Торнамои“Ахтари зулматсӯз” бо нишонии (https://khfirdavs.wordpress.com/2011/10/28/poll/)дарназарсанҷие , ки ахиран эълом намуда бо суоли “Хадамоти кадоме аз ин чеҳраҳои фарҳангиро тақдир мекунед?», аз хонандагонаш дар мавриди шахсиятҳои фарҳангии 3 кишвари форсизабон -устод Муъмин Қаноат,хонум Гулрухсор,Аскар Ҳаким,шоирони мардумии Тоҷикистон, Меҳмон Бахтӣ,раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Алиасғари Шеърдӯст,сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон,доктор Ҳуҷҷатуллоҳи Аюбӣ,раиси Муассисаи фарҳангии ЭКО ва Шамсулҳақи Ориёнфар, намояндаи фарҳангии сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон ширкат доштанд.Бар асоси натоиҷи як ҳафтаи назарсанҷӣ доктор Ҳуҷҷатуллоҳи Аюбӣ,Раиси Муассисаи фарҳангии ЭКО бо касби 54/05 дарсади оро мақоми аввалро касб намуд.Дар ин назарсанҷӣ наздики 3 ҳазор нафар боздидкунанда аз Тоҷикистон,Эрон,Афғонистон ва Русия ширкат намуданд.
Торнамои ”Ахтари зулматсӯз» як торнамои хабарӣ ва таҳлилии адабӣ буда, бо забонҳои асосан тоҷикӣ ва як сахфаи англисӣ мебошад, ки рӯзона 29-то 31 ҳазор боздидкунанда дорад,ки бештари мухотабони он аз Тоҷикистон,Афғонистон ва Русияву Эрон будаанд.Ин торнамо дар соли 2007 тавассути Фирдавси Аъзам,шоир ва веблогнависи саршиноси Тоҷикистон ва яке аз бунёдгузорони веблогнависӣ дар Тоҷикистон таъсис шуда аз пурбинандатарин торнамоҳои ин кишвар маҳсуб мешавад.Ба гуфтаи Фирдавси Аьзам,бунёдгузор ва гардонандаи ин торнамо назарсанҷӣ ба сурати онлайн аст ва ҳамчунон идома дорад.
Шохмансури Шохмирзо