Тоҳираи Ризозода


Тоҳира Ризозода,шоираи эронӣ дар соли 1963 таваллуд шудааст ва то кунун ду маҷмўаи шеър бо номҳои «Атри маввоҷ» ва «Шеър гуфтан баҳона мехоҳад» ва низ рисолаи пажуҳишии «Чашмзахм аз нигоҳи шоирон»-ро дар Эрон ба нашр расондааст.Ин бонуи шоир даме,ки зебоиро дарк мекунад ва лаҳзаҳои ҳассоси зиндагиро, ки танҳо шоирон ба он пай мебаранд,дармеёбад, шеър мегӯяд ва ба  домани отифии шеър паноҳ мебарад.Вай бо ин ашъор ба хонандагон собит месозад,ки дар ин арса одами тасодуфӣ нест ва дар паи навҷӯиву навхоҳӣ аст.Ҳамчунон ки оқои Саҳанди Хайрободӣ, муҳаққиқи эронӣ дар пешгуфтори китоби дуюми ӯ менависад: ашъори хонум Тоҳираи Ризозода дар сарзамини ҳунари Эронзамин бӯи пухтагиро ба машоми хонандаи нуктасанҷ мерасонад.Ашъори ӯ метавонад ба ғайр аз лаззати хондан фурсатро барои мунтақиди шеър низ фароҳам оварад.

    Чанд намуна аз китоби «Шеър гуфтан баҳона мехоҳад» барои ошиқони каломи мавзун дар Тоҷикистон тақдим мешавад.

 

Нилуфари ҳусн

Нилуфари ҳуснам, ки дар он фурсати кўтоҳ

Бар қомати мавзуни ту печидаму рафтам.

Чун партави шамъе, ки бар ойина битобад,

Бар чеҳраи шафофи ту рақсидаму рафтам.

Гулбарги танам дар нафаси гарми ту месухт,

Аммо «зи бади ҳодиса» ларзидаму рафтам.

Абре шуда будам ману саршори таманно

Дар пойи қадамҳои ту ғалтидаму рафтам.

Ман шарми шиновар шуда дар шуълаи табро

Бар хилвати хомуши ту пошидаму рафтам.

Бахшой маро,эй тани ту обии дарё,

Чун мавҷ агар аз ту парешидаму рафтам.

Ҷорӣ шуда аз атри танат ин ғазали тар,

Аз лаъли лабат матлаъи он чидаму рафтам.

 

Девор

Руи деворе навиштам:марг бар девор бод!

Марг бар ҳар кас ки мебофад таноби дор бод.

Ҳар ки мехоҳад ҷудоиву сукуту дардро,

Ҳар куҷо девор бошад бар сараш овор бод.

Дастҳо маҳкуми дурӣ,чашмҳо дур аз нигоҳ,

Марг бар ин милаҳои сахту ноҳамвор бод.

Ҳар чи бодо бод,мегўям ман аз ошиқ шудан,

Номи мо чун ошиқон гў бар сари бозор бод.

Моҳи рўятро битобон, то дилам рўшан шавад,

Аз нигоҳат шеърҳои ман тару саршор ,бод.

Аз ҳасодат бар гули рўят назарҳо мезананд,

Ҳар ки ин савдо ба сар мепарваронад,хор бод.

Зинда бодо ишқ ,моно бод шодиву сурур,

Боғи лабхандат ҳамеша тозаю пурбор бод.

 

Зан

Бистари сарди замину илтиҳоби гоми як зан,

Резиши норанҷҳо аз ҳиқ- ҳиқи ороми як зан.

Панҷара дар панҷара ангушти тўҳмат қад кашида,

То бирезад бар сари беосмони боми як зан.

Рубарў,роҳе гурусна туъмааш як буғзи пар- пар,

Пушти сар меларзад имон бар сари фарҷоми як зан.

Турра- турра нолаҳо гум мешавад дар барфу бўрон,

Бод печопечи дард аст,аз таби пайғоми як зан.

Дар кафанпўши зимистон,гургҳои фотиҳахон,

Пеши чашми осмон бар турбати гумноми як зан.

Боз фардо барф мемонад ба рўи дасти ҷода,

Ҳарф мемонад нишонӣ аз тамоми номи як зан.

Танини бол

Қадам- қадам, ки мевазӣ чӣ шоирона мешавад,

Ва шонаҳои шеъри ман гули забона мешавад.

Усораҳои буғзи ман бубин чигуна месурад,

Нафас- нафас ва қатра- қатра рўдхона мешавад.

Хутури  ту агар ба зеҳни турди соқаам мерасад,

Булуғ медамад ба боғу пурҷавона мешавад.

Чу бозувони гул тавони абрро макидаам,

Вагарна буи сурхам ин чунин расо,намешавад.

Анори шавқи ман шукуфта мешавад,суқут мекунад,

Биёр домане, вагарна  дона- дона мешавад.

Ба зеҳни осмони ман намонда радди ҳеҷ кас,

Ба ҷуз танини боли ту, ки ҷовидона мешавад.

Бубин, ки пораҳои пайкарам сукут кардаанд,

Ва иштиёқи ман ба дафтарам тарона мешавад.

Лаҳзаи дидор

Ларзид саропои дилам лаҳзаи дидор,

Лабрез шудам аз ғазали ишқ дигар бор.

Мерехт зимистону хазон аз сари он шаб,

Аммо ба лабам ҷўшиши як бўсаи табдор.

Сармасти шароби гули рўят шуда будам,

Аз ҷоми нигоҳат нигаҳе гарм,талабкор.

Пироҳани шавқам пури парвонаву пўлак,

Аммо дили ту сахт дар андешаи инкор.

Аз шеъру баҳору гулу май,гуфтаму шармат

Шуд лолаи навсарзада бар домани кўҳсор.

Зеботар аз ин чист, ки саршори ту бошам,

Ҳоло, ки тиҳӣ гаштаам аз сояи ағёр.

Рафтам ману он шаб зи хаёли ту гузаштам,

Ҳарчанд, ки дар дасти ту ҷо мондаам ангор.

 

Парниён

Нигоҳам парниёне ҳафтранг аст,

Баҳори доманам хушобу ранг аст.

Лабам омезае аз атри гулҳост,

Ду чашмам шўъланўшу шўху шанг аст.

Ману маҳтоб хоҳархонда ҳастем,

Ту аммо дасти шавқат зери санг аст.

Туранҷи зулфи ман ошуфт дар бод,

Бичинам нозанинам, вақт танг аст.

Фақат ҳушдор! Дастатро набуррӣ,

Ба сирфи инки рухсорам қашанг аст.

Буландои ману кўҳи ғурурат,

Ҳадиси кўҳнаи моҳу паланг аст.

 

 

 

Бўсаи табдор

Гуфтӣ,ки ба чашмат гули пайвастабаҳорам,

Бар хиттаи сарсабзи нигоҳи ту дучорам.

Аз гардиши айёми ту пойиз бурун бод,

Бе рўи гулат ранги сукутам, шаби торам.

Гуфтӣ,ки ғазалпўш намоям саҳаратро,

Дар фурсати ту бўсаи табдор бикорам.

То дар хами гесўи ту маъво накунад шаб,

Бар зулфи сиёҳат гули хуршед гузорам.

Гуфтӣ,ки дилат сахт ғазалгиру баҳорист,

Вақт аст ба юмни нафасат шавқ биборам.

Аз соя наяфтода нагирад нафасат кош,

Ту рангу баҳориву ман ойина надорам.

Шарт аст,ки манъат кунам аз ишқ ба шоир,

Аз фирқаи савдозадаам,шўълатаборам.

Ҳушдор,ки обат накунад сурхии шармам,

Дар биркаат оташ назанад чашми шарорам.

Панҷараҳо

Кўчаҳомон пури овози санавбарҳо буд,

Ҳамаи панҷараҳо рў ба танаффус во буд.

Субҳ бо ҳамҳамаи сабзи дарахтон дар боғ,

Бўи гул аз паси лабҳои саҳар пайдо буд.

Ғазалу ойинаву чашмаю борону баҳор,

Ҳар куҷо буд, яқин хонаи мо онҷо буд.

Пушти парчини баҳорон сафе аз чилчилаҳо,

Бар сари навбати овоз шудан ғавғо буд.

Ҷодаҳо пуртапиш аз шўру сафо буду умед,

То фаросўи муҳаббат ҳама ҷо бо мо буд.

Ёди он кўчаи хис аз нафаси отифа,бод!

Ки дар он чатри ҳаё бар сари хоҳиш во буд.

Нишонӣ

Сартосари шеърам ҳама шўр асту ҷавонӣ,

Саршорам аз ойинаву тасвиртаконӣ.

Атрам ману маввоҷ шуда аз нафаси ман,

Дар боғи ғазал содагиву шаҳди маъонӣ.

Эъҷозу сухандониву зебоиву парвоз,

Мепошам аз имони худу лутфи ниҳонӣ.

Эй ташнаи идрок!Бизан дил ба зулолам,

То пур шавад эҳсоси ту аз дурри ямонӣ.

Эй муддаъии шеър!Макун хаста қаламро,

Чун бар лаби ту нест ба ҷуз ёвапаронӣ.

Бас кун!Дили ойина гирифтаст ба Мавло,

Аз ин ҳама такрори ғаму марсияхонӣ.

Дар шаҳри нишотам ману дар кўчаи лабханд,

Ҳар кас, ки бигирад зи ғазалҳом нишонӣ.

Хонаи матрука

Мурдем дар ин хонаи матрукаи дилгир,

Моро бибар эй ишқ, аз ин дахмаву занҷир.

Дар қаҳтии борону гули сурху парасту,

Мо дил ба ту додему ба ояндаи тақдир.

Шояд, ки баҳоре бивазад аз нафаси ту,

Бар домани хушкидаи ин боғи замингир.

Гум шуд дили маҳтобии мо пушти ғазалҳо,

Дар тирагии қофияву ғурбати тасвир.

Ин кўчаву ин роҳ расидаст ба бунбаст,

Вақт аст, ки вайрон шавад ин ҷодаи бепир!

 Шохмансури Шохмирзо

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: