Баъд аз анҷумани адибони ҷавони ҷумхурӣ


Аз  25 то 28 –уми апрели соли 2012 дар шахри Душанбе анҷумани дахуми адибони ҷавон баргузор гардид, ки дар кори он адибони ҷавони шахру навохии ҷумхурӣ иштирок доштанд.  Хамоиш рӯзи чахоршабе, 25 –уми  апрел бо гулгузорӣ ба пояи муҷассамаи Одамушшуаро Абуабдуллох Рӯдакӣ ва оромгохи  сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ,  Қахрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода ва зиёрати мақбари  Лоиқи зиндаёд  шурӯъ шуд.

Сипас дар толори Иттифоқи  нависандагони Тоҷикистон ҷаласаи ифтитохии анҷумани адибони ҷавон баргузор гардид, ки   он  устодони сухан ва  ҷавонони сохибистеъдод, шуаро ва насрнависони  сохибистеъдоди Тоҷикистонро  гирди хам овард. Ҷаласаро  раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Мехмон Бахтӣ  оғоз намуда, баргузории дахумин анчумани адибони ҷавони кишварро  тахният гуфт ва зикр кард, ки нахустин анҷумани  адибони ҷавон соли 1947 баргузор гардида, дар даврони сохибистиқлолии кишвар ин дуввумин анҷумани ҷумхуриявии адибони ҷавони Тоҷикистон мебошад.

Маликшох Неъматов — раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёхии назди Хукумати Ҷумурии Тоҷикистон паёми шодбошии Хукумати кишвар ва Президенти ҷумхуриро ба вакилони машварати адибони ҷавон расонид.  Шоирони саршиноси кишвар  устод Мӯъмин Қаноат, Гулрухсори Сафӣ, Гулназар Келдӣ адиби шинохта  Караматулло Мирзоев низ ба кори анҷуман барор хоста, аз баргузории чунин машварати дархури ниёзхои ҷавонон  изхори қаноатмандӣ  намуданд.  Иброз шуд, ки дар адабиёти муосири тоҷик адибони боистеъдод  ба камол расида истодаанд.

Пас аз ҷаласаи ифтитохӣ анҷуман  кори хешро дар чанд бахш идома дод. Пас аз музокироти дурӯза  ҷавонон аз Китобхонаи миллӣ, ки дар шахри Душанбе қомат афрохта дидан намуданд.

Рӯзи сеюм машварати якҷояи бахшхо гузаронида шуд, ки дар он аз бозёфтхои ин анҷуман ва сатхи эҷодиёти иштирокдорон ахли қалам фикру андешахояшонро иброз доштанд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки аз вилояти Суғд 13 навар ҷавонони сохиқалам вилояти Суғдро намояндагӣ карданд.

Анҷуман хубу хотирмон  ҷарён гиифт ва то дергох дар хотиархо нақш хохад баст.

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: