Аъзам Хучаста зулолсарои тавонои точик


Чашмаи зулол аввалин маҷмуаи чопии ашъор дар сабки зулол аст. Шоири ин китоби навин зулолсарои матрахи тоҷикистонй ҷаноби оқои Аъзам Хуҷаста мебошад. Дустони азиз чунон ки мустахзаранд, шеъри зулол дар дувумми бахмани соли 1388 хичрии шамсй мутаввалид шуда ва ҷаноби Хуҷаста аввалин истикболкунандаи амалй дар ин замина мебошанд.

Дуруст ду руз баъд аз таваллуди зулол аввалин зулоли ишонро ки баррасй ва мутолиа кардам, барои пешрафти ин жонри ҷахони умедвор гаштам. Зухури ҷаноби Хуҷаста дар арсаи зулол барои ин ҷониб куввати калбй шуд то рафта рафта бар иштиёки хеш биафзоям. Алорагми мухолифатхои гуногуне ки аксараш реша  дар хасодату чахолат доранд, ин марди бузургвор тавонистанд бо калами даввони хеш дар арсаи зулол, бар муваффакиятхои чашмгир даст ёбанд. Бандаи хакир бар худ меболам, ки бо бузургмардони сохибзавк ва эхсос хамасрам.Чашмаи зулол ба унвони аввалин асари чопй ки чорй аз калбе бидуни риё мебошад,таъсироти фаровоне дар шиносондани шеъри зулол дошта аст.

Хакир барои хар дакике аз замон ки барои захмат дар хусуси ин китоб сарф шудааст, арзиши тиллои коилам ва бар худ ифтихор медонам,ки шеъри зулол мавриди инояти донишмандоне чун саркорхонуми Сураё Хакимова қарор гирифта аст. Хонум , дуктур Хакимова нигохе муттахассисона бар ин китоб доштаанд ба тавре ки сухансароийии банда дар киболи ковиши он бузургвор, лозим намебошад.Лекин шоири ширинкаломи арсаи зулол, гавхари калимотро чунон сода ва шафоф бар канори хам чидаанд, ки харчи дар борааш бинависам, боз кам аст. Содагй ва шафофият иртибот ва пайём дар зулол чузви аслитарин хусусиёти ин сабк мебошад.Бинобар ин чаноби Хуҷаста ин хусусиётро доро хастанд.

Шеъри зулол калби зулол ва боимон мехохад.Банда ханузам дар хайратам ки чаро ҷаноби Хуҷаста  теъдоди ашори аввалин китоби сабки зулолро чихил карор дода аст! Чи хикматеро дорост?! ва диккат дар интихоби н*-оми китоб….! Инхо хама иллатанд.Эхсоси равон дар зулолхои ҷаноби Хуҷаста мавч мезанад ва ман аз так таки зулолхои эшон нихояти лаззатро мебарам.Суханро содда ва беолоиш мегуянд. Забонашон забони зулол аст. Зулол ташабусот ва такаббурхои бемаврид ва ифодахои сангини адабиро бар наметобад.Лизо,шоираш бояд чун Хуҷаста дорои калби зулол ва саршор аз имону маънавият ва лоики чунинин макоми воло бошад то асаре мондагор ба монанди Чашмаи зулол биофаринад. Дар сахфаи 118 хамин китоб зулолеро мехонем, бо унвони Маро бибус ки шеър аз сар то по хис дар рахиқи мухаббат аст ва шоир дар огуши калимот зулоли калбашро баён медорад.Шеър чунон худчуш ва мамлу аз эхсос аст,ки содагияш чашмае аз лаззотро чорй месозад.Таваччух фармоед:

Маро бибус!

Макун дигар ибо, бибус

Багал намо чу кудакони хунгарм

Ба руи ин замин ва зери ин само даро, бибус

Зи кайдхо фарор кун ба ман бирас

Ва нарму бесадо бибус

Биё, бибус

Зулоли фавқ аз навъи арузии қофиядор ва дар тули ритми мусикиёйии Мафоилун бо дахолати   Мафоилун мебошад.

Китоби Чашмаи зулол асаре мондагор дар олами адабиёт мебошад. Ин муваффақиятро бар дусти бузургворам ҷаноб устод Хуҷаста вар бар мардуми бомухаббати кишвари Тоҷикистон табрик арз намуда ва бар эшон орзуи сарбаландй дорам.

Умед аст насли оянда бо улгугири аз чунин асароти навину таъсиргузор инкилоби зулол дар адабиёти оянда ба вуҷуд оварда ва мардумони курраи заминро аз лаззоти ҷорй бархурдор фармоянд.

Додо БИЛВЕРДИ, Эрон, Табрез.

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: