Хаёт Неъмати Самарканди шоир, олим, публитсист ва хамчунин мавлонопажухи точик имрузхо мехмони шахри фархангхези Хучанд аст. Ин хушхабарро дусти хубу мехрабонам киёи Мухаммадюсуфи Шоди аз Душанбе бароям расонданд ва бидуни хеч таъхире рафтам ба зиёрати устод. Сухбат бо ин марди оташинсухан хеле гуворо ва вокеан чoилб буд. Аз гуфтугу бо эшон хеле хушхолу шод шудам. Бори нахуст дар сухбати ин фарзона карор доштам, сухбат аз Мавлонову чойгохи у, забони точикиву макоми он дар Самарканд чолиб буд.
Устод бо итминони комил мегуянд, ки “дар Самарканди азизи ман хеч гох машаъли фурузони забони точики хомуш нахохад шуд”. Ба гуфти устод холо дар хонадони хамаи точикони Самарканд лахни дилнишину малакутии забони точики садо медихад, ки хакикатан намунаи боризаш хамин рузномаи “Овози точик аст.” Хаёт Неъмат аз аввалин равшанфикрони точики самаркандист, ки баъд аз фурупошии Иттиходи Шурави дар назди бинои шахрдории Самарканд як хафта гуруснанишини кард. Натичаи он гуруснанишини буд, ки точикони самарканди сохиби рузномаи вилоятии «Овози Самарканд» ба забони форсии точики шуданд. Ин рузнома то чандин сол бо кумаки моли ва маънавии маркази фарханги точикон ба табъ расид ва дар айни хол ба унвони рузномаи вилоятии давлати ба кори худ идома медихад. Хаёт Неъмат, бо вучуди ин ки хануз аз туфулият гирифтори маълулият шудааст, аммо аз фаъолтарин равшанфикрони точики самаркандист. Устод Хаёт Неъмати Самарканди солхои тулонист, ки ба омузиши осори Мавлоно таваччух доранд ва рузгорест, ки ба накду тасхехи осори мондагори Мавлоно машгуланд. Ба ин марди некному нексиришт сихатмандиву сарбаланди таманно дорем.
Рузу шаб, даст аз дуо, дур нашавад,
Х,азорон сол барх,аёт буд, илох,о гум
нашавад.
Дар Самарк,анду Бухорои шариф
Забони мардум хеч, гум нашавад
Хостам ки, дар замини Точ,ику Афг,он
Аз ч,он азиз, забони Алишер, гум нашавад.
Ин ч,ахон бог,и Худованди карим аст,
Забонх,о гулх,ои рангоранги замин аст.
Забони Точ,ики чунон забони дерин,
Ба х,урматаш навиштам шерх,ои ширин…
LikeLike
Рузу шаб, даст аз дуо, дур нашавад,
Х,азорон сол барх,аёт буд, илох,о гум
нашавад.
Дар Самарк,анду Бухорои шариф
Забони мардум хеч, гум нашавад
Хостам ки, дар замини Точ,ику Афг,он
Аз ч,он азиз, забони Алишер, гум нашавад.
Ин ч,ахон бог,и Худованди карим аст,
Забонх,о гулх,ои рангоранги замин аст.
Забони Точ,ики чунон забони дерин,
Ба х,урматаш навиштам шерх,ои ширин.
LikeLike
чунин наррашер чун Хаёт Неьмат дар Узбакистон ангуштшумор аст афсус……….
LikeLike