронаи ин дашт зи меҳр гир маро

Паёми боғу гулу шўри ишқ меорӣ.

Бихон ба гўши дарахтони зарди поизӣ

Умеди сабзи шукуфтан,навиди ҳушёрӣ.

Бигў,ки мурғ ба тасбеҳу таҳният бархост

Баҷост оинадориву чашми бедорӣ.

“Чаман ҳикояти урдибиҳишт мегўяд”1

Мабод он ки зи каф ҷоми бода бигзорӣ.

Дарахти ҷони ту ,Маҳдӣ,пур аз шукуфа шавад

Даме,ки дил ба насими баҳор биспорӣ.

_____–____

Аз Ҳофиз

Ҷоми лола

Аз чашми ғам гирифтаи абри сиёҳпўш

Ин кўҳ сабз биниву он чашма пурхурўш.

Пур шуд зи атри пунаву сукри ақоқиё

Айвони осмону дару дашти сабзпўш.

Вақти самоъ гул ба лаби ҷўй хуш бувад

Рақси дарахту базми майю бонги нўш-нўш.

Ман дилшикаста,хаста ба кунҷе дар ин миён

Ногоҳ расид ин хабар аз пири майфурўш:

Ҳангоми растхези гулу сабзаву чаман

Маҳдӣ,зи ҷоми лола маи арғавон бинўш.

Сарипули Заҳоб –Исфанди 1364.

Бирка

Нишастаӣ ба каноре зи қилу қоли замона,

Чунон ки аз дили савдоият намонда нишона.

Зи чашмасори фараҳбахши бекаронаи ҳастӣ

Шудӣ чу биркаи хомўши даштҳои фасона.

Ба фасли ишқу ҷавонӣ,ало чаковаки хушхон

Бихон дубора ба шодӣ ба базми сабза тарона.

Ту худ баҳори тарабноки умри хештанӣ

Маҷў нишони муҳаббат зи роҳгузори замона.

Дигар қаландари шўридае наларзонад

Сукуни сурбии зулмат ба наъраҳои шабона.

Азизи дил ба паёми баҳор хушдил бош

Биё чу Маҳдиву бишнав садои чангу чағона.

Доми дили ҳазорон

Хайли хаёли рўяш ҳамроҳи боду борон

Ҷорӣ чу маҳ ба нармӣ то ваҳми бешазорон.

Аз ҷилвагохи маҳтоб,рақсон зи бўи зулфаш

Гесўи обшорон бо нағмаи ҳазорон.

Аз шарми чашми масташ дигар ба дилрабоӣ

Чашме намекушояд наргис ба ҷў канорон.

Он соғари лаболаб ,сўзон ба таъми оташ

Ангезад аз нигоҳе,дуд аз ниҳоди ёрон.

“Дар зулфи чун камандаш,эй дил, мапеч,к-он ҷо”1

Ҳар гоми тори мўе доми дили ҳазорон.

Маҳдӣ,зи офтобаш оина метаровад

З-он хуб дур бодо,чашми гунаҳгорон.

1.Аз Ҳофиз.

Бо хештанам,аммо…

Бо хештанам,аммо аз хеш гурезонам

Озодаму дар бандам,ободаму вайронам.

Ишқ арчи бисўзонад,аммо зи шарори ў

Мафҳуми шукуфтанро дерест,ки мехонам.

Ин хашми ҷунуносо тарсам,ки ба тўфоне

Хомўш кунад як шаб оташкадаи ҷонам.

З-он шўъла ба пироҳан дорам шараре,к-охир

Чун шамъ барорад сар аз чоки гиребонам.

Паймонаи паймоне мондаст маро Маҳдӣ,

Бо санги риё машкан паймонаву паймонам.

Ниҳоли меҳри ту

Маро ба хеш бихон дўстдори деринам

Дубора зинда намо хотироти ширинам.

Абдулмаҷиди Зангўӣ.

Шарори саркаши ишқат нигори деринам

Забона мекашад аз хирмани дилу динам.

Зи бешумори аташҳои рўзгор ,эй дўст

Маро умед ҳамин бас,ки бо ту биншинам.

Чу гарди бод ба туғён кашид кор,вале

Баҳори рўи ҳар дам кашад ба тамкинам.

“Маро ба хеш бихон” андалеби гулшани роз

Ки бонги шавқ барояд зи нои ғамгинам.

Ниҳоли меҳри ту сархуш ҷавона зад,гул кард

Биё,биё,ки бибинӣ баҳори рангинам.

Дили хароб зи мастӣ саҳар ба Маҳдӣ гуфт:

Ҳанўз масти шароби нигоҳи дўшинам.

Сўхтаҷон

Андўҳе ба ёди инсоне бузург

Бўи ҳулули ишқ таровад зи рўҳи хок

Чандон,ки нашъа медамад аз хок то симок.

Соҳибдилест сўхтаҷонтар зи офтоб

Сармасти ҷоми ишқ, на аз хуни сурхи ток.

Дандон фишурда бар ҷигару нои нотиқаш,

Хуноби дил зи чеҳраи афсурда карда пок.

Пирест хоста дар Ватани хештан ғариб

Дил баста ҳамчу бум бар ин тирагун мағок.

Маҳдӣ,зи теғи нолаи ин мурғи дардманд,

Дорад даруни сина яке қалби чок-чок.

Караҷ-Шаҳревари 1369.

Танҳоӣ

Осмон хаставу дилмурдаву ҷангал мартуб

Офтоб аз нафас афтода

Равон сўи ғуруб

Зарду сурханд дарахтон зи ҳулули поиз

Партави нур ба рагҳошон низ

Ҷории нуқраи рўд аз сари кўҳсор ба дашт

Нарм-нармак ҳама ҷо дар гулгашт

Ва дар ин лаҳза,ки мепўяд

Бехобу сукун

Туву шўру тарабу мастиву шайдоии хеш,

Маҳдиву зонўи ғамбаставу танҳоии хеш.

Лунак –Сиёҳкал –Меҳри 1382.

Шохаи зайтун

Дар фазои рубъу ваҳшат бо малоле ҷовидонӣ

Мезанам бо дасти баста нақши нопайдо ҷаҳоне.

*** *** *** ***

Саҳна моломоли ғавғои ҷидоле нобаробар

Кўдакон беёру ёвар чеҳраҳошон устухонӣ.

Чашм ҳар ҷо медавад хун бинаду хокистари ғам

Бар палоси зардрўе нақши урёни хазоне.

Аз танўри синаи ҷўшони ёрони Фаластин

Шўълае хезад,ки сўзад решаи номеҳрубонӣ.

То Басиву Қосиму Дарвеш з-озодӣ сароянд

Оташ афшонад ба гетӣ сурхии оташзабонӣ.

Ҷоми заррини фалак,Маҳдӣ,зи Ромулло занад сар

Гул дамад бар шохаи зайтун умеди зиндагонӣ.

Теҳрон –Урдубиҳишти 1347.

Муъин Басив,Самеъ ал-Қосим,Маҳмуди Дарвеш –шоир ва муборизони муосири фаластинӣ.

Манам он соз

Кунҷи танҳоии дил солики майхонаи хешам,

В-андар ин баҳри тафаккур дур(р)и якдонаи хешам.

Манам он соз,ки бо ёди шаби базми азизон

Сархуш аз нағмаи хомўши пурафсонаи хешам.

Шеванам бар шавад аз захмаи ёрони риёӣ,

Гарчи лабрези навои хуши ҷононаи хешам.

Ту агар моҳи булурини шаби хотираҳоӣ

Мани дарвеш уҷоқи дили вайронаи хешам.

Ту дар оинаи зебоии худ масти ғурурӣ

Ман,майю майкадаву соғару паймонаи хешам.

Маҳдӣ ,ар дўст шаробе надиҳад аз лаби нўшам

Кунҷи танҳоии дил солики майхонаи хешам.

Ошиқиҳо

Ҷилваи лутфи итоболуди чашми дилситонам

Озарахши беамон шуд шўъла зад бар хонумонам.

Бо хаёлаш то саҳаргаҳ дар сукути шаб барояд

Оташи ғам аз ниҳодам, дуди оҳ аз дудмонам.

Ҳамчу мурғи нимбисмил ин дили девона ҳар шаб

Дасту пое мезанад бар синаи дардошёнам.

Хезад аз шўру шарори рўзгори ошиқиҳо

Оҳи сарде аз уҷоқи синаи оташниҳонам.

Бозпас ҳаргиз наоям дар масофи кажмадорон

Бигсалад гар тору пудам,бишканад гар устухонам.

Ёди гулгуни шаҳидони Ватан умрест Маҳдӣ,

Медавонад Кархаву Корун ба чашми хунфишонам.

Соғар ба каф

Барои бузургмарди поку шариф ,Устоди арҷманд ҷаноби оқои Иззатуллоҳи Фўлодванд

Эй иззати сухан ба ту аз мо дусад салом,

Дар ҷоми ту ҳамора маи нўши лаълфом.

Мурғи шитобноки хаёли ту мебарад,

Аз хокиён ба кишвари афлокиён паём.

Ту дўстдори шеъриву шеъри равони мо

Ҷорист мисли хун ба тани зиндагӣ мудом.

Бишкан сукути сарду бихон ошиқонае

То чанд теғи тез тавон дошт дар ниём?

Маҳдӣ,ки лаб ба бода наёлуда,ин замон

Соғар ба каф ба ёди ту дорад аладдавом.

Турфа

Барои бузургдошти бародари фарзонаам –Муҳаммадалии Баҳманӣ

Он ҷо,ки вожаҳои насўзиш шукуфтанист,

Боғи пур аз шукуфае “Девон”-и Баҳманист.

“Гоҳе дилам барои худам танг мешавад”1

Ин матлаъи бадеъ зи шоир шуниданист.

Боғест пуртарона ҳама “Боғи лол”2- и Ў

Биштоб,к-ин тараннуми хомўш диданист.

Ғарқи шукуфтан аст ба ҳангоми баргрез

Боғи дигар магў,гули ин боғ чиданист.

Хуш мехиромад он-к дўшизаи ғазал

Шаҳду шакар зи нўши лаби ў макиданист.

Маҳдӣ,ки дар тариқи вафо шеър менавишт,

Мафтуни турфакрии “шоир шуниданист”3.

1,2,3 –номи китобҳои шоир Муҳаммадалии Баҳманӣ.

Шоҳмансури Шоҳмирзо

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: