«Девон»-и Рӯдакӣ дар таҳия ва тавзеҳи донишманди тоҷик бо хатти форсӣ дар Эрон мунташир шуд


«Дево_MG_6328н»-и Устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, нахустин гӯяндаи бономи шеъри форсӣ, ки тавассути Қодири Рустам,муҳаққиқи варзидаи тоҷик дар соли 2007 дар шаҳри Олмотии Қазоқистон мунташир шуда буд, дар Теҳрон бо хатти форсӣ ба нашр расид.Ин «Девон»,ки дар тоҷикӣ таҳти назари доктор Сафари Абдуллоҳ ба чоп расида буд,аз сӯи Шоҳмансури Шоҳмирзо,коршиноси фарҳангии умури Тоҷикистон дар Муассисаи фарҳангии ЭКО бо хатти форсӣ баргардон шуд, тавассути доктор Ҳасани Анўша ,пажуҳишгари саршиноси эронӣ вироиш шудааст.Ношири китоб Муассисаи фарҳангии ЭКО мебошад.
«Девон»-и Рӯдакӣ,ки бо тасҳеҳ, таҳия ва таълиқоту ҳавошии Қодири Рустам омода шудааст,дарвоқеъ барои хонандаи эронӣ ҷаззоб ва пураҳамият хоҳад буд,зеро ҳарчанд бузургтарин пажуҳиш дар бораи Устод Рӯдакӣ ва ашъори ӯ китоби Устоди зиндаёд Саиди Нафисӣ «Муҳити зиндагӣ ва аҳволу ашъори Рӯдакӣ» мебошад,аммо баъд аз нашри ин китоб тақрибан кори мондагор ва пурарзишу академӣ дар мавриди Устод Рӯдакӣ ва осори ӯ дар Эрон ва Тоҷикистон анҷом нашуд ва дар осори мунташиршуда низ иштибоҳ ва камбудҳои фаровон дида мешаванд.
Қодири Рустам дар сарсухани муфассали хеш,ки бар «Девон» нигошта, аз таърихи рӯдакипажуҳӣ дар Эрону Тоҷикистон,Русияву Покистон ва дигар кишварҳо дар 50 соли ахир ёдоварӣ намуда, дар бораи вуҷуд надоштани матни нисбатан саҳеҳ ва комили осори Устоди шоирон изҳори таассуф намудааст. Муаллиф сипас дар идома матни саҳеҳ ва дурусти ашъори Рӯдакиро,ки иборат аз қасида, ғазал,қитъа,пораҳои бозмонда ва рубоиёт мебошанд, меоварад ва ба шарҳу тафсири онҳо мепардозад,ки бидуни шак муҳимтарин қисмати «Девон»- и мазкур аст ва барои алоқамандону аҳолии фарҳанг арзиш ва аҳамияти фаровон дорад, чунки муҳаққиқ бо такя бар манобеъи мавҷуд ҳамаи костӣ ва норушаниҳоро дар ин замина рафъ намуда ва нусхаи саҳеҳ ва дур аз ғалати шеъри соҳибқирони шоириро дар ихтиёри хонанда қарор медиҳад.
Низ дар бораи абёти дигарон,ки ба номи Рӯдакӣ забт шудаанд ва ин иштибоҳро, ки дерест дар адабиётшиносӣ ба як муъзал табдил ёфтааст, мавриди баррасии амиқ қарор медиҳад,зеро таври маълум дар пажуҳишҳои анҷомшуда дар бораи падари шеъри форсӣ бисёре аз абёт ва ашъори ӯ ба шоирони дигар, аз ҷумла Шаҳиди Балхӣ, Абӯшакури Балхӣ, Абулмасал, Абулаббоси Бухорӣ, Шокири Бухороӣ, Кисоии Марвазӣ, Тайёни Марвазӣ, Оғоҷӣ, Фирдавсӣ, Фаррухӣ, Унсурӣ, Алии Қарти Андигонӣ… мансуб шудаанд ё баръакс ашъори шоирони дигарро ба Рӯдакӣ мансуб донистаанд,ки муҳаққиқи мудаққиқ парда аз рӯи ин сӯитафоҳумот бармедорад.
Дар бахши тавзеҳот Қодири Рустам бо такя бар манобеъ ва навиштаи луғатномаю фарҳангҳои муътабар ва овардани мисол ва намунаҳои зиёд сурати саҳеҳи вожагон ва мисраъ ва таркибҳои ашъори шоирро собит месозад,ки манобеъи мавриди назари ӯ 79 китоб ва 13 мақола аз аҳли таҳқиқи кишварҳои мухталиф мебошанд.Divane Roudaki
Ҳамчунонки Ҳасани Анўша дар номае ба Муассисаи фарҳангии ЭКО менависад: «Мусаҳҳеҳи муҳтарам якояки ашъори бозмондаи Рӯдакиро ковида, нуктаҳои дақиқ ва санҷидае аз онҳо берун кашида ва тавзеҳоти рӯшангаре дар бораи онҳо додааст.Эшон дар ин тавзеҳот бар бисёре аз гӯшаҳои торики ашъори Рӯдакӣ рӯшанӣ афканда ва аз ибҳомоти он парда бардоштааст.Афзун бар ин оқои Рустам абёти тозае аз сурудаҳои Рӯдакиро, ки аз баракати чопи порае аз мутуни куҳан пайдо шудаанд. аз онҳо берун кашида ва ба «Девон»-и Рӯдакӣ афзудаанд ва бар порае абёти мунтасаб ба Рӯдакӣ,ки дар дафтар ва девони шоирони дигар пайдо шудаанд,хати бутлон кашидаанд.Истиботҳо ва истидрокҳои эшон дар тавзеҳот,ки шумори онҳо ба понсаду шаст мерасад, дар бисёре маворид дуруст ва пазируфтанист….Кори эшон,ки бар пояи заҳмати дигарон, бавижа устод Саиди Нафисӣ ва Абдулғанӣ Мирзоев устувор аст, мунаққаҳтарин (поккардашуда, каломи ислоҳшуда) ва дақиқтарин пажуҳиш дар бораи Рӯдакӣ боқӣ хоҳад монд».
Доктор Ҳуҷҷатуллоҳи Аюбӣ, раиси Муассисаи фарҳангии ЭКО дар пешгуфторе, ки бар «Девон» навишта, бар аҳамияти ҷойгоҳи Устоди шоирон дар адабиёти форсӣ ва ҷаҳон ва низ зарурати анҷоми пажуҳишҳои бештар ва амиқтар дар ин заминаро таъкид менамояд ва менависад:»Дар мавриди зиндагӣ ва осори қофиласолори шеъри форсӣ,ки ба қавли Абулфазли Балъамӣ — таърихнависи номдор «ӯро дар Араб ва Аҷам назир нест»,ҳазорон таҳқиқ ва пажуҳиш ва мақолаву рисола дар Шарқу Ғарб аз сӯи аҳли адаб чӣ дар гузашта ва чӣ имрӯз бо забонҳои мухталиф анҷом шуда,ки ҳамагӣ бар ин нукта таъкид доранд: Рӯдакӣ шеъри форсиро бунёд ниҳод ва ба масобаи хуршедест,ки анвори он бар ақсо нуқоти ҷаҳон метобад ва қалби олиму омиро мунаввар мекунад.
Шеъри Рӯдакӣ бо онки бархе онро як миллиону сесад ҳазор мисраъ гуфтаанд ва аз газанди рӯзгорон танҳо ҳазор мисраъ то ба рӯзгори мо расида, таровату тозагии худро аз даст надода,балки бо мурур шоху ҷавонаҳои нав аз ин дарахт бармерӯяд ва то гӯши суханшунав боқист,сарводаҳои ӯ боқӣ хоҳад монд. Далели ин шоистагӣ ҳамоно мавзўъи мондагори онҳо — некӣ ва накукорӣ, хирадварзӣ, дӯстӣ, гузашт, адолат ва муҳаббат будаааст.»
Фирдавси Аъзам,
PC:
«Девон»-и мазкур бо хатти Устод Муҳаммади Ҳайдарӣ, устоди хат ва хушнависии Эрон тазйин ёфта ва бо шуморагони 2000 мунташир шудааст.
«Девон»-и Рӯдакӣ дар ҳамоиши фарҳангӣ ҳунарии кишварҳои форсизабон, ки бо ҳиммати Муссисаи фарҳангии ЭКО дар ҳафтаи гузашта дар Теҳрон барпо шуд, бо ҳузури аҳолии фарҳанг ва ҳунар дар «Толори Шамс»-и ин Муассиса, рӯнамоӣ гардид.

Реклама

Один ответ

  1. Reblogged this on Ustrushana and commented:
    хеле хабари хуш!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: