Шоири тоҷик: «»Зулол» шабоҳате ба шеъри сафед надорад»


Душанбе. 28-уми декабр. Tojnews — Аз ёдҳои хуши соли 2011 метавон сазовори нишони тиллоии Фирдавсӣ аз Муассисаи фарҳангии Созмони байналмилалии ҳамкориҳои иқтисодӣ (ЭКО) шудани шоири тоҷик — Аъзами Хуҷастаро ёд кард. Нишони мазкур ҳамроҳ бо акси Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ барои шахсиятҳо ва чеҳраҳои фарҳангии минтақа, ки дар рушди фарҳангу адаб ва офаридаҳои тоза саҳме доштанд, эҳдо мешавад.

Аъзами Хуҷаста соҳиби се маҷмӯаи шеърист ва дар Тоҷикистону Эрон бо номҳои «Чашмаи шоир», «Соярӯшан» ва «Чашмаи зулол» чоп шудаанд.

Гуфтанист, ки нишони тиллоии Фирдавсӣ аз ду сол ба инҷониб таъсис ёфтааст ва он ба шахсиятҳои зиёди фарҳангӣ, аз ҷумла, хушнависони эронӣ — Ғуломҳусайни Амирхонӣ, Муҳаммадии Ҳайдарӣ ва хаттоти афғонӣ — Авранг тақдим шудааст.

Аъзами Хуҷаста барои силсилашеърҳои зулолаш, ки як равиши тозаи эҷоди шеър дар адабиёти форсист, ба дарёфти ин мукофот мушарраф шуд. Ҳам истилоҳ ва ҳам худи шеър барои хонандаи тоҷик чандон ошно нест. Аз ин рӯ, тасмим гирифтем дар остонаи Соли нави масеҳӣ бо шоири тоҷик як сӯҳбати кӯтоҳе дошта бошем, то ба таърих ва вижагиҳои шеъри зулол ошноии бештар пайдо кунем. Ва нахустин суоли мо ҳам чунин буд:

— Чаро шеъри зулол? Асосгузораш кист ва дар куҷо бори аввал иншо шуда?

— Қолаби «Зулол» дар 2 баҳмани соли 1388 ҳиҷрии шамсй — 28 январи соли 2010 тавассути Абулфазли Билвердӣ (Додо), аз шоирони хушбаён ва хушзавқи табрезӣ муаррифӣ шуд. Оқои Додо дар муаррифиномаи худ ҳама қонуну қоидаҳои ин қолаби навро баён кардааст. Ман аз лаҳзаи аввали ошноӣ бо ин қолаб шефтаи он шудам ва аввалин зулоламро ду рӯз баъд аз эъломи мавҷудияти «Зулол» навиштам. Ҷаноби Додо дар бораи ин ки чаро қолаби эҷодкардаашро «зулол» номидааст, мегӯяд: «Аз даврони кӯдакӣ иборати «зулол» бароям ошно меомад, ба тавре ки ҳеҷ вақт маънои луғавиаш маро қонеъ намекард. Масалан, наметавонистам ба худ биқабулонам, ки маънои воқеии зулол оби соф ва гуворо бошад… Дар маҷҷалот, ки вожаи «зулол»- ро медидам, мутаҳаййир мешудам… Баъдҳо вақте қолаби ҷадидро танзим кардам, номе муносибтар аз ин пайдо накардам».

Ва ин бозгуйӣ моҳияти ин қолаб низ ҳаст. «Зулол», яъне соф ва шаффоф, зебо ва бидуни олоиш гуфтан аст. Ба ҳамин тартиб, метавон гуфт, ки асосгузори шеъри «зулол» Абулфазли Билвердӣ бо тахаллуси «Додо» аст.

— Дар Тоҷикистон киҳо пайравонаш ҳастанд?

— Имрӯз бисёриҳо дар Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон дар қолаби «зулол» шеър мегӯянд. То ҷое ки ман огоҳам, дар Тоҷикистон Сурайё Ҳакимова, Зафари Сӯфии Фарғонӣ, Фирдавси Аъзам, Андари Хуросонӣ ва як-ду нафари дигар ҳастанд, ки мутаассифона, номашон ба ёдам намеояд (аммо дар дафтарҳоям ҳастанд), дар қолаби «зулол» шеър мегӯянд.

— Ин шеър чӣ вижагиҳо дорад?

— Шеъри «Зулол» ҳамон гуна, ки дар қоидаи ин қолаб баён шуда, шеърест, ки бо тӯли вазни зина ба зина, ки ба таври баробар аз кам шурӯъ шуда ва дар кам низ ба итмом мерасад. Ин навъи шеър дорои 5 то 11 сатр мебошад. Аз нигоҳи вазн, ба тӯлонитарин сатр, ки сатри миёна ё қалби шеър мебошад, «сатри модар» ва сатрҳои атрофи онро «сатрҳои қарина» мегӯянд. Зулол дорои навъи арӯз ва озод аст, ки ҳар кадом барои худ усул ва таърифҳои хосае доранд. Хеле содда барои алоқамандон ба «зулол» мегӯям, дар «зулол»-и панҷсатрӣ, агар сатри аввал 7 ҳиҷо бошад, сатри дувум — 11 ҳиҷо, сатри савум — 15 ҳиҷо, сатри чаҳорум — 11 ва сатри панҷум ҳафт ҳиҷо хоҳад буд. Аз вижагии зулол ин аст, ки бояд сатрҳо зери ҳам навишта шаванд. Зулол ҳам арӯзии қофиядор мешавад ва ҳам озод, дар ҳар ду сурат тафовути байни сатрҳо мисли ҳам аст. Баёни шаффоф, зебо, кӯтоҳ ва бикр аз дигар вижагиҳои шеъри зулол аст, ки аз шоир заҳмати бештар металбад.

— Оё он метавонад тадриҷан чун шеъри сафед шӯҳрат касб кунад ва пайравони зиёд дошта бошад?

— Мо агар ба гузаштаи шеър нигоҳе биафканем, ба хубӣ дида мешавад, ки шеър ҳамеша дар ҳоли пешрафт ва такомул аст, сабку равияҳое пайдо мешаванд, аз байн мераванд ва бархе ҳам мондагоранд. Он чӣ дар Эрон «шеъри нимоӣ» гуфта мешавад, хеле пештар дар Тоҷикистон ва тавассути устод Айнӣ гуфта шуда буд, бо ин фарқ, ки аз устод Айнӣ дар Тоҷикистон пайравии ончунонӣ нашуд, аммо шоирони эронӣ ба таври густарда аз он чӣ ки Нимо Юшич эҷод кард (шеъри сафед), пайравӣ карданд ва онро «шеъри нимоӣ» гуфтанд, дар ҳоле ки Акбар Турсон, донишманди варзидаи тоҷик бо далелҳои инкорнопазир собит кард, ки хеле пештар аз инҳо устод Айнӣ дар шеъри форсӣ «сапедсозӣ» карда буд. «Зулол» ҳам дар оғози роҳ қарор дорад ва имрӯз дар ҳоли табдил шудан ба як сабк аст. «Зулол» чизи нав аст ва нав ҳаловате дигар дорад. Ман бар ин боварам, ки «зулол» рушд мекунад ва дар олами шеър ҷойгоҳи худро касб мекунад.

— Аслан, аз шеъри сафед бо чӣ фарқ мекунад?

— Аслитарин фарқи шеъри «зулол» аз сафед он аст, ки ҳеч шабоҳате ба шеъри сафед надорад. Имрӯз як-ду нафар дар Эрон «зулол»-ро як навъи шеъри сафед мегӯянд, ки комилан иштибоҳ аст. «Зулол» қоида ва қонуни худро дорад, ки алоқамандон метавонанд аз сайтҳои интернетӣ, аз ҷумла, http://hagzolal.blogfa.com/ истифода кунанд ва маълумоти зарурӣ касб кунанд. «Зулол», муҳимтар аз ҳама, қолаб дорад ва шакли он шабеҳи қатраи об аст, ба қалб низ монандие дорад. Ин вижагиҳо дар шеъри сафед нест. «Зулол» шоирро маҷбур ба кӯтоҳбаёнӣ мекунад ва ба қавле, дасту пойи шоирро ҳам боз ва ҳам баста нигаҳ медорад, то маҳорати худро ба кор барад ва мақсадро дар ин қолаб баён созад.

— Намунаҳо аз ин шеърро барои хонандагони Tojnews лутфан қироат кунед.

— Ба чашм.

Эъҷоз

Хандае тақдим кард

Лаб ба лаб бифшурду як таъзим кард

Ҳамчу нури моҳи шабрав соярӯшан офарид

Гесувонро мушк доду «ҷим» кард

Ишқро тақрим кард

Тараб

Чу шаб фаро расид
Қаробати ду лаб фаро расид
Ситораҳову Каҳкашон назорагар шуданд
Ки дар замини бекарон шаҳомате аҷаб фаро расид
Фироқу дурӣ аз замона пар кашиду рафт
Ва базми тобу таб фаро расид
Тараб фаро расид

Меъроҷ

Сапедаро салом

Маҳи зи раҳ расидаро салом

Умеди ҳай шудан, навиди растани башар

Тулӯъи рӯзи растахез ва субҳи навдамидаро салом

Зи нури ояҳо ба коиноти синаҳо

Азизи ҷону дидаро салом

Падидаро салом

Зулолро дуруд

Зулолро дуруд

Ба аҳли дил, камолро дуруд

Чаҳони шоирй сафои дигаре гирифт

Ба рӯҳи шеъри порсй, нумӯъи болро дуруд

Кунун уруҷи тоза мекунад ба Каҳкашон фасоҳати каломи мо

Қасида, маснавй, ғазал…бигӯ, ки аҳли ҳолро дуруд

Ва нойи Мавлавй навои дигаре гирифт

Ки Шамси безаволро дуруд

Зулолро дуруд

Сигор мекашам

Сигор мекашам

Бубин чӣ бовиқор мекашам

Ва бо танобу ҳалқа-ҳалқа дуди талхи он

Ғаму қудурати даруни синаро ба дор мекашам

Чу ғам маро ба чоҳи худ кашид ва ғамгусори ман канори ман набуд

Худам тамоми ин алам ба дӯш чун қатор мекашам

Азизи Мисри ман ба дасти гургҳо асир

Ки оҳи ғамгусор мекашам

Ғубор мекашам

Китобфурӯш

Китобфурӯши пир

Ба қайди рафтаҳо асир

Нигоҳи ӯ зи пушти панҷара ба кӯчаҳо

Ба ҷустуҷӯи издиҳоми гумшуда чу об дар кавир

Китобҳо ба зери пардаи ғубори бетаваҷҷӯҳӣ чу дар қафас

Зи чашми ин замона нопадиду зору мазлуму ҳақир

Дареғи рӯзҳои рафта дар бухори ашк

Ба шишаҳои панҷара ҳарир

Биё, сабақ бигир

Сӯҳбати Фирӯзи МУҲАММАД

http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=21566&Itemid=30 

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: