Парлумони Бритони чавонтар мешавад


Суҳбат бо рушанфикри чавони точики мукими Ингилистон чаноби Дориюши Рачабиён атрофи мавкеи насли чавони Ингилистон ва имтиёзоти ишон дар мукоиса бо чавонони точик.

Дориюши гироми, Шумо, ки чандин сол боз дар Ингилистон умр ба сар мебаред, лутф фармоеду чанд ҳарфе рочеь ба маърифати сиёсии чавонони Инглистон иброз намоед. Оё муносибати онҳо бо сиёсатмадорони кишварашон чи гуна аст?

Ҷомеъаи Бритониёро метавон ҷузъи ҷомеъаҳое донист, ки аз буҳбуҳа ва рӯйдодҳои пурталотуми сиёсӣ убур кардаанду ба оромише расидаанд, ки дар миёни ҷавонони он аз сиёсат камтар хабаре ҳаст. Ҳарфи дурусту ҳисобии сиёсиро метавон танҳо аз ҷавононе шунид, ки ба гунае кор ё таҳсилашон бо сиёсат гиреҳ хурдааст. Боқии ҷомеъа сар ба кори худ ҳастанд. Бархе ин падидаро мусбат ва шуморе ҳам манфӣ арзёбӣ мекунанд. “Мусбат” аз ин рӯй, ки зоҳиран вазъияти сиёсию иҷтимоъии кишвар дар миёни ҷавонон норозиёни андаке дорад. “Манфӣ” аз ин ҷиҳат, ки мизони поини мушорикати ҷавонон дар сиёсат метавонад ба бунбасте сиёсӣ дар оянда бианҷомад, чун сомона ё системи сиёсӣ ба чолиш кашида намешавад, то пешрафти бештаре дошта бошад. Натиҷаи ин навъи рӯйкард ба сиёсатро дар шумориши раъйҳо дар интихоботи ин кишвар метавон дид. Барои намуна, дар интихоботи саросарии ахир мизони мушорикати мардум 65.1 дарсад будааст, ки онро соҳибназарон “хуб” тавсиф мекунанд. Чун дар бархе аз кишварҳои ғарбӣ ин нишондод метавонад ҳаволии 50 дарсад бошад. Албатта, ин нуктаро ҳам бояд дар назар гирифт, ки омори эъломшуда дар бештари ин кишварҳо омори воқеъист ва дасткорӣ нашудааст.

Оё даргири ва иштироки чавонон дар бархурд бо масоили сиёсии кишварашон чи гуна аст. Оё аҳли сиёсат назару дидгоҳи чавононро дар мавриди мушкилоту муаммоҳои ба онҳо марбут ба назар мегиранд?

 

Ҳамон тавре, ки ишора шуд, мизони мушорикати ҷавонон дар умури сиёсӣ поин аст. Аммо ин бад-он маънӣ нест, ки ҷавонон аз арсаи сиёсӣ ҳазф шудаанд. Ҳамаи ҳизбҳои умдаи Бритониё бахшҳои вижае барои ҷавонон доранд ва ҷиҳати ҷалби онҳо ба фаъолиятҳои сиёсӣ талош мекунанд. Аз сӯи дигар, яке аз бахшҳои умдаи сиёсатҳои дохилии ҳизбҳо марбут ба ҷавонон ва масъалаҳои онҳост. Чун ба ҳар рӯй, мисли ҳар ҷомеъаи дигаре дар ҷаҳони имрӯз ҷавонон дар Бритониё ҳам бахши умдаи ҷамъиятро ташкил медиҳанд ва таваҷҷуҳ ба хостаҳои онҳо барои ҳизбҳо сарнавиштсоз аст.

Оё Порлумони Инглистон дар мукоиса бо дигар давлатҳо намоянда аз насли чавонро дорост ва Шумо дар мавриди созандагии ин насл дар ин кишвар чи назар доред?

Ахиран таваҷҷуҳи раъйдиҳандагони бритониёӣ ба номзадҳои ҷавон фузунӣ гирифтааст. Ҳам Тунӣ Блер ва ҳам Дейвид Комерун ба ҳангоми расидан ба курсии нахуствазиришон аз ҷумлаи сиёсатмадорони ҷавону пурэнержии кишварашон будаанд; бар хилофи гузашта, ки бештар ба номзадҳои солмандтар риҷҳон мениҳоданд, бо ин тасаввур, ки соли бештар хиради бештарро ба ҳамроҳ дорад.

 

Ин фароянд дар порлумон ҳам мушоҳида мешавад. Порлумони кунунии Бритониё ҷавонтар аз порлумони соли 1997 аст. 41 дарсади аъзои он байни 40 то 49 сол син доранд ва аксариятро ташкил медиҳанд. Панҷ дарсадашон 20 то 29-сола ҳастанд ва 34 дарсад миёни 30 то 39 сол син доранд. Танҳо 17 дарсади аъзои порлумон 50 то 59-солаанд ва 4 дарсадашон аз 60 ба боло син доранд.

Ин дар ҳолест, ки миёнгини синни аъзои Маҷлиси Сенои Омрико 63 сол аст ва ҷавонтарини онҳо як намояндаи 36-сола аст.

Мусалламан, ҷавонтар будани порлумон хуни тозаеро дар рагҳои сиёсати кишвар ҷорӣ мекунад ва паёмадҳоеро падид меоварад, ки такомулписанду пӯё ҳастанд ва бо рӯҳи ҳамеша дар тағйири замона созгорӣ доранд. Дар натиҷа мебинем, ки эътилофи бесобиқаи миёни ҳизбҳои рақиби Муҳофизакор ва Либерол-Демукрот дар Бритониё бидуни ҳеч дардисаре шакл мегирад ва ду раҳбари ҷавони ин ҳизбҳо бар саккуи қудрат менишинанд ва сиёсатҳоро бо машварат рақам мезананд. Баъид аст, ки як чунин иттифоқе миёни раҳбарони пир ё солманди ҳизбҳо анҷом бигирад, ки ба боварҳои ҳизбиашон пойбандии бештар доранд ва ҳозир ба мусолеҳаву оштӣ нестанд ва тарҷеҳ медиҳанд кишварро ғарқ дар буҳрон бибинанд, аммо усули ҳизбишонро ҳифз кунанд. Ин ҳам метавонад як тасаввури куллӣ дар мавриди сиёсатмадорони солманд бошад, ки бар мабнои рӯйдодҳои торихӣ ниҳодина шуда ва шояд ҳам дар миёни сиёсатмадорони солманд касоне бошанд, ки хилофи ин ҷараёнро собит кунанд.

Хеле хуб, oё метавонед чавонони инглисро бо чавонони точик мукоиса намоед ва он гуна, ки аён аст дар Донишгохҳои Точикистон таваччуҳ бештар ба намуди зоҳир дода мешавад, дар ончо чи гуна аст?

Дар миёни ҷавонони ҳар ду кишвар навъе рихват ё бемайлии сиёсии мушоҳида мешавад, аммо бо ин тафовут, ки ҷавони бритониёӣ ба далели гирифториаш дар заминае дигар, чун илму бозаргонию ғайра, тамоюли чандоне ба сиёсат надорад. Дар ҳоле ки як ҷавони тоҷик аз сиёсат гурезон аст, чун сиёсат барояш тарснок ва хатарнок ҷилва мекунад. Сиёсат барои ҷавони тоҷик маъмулан аҷре надорад, магар ин ки фарзанди як сиёсатмадори пазируфташуда бошад ва гом ба гом бо сиёсатҳои таъйиншудаи давлати кунунӣ пеш биравад ва аз худ ибтикоре нишон надиҳад. Ҷавони бритониёӣ танҳо дар сурате вориди арсаи бузурги сиёсат мешавад, ки битавонад аз худ ибтикоре нишон диҳад ва асаре бигзорад. Ин имкон дар Тоҷикистони феълӣ фароҳам нест ва пеши роҳи вуруди ҷавонони мубтакир ба сиёсатро гирифтааст.

 

Дар Тоҷикистон мушкилот ба андозае фаровон ва бунёдин аст, ки таваҷҷуҳи беш аз андозаи расонаҳо ба мавзӯъи пӯшиш дар донишгоҳҳо бароям шигифтангез аст. Дар донишгоҳҳои Бритониё мавзӯъи пӯшиш матраҳ нест. Муҳим он аст, ки либосе дархури шаъни инсон ба тан дошта бошед. Аммо Тоҷикистоне, ки ҳанӯз ба ҳалли масоили бунёдини хатту забону фарҳангу ҳувият даст наёфтааст, мусалламан, дар ин замина ҳам ногушудаҳое дорад ва хоҳад дошт, то замоне ки фард-фарди ҷомеъа аз кӣ будани худ ва ҷойгоҳи худ дар ҷомеъаи бузургтари башарӣ огоҳӣ ҳосил кунанд. Ҳамаи ин масоили ибтидоӣ реша дар худношиносӣ дораду бас.

Дориюши гироми, дар интиҳои суҳбат мехостам паёми Шумо ба кулли чавонони точикро бидонам.

 

Дар ҷойгоҳе нестам, ки паёмҳои саросарӣ содир кунам. Аммо ҳамеша ба дӯстони ҷавони худам мавриди худшиносиро таъкид кардаам. Муҳим аст бидонем, ки бояд дар арсаи байнулмилалӣ ҷои пое барои худамон боз кунем. Ин амри муҳим танҳо замоне ҳосил мешавад, ки пеш аз ҳама ба шинохти худ, сипас ҳамсоягон ва сипас ҷаҳониён бирасем. Тақлид чорасоз нест. Тақлид ба араб ба хотири динаш ва тақлид ба рус ба хотири дунёаш тоҷикро ба ҳеч мубаддал мекунад ва аз арсаи ҳастӣ дур мерезад. Шинохти худӣ (аз роҳи омӯхтани пешина, дарки имрӯз ва тасаввури фардо) сари моро дубора баланд хоҳад кард. Муҳимтарин таклиф ё вазифае, ки акнун мо дорем, андешидан ва посух гуфтан ба ин се пурсиш аст: Мо кӣ будем? Чӣ шудему кӣ ҳастем? Чӣ ва кӣ бояд бошем? Комраво бошед.

 

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: