Суғд: Худкушӣ ба дараҷаи рекордӣ мерасад


 

Тибқи иттилои расонаҳо  мавориди худкушӣ дар вилояти Суғд солҳои охир хеле афзоиш ёфта ва ба сатҳи рекордӣ расидааст. Бино ба иттилои Раёсати корҳои дохилаи вилояти Суғд дар 8 моҳи соли равон дар вилоят ҳодисаҳои худкушӣ ба 224 адад расида  ва 88 мавриди суиқасд ба ҷон аз ҷониби шаҳрвандон сабт гардидааст.

Аз ин ҳисоб 125 нафар мардон ва 99 нафари дигарро занҳо ташкил медиҳанд. Ёдовар мешавем, ки дар соли гузашта  дар вилоят  зиёда аз 170 мавориди худкушӣ ва беш аз 80  мавриди суиқасд ба ҷон сурат гирифта буд. Аммо инро ҳам бояд зикр намуд,ки дар 6 моҳи соли равон яъне 2 моҳ қабл дар миқёси вилоят 164 нафар даст ба худкушӣ зада буданд, ки аз он 94 нафар мард ва 70 нафар зан буд ва ҳамзамон 64  нафарашон суикасд ба ҷони худ карда буданд. Ва ин нишондоди 8 моҳи соли равон ношӣ аз афзоиши ин маворид дар вилоят маҳсуб меёбад. Бояд қайд намуд,  ки қаблан ҳодисаҳои худкушӣ бештар аз тарафи занҳо сар мезаданд, аммо ҳоло бошад баръакс ва ангор ин навбат ба мардҳо расидааст. Мавориди худкушӣ ки дар давоми 8 моҳи соли равон сурат гирифтаанд, бино ба маълумоти расмӣ  бештар дар  шаҳру навоҳии вилоят, аз ҷумла, шаҳри Хуҷанд-33 адад(14 нафар мард 19 нафар зан), Бобоҷон Ғафуров—43 адад (29 нафар мард 14 нафар зан),шаҳри Истаравшан- 20 адад (10 нафар мард 10 нафар зан), шаҳри Конибодом-20 адад (13нафар  мард 7 нафар зан),ва ҳамчунин дар навоҳии Ашт, Ғончӣ, Панҷакент ва дигар навоҳи зиёд  сабт гардидааст.

Яке аз мавзуоти муҳиму рузмарраи ҷомеаи кунунии мо ки боиси нигаронии ҳам давлат ва ҳам ҷомеа гаштааст, ин афзоиши худкушӣ аст, ки Васоити ахбори омма ҳамвора нисбати ин падида садо буланд мекунад. Мутасифона имрузҳо ба истилоҳ ангор муд шудааст, ки ҳар касе, ки бо мушкилие дар зиндагияш дучор мешавад,  осонтарин ва беҳтарин роҳи начотро дар ҳамин падидаи номатлуби худкушӣ мебинад. Ва ин роҳро роҳи халоси унвон мекунад.

Худкушӣ аз падидаҳои ногувор ва ғайриқобили пазириш барои ҳар ҷомеа,ба вижа кишвари Тоҷикистон аст, ки дорои  фарҳангу тамаддуни ғании исломӣ ва шарқӣ мебошад. Оини корсози ислом ва фарҳангу суннати шарқи дар ҳамаи марҳалаҳои зиндаги чи дар шоди ва чи нохушнуди, роҳкушоӣ  инсон дар ҳалли масъалаҳои пеширу аст.

Ба назари аксар соҳибназарони умури иҷтимоии Суғд яке аз   сабабхои  аслии ба худкушӣ даст задани баъзе аз афрод, чи зану чи мард,  дар ҳолати гирифтории сахт  карор гирифтан  ва ё бa  карзу нокомихои дигари зиндаги  гутавар шудани онхост  ва ин рушанфикрон чунин ақида доранд,ки  афроди ёдшуда ягона  роҳи халоси ва озодиро аз гирифторихои зиндаги  дар ҳамин  суиқасд ба ҷони худ мебинанд.Коршиноси умури иҷтимоӣ  оғои Некварз Ҳошим Холзода бар ин назар аст,ки дар Тоҷикистон дар пайрави аз кишварҳои дорои фазои бедини талош мешавад ин сабаб аз сабабҳои худкуширо камранг ҷилва диҳанд. Ҳамин муносибат ва бархурд бо мушкили худкуши аст, ки решаҳо ва иллатҳои ин мушкил ношинохта бокӣ монда аст ва ба ҳамин сабаб аст, ки кори натиҷабахш дар самти аз байн бурдан ва ё ҳаддиақал коҳиши падидаи худкушӣ сурат намегирад.

Сабаби боло рафтани ҳодисаҳои худкушӣ чист? Ин суолест ки посухашро аз теъдоди коршиносони ин  умур пурсон шудем.

Cохибназарон ва ҷомеашиносони Суғд  иллати аслии даст ба худкушӣ  задани шаҳрвандонро ба чунин гуруҳҳо тақсимбандӣ намудаанд:

Муҳоҷират

Хушунати хонаводагӣ

Костагии таълиму тарбия дар хонавода

Бесаводӣ

Вазъи пасти иқтисодӣ

Аммо ба андешаи ҷомеашинос Шоҳмирзо Хуҷаев даллели аслии ин ҳодисаҳои номатлуб дар дуруст ба роҳнамондани раванди таълиму тарбия дар хонаводаҳост, ки ин метавонад ба дигар омилҳо бубарад. Ба гуфтаи мавсуф беаҳамиятии волидон  ва сарварони оила муҷибии аслии чунин ҳодиса маҳсуб гашта бекорӣ ва бенавоиро  метавон аз дигар омилҳое бар ин маворид арзёби намуд.

Худкуширо ҳама адён маҳкум мекунад ва намояндагони тамоми доираҳои мухталифи ҷомеа онро амали номатлуб меҳисобанд. Аз назари қонуни шариати дини мубини Ислом  низ худкушӣ яке аз бузургтарин гуноҳони кабира мебошад. Домулоло Наимҷон раиси шуъбаи вилоятии ҲНИТ дар Суғд амали худкуширо маҳкум намуд ва гуфт ҳар касе, ки ба Худои якто имон дошта бошад, пас набояд ба ин неъмати худо яъне ҳаёт ва руҳи худ хиёнат намояд.

Аммо инҷо як нафар сокини шаҳри Хуҷанд, ки худро Малоҳат муаррифи намуд, мегуяд ҳодисаҳои худкушии  шаҳрвандон сабабҳое дорад.Ба гуфтаи номбурда ҳеҷ кас худро бесабаб қурбон намекунад. Малоҳат мегуяд агар як мушкилии аслии онҳо вазъи бади иқтисодӣ бошад, дигар мушкилашон нобаробарӣ дар оила, бекорӣ, зуроварӣ ва ноустувории иродаи онҳост.

Ҷамшед Сабуров узви коллегияи адвакатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд мегуяд худкуши амали ҷиноят маҳсуб намешавад, аммо дар сурати шахсро ба худкушӣ расондан ин албатта ҷинояти зиди ҳаёт ба шумор меравад, ки дар ин маврид дар моддаи 109 Кодекси Ҷиноии Тоҷикистон кисми як ва ду ҷазои маҳруми аз озоди ба муддати аз 3 то 5 ва аз 3 то 8 сол муқаррак шудааст.

Ба иддаои адвакат Сабуров ҳодисаҳои худкушӣ бештар дар миёни занҳо содир мегарданд, чун,ки ҳуқуҳои онҳо аз тарафи волидон ва дигар шахсоне, ки  аз онҳо вобаста ҳастанд.

Бояд тамоми табааи ҷомеа барои ин кор ва оқибату паёмадҳои ин ҳодиса дастҷамъона тадобирҳои лозимаро биандешанд. Дар роҳи пешгирии ҳодисаҳои худкуши хама гишрхои ҷомеа чи духтур, чи муаллим, чи ходимони дин, чи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳатто ВАО бояд ҳиссаи худро бигузоранд. Дар робита ба ин  Ҷура Юсуфи намояндаи ВАО дар вилоят чунин мешуморад ки ВАО дар мавриди худкушӣ матолиби зиёд ба табъ мерасонад, аммо ин падида аслан коҳиш намеёбад, зеро сабабҳои иҷтимоиву иқтисодии худкушӣ, хеле зиёданд. Ба пиндори мавсуф   дар бартараф кардани ин мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ танҳо ҳукумати кишварро метавон муваззаф донист.


 

Реклама

комментария 4

  1. salom Firdavs
    Navishtai jolibe bud, tashakkur ba tu

  2. Салом дусти азиз!!!
    Бисёр омори чолиб ва нигаронкунанда. Фикр кунам яке аз сабабхояш факр бошад.
    Муваффакият

  3. Дустам, мавзуи матрахнамудаат хеле вокеаи ва хамзамон актуали аст, имруз вокеан вилояти Сугд дар ин рости пешсаф аст,албатта омилхои овардаат дурустанд ва боз хам метавонисти омилхои дигарро низ хамрох кард, ба мисли факр, зуровари, тафрика миёни дорою нодор.
    Саломат бош!

  4. Дуруд дустам, чаро кампайдо шудаед? Умедворам хама чи хуб аст ва иншооллох моро бо навиштахои ноби хеш моро бахраманд мегардонед.
    Комёб бошед.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: