Маҳфили муштарак «ГАНҶИ СУХАН» ДАР МЕҲМОНИИ «ЗАРАФШОН»


Дар  толори  фарҳанги  ноҳияи  Мастчоҳ  маҳфили  муштараки «Ганҷи  сухан»-и шаҳри  Хуҷанд  ва  «Зарафшон»- и  ноҳияи  Мастчоҳ  баргузор  гардид.

 Дар маҳфили  «Ганҷи  сухан»  Шоираи Халқии  Тоҷикистон Фарзона,  намояндагони аҳли адаби вилояти Суғд  Усмонҷон  Ғаффоров, Неъмати  Оташ, Нуруллохони  Гиёс, Тоҷибойи  Келдиёр, Муҳаммади  Субҳон,  Баҳромҷони  Раҳматзод  ва  дигарон    иштирок  доштанд.

Докторанти ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Тоҷибой  Келдиёров  аз  навидҳои фарҳангии миқёси ҷумҳурӣ ва  осорҳои  ба  тозагинашршуда  иттилоъ дод.

Таърихшинос  Усмонҷон  Ғаффоров  роҷеъ  ба нақши истиқлолият дар рушди илму адаби тоҷик сухан кард. Маърeзаи номзади  илмҳои  шарқшиносӣ- Нуруллохони  Ғиёс  оид ба  осори  Балъамӣ низ шунидани буд ва ба ҳозирин хеле писанд омад.

Навидҳои  навини  адабии ноҳияи Мастчоҳро Маликнеъмат ба  самъи  ҳозирон  расонд. Номзади  илмҳои  суханшиносӣ  Сурайёи  Ҳасансултон  дар  бораи вижагиҳои ҳунарии шеъри  зулоли  шоир Аъзами Хуҷаста  ибрози назар кард.

 Аз номи ҳозирин ва ҳаводорони маҳфил  Лидия  Давыдовна  Мисикова  меҳмононро  хушомадед  гуфт ва барояшон барори кор хост.

Ҳунарнамоии ҳунармандони ноҳияи Мастчоҳ ба маҳфили   муштарак шукeҳи тоза бахшид.

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: