«Гаҳвораи заррин» – и Шоҳмирзо Хўҷаев нашр шуд


 Чанде қабл нашриёти «Меъроҷ» асари тозаи нависандаи тоҷик Шоҳмирзо Хўҷаев (Хоҷамухаммад)- ро таҳти унвони «Гаҳвораи заррин» ба нашр расонид. Ин асар устурае аз асотири кўҳистонист, ки ҳақиқате аз ҳақиқатҳои урёнро дар худ таҷассум намудааст. Дар асари мазкур аносири далелу исбот, масалу макол, илму дин, назму наср, ҳаҷву фантастика чун тору пуд ба ҳам омехта, дар ниҳоят  навиштае хонданй ба бор омадааст, ки кас аз мутолиаи он манзараи дилангези Лангари Мастчоҳ ва шуҷоату набардҳои рустамонаи сокинонашро пеши чашм хоҳад дид.

Нависанда дар ин асар аз нозукиҳои рўзгори мардуми  деҳаи Лангари Кўҳистони Мастчоҳ ба хонанда иттилоъ медиҳад. Ин асарро метавон  шиносномаи Лангар донист.

 Дар пешгуфтори асар шоири тоҷик Маликнеъмат  мегўяд, ки «Фалсафаи » Гаҳвораи заррин»  ҳар нафареро, ки гунахкор ва баландандеш бошад, суи худ рох намедихад, пок ва мубарро чун дили хар фарди кухистон аст.»

 Зимнан ёдовар мешавем, ки Шохмирзо Хуҷаев зодаи нохияи Мастчох, узви Конфедератсияи байналхалкии журналистон, муаллифи китобхои «Сурмаи дил» (хамрох бо писараш Шохмансур) , «Гулшани дилхо» ва «Касидаи ҷавонмардй»  буда «Ахтари зулматсуз» асари ҷахорумини уст, ки аз рузгору корномаи Кахрамони Мехнати Сотсиалистй зиндаёд Навруз Раҷабов хикоят мекунад.

Шоистаи зикр аст, ки  Шохмирзои Хоҷамухаммад барои китоби «Ахтари зулматсуз» ва хамчунин асари этнографии «Сурмаи дил» аз тарафи Академияи Қафқоз барандаи ду нишони ин ниходи муътабар -Ҷоизаи Лермонтов ва 200-солагии пайвастани Қафкоз ба Русия шудааст.

«Гахвораи заррин» асари ҷадиди муаллиф  асотире аз устураи кухистон мебошад, ки дар мавриди мардумшиносй низ бахс мекунад.

Фирдавси Аъзам

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: