Худкуши аз нигохи Ислом



Дар ин макола роким талош мекунад то падидаи худкуширо танхо аз диду зовияи Ислом бо овардани чанд чумлае барраси намуда назари ислом ба ин амалро матрах намояд. Албатта ин нигошта гунчоиши тамоми пахлухоро надорад. Холо он, ки ин падидаро бояд аз хама дидгох, аз назари равоншиноси, ичтимои, хонаводаги, иктисоди, конуни, исломи ва гайрахо барраси намуд, аммо ин навбат танхо махдуд мешавем ба назари ислом дар ин бобат. Ва ба навбат дар оянда ба дигар пахлухои он хохем пардохт. Бояд зикр намуд ,ки дар ин навиштор хамчунин дунболи омор намеравем ва танхо  назару диди ходимони дин ва худи исломро руи сахфа меоварем.

Хамчунин лозим ба ёдоварист, ки дар хамон чое, ки инсон вучуд дорад ва зиндаги мекунад, пас мантикан дар ончо хатман ин рафтор ё падидаи номатлуби инсони вучуд дошта метавонад. Хуб нахустин суоле, ки бояд пурсида бишавад ин аст, ки инсон дар чи холоте даст ба худкуши мезанад? Хуб, тибки сарчашмахо  маъмулан фард дар зиндаги хангоме даст ба худкуши мезанад, ки дигар умеде надошта бошад ва рохи халле барои мушкили дар пешдоштаи худ намебинад ва онгох ягона ва ангор ба гуфти худаш осонтарин рохи халоси аз ин вартаро дар хамин падида меёбад.

Дини мубини Ислом ин икдоми худкуширо амали харом ва зишт шумурда аст ва оёти куръони ва аходиси набави бар зишти ва нодуруст будани ин амал далолат мекунанд. Дар бисёре аз адёни мухталифи чахон худкуши рафтори гунохомез ва мамнуъ ва дар натича харом эмълом шуда ва ин омилест, ки афродро аз даст задан ба ин амал боз медорад. Дар Куръони шариф  чунин ояе дар сураи мубораки Нисо мазкур аст:

«Ва худатонро макушед, Худованд нисбат ба Шумо мехрубон аст ва хар ки ин амалро аз руи тачовуз ва ситам анчом дихад ба зуди уро дар оташ ворид хохем сохт ва ин кор барои худо осон мебошад.»

Дини мубини ислом ин амали худкуширо  махкум мекунад ва чазои шахси ба ин амал дастзада аз чониби Парвардигор дузах асту чаханнам. Ислом ба ин падида хамон тавре, ки  зикр намудем бо  диди манфи менигарад. Ва ин амали худкуши  нофармони ва сарпечи аз дастуроти Худо аст ва касе, ки дастури худоро нодида пиндорад ва даст ба худкуши бубарад, пас бешак ба азоби Худо гирифтор хохад шуд. Аз нигохи ислом худкуши далел бар адами яъс ва ноумед шудан аз Худо мебошад ва ноумеди аз Худованд бузургтарини гунохон аст, ки  дар радифи ширк ва куфр карор мегирад.

Хазрати Мухаммад (с/с) дар чое мегуянд:

» Он, ки худро бикушад хештанро дар оташи чаханнам куштааст ва он, ки бо найза худкуши мекунад дар оташи чаханнам аст»

Чомеашинос ва мухаккики саршиноси точик Маликнеъмат гуфтахои фавкро тасдик намуда чунин мешуморад, ки худкуши  аз  назари  ислом  кабул  нест. Инсон  ба   ихтиёри  худ ба  олам    наомадааст  ва  хамчунин  ба  ихтиёри  худ  рафтан,  ин  саркаши  ва  киём  алайхи  сунъи  худост.

Пас ба гуфти Хофиз бояд бигуем, ки:

Ман ба худ но-мадам ин чо, ки зи худ боз равам

Он, ки овард маро боз барад бар ватанам.

Равишхои худкуши хеле зиёданд ва метавон чанде аз онхоро зикр намуд, ки имруз дар хама чавомеи чахони метавон бо онхо бархурд кард. Ба унвони мисол метавон халковези кардан, парриш аз иртифоъ, гарккуни, сузондан,  буридани рагхо, беш аз андоза дору хурдан, захр хурдан ва гайрахоро ном бурд, ки имруз боиси нигаронии чомеаи чахони гаштааст.

Зиндаги, ва хама он чизе, ки дар дохили он аст, баъзан инсонро бо мушкилоте рубару мекунад, ки инсон кодир ба гушодани ин гирех нест ва як навъ падидаи яъсу дилсарди ба у хамла мекунад. Аслан хамин падидаи ноумеди аз бузургтарин гунохон махсуб меёбад ва набояд аз зиндаги ноумеду дилшикаста гашт ва маъмулан он афроде, ки даст ба худкуши мезананд аз чумлаи нафарони ноумедгашта аз хаётанд. Бояд ба даргохи рахмати Худованд такя кард ва набояд хаёт , ки арзиши волои инсон аз суи Худостро тачовуз кард. Ё бояд дар ин холоти афсурдаги ва парешони бо бузургоне мурочиат кард ва насихатхо гирифт. Хамчунин дар нигохи Ислом ва хама адёни чахон аз он чо ки Худованди Манон холики инсон  аст ва тамоми ин хастии мо аз Уст, хеч касе на хаки куштани дигареро дорад ва на хаки куштани худро. Чун хаёт, зиндаги мухаббату ишки худованди аст ва он касе, ки ин арзишро тачовуз мекунад аз гунахкорон махсуб мешавад. Хар кас бояд бо чунин бовар, ки хаёт амонати Худост ва хиёнат бар ин амонат аз назари чи аклу, чи ахлоку чи худи хамин Ислом чинояти гайрикобили бахшиш мебошад. Ва ин падидаи номатлубе, ки мо онро худкуши меномем навъе ихонату хиёнат ба худованди мутаол аст ва онро гунохи нобахшидани мешуморанд. Чун танхо худованд аст, ки хаётбахш аст ва хамчунин танхо уст, ки хаётро поён мебахшад, пас дар хакикат поён бахшидани хаёт аз чониби инсонхо гунохест кабиру нобахшидани.

Пайнавишт

Куръон, сураи Нисо, ояи 29—30

 

Реклама

Один ответ

  1. «Шахси худкуш аз марг наметарсад- у аз зиндаги метарсад». (В.Франкл)
    Икрор мешавам, ки дар бораи худкуши навиштан осон нест… Бахусус, замоне, ки тахдиди мушкилоти зиёди зиндаги пеш меояд, ва хайратангезона дарк мекуни, ки хаёт бебахо ва хеле зебост.
    Аммо бархурд бо мардуме, ки яъсу ноумеди дар дил доранд ва дар бораи марг чун илочи ягонаи халоси аз нокомихо меандешанд, маро намегузорад, ки сукутро ихтиёр намоям. Ин макола на то он дарача ба касоне, ки майл ба худкуши доранд равона мегардад, зеро боварии онхо ба кумак намондааст, балки бештар иттилоотест барои касоне, ки дар атрофи онхо ба сар мебаранд: дустон, наздикон, хешовандон. Дониши андухтаи онхо метавонад як фалокатеро аз байн бибарад.
    «Падидаи сиёх»- чунин номгузори кардаанд дар дунё худкуширо, ки дар аксари кишвархо дарди сар барои чомеа гардидааст. Мутаассифона имруз хам кисме аз мардум нисбати он бетарафиро ихтиёр кардаанд. Ба худкушии дигарон, албатта. Вале замоне, ки ин «падидаи сиёх» риштаи умри дустону наздикони онхоро мебурад, талотуб бархеста, дар чустучуи посух ба саволхои «Чаро?», «Барои чи ин рух дод?» сар ба хар су мезананд.
    Холо мо кушиши он мекунем, ки баъзе пахлухои ин проблемаи ичтимоиро барраси намоем.
    Дар тамоми дунё ин падида зери назари доимии ахли чамъият буда, аз чониби олимони сохахои гуногун мавриди тахлили хамачониба карор мегирад. Созмонхои махсуси чамъиятие дар кишвархои мутаракки мавчуданд, ки масоили вобаст ба худкуширо зери назари доимии олимони фанхои мухталиф мегузоранд. Мутаассифона дар чомеаи мо таи солхои охир сарфи назар аз мавчудияти ин мушкилот ва сол то сол болоравии он касе оромии худро халалдор накард. Аз байн рафтани чавононро казои Худо гуфтему ба такдир хавола кардем. Шояд казову кадар хам бошад, вале бояд икрор кунем, ки бепарвоии мо аз зулми такдир басе бадтар аст. Гомхои нахустине, ки дар ин чода хукумати вилоят ва ахли чомеа гирифтаанд, кушиши хубест барои пешгирии ин падидаи номатлуб дар миёни чомеаи мо.
    Хануз аз замонхои хеле кадим дар чомеа одамоне пайдо мешуданд, ки худро ба катл мерасонданд. Давлат, дин, оила ва умуман ахли чомеа онхоро сахт махкум мекарданд. Ин як гунохи азим ба хисоб мерафт ва кушиш ба харч медоданд, то алайхи он бо роххои мухталиф мубориза баранд. Масалан, дар як ривояти юнони омадааст, ки замоне дар яке аз шахрхо ходисахои худкуши миёни юнонидухтархо зиёд гардидааст. Хокими шахр аз ин икдом дар ташвиш афтода, хукм баровардааст, ки минбаъд агар касе ин амалро анчом дихад, тани урёни уро дар майдони асоси ба намоиши хама гузоранд. Ачиб, вале баъди он худкуши миёни занон аз байн рафт. Хамин тавр хамеша чомеа дар мукобили ин амал талошхои зиёде кардааст ва имруз хам аксари мардум нисбати он назари манфи дошта, онро махкум мекунанд.
    Худкуши. Чи падидаест он? Ин чо бамаврид аст, ки иттилооти каме дар бораи мафхуми «худкуши» пешниход намоем.
    Ин мафхумро беш аз сад сол пеш (1897) олими чомеашинос Эмил Дюркгейм ба арсаи илм кашид ва мавриди тахкик карор дод. У дар рисолаи илмии худ бо номи «Худкуши» («Le suicide») чунин таърифи онро меорад: «Худкуши амалест, ки инсон максаднок худро ба катл мерасонад».
    Агар тасвири умумии онро пешкаш созем, ба акидаи бештари олимони чомеашиноси дунё ин рафторест, ки аз натичаи номутобикии равонию ичтимоии шахс бо холатхои номусоиди зиндаги бармеояд.
    Пас сабаб дар чист, ки мардум даст ба худкуши мезананд? Ба ин савол чавоби ягона вучуд надорад, зеро хар як инсони худкуш барои ба зиндагии худ хотима додан сабаби шахсии худро дорад, ки аз дигарон фарк мекунад, вале чавоби умуми ба ин савол, ки тамоми сабабхои худкуширо дар худ метавонад гунчодан, чунин аст: инсон, чун ба вазъияти душворе ру ба ру мегардад, ки рохи соддаи хал надорад, умеди бехбудии вазъияти бавучудомадаро аз даст медихад ва гумон мекунад, ки ин холат дигар рохи бехбуди надорад ва харгиз тагйир намеёбад. Аз ин ру рохи ягонаи халоси аз ин вазъиятро у танхо дар мурдан мебинад ва даст ба худкуши мезанад.
    Аксари олимон бар он акидаанд, ки худкуши падидаи равонист (психологи) ва барои дарки он зарур аст холати рухии инсонеро, ки даст ба ин амал задааст, дарк кард. Худкуши дар лахзаи хассостарини хаёт рух медихад, замоне, ки мавчхои сиёх рухи инсонро пахш мекунанд ва хеч умеде ба нур боки намемонад. Чанбаи равонии худкуши пеш аз хама ин холати маъюси ва ноумедист. Ноумеди ин махдудияти хуш, хомуш гардидани шукуху хашамати дунёи Офаридгор, замоне ки хуршед нурпоши намекунад ва ситорахо чило намедиханд, хаёт факат ба як нуктаи сиёх пайваст аст, рохи баромад аз он гум шуда ва наметавон аз вучуди худ ба олами зохир баромад, мебошад. Вакте ки умед аст, метавон хар нокомии азимеро паси сар кард, вале аз даст додани умед факат ба худкуши мебарад.
    Шахси худкуш побанди «ман» аст ва дар гирди як нукта чарх мезанад. Аз ин ру ихтиёри худро низ аз даст медихад. Масалан, инсон аз ишки ноком мутаассир аст. Ин нуктаро факат зулмот фаро гирифтааст ва рангорангии хаётро аз он танг месозад. Дар ин маврид шахс танхо беохирии ишки нокомро мебинад. Зиндаги бо тамоми гуногуниаш дар хаёти у маъно надорад. Хама чиз дар назари у бо ранги сиёх метобад. У наметавонад аз ин доира берун барояд ва илочи ягонаро дар нест кардани хамон «ман» меёбад.
    Таи чандин соли бо ин масоил сару кор доштан бо бисёр касоне хамсухбат гардидаам, ки кушиши худкуши кардаанд ва ё дар фикри он будаанд. Чанд иктибосеро аз ин мусохибахо меорам, то дарк шавад, ки холати дарунии ин ашхос чи гуна аст.
    Яке аз хамсухбатам Ф. навиштааст: «Ман 20 солаам, зиндагии шахсиам хуб нест ва умуман набуд. Хеле кам бо мардум дар алокаам, бо чинси мукобил тамоман хамгап нестам. Хеч гох ба касе сири дили худро намекушоям. Дар дунёи сарбастаи худ зиндаги дорам, ки ба он касеро рох нест. Дар хаёт хеч хадафе надорам. Умуман зиндаги кардан ба дилам задааст ва ба наздики онро тарк хохам кард, шояд имруз, ва ё фардо вале ин дакик аст ки намехохам зистан. Маро сахт казоват накунед».
    Мусохиби дигарам Д. чунин иброз дошт: «21 сол дорам. Кор намекунам. Намехонам. Зиндаги бароям ачоиби надорад. Рузи дароз танхо машгули тамошои телевизор хастам. Хама чиз ба дилам задааст. Аз 13 солаги дар фикри худкуши хастам, замоне ки дар мактаб натавонистам проблемахои худро хал намоям ва касе хам ба ман кумак накард. Солхои охир авзоям боз хам бад шуд. Он тарафтар шояд боз хам бадтар шавад».
    Аз ин гуфтахо бармеояд, ки ин гуна ашхос ниёз ба кумаки доими, ба сухани хуби дустон, наздикон ва умуман касоне, ки дар атрофи онхо ба сар мебарем, доранд.
    Аммо ин хеле содда мебуд, агар мо худкуширо факат аз як чанба тахлил месохтем. Авомили зиёде вучуд дорад, ки мардум даст ба худкуши мезананд. Низоъхои шахси ва хонаводаги (вайроншавии оилахо, талок), вазъи саломати (касалии рухи, майзадаги, нашъаманди), низоъхо дар чойи кор ва тахсил, мушкилоти моддии рузгор.
    Табиатан худкуши инкори се накукории инсонист-бовари, умед ва мухаббат.
    Худкуш касест, ки эътикоди худро гум кардааст. Худованд барои у дигар хакикат, кувваи фавкуттабиае, ки хаётро равшани медихад, нест. Хамчунин у касест, ки умеде дар дилаш намондааст. Ва ахиран у касест, ки калбаш холи аз мухаббат аст. У танхо дар бораи худ андеша дорад, на дар фикри дигарон ва наздикон.
    Муносибати адёни мавчуда нисбати ин падида кариб як аст- аксар онро махкум мекунанд.
    Дар Инчил омадааст, ки «Магар намедонед, ки шумо ибодатгохи Худоед ва Рухи худованди дар шумо зинда аст? Агар касе ибодатгохи Худоро вайрон созад, Худованд уро сазовори чазо донад, зеро ибодатгох мукаддас аст ва ин ибодатгох тани шумост».
    Яхудия худкуширо аз гуноххои бузург медонад, ки аз куштор хам вазнинтар аст, зеро он кушишест зидди казовати Худо. Гарчанде яхудиён маросими дафнро доир менамоянд, вале ба таври одди ва танхо ба хотири баёни таъзия ба хешони у, на ба хотири шахси худкуш.
    Дар дини мубини ислом худкуши ба пурраги махкум мешавад. Ба акидаи мусулмонон чинояти худкуши дар он аст, ки инсон зидди карордоди Худо баромада, худ аз бихишт ру мегардонад. Чазои он аз чониби Худо дузах аст, ки уро мачбур месозанд, ки амалашро боз чандин маротиба анчом бидихад. Хадиси Расули акрам (с) аст, ки мефармояд: «Хар касе бо хар рохе худро кушт, бо хамон шакл чазо мегирад. Захрхурда факат захр мехурад, бадоровехта хамеша дар дор аст».
    Пайгамбари Ислом Хазрати Мухаммад (с) дар хадиси дигаре мефармояд: «Хеч яке аз шумо талаби марг накунед, хеч гох маргро пеш аз фаро расидан орзу нанамоед, зеро хар гох чахони фаноро (мачбуран) падруд гуед, умед ба таманнои подош низ нобуд мегардад».
    Гирдоварандаи аходиси Паёмбар Абу Довуд (асри Х) менависад, ки худи Паёмбар низ чанозаи шахси ба интихор даст задаро баргузор накарда буд.
    Ба кавли дигар дар замонхои пеш шахсе, ки гирифтори бемории вазнин буд, бо корд худро кушт. Аз Худо паём омад, ки «бандаи ман марги худро тезонд, пас дар бихишт барои у чой нест. Барои у ва касоне мисли у дархои бихиштро бастам».
    Тамоми тафсирхои куръони дар мавриди назари ислом ба худкуши ишора ба ин оятхо мекунанд:
    Сураи Нисо: «Эй касоне, ки имон овардаед, худро накушед».
    Сураи Бакара: «Ва гуфт Мусо ба халки худ: Шумо беадолати кардед ва гусоларо гирифтед, пас ру ба Офаридгор биёред ва накушед худро». Ин оёт далел бар онанд, ки дини ислом бо дасти худ ба катл расонидани инсонхоро сахт махкум мекунад.
    Масъалаи худкуши худ масъалаи рухонияти хаёт аст. Мутаассифона, худкуши онро инкор мекунад. Мавчуд будани инсон ба он хотир аст, ки Худо аст ва инсон имкон дорад ба суйи Худо харакат кунад. Хеле соддалавхона мебуд, агар фикр мекардем, ки метавон бе рухоният зист. Ёди Худо метавонад инсонро ором созад ва аз тугёни ноумедихо барорад. Аз зиндагии ин дунё метавон гурехт, вале хеч имкон надорад, ки аз охират гурези. Аз Худованд баъд аз марг хам наметавон гурехт. Факат зикри Худованд метавонад ба инсон умеде дихад ва ба зиндагии у маъно дарорад.
    Худованд худ дар Куръон (13:28) мегуяд, ки «Калбхои худро бо ёди Худо ором созед».
    Лизо, замоне ки Худо ба мо инсонхо неъмати бузург- хаётро додааст, вазифаи мост, ки онро мукаддас дорем. Ва нашояд, ки алайхи ин хости Худо амал намоем.
    Аз чониби дигар ёрию кумаки ба шахсе, ки бар асари мушкилоти зиндаги аз чони худ безор шуда, рохи халли онро факат дар худкуши мебинад, вазифаи мукаддаси инсони ва динии хар яки мост.
    Ба кавли маъруф:
    Чу мебини, ки нобинову чох аст,
    Агар хомуш биншини гунох аст.
    Пас, биёед нисбати хамдигар бодиккаттар бошем, то аз ин рох тавонем хаётеро хифз кардан.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: