Чанде қабл нашриёти “Андеша” дар шаҳри Хуҷанд асари тозаи нависанда ва адиби хушсалиқаи тоҷик устод Шоҳмирзо Хоҷамуҳаммадро бо теъдоди 235 саҳфа таҳти унвони “Боғи сабзи падар” ба чоп расонд. Асари мазкур дар бораи зиндагӣ ва фаъолиятҳои сутудаи Муҳаммадамин Шарифов – яке аз симоҳои матраҳи соҳаи маориф ва фаъоли ҷамъиятӣ ҳикоят мекунад. Қаҳрамони ин китоб дар ҳарду Масчоҳ – ҳам кўҳна ва ҳам нав солҳои сол дар хизмати мардум буд ва нависанда кӯшидааст дар пешорӯи хонанда симои ин зиёии пешқадам, хайрхоҳ, ботадбир, саховатманд, аҳли салоҳ ва дар маҷмўъ инсони намунаро муҷассам созад.
Ёдовар мешавем, ки Шоҳмирзои Хоҷамуҳаммад бештар дар мавзўъоти фарҳангию иҷтимоъӣ менависад ва низ тасвири зиндагии мардони шоистаи кишвар аз бахшҳои дигари эҷодиёти ӯст. То кунун аз ин нависанда наздик ба 1000 мақола дар матбуоти ҷумҳурӣ ба нашр расидааст. Шоистаи зикр аст, ки Шоҳмирзои Хоҷамухаммад барои китоби “Ахтари зулматсўз” ва хамчунин асари этнографии “Сурмаи дил” аз тарафи Академияи Қафқоз барандаи ду нишони ин ниходи муътабар – Ҷоизаи Лермонтов ва 200-солагии пайвастани Қафқоз ба Русия шудааст.
Шоҳмирзои Хоҷамуҳаммад тӯли фаъолияти тӯлонӣ дар матбуот дар чандин нашрияи ноҳиявиву вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ – “Машъал” – и ноҳияи Мастчоҳ (мудири шўъбаи маънавиёт), маҷаллаи “Агитатори Тоҷикистон”, Садо ва Симои Ҷумҳурӣ, нашрияи “Ориён” ва қабл аз нафақа муҳаррири нашрияи “Паёми дӯст” дар Масчоҳ буд. То кунун аз ин муҳаққиқ ва нависанда китобҳои зерин мунташир шудаанд: “Сурмаи дил”(Хуҷанд, 1997, ҳамроҳ бо писараш Шоҳмансур), “Қасидаи ҷавонмардӣ” (Хуҷанд, 1998), “Ахтари зулматсӯз” (Хуҷанд, 2000), “Гулшани дилҳо” (Хуҷанд, 2001), “Гаҳвораи заррин” (Хуҷанд, 2012).
“Боғи сабзи падар” китоби тозаи муаллиф мебошад, ки мучассамгари инсони намуна ва боғест, ки хонандаро ба сўи маънавият ва инсоният ҳидоят мекунад.
Гуфтанист, Шоҳмирзои Хоҷамуҳаммад аз ҷумлаи он нависандагони тоҷик аст, ки осораш дар саҳифаи ҷаҳонии интернет дар торнамои шахсии ӯ таҳти унвони “Ахтари зулматсӯз” (http://akhtarizulmatsuz.blogspot.hu/ )қобили дарёфт ва мутолиа аст, ки аз тамоми ҷаҳон мешавад онро дастрас намуд ва ҳамарӯза алоқамандони зиёде дар нуқоти мухталифи олам вориди он мешаванд ва фикру мулоҳизаи худро дар мавриди навиштаҳои ин пажуҳишгар иброз медоранд. “Боғи сабзи падар” низ ба сурати комил дар ин торнамо ҷой гирифта аст.
Фирдавси Аъзам