«ҲАР САТРУ ҲАРФУ ВОЖА БОЛ ШУД…»


Сурайё ҲАКИМОВА

Чанд андеша аз ҷозибаи ҳунарии ашъори Аъзами Хуҷаста

Шоир як нафаре ҳаст, ки бо истеъдоди фитрӣ, бо мутоилаи касрат ва таҷрибаи ҳаёт, мушоҳидаҳои андешаварзонаи амиқ метавон дар бисёре аз маворид бо андешаҳо, андӯхтаҳо ва дар натиҷа бо гуфтаҳои хеш ба ҷомеа таъсир гузошта бошад. Яъне, шоир аз нафарони пешгоми ҷамъият аст, нафаре аст, ки гузаштаро ба имрӯз ва имрӯзро ба фардо пайванди азалӣ медиҳад. Бори ин гуна масъулиятро ба дӯш гирифтан саҳлу содда нест ва ҷиддияти хос, дар баробари ин маҳорати хуби гӯяндагиву нигорандагиро тақозо дорад. Ба ҷо овардани ин рисолат ба ҳама шоирон муяссар мешавад. Ва муваффақ ҳамон шоире аст, ки гӯянд, ашъори ӯ хонданӣ ва мондагор аст. Ҳамзамон шеъри шоир он вақт хуб аст, ки мӯҳтавояш ҳис ва андешаро созиш дода тавонад. Хонадаи муосир дар шеър эҳсоси зиёдро намепазирад. Маълум аст, ки дар эҷоди ҳамагуна шеър шоир набояд ба шахсият ва эҳсос дода шавад, дар баробари ин андешаҳои хушку холиро вориди шеър кардан низ мувофиқи мақсад нест. Тасвирҳои дилпазир ва тозаву ноб асоси бурди бадеияти шеъранд. Воқеан, тасвир мӯҳтавои ҳамагуна шеърро муқтадир, назаррасу муассир ба ҷилва медиҳад. Мусалламан, барои инъикоси мӯҳтаво тасвир бояд расову пурра бошад ва мӯҳтаво ҳис ва андешаро ба ҳам созиши зебо диҳад. Шеъре, ки дар он эҳсос аз мӯҳтаво бартарӣ дорад ва ё мӯҳтаво муқаддамтар аз эҳсос аст, ҳеҷгоҳ дархури ниёзҳои хонанда шуда наметавонад. Бояд тазаккур дод, ки созиш додани эҳсос ва андеша дар шеър кори саҳл нест ва гоҳе шоирон дар эҷоди шеър танҳо ба эҳсос ва ё танҳо ба андешаҳои хеш пойбанд мегарданд ва дар натиҷа шеъри эҳсосӣ ва ё ин ки шеър-андеша офаридаанд. Албатта, шеъри хуб бидуни эҳсос эҷод намешавад, вале аз ҳад зиёд эҳсосӣ будан дар шеър ба бинои мӯҳтаво осеб мерасонад. Вақте шоир ба эҳсос дода мешавад аз паи суханпардозӣ меравад, дунболи тавсиф ва ё танқиди болохонадор равона шуда, аз инъикоси воқеӣ дур мемонад. Тасвир зери суханпардозӣ ва эҳсосҳои муаллиф ноаён мемонад, қимати аслии хешро гум мекунад. Ҳар шоире, ки ҳис ва андешаи хешро ба созиш оварда, шеър сурудааст, миёни хонандагон маҳбубияти бештареро соҳиб гаштааст.

Аъзами Хуҷаста, ки имрӯз дар адабиёти муосир чун шоири пешгом шинохта шудааст, кӯшиш дорад паи иҷрои ҳамин рисолат бошад. Метавон гуфт, ӯ низ дар шумори шоироне аст, ки тавониста дар шеъраш ҳис ва андешаи шоиронаро созиши зебову хуб диҳад.

Воқеан, дар шеъри зер созиши эҳсос ва андеша бармало мешавад:

Баъд аз ин манро баред бар пои дор

Ё ки зинда бифканед бар чоҳи тор

На азизон!

Ман наям Ҳаллоҷи сонӣ

Ё Азизи пири Канон

Ман фақат ин ҷо гунаҳкорам

Ки будам … дар хилвати шаҳзодаҳо

Зери по бинмуда аслу суннати озодаҳо

Аз Худову худ буридам

В-он чӣ медидам нагуфтам

Он чӣ мегуфтам надидам!

Дар ин суруд шоир хулосаҳои зиндагонӣ ва ҷанбаи иҷтимоии андешаҳои хешро бо эҳсоси ҷолиб дар андешаи тоза ба хонанда мерасонад. Шеърияти шеър низ риоят шудааст. Яъне, созиши ҳис ва андеша мушоҳида мешавад, ки пеш аз ҳама бурди ин шеър аст. Мусаллам аст, ки чигунагии ҷанбаъҳои ҳунарии шеър пеш аз ҳама ба иқтидори ҳунарии ҳар шоир алоқаманд аст. Ва маҳорати тасвиргарии шоир муайянгари дараҷаи ҳунари ӯст. Таваҷҷӯҳи беш ба тасвирҳои тоза, дар қолаби таркиб ва ташбеҳҳо ғунҷонидани маъниҳои баландарзиш, диди тозаву тахайюли ҷолиб омили муҳимтарин дар таъмини бадеияти шеър аст. Чунончи:

Ало шукуфаҳо ва сабзаҳо

Дилам ки чуз фиреби нокасон надидааст

Зи ҳарфҳои ину он рамидааст

Ва мурғи эътимоди лонаҳои чашми ман паридааст…

Хонанда тавассути тахайюл ва тасвирҳои шоир дар оғоз, авҷ, анҷом ва хулосаву натиҷаи мӯҳтавои ашъор ҳузур пайдо мекунад. Ин аст, ки ҷанбаи ҳунарӣ дар ҳамагуна шеър аз аносири муҳиму созанда ба ҳисоб меравад ва тахайюли шоир дар офариниши шакли зеҳнии шеър нақши муайян дорад. Агар шакли зеҳнии шеър хубу олӣ бошад, зоҳири он низ дилпазир хоҳад буд. Зебогии шакли зеҳниву зоҳирӣ дар ғазали мазкур эҳсос мешавад:

Ба чашми нимамасти худ ба ман нигоҳ мекунӣ

Маро ба ғамза мекушӣ, чаро гуноҳ мекунӣ?

Дар ин замона хандаро ба дорҳо кашидаанд,

Ту ханда медиҳӣ ба ман, чӣ иштибоҳ мекунӣ.

Чу мерасӣ ба хилватам, ба лутфи бӯсаҳои худ

Вуҷуди хастаам пур аз ҷалолу ҷоҳ мекунӣ

Ба марзи боғи пайкарат ба бӯса гул шинондаам

Ҳанӯз дар хаёли ман ту «оҳ оҳ» мекунӣ

Намешавӣ ту ёри ман, вале ба ишқи шарқиат

Ба шеъру ёди руйи худ маро никоҳ мекунӣ

Маликаи ғаюри ман! надорӣ бим аз касе

Ба тахт мешинониям, маро ту шоҳ мекунӣ

Решаи тасвири ин ғазал сероб аст, ба вижа тасвири «Дар ин замона хандаро ба дорҳо кашидаанд», «Ба марзи боғи пайкарат ба бӯса гул шинондаам», «Ба шеъру ёди руйи худ маро никоҳ мекунӣ» тозаву шунидаанист.

Маълум аст, ки таснифи шеъри форсӣ асосан дар заминаи қолабҳо сурат мегирад. Таҳаввули қолаб дар ҳамбастагӣ бо дарунмоя, вазн, сабк ва ҷанбаҳои ҳунарӣ сурат мегирад. Ва дар қолабҳои суннатии муосир ҷанбаи ҳунарӣ бештар ба сурати мушаххас ворид мешавад. Хонанда метавонад, ки тавассути мӯҳтаво ва натиҷагириҳои шоир ба хулоса ояд.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ғазалҳои шоир дар инкишофи шеъри муосири тоҷикӣ нақше гузоштаанд, зеро дар тарзи баёни маънӣ, сувари хаёли шоир ва диду тасвирҳои шоиронаи ғазалҳои Аъзами Хуҷаста тозагиву таҳаввул ва оҳанги замон эҳсос мешавад:

Ёди ту хоби ман рабуд, имшаб чу шабҳои дигар

Бар ман дари рӯё кушуд, имшаб чу шабҳои дигар…

Ё ғазали дигари шоир бо чунин матлаи зебо оғоз мешавад:

Он нафаси биҳиштӣ, ки дар тани ту гудохтам,

Одами дигар шудам, олами дил шинохтам.

Андешаҳои ирфонии шоир низ дар қолаби ғазал тобиши зебо ёфтаанд ва шоир мегӯяд:

Ин ҷо ману танҳоӣ шабҳо ҳама шаб ё ҳу,

Аз ҳаҷри рухи он дӯст афсӯс ба лаб ё ҳу.

Ин мулки харобистон як пораи ин кайҳон

В-ин чархи чу ман ҳайрон фатода аҷаб ё ҳу…

Ба офариниши шеъри хуб танҳо мазмуни олӣ кифоят намекунад ва гарчанде асоси шеър маънист, баёни зебову муассири мӯҳтаво комилан ногузир аст. Ин зарурати шеърӣ пеш аз ҳама тасвири хаёл ва забони шеър аст.
Муҳаммадалии Аҷамӣ шоир ва муҳаққиқ бар он бовар аст, ки «саҳми бадеият ва саҳми тахайюл дар ҳунари шеър аз ҳам фарқ мекунад. Бадеият, яъне нигариши тоза, мӯҳтавои тоза, баёни тоза, ҳарфи тоза дар халқи шеър аст… ва шеъре, ки бо бадеияти шурӯъ мешавад ва дар бадеият тамом меёбад, аз беҳтарин шеър аст».

Шеъри Аъзами Хуҷаста саршор аз чунин бадеият ва тахайюл аст. Ва худи ӯ низ мегӯяд:

Шеър шоир мешавад
Вақте ту бо сеҳри сухан
Байтҳои ноб иншо мекунӣ.
Шеър шоир мешавад
Вақте ту бо наҷвои гул
Розҳои сина ифшо мекунӣ.
Шеър шоир мешавад
Вақте ки ту
Медиҳӣ бар вожаҳо умри абад
Ҳарфҳоро солики дунёи мантиқ мекунӣ
Менавозӣ пайкари эҳсосҳо
Ишқро бар ошиқон шайдову ошиқ мекунӣ.

Дар шеъри дигараш шоир бо ҳамингуна бадеият мегӯяд, мехонем:

Ин зимистон табассум дар лабони духтарон сармо хӯрд
Ва эҳсос дар коби чашмҳо тагарг шуд
Ва шушаҳои яхӣ дар ҷангалҳо барг шуд

Кош ин барфи охирин бошад
То сабри гандида
Дар пайванди нур ва гармӣ об шавад
Ва дар шохаҳои хушкида
Гушвора хандаи офтоб шавад.

Дар шеъри фавқ ҳар мисра намоде аз тасвир дорад ва дар шеър воқеан ҳам нигариши тоза, мӯҳтавои тоза, баёни тоза, ҳарфи тоза ба назар мерасад. Яъне тобиши ҳунарии шоир хеле ҷилои хубу хуш дорад.

Бо дарки ҳамин нукта метавон гуфт ба вусъати ҷанбаи ҳунарии шеъри Аъзами Хуҷаста ҳузури вижагиҳои зерин низ таъсири мусбат гузоштааст:

1.Ҳузури фаровон ва истифодаи ҳунармандона аз санъати бадеӣ:

Тасвирҳое, ки бунёдашон ташбеҳ аст дар ашъори шоир зиёд ба чашм мехӯранд.

Ҳузури фаровони санъати ташбеҳ ва эҷоди ҳунармандонаи ин санъати бадеӣ дар ашъори шоир лоиқи таваҷҷӯст. Маълум аст, ташбеҳ навъҳои гуногун дорад ва дар адабиёти муосири тоҷикӣ «ташбеҳи равшан», «ташбеҳи пӯшида», «ташбеҳи акс», «ташбеҳи баробар», «ташбеҳи таркибӣ», «ташбеҳи тафзилӣ»-ро фарқ мекунанд. Дар осори шоир ҳамаи навъҳои ташбеҳ барои офариниши тасвир хидмат кардааст. Ташбеҳҳои шоир хубу хотирмон ва хеле ҷолиб ҳастанд. Шоир бо маҳорати хос андешаҳояшро ба василаи ин навъи санъати бадеӣ ба хонанда расонидааст. ӯ мегӯяд:

Маро шукуфаҳо ба боғҳо садо заданд.

Ва сабзаҳо ба роғҳо садо заданд

Вале дили шикаставу ғамини ман

Ки аз фиреби лолаҳо рамида буд

Ба даъват эътино накард

Ва аз насими навбаҳор мегурехт

Зи банди кӯҳу дараҳо

Чу обшор мегурехт

Ҳамчунин шоир ба василаи ташбеҳ чунин тасвир мекунад:

Шамими ёди дилбаре чу атри ахтарон

Ба мӯя мӯяҳои олами сукути ман давидааст.

Дарахти бенавои пайкарам ҷавонаҳо зада, ба шоху барги тар

Навиди сабз буданам дигар зи боғҳо расидааст

Далоил бар он бовар мерасонанд, ки шоир санъати ташбеҳро барои муассирии андешаҳои хеш низ ба кор бурдааст. Масалан, дар мисраҳои зер санъати ташбеҳ дар баробари василаи тасвирсоз буданаш дар муассир сохтани маънӣ низ хидмат кардаааст:

Бо бӯи сифлагон шуда олуда муаттар баҳори ту

Инак муроди ишқ маҷӯ аз дили кавир.

Ё дар шеър (зулол)-и дигар ба василаи ташбеҳ муассирии калом ин гуна таъмин шудааст:

Ҷоми Ҷам лабрез шуд

Рустами достон зи ҷо нимхез шуд

Ибни Сино дар Бухоро набзи беморе гирифт

Нолаи най шуд ба по чун ҳалқае дар гӯшҳо овез шуд

Ҳофизи Шеърозу Саъдӣ масти ашъори Камол

Лаҳзае қалби замон Табриз шуд

Кафши ман Шабдиз шуд.

Тасвире мондагор ва устодонаро дар шеъри Аъзами Хуҷаста шоири эронӣ Абулфазли Додо низ зимни баҳогузории як зулоли шоир таъкид карда, маҳорат ва истеъдоди фитрии ин эҷодкори хушсалиқаро қоил гашта, гуфтааст: « ҷаноби Хуҷаста аз ҷумлаи зулолсароёне ҳастанд, ки саъй дар пардозиш, пироиш ва ороиши калимот дар чунин қолаби ҳассосро дошта ва дар зулоли арӯзӣ ширинии дар суханро ба ҳадди камол мерасонанд ».

Ростӣ пазирои шоир аз сабки ҷадид чун зулол бозгӯи ҷустуҷӯи пайваста ва андешаву нигоҳи тозаи шоир ба шеър ва замон аст. Варна миёни суханварони эронӣ лоиқи таваҷҷӯҳ шудан осон нест. Чунон ки мегӯяд «Эй бародар хуросон аст инҷо. Сухан гуфтан на осон аст инҷо».

Воқеан, ҳузури пайвастаи рӯҳи замон дар шеъри Хуҷаста зиёд эҳсос мешавад. Шеъри ӯ ҳамқадами замон ва меросбари ниёгон аст:

Як замон гашта мункири Хайём

Тахти ҷам фурӯхта бо як ҷом

Карда шаҳри Хуҷандро гумном

Муддате шармсор гардидем

Дар ашъори шоир ҳузури санъатҳои лавзиву маънавӣ, мавзунии оҳанги калом, тасвири расои байтро таъмин намудаанд. Дар як байт истифода намудани чандин воситаи тасвир низ аз маҳорати нигорандагии шоир дарак медиҳад, яъне тасвир, тахайюл ва диди шоирона дар сурудаи зер василаи баёни мӯҳтаво нест, балки мӯҳтаво дар тахайюли шоир ҳал мешавад. Дар ин шеър хонандаро тахайюли озоди офаранда ва тасвир, ки ба василаи санъатҳои бадеӣ ва ҳузури унсурҳои дигар эҷод шудааст, мутаваҷҷеҳ мекунад:

Дар шабе, ки осмони шаҳри мо

Моҳро гум карда буд

Пардаи торикӣ бо амвоҷи худ

Кӯчаҳоро холӣ аз ҳайҳои мардум карда буд

Ман тани танҳо дар ин хилватсаро

Дар миёни ҷодаҳои шабнаво

Таксавори заврақи андешаҳо

Мазраи истораҳо пай мезадам

Дар миёни растаҳои каҳкашон най мезадам

Ногаҳон дар лобалои ин зуҳури камназир

Аз карони хаймаи гадруни пир

Дидам ин ки моҳи дар ҳоли сафар

Дар барии ман буду ман бехабар

Тасвирҳое, ки бунёдашон бар санъати бадеии ташхис аст дар таъмини бадеияти офаридаҳои Аъзами Хуҷаста нақши боризро соҳибанд.

Чунон ки таъкид шуд, ҷозибаи шеър ба тозагии тасвир низ вобаста аст. Дар офариниши тасвирҳои тоза мавқеи ташхис, ки сифати инсониро ба ғайри инсонҳо додан мебошад, хеле муҳим аст. Шоир дар офариниши тасвирҳои хеш аксаран ба ибороту таркибҳои хотирмон такя кардааст, ки бунёдашон бар санъати ташхис аст. Ва ба бовар метавон гуфт ин навъи санъат аз ҷумлаи фаъолтарин санъати бадеӣ дар ашъори Аъзами Хуҷаста ба шумор меравад:

Дар коргоҳи соат
Вақт бо панҷаи сонияҳо
Бо тори рӯзҳо, ҳафта мебофад
То
Моҳҳо барои ҳар фасли сол
Либосҳои ба рӯз дошта бошанд

Дар сурудаи зер бунёди тасвири мисраи аввал бар ташхис аст:

Ишқе даруни синаи ман роҳ меравад
Ғаввоси руди дил сӯи моҳ меравад
Ман дар вуҷуди худ бедор мешавам, бубин
Аз ман мане ба сӯи дилам роҳ меравад

дар байти зер мутаваҷҷеҳ мешавем:

Ин «ман»и ман «мо» нашуд, аз худи танҳо нашуд
Чашми дилаш во нашуд, дар қафаси ин бадан

Ҷои дигар шоир санъати ташхисро чунин зебо истифода мекунад ва мегӯяд:

Дарахтон ҳамчунон бо дастони урён
Ба роҳи чӯҷаҳо дар сояи сукут хуфтаанд
Ва интизор дар соқаҳояшон ҷавона задааст.
Ин зимистон таманнои гармӣ
Дар шохаҳои дарахтон ях зад
Ва насими руйидан тӯфон шуд

Ҳамчунин:

Вақте ки субҳ ханда мекард
Ва теғи хуршед пардаи торикиро медарид
Ин абри баҳорӣ буд , ки гиря мекард
Ва зулоли дидагонаш
Гунаҳои заминро мешуст, ки мешуст

Бунёди тасвири ин шеър аз ташхис сероб аст. Мебинем, ки дар ҳар мисра шоир саъати ташхисро тасвири тоза бахшидааст. Ингуна бадеияти хотирмон дар ашъари шоир бо касрати истифодаашон имтиёз доранд.

Чунончи шеъри «Бод меояд чӣ сокит» дар ҳар мисраи хеш санъати ташхисро ғунҷоиш додааст. Тахайюл ва диди модерни шоир дар эҷоди тасвир таъсири нек гузоштааст:

Бод меояд чӣ сокит
Бесадо, хомӯши хомӯш.
Аз қадамҳояш хазоне меналарзад,
Аз нафасҳояш насиме менахандад,
Панчааш дарвозаҳоро менакӯбад,
Доманаш гарду губори кӯчаҳоро менарубад.

Ҳамчунин тасвири ғайриоддии ин мисраъҳо шоиста ба таваҷҷӯҳ аст. Яъне, шоир ба бод хислати ғайриқобил сокит буданро нисбат медиҳад ва мегӯяд «Бод меояд чӣ сокит». Аслан, бод табиатан ором нест, аммо шоир мегӯяд «бесадо, хомӯши хомӯш», вожаҳои ғайриинтизори «меналарзад», «менахандад», «менакӯбад», «менарӯбад» тасвири зеҳнии шеърро хеле хотирмон сохтааст.

Баргҳо чун пару боли хуршед

Бозии бод шуда сӯи ба сӯ

Гӯи дар мотами айёми баҳор

Ашки ахтар бичакад кӯи ба кӯ

Дар байти фавқ санъати ташбеҳ «Баргҳо чун пару боли хуршед» ва ташхис «Ашки ахтар бичакад »дар офариниши тасвири ноб хидмат кардааст.

Тасвирҳое, ки бунёдашон бар санъати талмеҳ аст, хеле ҷолибанд. Шоир мегӯяд:

Биё, гули баҳориям

Суроғи ман бигир, ки фурсати дубора рустан аст

Ва фасли интизори сабзро маҷоли ҷустан аст

Биё, ки Юсуфи умедро зи чоҳ берун оварем

Азизи Мисрро ба дашту ҳомун оварем

Ва хуни лоларо ба гургҳо диҳем

Ки пираҳан зи атри ишқ лолагун шавад

Ва чоҳи кина сарнагун шавад

Шоир дар ин шеър ба василаи санъати ташбеҳ андеша ва тасвирҳои хеле ҷолибу шоиронаро ба қалам медиҳад.

Тарокиби «фурсати дубора рустан», «фасли интизори сабз», «Юсуфи умед» бошад, паҳнои зебои тахайюли шоирро бозгӯ аст.

Дар шеъри дигараш ӯ шоирон зам-зама мекунад:

Фарри Каён пар-пар шуда дар хитаи номоварон
Мадҳе намегӯяд касе аз Рустаму аз Золҳо
Лайлӣ зи Маҷнун хаста шуд, Вомиқ зи Узро дур гашт
Ҳусну малоҳат рафтааст, аз ин хату ин холҳо…

2. Таваҷҷӯҳ вижа ба фалсафа ва ирфон

Ҷаҳонбинии Азами Хуҷаста ва дар ин росто шеърҳояш аз ҷаҳонибинии ирфонии шоир маҷро мегирад. Андешаҳои ӯ дар паҳнои хеш ваҳдати вуҷудро ғунҷоиш медиҳад. Шоир бадин васила ҷаҳони берунӣ ва ботинии худро густариш додааст. Дар шеърҳояш ӯ ба василаи андешаи дунявиву моддӣ аз ҳастиву марг ва ирфон зиёд мегӯяд. Андешаҳои фалсафиву ирфонии хешро Аъзами Хуҷаста дар шеър ҳуввияти тоза мебахшад. Сабкаш низ хосу мустақил аст ва нигоҳи модернӣ зиёд дорад. Чунончӣ шоир мегӯяд:

Аз хона бадар равед
Бошад, ки раведу бар худ оед
Худрову худии хешро ёбед

Дар ин пораи хеле соддаву самимӣ шоир фалсафаи будану худро шинохтанро шоирона ва бо самбули хеле аҷиб ба хонанда пешниҳод мекунад. Мехонем:

«Омаданам рафтан аст, рафтани ман омадан»
Зиндагиам чист,чист? Дору гири мову ман
Ин «ман»и ман «мо» нашуд ,аз худи танҳо нашуд
Чашми дилаш во нашуд, дар қафаси ин бадан
Кушиши баҳри бақо – фалсафаи буданам
Бардагие беш нест ин ҳама бардору зан

Ҳамингуна андешаи фалсафӣ дар мисраҳои зер низ инъикос шудаанд:

Чи сахт аст, чӣ сахт аст,
Барои шохаҳо зи баргҳо ҷудо шудан
Ва сахттар аст барои баргҳо зи ҷамьи шохаҳо ҷудо шудан…………ба зери по шудан

Чӣ сахт аст, чӣ сахт аст,
Барои чашмаҳо зи кӯҳ сарнагун шудан,

Фуру шудан ба коми мавҷҳои руд,
Ва гум шудан

Ҳасрато
К-андар ин оламаки буқаламун
Гиряву ханда дурӯғ
Мурдаву зинда дурӯғ
Ишку ормон дурӯғ
Тавба,тавба
Худи инсон дурӯғ
Ва агар хохи бисози бо кизб
Ту биё вақт бикӯш
Ту биё вақт фурӯш
Зиндагӣ кун
Бардагӣ кун

Ин нигоштаҳо дунёи ботиниву андешаҳои фаслафии шоирро равшан бозгӯ шуданд.

3. Таваҷҷӯҳи вижа ба масоили иҷтимоъ

Мусаллам аст, ки инсон бидуни зиндагии иҷтимоӣ наметавонад ниёзҳои моддӣ ва маънавии худро бартараф кунад ва бидуни он аз тайи ҳатто ибтидоитарин дараҷоти камол ва тараққии худ оҷиз мемонад. Ин аст, ки масоили иҷтимоии рӯзгор наметавонад ба шеър ворид нашавад. Бал ҷанбаи иҷтимоъ аст, ки мӯҳтаво ва маъно ва ҳатто тасвири шеърро ба таҳрик меорад. Дар шеъри иҷтимоии шоири оташинсухан андешаи адолати иҷтимоӣ муқаддамтар аз ҳама чиз аст. Олами андешаҳои шоир тунду тезасту хулосаҳояш қатъӣ ва тасвирҳояш бесобиқаву монданӣ. Барои баёни ақоид ва эҷоди шеър Аъзами Хуҷаста дар ашъори суннатӣ ва ҳам дар сурудани “шеъри нав” ба истилоҳ “шеъри нимоӣ ”, ҳамзамон сабки ҷадиди зулол маҳорати беандоза дорад. Хуҷаста дар роҳи эҷод ва барррасии масоили иҷтимоӣ ҳамеша баҳри дарёфти ҳақиқати зиндагӣ гом мебардорад. Воқеан, бардоштҳои сиёсиву иҷтимоии Аъзами Хуҷаста, ҳунар ва маҳорати нигорандагӣ, ҷаҳонбинӣ ва ошноӣ бо тамаддун ва адабиёти ҷаҳонӣ ба шоир имкон дод, ки зимни эҷоди тасвир, самбулҳову тахайюлоти хеш ҳақиқати бартар аз худи шеър, воқеият ва ҷанбаи иҷтимоиро ташхис диҳад ва ба созиши иҷтимоёт ва хусусиятҳои шеърӣ мусоидат намояд. Чунончи дар шеъри зер шоир мегӯяд:

«Хаста шуд таърих аз такрорҳо»
Хаста шуд уштур ба зери борҳо
Корвон дар нимараҳ раҳгум бизад
Сорбон мардуд шуд аз ёрҳо
Ваьдаро дигар харидоре намонд
Холй шуд аз муштари бозорҳо
Охирин тарфанди ин айёши пир
Руз бо тасбеҳу шаб-зуннорҳо
Ғофил аз он мисли ин «навхочагон»
Дида олам борҳову борҳо
Мерасад акнун садои Офриҳо
Кас наметарсад зи ҳабсу дорҳо
Руҳи озодй чу як эҳёгаре
Қад алам бинмуда аз оворҳо

Агар мутаваҷҷеҳ шавем, дарк мекунем, ки дар ин шеър ҷанбаи иҷтимоъ ва тасвир яке дигареро пурра месозанд. Ҳадафи аслии шоир дар ин шеъри иҷтимоӣ баёни мӯҳтавоест, ки баррасии чандин масоили рӯзро дар хеш ҷой додааст. Яке аз бурдҳои ин шеър низ дар он аст, ки ба шоир даст додааст, чандин мазомини иҷтимоиро дар ҳошияи як шеър ҷойгир кунад. Тасвир ва тахайюли шоирона ва маҳорати офарандагии шоир дар нигориши мӯҳтавои олӣ мавқеи муҳиму созандаро соҳиб аст. Сувари хаёли шоир низ фалсафаи хуби зиндагиро инъикос мекунад. Ҷолиб он аст, ки сурати зеҳнии шеърро шоир бо истифода аз тасвир ва тахайюл хонданӣ намудааст, ки аз вусъат ва паҳнои андеша ва тафаккури шоир дарак медиҳад.

Дар шеъри «Дар моварои ёс» андешаҳои иҷтимоӣ ва вазъи замон (бахусус даҳаи охириқарни ХХ) чунин тасвир шудааст:

Тоҷикистон, Тоҷикистон

Кишвари афсонаҳо

Ҳолиё вайронаҳо рамзи бақоят гаштаанд

Бехудоён нохудоят гаштаанд.

Тоҷикистон, Тоҷикистон

Махзари эҷодҳо…..

…. Эй ба ёди Оли сомон

Модаронат синабирён

Кудаконат ашкрезон

Орифонат зору ҳайрон

Сад дарего…

Мӯҳтавои шеър баёни ҳодисоти замон, бесарусомонӣ, беҳуввиятӣ, теша бар решаи хеш задани миллати тоҷикро дар даҳсолаи охири асри ХХ дарбар мегирад. Мебинем, ки мӯҳтаво хеле иҷтимоӣ аст, ҳатто иҷтимоитар аз шеъри ибтидои асри бистум. Унсурҳои тасвир, истифода аз санъатҳои бадеӣ ба шоири нуктасанҷу борикбин имкон додааст, ки латофати шеъри иҷтимоиро нигоҳ дорад ва шеъраш ба асолати шеър ҷавобгӯ бошад.

Василаи баёни мӯҳтаво-тасвир дар порчаи мазкур ғайримунтазира аст. Маҳз ҳузури тахайюл ва тасвири воқеаӣ бадеияти шеърро афзун намуда, таъсирнокии шеърро бештар намудааст. Диди шоирона аз диди иҷтимоӣ маҷро гирифтааст. Дар ин шеър бадеияти кулли шеърро ҷудо аз матни шеър омӯхтан нашояд, зеро шакли зеҳнии бандҳои шеърӣ ҳаракати мӯҳтаво, якпорчагӣ ва ваҳдати маънӣ алоқаманд ба ҳамдигаранд. Бояд қайд намуд, дар чунин тарз офаридани маъниро дар шеърҳои Аъзами Хуҷчаста зиёд дучор меоем. Дар шеъри «Дар моварои ёс» дарди миллату меҳан бозгӯ шудааст.

Шоир зиёд ба масоили иҷтимоӣ таваҷҷӯҳ дорад. Таваҷҷӯҳи шоир ба гунаест, ки ҳатто дар тасвирҳои хеш ҷанбаи иҷтимоиро истифод мекунад. Масалан да зулоли мазкур шоир тасвир мекунад:

Меҳр

Дар қалби мо

Ҷавона мезанад

Қарордоди ишқро

Ману ту бо нигоҳи гарми худ

Таъйид карда будем

Ва бӯсаҳои мо

Дар ин санад

Мӯҳр

Маълум аст, ки дар зиндагӣ ҳар муносибат ва қарордоде таъйид карда мешавад ва ҳастии мӯҳр воқеаияти қарордодро таъкид мекунад. Ин ҳаводиси зиндагӣ ва иҷтимоиро василаи тасвир дар шеъри зулол интихоб намудани шоир тахайюл ва маънии ин нигоштаро нобу шуниданӣ сохтааст. Шоир мегӯяд, мо қарордои ишқро бо нигоҳи гарми хеш таъйид кардем. Ва боз илова мекунд ва бӯсаҳои мо дар ин санад мӯҳр. Бо вожаи «меҳр» оғоз ва калимаи «мӯҳр»(ду вожаи аз лиҳози оҳанг наздик) анҷом ёфтани тасвир низ ба нигоҳи мудернии шоир ишорат мекунад.

Дар зулоли «Чӣ шуд» низ ҳамингуна тасвиру тахайюл мушоҳида мешавад.

Сигор лаб гирифт

Ва хилвате бар абри шаб гирифт

Озод карда халқа ҳалқа дуд дар осмон

Гӯё ба ҳабси оҳ дарафтоду зи дил сӯзу таб гирифт… ва мисли ҳамин зиёданд тасвирҳои шоирона.

Ҳамзамон бояд гуфт, ки шоир дар офариниши шеър ба ҷуз тахайюл ва тасвир ба таркибсозиву маъниофаринӣ ва мусиқии шеър низ таваҷҷӯҳ дорад:

Биёву аз вуҷуди ман хазонро бирон

Баҳорро биёвару канори ман бимон

Биёву накҳати баҳориро ба қалби ман бирез

Ва хайли яъсро, ки ҳастии маро асир кардааст

Маро даруни чолаҳои ҳарза пир кардааст

Зи ман зудо

Ҷавонаҳои эътимоду эътиқодро дубора рӯҳи ишқ биде(ҳ)

Дами масеҳие бизан

Маро зи «ман» бикун ҷудо

Муҳимтари омиле, ки дар шеъри мазкур боиси таваҷҷӯҳ хонанад мешавад, мусиқии калом аст. Тарокиби аҷиб «Баҳорро биёвару канори ман бимон»,«даруни жолаҳои ҳарза», «ҷавонаҳои эътимоду эътиқод» ва маънии соддаву самимӣ савтияти каломро пурра мекунанд.

Ҷои дигар мусиқии калом ингуна ба тасвири мисраи зер таъсир расонидааст:

Ҳамсояи мо шеър намехонаду лек
Қонуну фани зулол медонаду лек

ё ҳам чунин шоир менигорад:

Маро ту сарзаниш макун,
Ки сарнавишт сарзаниш намешавад.
Чаро ки сарнавишт дар сиришт ҳақ шуда,
Барои ҳастӣ дар сиришт
Маҳак шуда
Ба шеърҳо ишораам макун,
Зи дурҳо назораам макун.
Дигар маро марон,
Маро бихон,
Ба морҳои бозуят ба беди пайкарам бипеч,
Дигар ҳеч,
Дигар ҳеч,
Дигар ҳеч!

Дар ин шеър ҳузури касрати ҳамсадоҳои «с», «ш», «ч» дар хушоҳангии оҳанги дарунии мисраъҳо таъсири мусбат гузоштаанд. Вожаҳои «сарзаниш», «сарнавишт», «сиришт» мусиқии шеърро таъмин кардааст. Ин ҳунарварӣ аз мухтассоти вижаи забонии шоир далоил аст.

Шеъри «Биё, гули баҳориям» низ аз лиҳози мусиқияти калом хеле дилнишин аст:

Биё, гули баҳориям

Маро ба боли бодҳо нишон

Зи ёли ёдхо раҳон

Ки хаста шуд дилам зи хотирот

Ки дар замирашон ба ҷои зиндагӣ мамот

Ҳама пур аз дареғу нолаанд

Чу киштиҳои по ба гил

Ки «оҳ» нохудояшон

Ба ҳукми як зуболаанд

Биё, гули баҳориям

Биё, ки дер мешавад

Биё, ки шохаҳои сарви интизор

Ба сина тир мешавад

…Хуҷаста пир мешавад

Аз чунин назари иҷмолӣ ба ашъори Аъзами Хуҷаста метавон матлабҳои зеррро натиҷабардорӣ кард:

Аввалан бояд эътироф кард, ки шеъри Аъзами Хуҷаста тозатарин тамоюлҳои шакливу мавзӯӣ ва ҳунариро пазируфтааст. Ва ин омилро метавон аз ошноии бештари шоир бо адабиёти қадиму муосир ва шиносоӣ бо шеъри ҳамзабонон маҳсуб донист.

Сониян, дар ин замина талошҳои худҷӯиву худшиносӣ ва пазироӣ аз дастовардҳои ашъори классикӣ ва шеъри муосир аз ҷониби Аъзами Хуҷаста лоиқ ба таъкид аст.

Солисан, омили дигари таҳаввул ва бурди шеъри ӯро метавон ба таъсири вижаи муҳити адабии эронӣ нисбат дод, ки шоир зиёд аз онон баҳрабардорӣ мекунад.

Робеъан, ҷустуҷӯҳои шоир тадриҷан ба шеъри ӯ сабку услуб ва бофти тозатаре овардааст. Яъне, шоир пайваста дар ҷустуҷӯ ва бозёфти шоирона аст.

Охиран бо ин ҳама далоил метавонем бигӯям, ки дар дарозои ҳунармандиаш дар ҷодаи шеър, ки чанд даҳсоларо ба пай дорад, шеъри Аъзами Хуҷаста андак-андак шакл гирифт ва имрӯз мақбули аҳли завқу сухан аст, ҳаводорони хешро дорад ва саҳмгир аст дар таҳаввули шеъри муосири тоҷик.

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: