Бунёди Фирдавсӣ ва талошҳои раиси боҳиммати он


Доктор Муҳаммадҳусейни Тусиванд дар соли 1936 таваллуд шудааст ва 25 сол аст,ки дар сатҳи ҷаҳонӣ дар корҳои башардӯстонаи худ идома медиҳад.Аз ҷумла,болотарин нишони ифтихори Ҷумҳурии Федероли Олмонро гирифтааст.Дар соли 2008 номзад ба дарёфти Ҷоизаи Нобел дар бахши инсондӯстӣ буд.Тусиванд дар соли 2005 бо ҳазинаи шахсиаш Бунёди Фирдавсӣ, шохаи Тусро таъсис дод.Дар соли 2002 беҳтарин пизишки Берлин эълом шуд.Вай шаҳрванди ифтихории шаҳри Санкт- Петербург аст.

Се хонаи беҳдошт дар навоҳии зилзилазадаи Бирҷанд ва ба осебдидагони ин минтақа кумакҳо карда,дар ноҳияи зилзилазадаи Гулёи Туркия низ бо ҳамкории пулиси Берлин бемористон сохтааст.Ба кишварҳои Югославияи собиқ,Мозамбик, Лубнон, Афғонистон, Италия, Покистон,Амрико низ ёриҳои бедареғ ба мӯҳтоҷон доштааст.Вай мубтакири ҷарроҳии микроскопӣ дар Эрон аз солҳои 1975 то 1979 аст.
Доктор Тусиванд ҳарчанд худ пизишк аст,вале бо ҳиммату матонат дар ростои ҳифз ва бақои забону адаби форсӣ гомҳои ҷиддӣ мебардорад ва дар ин арса аз ҳеҷ талоше дареғ намеварзад.Талошҳои вай махсусан дар амри бузургдошти сухансарои ҷовидони Тус шоистаи таҳсин аст.Вай Фирдавсиро зиндакунандаи фарҳанг,забони форсӣ ва ҳуввияти миллии эрониён медонад ва мегӯяд:алон дар Тоҷикистон Фирдавсиро Ҳазрати Фирдавсӣ хитоб мекунанд,дар Узбакистон ҳам мардум иродати хосе ба Фирдавсӣ доранд,аммо дар кишвари мо нисбат ба ин ҳамосасарои бузург,ки эҳёкунандаи таърих,фарҳанг ва тамаддуни эронист,бемеҳрӣ мешавад ва мардум ӯро он тавре,ки бояд, намешиносанд.
Вай ахиран дар яке аз сӯҳбатҳояш гуфтааст:Фирдавсӣ яке аз мухлистарин ва муъминтарин шоирон аст,ки дар ашъораш ба хубӣ собит кард,ки миллият ҳеҷ манофоте бо мазҳаб надорад,ҳатто касоне,ки имони қавитаре доранд,нисбат ба Ватан ва арзишҳои миллии худ вафодортаранд,масъала ин аст,касоне,ки бо Фирдавсӣ мухолифанд, «Шоҳнома»-ро нахонда ва Фирдавсиро намешиносанд.
Вай бо ишора ба инки агар миллате аз таърихи худ огоҳӣ надошта бошад,маҳкум ба нестӣ ва завол аст,изҳор медорад:таърихи чандҳазорсола ва фарҳанги пурбори мо шоистаи таааммуқ ва иноят аст ва агар бихоҳем аз ин таърих баҳра бигирем,бояд ба «Шоҳнома» таваҷҷуҳ кунем,чаро,ки таърихи мо дар «Шоҳнома» аст.
Доктор Тусиванд ҳадаф аз таъсиси Бунёди Фирдавсиро эҳёи фарҳанҳи «Шоҳнома» ва забону адаби форсӣ дар байни мардум медонад ва хотирнишон мекунад:ин Бунёд,созмоне фарҳангӣ, ғайрисиёсӣ ва мардумист,ки аз ибтидои таъсис то кунун ба муваффақиятҳои зиёде расида,ки аз ҷумлаи онҳо метавон ба сабти ҳазораи Фирдавсӣ дар Созмони ЮНЕСКО,эътироз ба Музейи Лувр ва баргузории Кунгураи Берлин ишора кард.
Вай мегӯяд,ки мо ба Музейи Лувр эътироз кардем,ки агар брушурҳояшонро ба хотири ҳазфи номи Халиҷи Форс ва тағири он ба Халиҷи Арабӣ ҷамъоварӣ накунанд,аз онҳо расман шикоят ва иддаои хасорат мекунем.Онҳо ҳам узрхоҳӣ карданд.Дар Кунгураи Берлин бузургтарин шоҳномапажуҳони ҷаҳон ҳам ба ироаи суханронӣ ва баҳсу табодули назар дар бораи «Шоҳнома» пардохтанд.
Назар ба гуфтаи ин марди фидокор чандин нафар ба хотири манофеъи шахсӣ аз ӯ пул ситондаанд, вале бо ин вуҷуд мегӯяд ҳар коре дар тавонаш бошад барои рушду иртиқои забону адаби форсӣ анҷом хоҳад дод.Ҳар сол бо ибтикори ин чеҳраи фарҳангӣ барои посдошти гӯяндаи «Шоҳнома» маросими бошукӯҳ бо ҳузури бузургтарин муҳаққиқони «Шоҳнома» баргузор мешавад ва ишон ҳамвора дар ин маросиму нишастҳо аз Тоҷикистон ба унвони кишвари дӯсту бародар ва ҳамзабон ёд мекунад.Бо ташаббуси доктор Тусиванд имсол дар шуъбаи Бунёди Фирдавсӣ дар Машҳад китобхонаи тахассусӣ дар бораи Фирдавсӣ ва «Шоҳнома» таъсис шуд. Бунёди Фирдавсӣ қасд дорад ҳар сол ба яке аз пажуҳишгарони «Шоҳнома» ҷоизаи нафис тақдим намояд.
Раиси Бунёди Фирдавсӣ яке аз бузургтарин ҳадафҳои Бунёди мазкурро эҳёи зодгоҳи Фирдавсӣ медонад ва таъкид мекунад:ман худам дар рустои Фирдавсӣ -Пож таваллуд шудааам ва бузургтарин орзуям таъсиси шаҳраки «Шоҳнома» дар ин рустост ва бо инки муқими Олмон ҳастам,ҳозирам тамоми сарватамро барои амалӣ шудани ин руъё ҳазина кунам ва умедворам пеш аз маргам ин орзуро амалӣ кунам.
Вай мегӯяд:вақте амрикоиҳо аз мўшу гурба Волт Дизни дуруст мекунанд,чаро мо,ки таърихи чандҳазорсолае дорем,ин корро накунем? Мо тасмим дорем шаҳри «Шоҳнома»-ро бо анимейшенҳое аз саҳнаҳои «Шоҳнома» дар ҳолаҳое аз шиша бисозем,то тамоми мардум, бавижа кӯдакон ва навҷавонон тамоми «Шоҳнома»-ро бубинанду ҳис кунанд.Таъсиси маркази варзишӣ, меҳмонсаро, бемористони тахассусӣ бо пизишкони бисёр ботаҷриба,боғи «Шоҳнома», толори ҳамоиш…аз ҷумлаи ҳадафҳои ин тарҳ аст ва Пож метавонад ва бояд ба маркази бузурги судури фарҳанги эронӣ табдил шавад.
Вай таъкид мекунад:таъсиси ин шаҳрак илова бар мазоёи фарҳангӣ мӯҷиби ҷазби гардишгар аз кишварҳои дигар шуда ва фоидаҳои иқтисодии бисёре низ дарбар хоҳад дошт.Вай изҳори умедворӣ мекунад,ки ҷавонон бо фарҳанги «Шоҳнома»,ки ҷомеъи ҳамаи арзоишҳои инсонист,ошно шаванд ва азамату ифтихори фарҳанг ва забони форсиро бештар бишиносанд.Вай аз ин ки дарсади ками мардум зодгоҳи Фирдавсиро медонанду дидаанд ,хеле ғамгин аст ва барои шинохти бештари ин рустои мардони бузург,ки замоне 1000 марди ҷангӣ аз он бармеомада,боз ҳам бо чангу дандон талош мекунад.
Бояд гуфт Бунёди Фирдавсӣ-шохаи Тус созмони фарҳангӣ ва мардумниҳодест , ки бе ҳеҷ вобастагӣ ба гароишоти сиёсӣ ва ё чашмдоште ба баҳраҳои бозаргонӣ ва молӣ дар заминаи густариши забон ва адаби форсӣ мекўшад ва дар ин раҳгузар талош дорад то посдорӣ аз оинҳо ва боварҳои писандидаи эронӣ, фарҳанги баромада аз гуфтор, пиндор ва кирдори некро дар баробари фарҳангҳои дигари миллатҳо ба намоиш бигузорад…
Ҷаҳон рӯ ба сӯи якдастӣ ва якпорчагист. Раванди ҷаҳонӣ шудан агарчи мумкин аст дастовардҳои судманде барои инсон дошта бошад, вале бегумон фарҳангҳои гуногун ва рангоранги бостонӣ дар гӯшаву канори кўраи хокиро дастхуши таҳаввулот ва дигарсониҳое хоҳад кард,ки шояд паёмадҳои он ҳаргиз бозгаштпазир набошад.
Аз ин рӯ,яке аз чашмандозҳои Бунёди Фирдавсӣ бозофаринӣ ва бозшинохти намодҳо ва нишонаҳои фарҳанги бумӣ аст,ки дар ин рӯйкарди вижа хиттаи Хуросон ва сарзамини Тус ва деҳкадаи Пож, ки зодгоҳи донои Тусро дар оғӯши хеш дорад,аз вижагии бештаре бархурдор аст.
Пож дар 12 километрии бохтарии Машҳад ва яке аз киёнҳои фарҳангии Осиёи Миёна ба шумор меравад.Забони форсии дарӣ афзун бар ҳазор сол дар Хуросони Бузург,сохтори гуфтории мардуми ин сомонро ташкил дода ва дар дарознои таърих ҳаргиз бо ҳуҷуми ақвоми бегона рангу рехти куҳани хешро аз даст надодааст.
Бунёди Фирдавсӣ сарафрозона корҳо ва талошҳои фарҳангии хешро бо чунин рӯйкардҳо идома медиҳад:
1.Баргузории Кунгураи солиёнаи бузургдошти сухансарои Эронзамин,ки бо номи зодгоҳи ӯ -«Пож» бапо дошта шуда ва ҳамзамон бо оғози ҳазораи дуюми хуршедии сароиши «Шоҳнома» ба унвони меросе фарҳангӣ,имсол ҳафтумини он аз 23 то 25 урдубиҳишти соли 1391 баробар бо 11 то 14 маи соли 2012 милодӣ баргузор шуд.
2.Густариши намояндагиҳои Бунёди Фирдавсӣ дар маркази устонҳои Эрон.
3.Пешниҳоди сабти поёни ҳазораи нахусти хуршедии «Шоҳнома» ба унвони мероси фарҳангии Эрон дар дафтарҳои расмии ЮНЕСКО ва пайгирии ин муҳим ҳамроҳ бо сабти ҷашни Наврӯз ба унвони оини неки эрониён.
4.Эҷоди фазои ҳамгароии ҷаҳонӣ ва талош барои пешгирӣ аз тағири номи Халиҷи ҳамеша Форс ва рафъи шубҳаҳои таърихӣ дар хусуси ҷазираҳои сегона ва низ густариши фарҳанги забони форсӣ дар ин хитта бо ҳадафи ошноии ҳарчи бештари мардуми он сомон ба пешинаҳои мусаллами таърихӣ-эронии ҷуғрофиёии ҷануби Эрон.
5.Баргузории кунгураҳои пуршумори мероси фарҳангии эрониён бо унвони поёни ҳазораи нахусти хуршедии сароиши «Шоҳнома» дар кишварҳои Фаронса, Олмон,Австрия ва Герсоговина.
6.Вироиш,пуштибонӣ ва чопи китобҳои фарҳангӣ ба шарҳи зерин:
— «Мутуни шарқӣ ва шеваҳои ғарбӣ»,ба қалами Маҳмуди Умедсолор,
— «Розҳои «Шоҳнома»,маҷмўаи мақолаҳое,ки аз сӯи Бунёди Фирдавсӣ мунташир шуда.
— «Гуфтори шоҳномапажўҳони барҷастаи Эронзамин» дар ростои ҳамоиши ҳафтаи китоби Теҳрон.
— Барпоии намоишгоҳи офаринаҳои хушнависӣ аз сафаҳоти «Шоҳнома» тавассути Устоди гаронмоя Шамсуддини Муродӣ дар маҷмўаи фарҳангии Арасборони Теҳрон.
— Бархониши оҳангини достонӣ аз «Шоҳнома»(«Заҳҳок ва Фаридун») тавассути устоди мусиқии Эрон Шаҳроми Нозирӣ дар толори ҳамоишҳои Милоди намоишгоҳи байналмилалии Теҳрон.
— Иҷрои намоишномаи «Рустам ва Исфандиёр» ба коргардонии ҳунарманди пуровоза хонуми Парии Собирӣ дар толори Рӯдакӣ

Шоҳмансури Шоҳмирзо,
шаҳри Теҳрон

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: