КОНСТИТУТСИЯ: АЗ САНАД ТО МУҚАДДАСОТ


Сараввал бояд гуфт, ин гуфтаҳо муҳобот нестанд, агарчи дар мавриди конститутсия ва бандҳои алоҳидаи он сўҳбат кардан барои иддае аз соҳибмақомон қобили қабул ҳам нест. Чун онҳо ё мушкиле дар анҷоми ҳуқуқи хеш надоранд ё миссияи конститутсиониро дар низоми давлат ва мустақим амал кардани банд-банди онро дар нисбати оддитарин ҳуқуқи шаҳрвандӣ дидан намехоҳанд. Қобили тазаккур аст, ки як миллати озода ва соҳибфарҳанг бо таваҷҷўҳ ба воқеъияти замон ва манофеъи миллӣ конститутсия ва сохтори давлатиро тибқи ниёз ва ормонҳои фитрӣ ва таърихии хеш қабул ва интихоб мекунад, то бо ин васила рушди худро бе дағдағаву таблиғоти бемаънӣ таъмин сохта,  бо кишвари хеш ифтихор дошта бошад.

Дар идеулужии шўравии лодинӣ ба ин шакле ки имрўз роиҷ гаштааст, арзиш ва ба истилоҳ муқаддасот вуҷуд надошт, Конститутсияро ҳам бо ин сатҳ дабдабаву ҳамҳама намекарданд, вале ба таври нисбӣ як гуна баробарҳуқуқӣ ва адолати иҷтимоъие мавриди амал қарор дошт, ки мардуми калонсол бо мурури вақт аз баъзеи онҳо ба некӣ ёддоварӣ ҳам мекунад. Имрўз набояд ба ифрот дода шуда, ҳарф ва мантиқи арзиш ва муқаддасотро пойин фарорем. Бо роҳи таҳмил ва сохтакорона омўзондани ин гуна ҳарфҳо афкори ҷомеъа такмил намеёбад ва ба фаҳми мафҳуми арзиш ва муқаддас касе ҳам намерасад. Арзиш ва муққадасотро бояд миллат дар раванди бархўрдҳои мухталифи зиндагии хеш ба таври ошкор эҳсос намояд, муҳимтар аз ҳама эҳтиромгузорӣ ва эътибори мустақими талаботи банд-банди ҳуқуқҳои конститутсиониро аз сўи мақомоти кишвар ва масъулини давлатӣ бо чашми сар бубинад.

Хеле хуб мебуд, агар мафҳумҳои арзишманд ва муқаддасро тибқи фарҳанги хеш бишносем. Илм ва адаб, фарҳанг ва дар умум, тамаддуни мо ҳамаи инро шакл додааст ва фаромўш набояд кард, ки бештари онҳо заминаи қуръонӣ доранд. Вақте иддае аз ин гуна арзишу муқаддасотро нодида мегирем ва арзиши наве пайдо мекунему ба истилоҳ ба он авлавият қойил мешавем, он ҳеҷ гоҳ наметавонад мавриди қабули ом гардад. Чунки усул ва услуби таблиғ ва ташвиқи кўҳнашуда ва зоҳирпарастонаи мо ба гунаест, ки ҳанўз аз рўзи аввал муқаддас ва арзишманд будани мафҳумро зери суол қарор медиҳад.

Банда гуфтанӣ нестам, ки конститутсияи мо бад аст, баръакс, мехоҳам онро аз як санади шиъормонанд ё декларативӣ дида, ҳамчун як санади муҳими кафолатдиҳандаи озодиҳои воқеъии шаҳрвандӣ бубинам. Вақте мақомот дар мавриди иҷро нашудани бандҳои алоҳидаи конститутсия ба суханпардозиҳои бемантиқ роҳ медиҳанд ва ин санади муҳими ҳуқуқиро ҳамчун як эъломия қаламдод мекунанд, қишри бофарҳанг ва дилсўзи ҷомеъаро дард фаро мегирад, ки оё ҳаминҳоянд он идда аз «соҳибақлон»-е, ки озодӣ ва ҳуқуқҳои инсонро дар ҷомеъаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва он ҳам дар сатҳи давлати миллӣ таъмин мекунанд? Дардноктар аз ҳама чизи дигар аст, вақте як ҳуқуқшиноси расмӣ ду ҳарфи хешро дар мавриди конститутсия дар як ҷумла аз тариқи телевизион дуруст баён карда наметавонанд ва бо ҷумлаҳои тумтароқи худ талаботи конститутсионӣ ва қонунҳои соҳавии мавҷударо бо ҳам омехта мекунанд.

ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА КОНСТИТУТСИЯ

Агар холисона паҳлўҳои аслии масъаларо мавриди баррасӣ қарор диҳем, тавъам будани истиқлолият ва конститутсияро дар бунёди як давлат хеле хуб эҳсос мекунем. Агар миллат соҳибистиқлол нест, чи гуна конститутсияе набошад, ҳеҷ гоҳ моли он буда наметавонад. Ҳар санаде, ки бо ин ном тайи даҳсолаҳо вуҷуд дошт, онро моли миллат донистан ҳам иштибоҳ аст. Санадҳое, ки зери номи Конститутсияи Тоҷикистон то замони соҳибистиқлолӣ вуҷуд доштанд, арзиши онҳо дар баробари як бастаи қоғаз буд. Қабул ва зикри номи он то соҳибистиқлолӣ танҳо зоҳирпарастӣ буд, аммо дар асл бо ин васила арзишҳои бегонаро болои миллат таҳмил карданд. Албатта, истеъмор зимни таҳияи ин гуна санадҳо таъмини нисбии баъзе аз  ҷанбаҳои озодӣ ва ҳуқуқҳоро мавриди назар қарор медод, аммо дурнамои он чизи дигар буд. Донишмандони миллӣ ҳанўз аз замони табаддулоти хунини давлатӣ дар Бухоро ва хиёнатҳои миллатфурўшони солҳои 20-30-уми асри 20 инро дарк карда буданд ва муқобилат ҳам нишон доданд. Вале низоми лодинӣ онҳоро душмани миллат унвон карда, бо ҳар роҳу васила аз миён бардошт. Ин як саҳифаи нокушодаи таърихи пурфоҷиъаи рўшанфикрони миллат аст, ки мутаассифона, то ба имрўз касе дар сатҳи давлатӣ ҷуръати кушодани ин муамморо накардааст. Ҳамаи миллатҳои пасошуравӣ дар қиболи торихи 80-сола, ҳатто садсолаҳои пешини хеш таҷдиди назар кардаанд. Кофист, таваҷҷўҳ андохтан ба ҳамсоякишварҳои туркнажоди худ, ки чӣ корҳо ва иқдомҳоеро дар ин маврид тайи солҳои соҳибистиқлолӣ анҷом доданд. Ҳайратовар он аст, ки тоҷиктабореро унвони қаҳрамонӣ медиҳем, вале ҳамтои ўро, ки дар бисёр маврид аз ў ҷоннисориҳои бештар нишон додааст, ба фаромушӣ мебарем. Чунин ба назар мерасад, ки дар давлати миллии мо ҳам доираҳои тангназари наве пайдо шудаанд, ки чеҳраи ҳар шахсияти таърихиро наметавонанд фарох бубинанд. Ин иштибоҳ аст ва оқибати баде низ дар пай дорад, чунки эҳтимоли инкори иқдомҳои имрўзиро худ заминагузорӣ мекунем. Мо диди куллан миллӣ, ҳатто фаромиллӣ бояд дошта бошем, то битавонем дар таърих ва тамаддуни хеш таҷдиди назари воқеъӣ ва амиқро роҳандозӣ намоем. Миллат бояд донад, ки таърихи онро чӣ саҳифаҳои дурўғин ва ростине пўшонидааст ва чӣ чизе паси парда ниҳон аст.

Гумон мекунам, маҳз бо ҳамин дидгоҳ мо метавонем истиқлол ва конститутсияро  дар радифи дигар мафҳумҳо аз зумраи арзиш ва муқаддасоти давлати миллӣ қаламдод намоем. Аммо қабл аз ҳама бояд эъломияеро, ки тавассути он Тоҷикистон кишвари соҳибистиқлол эълон гардид ва чӣ шахсиятҳое дар таҳия ва қабул кунонидани ин санади арзишманд саҳим буданд, ҷойгоҳ ва эҳтирому эътибор қоил шавем. Оё конститутсияи мо думболагири арзишҳо ва таъйиноти эъломияи соҳибистиқлолист ё чизи дигар? Оё кадом таззоде миёни ин ду мафҳум ҷой дорад ё ин ҷо ҳам сиёсатбозӣ мекунем? Агар не, чаро дар мавриди ин санади муҳими таърихӣ дар сатҳи баланд касе ёд намекунад ва онро аз зумраи арзиш ва муқаддасот ном намегирад? Фикр мекунам, таззоди ошкоре ин ҷо вуҷуд надорад, танҳо як чиз намерасад, тавъам донистани эъломияи соҳибистиқлолӣ ва конститутсияи давлати соҳибистиқлол бо ҳам. Ҳанўз тобистони соли 1992 як ҳайате зери номи Комиссияи таҳияи конститутсионӣ лоиҳаеро аз тариқи ВАО муъарифӣ карда буд, инро тамоми доираҳои огоҳи ҷомеъа дар хотир доранд. Муттаассифона, бадхоҳони миллат дар он вақт нагузоштанд, ки дар кишвар субот ва оромӣ барқарор бошад ва миллат ин санади муҳими хешро ҳам озодона муҳокима намуда, тибқи ормон ва ниёзҳои хеш қабул намояд.

Қобили тазаккур аст, ки қишри андешаманд ва рўшанфикр дар авохири солҳои 80 ва аввалҳои 90-уми асри гузашта саргуми афкори баландпарвозе буд ва тибқи фарҳанги ҳазорсолаи миллат ҳеҷ фикри дигаре ҷуз расидан ба рўзҳои хушро надошт. Вале душман фурсати муносиберо интизор дошт ва тавонист миллат ва кишварро ба мушкилоти сангин ва хунин бикашад. Ин ҳам як давраи маҳдуди таърихиест, ки бояд шаффофу ошкор гуфта шавад. Сабақ гирифтан аз таърих пинҳон доштани ҳақиқат ё бозгў кардани воқеъият тибқи манофеъи гуруҳӣ ва маҳаллӣ низ нест. Агар иддае аз дўстони мо дар хориҷ истода ангушти интиқод ва тамасхур ба кишвар ва низоми давлатдории он равона месозанд, ин ҳам чандон миллатдустӣ ва рушанфикрӣ нест. Ҳама чиз дар макон ва маҳдудаи хеш бояд гуфта шавад, ҷасоратро бояд дар ҳама ҷо нишон дод. Мисли баъзе масъулини сатҳи ҳукуматӣ ҳам набошем, ки дар дохил ва беруни идораи кории хеш мухталифназаранд, он ҷо бо усули «зинда бод» кору фаъолият мекунанд, дар берун тавони посух додан ба суоли як шаҳрванди одӣ ё пуштибонии шахси мазлумеро дар қиболи золим надоранд. Масъулин ҳам аз табарвор гуфтани рақибони сиёсии хеш, ки аз гуфтори шаклгирифтаи мардумӣ «дўст мегўяд табарвор ва душман шакарвор» маншаъ мегирад, набояд бардошти манфӣ дошта бошанд. Мо танҳо ҳамон вақте мушкили аслиро аз сохта ташхис кардаву роҳро барои рушди умум боз мекунем, ки ба мухталифандешӣ эҳтиром гузошта, душманситезӣ накунем, балки душманситезиро дар баробари таассубҳои гурўҳӣ ва маҳаллӣ кулан аз миён бардорем.

ДАВЛАТИ МИЛЛӣ ВА КОНСТИТУТСИЯ

Раванди таҳаввулот дар охирҳои солҳои 80 ва аввалҳои солҳои 90-уми асри пор, бахусус, фурўпошии табиъии низоми лодинии шуравӣ ба миллатҳои мазлум имкон дод, ки дар мавриди шакл, сохтор, низом ва дигар ҷанбаҳои давлатдории хеш тафаккур намоянд. Ва бо таваҷҷўҳ ба воқеъияти ҷаҳони муъосир, фароҳам гаштани тасмимгириҳои мустақилона давлатеро рўйи кор биёрад, ки тибқи ормон ва ниёзҳои миллат бошад. Чун ин давлат дигар ходими ҷониби алоҳида ва ё қудрати берунае нест, ходими миллати хеш аст. Миллатҳои зиёде бедавлат ба сар мебаранд, вале худро нигоҳ дошта тавонистаанд. Миллати тоҷик ҳам тавонмандии нигаҳдошти фарҳанг ва тамаддуни хешро дошт, дорад ва хоҳад дошт. Аммо доштани давлати миллӣ бо ангеза ва зербинои мустаҳками фарҳангӣ, ба хусус ба хотири саҳмгирӣ дар рушди тамаддуни башарӣ, аз масъулиятшиносии миллати соҳибфарҳанг дарак медиҳад. Миллати тоҷик чунин сифатҳоро дорост ва тавре дар боло ишора рафт, раванди табиъии таҳаввулоти солҳои 80 ва 90-ум ин умедро тақвият мебахшид. Мутаассифона, кулминатсияи он то ба баҳори соли 1992 расид ва шурўъ аз ин нуқта рў ба таназзул ниҳод. Бо истифода аз нофаҳмиҳои дохилӣ, маҳалбозиву бародаршаҳр эълонкуниҳои алоҳида, ба хусус ғаразҷўӣ ва исломситезиҳои бемаънӣ, қудратҳои дуру наздик, ки думболи пайдо намудани манофеъи бештар ва ё мустаҳкам кардани ҷои пойи хеш буданд, вазъиятеро дар кишвар ҳоким гардониданд. Тамоми ормону ниёзҳо дигар ба формўшӣ рафтанд ва маҳале дар нисбати маҳали дигар душманӣ меварзид. Истиқлолият, давлатдорӣ ва мавҷудияти Конститутсия маънои худро гум кард, фаҳмиши ин гуна мафҳумҳо дар маҳдудаи афкори як силоҳбадаст ва даҳмардае қарор гирифт. Қишри соҳибандеша, рўшанфикр, бахусус онҳое, ки пайи дарёфти истиқлолияти миллӣ, давлати миллӣ ва Конститутсияи миллӣ дар сар ангезаву ҳавасе доштанд ё рў ба зиндагии зербиноӣ оварданд ё Ватанро тарк гуфтанд. Танҳо баъди қудратро ба таври нисбӣ ба даст гирифтани элитаи нави сиёсӣ комиссияи наве ба хотири таҳияи Конститутсия зери сарпарастии Абдулмаҷид Достиев, муъовини аввали раиси Шўрои Олии вақт таъсис ёфт. Ва иддае аз аъзои собиқи таҳияи Конститутсия низ вориди комиссия нав гардонида шуданд.

Таври маълум, сесияи 16-уми баландовозаи Шўрои Олӣ низоми президентиро авохири соли 1992 бо қарори хеш барҳам зад ва тайи расо 2 сол, то авохири соли 1994 дар кишвар низоми парлумонӣ ҳоким буд. Вале Конститутсияе, ки дар баробари интихоботи президентӣ қабул гардид, Тоҷикистонро ҷумҳурии дорои шакли идораи президентӣ эълон кард. Коршиносон ва иддае аз аъзои комиссияи қабули конститутсияи нав ба ин назаранд, ки баҳсҳо сари шакли низоми давлатдорӣ ва ҷой додани мафҳум ва талаботи дигари конститутсионӣ, новобаста ба вазъияти ҳассос хеле шаддид сурат мегирифт. Кор ба ҷое расида, ки комиссияи қабули Конститутсия ду шакли онро мавриди муҳокима қарор додааст. Ва асли масъала дурнамои давлатдории тоҷикон ва шакли идораи он будааст, яъне барои мо, тоҷикон чӣ низоме беҳтар: парлумонӣ ё президентӣ?! То ба имрўз касе аз мақомоти аршади кишвар, ҳадди ақал аъзои комиссияи қабули Конститутсия ошкор нагуфта, ки агар низоми президентиро ҳукумати нав қабул дошт, чаро онро дар сесияи 16-уми Шўрои Олӣ барҳам зад? Дар ҳоле ки яке аз ҳадафҳои ҷониби даргир «барқарор намудани низоми конститутсионӣ» буд. Пас саволи матраҳ ин аст, ки барқарор намудани низоми конститутсионӣ хоҳиш буд ё ҳадаф ва чаро маҳз ин шиъор дар раванди густариши даргириҳои дохилӣ аввалавият касб кард?

МУСОЛИҲАИ МИЛЛӣ ВА КОНСТИТУТСИЯ

Дигар масъалаи норўшан ин аст, ки кадоме аз ин ибораҳо: «интихоботи президентӣ» ё «ҳамапурсии қабули Конститутсия» муносиби рузи 6-уми ноябр аст? Мантиқан ҳама гуна интихобот дар заминаи конститутсияи амалкунанда доир мегардад. Аммо таҷрибаи Тоҷикистон дар ин маврид нодир аст. Президентро интихоб кардем, вале ин рўзро Рўзи Конститутсия эълон доштем. Ин як баҳси тўлонии ҳуқуқиест, ки то ба имрўз миёни доираҳои огоҳ идома дорад. Ба ҳар ҳол, аз он рўз 16 сол гузашт ва интихоботҳои мухталифе низ дар заминаи Конститутсияи нав доир гардиданд. Ба ин хотир сари баҳси пешин ҳарф задан дигар бемантиқ менамояд. Аммо дар мавриди он ки дар ин марҳала аксари миллат паҳну парешон ва кишвар дар ҳолати ҷанги дохилӣ будан бояд ҳарфи лозимро гуфт. Чун низоми парлумонӣ кишварро гўё идора мекард ва музокироти сулҳ оғоз ёфта буд, дар чунин як марҳала доир намудани ҳамапурсӣ фикрҳоеро ба вуҷуд овард ва таъхир андохтани интихоботи президентӣ ба манфиъати умум буд. Бубинед, дар он шабу рўз мақомоти кишвар ҳеҷ гоҳ иқрор набуданд, ки шумори қобили мулоҳизаи мардум  берун аз кишвар аст. Онҳо бештар болои 30 ва 50 ҳазор нафар «гуреза» ҳарф мезаданд ва инро ночиз арзёбӣ мекарданд. Аммо лозим ба ёдоварист, ки баъди созиши сулҳ ва анҷоми дигар корҳо ҳукумат ба худ ҳақ медод, ки дар мавриди бозгардонии зиёда аз як миллион муҳоҷир ҳарф бизанад ва инро саҳми якҷонибаи хеш низ бидонад. Пас, саволи мантиқӣ ин ҷост, ки оё зимни ин гуна ҳарфзаниҳо ҳамапурсии соли 1994-ро зери суол қарор намедоданд? Гумон мекунам, ин як гуна иқрор кардани мушкилоти вақт аст, агар бепоя донистани ҳамапурсии соли 1994 ҳам набошад.

Яке аз баҳсҳои ҷиддии раванди музокироти сулҳ Конститутсия ва имкони таҳаввулот дар он буд. Раванди баҳсҳои мавзўъии музокироти сулҳ ва изҳори назари солҳои 1998-99-и мақомот дар мавриди бозгардонии беш аз як миллион муҳоҷир, баҳси мантиқии Конститутсия ва ислоҳоти ногузири онро собит сохт. Ҳамин буд, ки дар Комиссияи оштии миллӣ болои банд-банди Конститутсия баҳсҳо шиддат ёфтанд ва ҷонибҳо ҷиҳати ворид кардани тағйирот дар конститутсия аз тариқи ҳамапурсӣ тавонистанд ба мувофиқа бирасанд. Ҳаҷми тағйироти Конститутсия ба дараҷае буд, ки онро дигар метавон Конститутсия нав гуфт, ба хусус вақте дар низоми таҷзияи ҳокимият таҳаввулоти ҷиддӣ ворид гардиданд.

Банда, ба ҳайси таҳлилгар ба ин назарам, ки бале, Конститутсияи соли 1994 гўё низоми давлатдориро муайян карда буд, вале Конститутсияи соли 1999 онро нерў ва мантиқи баланд бахшид. Яъне бар асоси тағйироте ки бо тавофуқи ҳукумат ва мухолифин ба Конститутсия ворид шуданд, Тоҷикистон соҳиби парлумони ду маҷлиса ё ду палатагӣ гардид ва он ҳам бо пешниҳод ва пофишории ИНОТ.

Воқеъан, раванди таҳаввулоти конститутсионӣ ва чанд соли баъди интихоботи соли 2000-умро нуқтаи болорафти эътимод ва эҳтиром дар ҷомеъа арзёбӣ кардан мумкин аст. Аммо шурўъ аз омодагиҳо ба таҳаввулоти ғайричашмдошти баъӣдии конститутсионӣ ва баргузор гардидани ба истилоҳ ҳамапурсии тағйирот ва иловаҳо ба Коститутсия таъсири баде расонд дар афкори ҷомеъа. Агар ҳамапурсии соли 1999-ро ҳама ҷонибдорӣ карданд ва онро як амри ногузир ва зарурӣ медонистанд, вале ин ҳарфҳоро дар мавриди ҳамапурсии соли 2003 гуфтан ҷоиз намебинам. Чунки ҳамапурсии баъдӣ ҳатто воқеъиятҳои матлуби соли 1999-ро зери суол қарор дод.

ЭҲТИРОМГУЗОРӣ БА ҲУҚУҚ ВА ОЗОДИҲОИ КОНСТИТУТСИОНӣ

Тирамоҳи соли оянда бистумин солгарди соҳибистиқлолии миллат ва кишварро таҷлил мекунем, яъне миллати тоҷик 19 сол боз мустақилона тасмим мегирад ва тибқи оромону ниёзҳои хеш гўё басар мебарад. Ва санади муҳими ҳуқуқие, ки ин миллатро ҳимоя мекунад, шонздаҳсола аст. Тавре аз барномаҳои телевизионӣ ва омодагиҳои расмӣ мушоҳида шуд, дар мавриди таҷлили 16-умин солгарди Конститутсия  ҳам «барномарезиҳо»-и хосе аз қабл роҳандозӣ шуда будаанд. Вале ҳаводиси шарқи кишвар эҳтимол кадом таъсири мустақиме дар раванди омодагириҳо аз худ боқӣ гузоштанд, ки гуфторҳои телевизионӣ ва омодагиҳои майдонӣ бо ҳам чандон омезиш надоштанд. Фақат дар баъзе барномаҳои шабакаи «Ҷаҳоннамо» услуби матраҳи баҳс ва масъалагузорӣ каме фарқ мекард, дигар ҳама ҳамон ҳангомаву ҳамҳамаҳо. Дониста бошем, ки ҳеҷ касе кори анҷомшудаеро ба фаромўшӣ набурдааст. Аммо гумон намекунам, ки агар Конститутсияи мо дар банде ба таври имрўз ҳарфе намедошт, ин гуна корҳо анҷом намегирифтанд. Дар ин 16 сол он қадар таҳавуллоти мусбӣ ва манфие пиёда шудаанд, ки кадоме аз онҳоро моли Конститутсия донистан муҳол аст.

Ҳоло мурур мекунем, ба вазъи афкори мақомот ва чеҳраҳои сиёсии алоҳидаи кишвар, ки воқеъияти иҷрои талаботи бандҳои Конститутсияро чӣ тарз арзёбӣ мекунанд. Президент Эмомалӣ Раҳмон зимни сўҳбат дар конфоронси байналмилалӣ дар Душанбе рўзи панҷшанбеи гузашта гуфт, Конститутсия баёнгари манфиъатҳои олӣ буда, низоми устувори давлатӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократию дунявии кишвар ва роҳи ояндаи онро таъмин мекунад.

Бале, дар воқеъ, миссияи Конститутсия чунин аст, агар таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандиро низ кафолат диҳад. Дар акси ҳол, гуфтаҳои боло як гуна маънои ҳифзи манофеъи гурўҳе дар давлат метавонанд арзёбӣ шаванд. Ба ҳар ҳол, дар дохили кишвар зоҳиран мавҷудияти як раванди дигаргун сохтани низоми давлат, ҷудоихоҳӣ ва зид будан ба моҳияти демократӣ эҳсос намешавад. Пас беҳтар он мебуд, ки дар мавриди воқеъияти талаботи дигари конститутсионӣ ҳарф занем.

Ҷумъабой Сангинов, вакили ҲХДТ дар парлумон гуфтааст:

Сарқонуни кишвар ба ҳайси як ҳуҷҷати сарнавиштсоз барои бунёд ва пешбурди ҷомеъаи Тоҷикистон эътироф шудааст. Ва имрўз метавон гуфт, ки он як санади аз лиҳози ҳуқуқӣ хеле мукаммал ва ҷавобгўи манфиатҳои миллию давтлатии тоҷикон ба ҳисоб меравад.

Оре, ҷаноби Сангинов, тамоми ҳуҷҷатҳои моро сарнавишсоз мегўянд. Вале кадоме аз онҳо сарнавишсозии хешро нишон дода тавонистааст ва агар нишон додааст он ҳам сарнавиштиро киро? Ҳоло ҷойи баҳс аст. Ва он ки онро мукаммал арзёбӣ мекунед, банда шубҳа надорам. Мафҳумҳо ва бандҳои Конститутсия эҳтимол мукаммаланд, вале баҳс сари риъоя ва амалкарди онҳост. Эҳтимол дар фаъолияти сиёсии ҲХДТ ва иддае аз курсинишинон он қадар мукамал аст, ки ниёз ба изҳори назари ҳарфе ҳам надошта бошанд. Ва таҷрибаи интихоботи соли равонро ба Шумо ёддовар мешавам, ки чӣ гуна ҲХДТ аз мукамалии ҳарфҳои Конститутсия сўйистифода бурда, толори Донишгоҳи омўзгории Душанберо тавре омода кард, ки тамоми номзадҳои даъватшудаи ҳизбҳои дигар ва ғайриҳизбиён гўё ба хонаи ҲХДТ меҳмонӣ омода бошанд. Ҳатто рамзи КМИР ҶТ ҳам зери шиъори ҲХДТ қарор дошт.

Вақте аз минбар дар мавриди мукаммал будани ҳарфҳои конститутсионӣ ҳарф мезанем, бештар сари ҷанбаҳои норўшан ё амалинашавандаи он бояд ҳарф зад. Банда ба ин боварам, ки ҳарфҳои Конститутсияи мо амалишавандаанд, вале амалӣ шудани бештари талаботи усулии  Конститутсия мухолиф ба манофеъи доираҳои алоҳидаест дар низоми давлатдории мо. Ин аст, ки дар амалӣ шудани онҳо бисёриҳо шакку тардид доранд.

Мо давлати хешро давлати иҷтимоъӣ эълон доштаем, аммо он далелҳое, ки шумо ва намояндагони дигари ҲХДТ пеш меоред, мантиқи иҷтимоъии давлатро нишон намедиҳанд. Ин аст, ки мафҳумҳои алоҳида дар Конститутсияи мо ҳамчун декларатсия боқӣ монда, мавриди амал қарор надоранд. Ҳокимияти иҷроия дар тасмимгириҳои хеш манофеъи шаҳрвандони одиро ба инобат намегирад, ки ин боиси нобоварӣ ба иҷтимоъӣ будани давлат мегардад.

Дар бисёр маврид шунида мешавад, ки ягон қонуни амалкунанда ба меъёрҳои конститутсия муғойират надорад. Дар баробари ин таъкид ҳам мешавад, ки агар муғойират дошта бошад, пас, меъёрҳои конститутсия мустақим амал мекунанд. Аҷаб ҳарфҳои бомаънӣ ва зебое. Аммо суоли матраҳ ин аст, ки ҷанобони сухангў чаро далелеро пеш намеоред, ки дар ҳолати фавқ аз меъёри конститутсионӣ кор гирифта шуд? Оё ин гуна мухолифатҳо ҷой надоштанд? Ҷой доштани мухолифат миёни баъзе қонунҳои ҷорӣ ва конститутсия дар мавридҳои алоҳида ҳастанд, вале доираҳои зидахл ба ин чандон эътибор намедиҳанд.

Конститутсияро мисли як санади байналмилалӣ шарҳу тавзеҳ медиҳанд ё баъзе мушкилоти мавҷудро “муносиби менталитети миллӣ” мегўянд. Вақте дастури як вазир ё мақомдори аршади кишвар ба меъёрҳои Конститутсия ошкоро мухолифат мекунад ва ҳокимияти давлатӣ дар ин маврид садо баланд намекунад, инсони мазлум ҳайратзада мешавад. Бахусус, ҳангоме ин сў ва он сў медавад, вале боз ҳам натиҷаи матлуберо дарёфт намекунад, муроҷиъат мекунад ба президенти кишвар бо умеди он ки ҳуқуқи поймолшудаи хешро ба исбот бирасонад. Чунки дигар дари умеде барои ў боқӣ намонд, аммо аз чӣ бошад, ки аз ин даргоҳ ҳам посух ва ҳимояте пайдо намекунад. Мактубу дархостҳои шаҳрвандӣ, ки аз тариқи ВАО ирсол мегарданд, ба як драма ё жанри матбуъотӣ табдил ёфтаанд. Оё ҳамин тавр нест, ҷанобони курсинишин?

Қобили ёдоварист, ки Конститутсияи амалкунанда бори аввал дар асоси талаботи Созишномаи сулҳ ба тағйиру тасҳеҳ рў ба рў шуд. Як вожаи “дунявӣ” баҳси ҳаштмоҳаеро дар КОМ ба бор овард ва ҷонибҳо натавонистанд дар тафсири мантиқи дунявӣ ҳамдигарро мутақоид созанд. Мушкилоти паёпай ва сол ба соли ошкоршавандаи баъдӣ далолат аз он медиҳад, ки доираҳои манфиатхоҳ паси мафҳуми «дунявӣ» ҳадафҳои носавоберо пайгирӣ мекардаанд. Дар ҳоле ки дар Конститутсия равшану возеҳ навишта шудаст:

“Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд…

-Дар Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси  равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад…

— Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон бевосита амалӣ мешаванд,

— Шаҳрванд ҳақ дорад дар ташкили ҳизбҳои сиёсӣ, аз ҷумла ҳизбҳои характери демократӣ, динӣ ва атеистидошта… иштирок намояд, ихтиёран ба онҳо дохил ва хориҷ гардад».

Вақте мегўем, ки “дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ” оё ин ба аҳзоби сиёси гуногухарактер мансуб нест? Ё тавре дар дигар ҷой ошкор омадааст, ки “ҳизби моҳияти диндошта” амал мекунад, чиро дар назар дорем, динро ё ҳизбро? Оё ҳарф сари ҳизб ва баъдан, моҳияти он нест? Вақте бархўрдҳои амалӣ сурат мегиранд ва ба таври ошкор гуфта мешавад, ки ҲНИТ ҳақ надорад, ки дар мавриди Ислом чизе бигўяд, кас дар ҳайрат мемонад, ки ин гуна ҳарф ва чӣ маънӣ дорад ин гуфтаҳо? Оё мумкин аст, ҳизбро исломӣ бигўему исломӣ будани моҳияти онро рад намоем? Оё ин як тангназарӣ нест ва ин ҳарфҳо мухолифат ба Конститутсия  намекунанд?

Мутаасифона, феълан,  дар як давраи хело ҳассоси воқеъият ва ҳаводис қарор дорем, ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷ. Ва ин аз ҳама ҷонибҳо масъулияти бештар ва андешарониҳои мантиқиро тақозо дорад. Танҳо ҳамин умед мемонад, ки фирефтаи мушовирони нохонда ва “андешамандон”-и дур аз воқеъияти фитрати тоҷикӣ набошем.

Таманнои онро дорам, ки Худованд миллати азиз ва кишвари кўчаки моро дар паноҳи исмати хеш нигоҳ дорад. Омин!

Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода,

таҳлилгари масоили сиёсӣ

сомонаи nahzat.tj

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: