Шоди дар даруни худатон хаст.


Оё агар хеле котеъона ба шумо бигуям, ки шод будан ва ё набудани шумо дар дастони худатон аст, тааччуб мекунед? Аммо бидонед, ки вокеан ин тавр аст. Шоди ва хушхоли чизе хаст, ки хар кас онро бояд даруни худ бичуяд ва хеч кас гайр аз худи инсон наметавонад дар ин маврид барояш коре бикунад. Шояд атрофиён, харфхо ва шухихои афроди хонавода барои муддати замони кутохе битавонад дар шумо шоди эчод кунад, аммо ин навъ шоди давоми зиёде надорад ва махз он, ки фарди мавриди назар дар чамъ набошад, дигар бахонае барои шод будан вучуд надорад. Шоди дар калби мост ва агар гохе авкот дар берун хам ба дунболаш мегардем сирфан бахонае мехохем то он шодии даруниро шукуфо кунем. Вакте, ки як мочарои ишки ва дилдодаги барои мо ба вучуд меояд, танхо барои ин аст, ки эхсосоти ишки даруни мо шукуфо шавад ва маъшук як бахонаи хуб аст. Агар битавонем сарчашмаи шодиро пайдо кунем ва бо нигох кардан ба калбу рухамон битавонем манобеи азиму бекарони шодиро кашф кунем,метавонем бо шинохтани бехтари он вазъияти идеалиро дар зиндаги фарохам кунем ва дар хар мавкеият ва бо хар сухане онро хифз кунем. Дар хар сурат ин як вокеияти инкорнопазир аст,ки зиндагии инсонхо бо якдигар тафовути бисёр зиёде дорад ва дар мавриди хама сахтихо ва костихое вучуд дорад аммо бо хамаи ин авзои истондорди хосе барои шод будан таъин нашуда, ки битавонем бигуем агар ба он нукта расидед яъне, ки дигар барои хамеша шоду хушхол хохед буд. Шоди ба таври мутлак хосили ангезаи даруни аст ва дар зиндагии хамаи мо аносири шодкунанда ва бо гамофарин ба вуфур ёфт мешавад ва ин танхо худамон хастем,ки метавонем шикорчии гам ва ё шоди бошем. Пас бо ин хакикати инкорнопазир канор омадем ки дар зиндаги хама мувафаккиятхои талх ва норохаткунанда пайдо мешавад аммо ин ба ухдаи худи шахс аст ки чи кадр ва чи муддат ба он  мавкеият бичаспад. Гохе вактхо як иттифоки норохаткунанда зиндагии фардеро то охири умраш тахти таъсир карор медихад аммо барои шахси дигаре ин иттифоки ногувор сирфан ходисаи талхе аст,ки дар мактае аз зиндагияш баруз карда ва холо онро бояд фаромуш кунад. Сад дар сад ба шумо бастаги дорад, ки кадом якеро интихоб мекунед, агар зотан гуссахурданро дуст дошта бошед, хатто дар хуштарин лахазот хам як иттифоки норохаткунанда хамрохи шумост ва билохира баъд аз хар ханда, гиряе аст. Инсонхои гуссахур вазиятхои шодиоварро муваккати медонанд ва хамеша мунтазиранд,ки як иттифоки бад холашонро хароб кунад, онхо наметавонанд аз зиндагии шод лаззат бубаранд. Аммо як инсони шод мавкеиятхои норохаткунандаро ба умеди фардои равшан ва шод ба хуби тахмил мекунад ва кулли зиндагиро як достони шод ва хушхолкунанда медонад. Ин ду дидгохи мухталиф нисбат ба зиндаги ва чойгохи инсонро дар зиндаги мушаххас мекунад.Талош кунед, ки дар ин укёнуси пур аз мавч, коикрони коики шодихо бошед ва дар хаводиси зиндаги гутта бизанед ва ба дунболи чавохири боарзиши шоди бошед. Хамаи мо кобили тагйир хастем. Пас маътал накунед ва бехтарин гузинаро интихоб кунед.

Фарохамсоз: Фирдавси Аъзам

 

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: