ҶОИЗАИ ИТТИҲОДИ НАВИСАНДАГОНИ РУС БА АДИБИ ТОҶИК


Чанде қабл ба мо хушхабар расид, ки Комитети ҷоизаҳои ба номи Лермонтови назди Иттифоқи нависандагони Россия ба адиб, нависанда ва рӯзноманигори шаҳири тоҷик устод Шоҳмирзои Хоҷамуҳаммад барои хизматҳои шоистаи худ дар таблиғу рушди адабиёти ҷаҳон ҷоизаи байналмилалӣ тақдим карда шуд. Ҷоиза медали нуқра мебошад. Ёдовар мешавем, ки устод Шоҳмирзо Хоҷамуҳаммад муаллифи кутуби «Ахтари зулматсӯз», «Қасидаи ҷавонмардӣ», «Сурмаи дил», «Гулшани дилҳо» мебошад.

Ин медал ба он нафароне тақдим мешавад, ки дар роҳи таблиғу рушди адабиёти ҷаҳон, яъне таблиғи адабиёт, таърих, тамаддуни тоҷик, ки ҷузъи таърихи адабиёти ҷаҳон маҳсуб меёбад, саҳм мегузоранд.

Табиист,ки бидуни таърихи Хуросону Ирону тоҷик таърихи ҷаҳон комил буда наметавонад. Ва ин ҷоиза баҳонае шуд то мо бо аёдати устод рафта сӯҳбате перомуни ин ва ҳаёти имрӯзаи ишон дошта бошем.Устодро чун ҳамеша рӯи мутолиаи кутуби мухталиф дарёфтам ва нахустин суоламро аз ишон пурсидам.

-Устод, ҷоизаи байналмилалиро ба Шумо табрик арз мекунам.Шумо аслан дар чӣ мавзуоте мақолот нигошта будед?

-Мақолаҳо зиёд ҳастанд. Яке аз аввалин мақолоте, ки банда таълиф намудаам, дар мавриди 60 солагии Мирзо Турсунзода буд.Унвонаш «Таронасарои оташзабони дӯстӣ». Инчунин дар мавриди устод Садриддин Айнӣ, панду ахлоқ дар ашъори Саъдии Шерозӣ, андарз дар ғазалиёти Ҳофиз, дар мавриди Расул Ғамзатов,Чингиз Айтматов ва дигарҳо,ки ин худ тақозои касби ман низ буд, мақолаҳо навиштаам.

Бояд бигӯям, ки маҷмӯае аз навиштори банда ба таври тасодуфӣ ба раиси Комитети ҷоизаҳои ба номи Лермонтови Русиа Владимир Александрович Захаров расидааст. Ишон дар натиҷаи баррасӣ ва омӯзиши навиштор, ки бозгӯкунандаи ғояҳои инсондӯстӣ, таблиғи таъриху адабиёт ҳастанд, маро аз тарафи ҳамин комитет ба муносибати 150 солагии шоир ва адабиётшиноси шаҳири Кафкоз Кязим Мечиев бо ин ҷоиза сарафроз гардониданд.

-Устод, бифармоед, ки ин ҷоиза ба киҳо дода мешавад?

-Ҷоизаи имсола ба даҳҳо адибон, рӯзноманигорон, сиёсатмадорон, философҳо, рӯҳониён ва нависандагони ҷаҳон, дода шудааст. Аз ҷумла ба донишгоҳи Теҳрон барои омӯзиши ашъори шоирони Қафкоз, аз ҷумла Кязим Мечиев ва таблиғи адабиёти Эрон дар Кафқоз, инчунин барои тарҷумаҳои асарҳои адибони Қафқоз дар Туркиё. Ин ҳама баҳонаест барои таблиғу рушди сулҳ, инсондӯстӣ ва таблиғи адабиёти ҷаҳонӣ.

Лозим ба ёдоварист, ки дар кишвари мо Тоҷикистон бошад ягона нафаре, ки ба ин ҷоиза мушарраф гаштааст ин адиб, нависанда ва рӯзноманигори нуктасанҷи тоҷик устод Шоҳмирзо Хоҷамуҳаммад маҳсуб меёбад.Бояд қайд шавад,ки устод Шоҳмирзо Хоҷамуҳамуҳаммад пас аз дарёфти ин ҷоиза ба ҷаноби Захаров тамос гирифта, бо ӯ сӯҳбатҳо менамояд.

Бояд қайд намуд, қаблан дар соли 2004 раисии комитети ҷоизадиҳии ба номи Лермонтовро Расул Ғамзатов бар ӯҳда дошт ва пас аз марги ӯ ин вазифа ба дӯши адабиётшинос ва профессор Владимир Акенсандрович Захаров гузошта шуд. Владимир Захаров кист?

Бо ин мақсад роҳе пайдо намуда бо ишон дар тамос шудем. Владимир Александрович Захаров профессор, адабиётшинос, номзади улуми таълим, сиёсатшиносу сиёсатмадори варзида, қафқозшинос, ки чандин осори этнографӣ офаридааст. Аз чеҳраҳои намоёни адабиёти Русия маҳсуб меёбад. Муаллифи беш аз 20 асари этнографӣ, минтақавӣ, сиёсӣ ва зиёда аз 600 мақолаҳои мухталифмазмун мебошад. Дар сӯҳбат бо ӯ равшанаммон гашт,ки мавсуф инчунин донанда ва мубаллиғи хуби адабиёти оламшумули форс аст, ки кулли рубоиёти Хайёмро ҳифз намуда, даҳҳо ғазалиёти Ҳофизу Саъдиву дигаронро аз бар намудааст. Ӯ воқеан як нафари худошинос аст.Дар китобхонаи ин адиб беш аз 100 ҳазор номгӯи кутуб дар мавзӯоти мухталиф мавҷуд аст. Ба чандин мамолики дунё сафарҳои хидматӣ доштааст. Бо мақсади рушан намудани ин нукта ,ки чаро худи Захаров ба Тоҷикистон наомадааст, бо ӯ дар тамос шудем ва пас аз салому дуруд чунин суолро ба ишон матраҳ намудем:

-Ҷаноби Захаров, чӣ сабаб буда ки Шумо ба Тоҷикистон, барои тақдим намудани ҷоиза ташриф наовардед?

-Банда бисёр мутаасифам ва маъзарат мехоҳам, ки бо сабаби сафарҳои хориҷӣ доштаам имкони сафар ба Тоҷикистонро надоштам аз ин рӯ ба оқои устод Шоҳмирзо Хӯҷаев арзи маъзарат менамоям ва умедворам ин кӯтоҳии маро бо бузургии худ маъзур медоранд.

-Пас Шумо чӣ гуна муваффақ шудед, то ин ҷоизаро ба ишон бирасонед?

— Дар воқеь банда қасд доштам онро ба Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ирсол намоям, аммо рости, ҳини рафтан ба сафорати Тоҷикистон дар онҷо бо дӯсти тоҷикистониям, Ҳабибулло Раҷабов, ки ҳамзамон ҳамроҳи банда кор мекунад, мулоқот кардам. Чун ишон худ ба Тоҷикистон сафар дошт, беҳтарин ва амнтарин роҳро дар хидмати ӯ дидам. Дар ҳар сурат аз Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон пӯзиш мехоҳам.

Ҷаноби Захаров , Шумо чӣ гуна бо осори ҷаноби Шоҳмирзо Хӯҷаев ошнои пайдо намудед?

-Воқеан, аввалин бархӯрди мо бо осори ишон тавассути Ҳабибулло сурат гирифта буд ва инчунин мо огоҳ ҳастем, ки ҷаноби Хӯҷаев асаре этнографие доранд бо номи «Сурмаи дил», ки мо дар шабакаи ҷаҳонии Интернет хонда, мавриди баррасӣ қарор дода, ин ҷоизаро ба ишон лоиқ донистем. Ҳабибулло Раҷабов чандин сол аст, ки бо мо ҳамкорӣ дорад ва мо аз ӯ бениҳоят сипосгузорем. Маҳз ӯ моро аз навиштаҳои ишон дар олами Интернет огоҳ менамояд. Ахиран навиштаи ишон дар мавриди «Марги ғурури Мавлоно»-ро мутолиа намуда ва бардоштҳои муфиде гирифтам. Аҳсант ба устод!

-Ташаккур ба Шумо, Шуморо мардуми тоҷик ба кишвари хеш мехонад!

-Саломи маро ба аҳли адаби кишвари азизатон бирасонед. Бо ҳамин бо ҷаноби Захаров худоҳофизӣ намудем. Имрӯзҳо устод Шоҳмирзо Хӯҷаев машғули чӣ кор аст,оё дар садади таълифу нашри асаре ҳаст ё на? Бо ин мақсад, ба ишон муроҷиат кардем ва чунин суолҳо намудем.

-Устод, шумо ба унвони як адиб ва нависанда чӣ унвонҳо доред, манзур чӣ ифтихорномаҳо?

-Бале, банда Ифтихорномаи Комсомоли Ленинӣ, Ифтихорномаи Нависандагони вилоят, Ифтихорномаи рӯзномаи совети (дар замони шӯравӣ) дорам…

-Оё боре барои ҷоиза ва ё унвон талош кардаед?

-На, ҳеҷ гоҳ дар паи унвону ҷоиза набудаам.

-Оё феълан дар ҷое кор мекунед?

-Мутаассифона, дар ҷое кор намекунам. Дар манзили худ машғули мутолиа ва эҷод ҳастам.

-Устод,  оё асаре дар дасти чоп доред?

-Бале, китобе дорам бо номи «Гаҳвораи заррин» ва инчунин китобе бо номи «Васоё», ки панду андарз ва насиҳатҳои чеҳраҳои машҳури таърихист, дар дасти чоп аст.

-Ташаккур ва бори дигар ин ҷоизаро ба Шумо табрик арз мекунам.

-Саломат бошед ва аз адибу профессор ҷаноби Владимир Александрович Захаров ва давлати Россия барои чунин қадрдонияш изҳори сипос мекунам.

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: