«Солехаи даврон» зухур кард.


solehai davron

Чанде кабл нашриёти «Меъроч» китоби тозаи нависанда ва адиби точик Шохмирзo Хочамухаммадро тахти унвони «Солехаи даврон» нашр намуд.“Солеҳаи даврон” — китоби тозаи Шоҳмирзои Хоҷамуҳаммад,  узви Конфедератсияи байналмилалии рӯзноманигорон дар бораи зиндагӣ ва корномаи Солеҳамоҳ Раҳматуллоева (1953 — 2002) — нависанда, фаъоли иҷтимоӣ, узви Иттифоқи журналистон ва  нависандагони Тоҷикистон ҳикоят мекунад, ки ба қалами ӯ беш аз 500 мақола, 4 китоб ва чандин рисола тааллуқ дорад. Ошноӣ бо корномаи ин зани фаъол ва ҳақиқатнигор, дардошно, дилсӯзи мардум ва ҷомеа дар пеши назари мо симои зани диловару кордонро муҷассам менамояд.

Лозим ба зикр аст ки Солехамох Рахматуллоева  моҳномаи «Маҳрам» — ро дар нохияи Ашт таъсис дод, ки сардабири он худи у буд ва  ин мохномаро аз хисоби худ мунташир менамуд.

Солеҳамоҳ Раҳматуллоева яке аз эҷодкорони пурмаҳсул буд ва ба қалами ў беш аз 500 лавҳа, очерку қисса, таронаю публисистика тааллуқ дорад, ки мавзўъҳои ғалабаи халқи советӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, меҳнат, Ватан, ишқи самимӣ, иродаю матонати Зан — Модарро фаро мегирифтанд.

Ёдовар мешавем, ки Шоҳмирзои Хоҷамуҳаммад бештар дар мавзўъоти фарҳангию иҷтимоӣ менависад ва низ тасвири зиндагии шахсиятҳои шоистаи кишвар аз бахшҳои дигари эҷодиёти ӯст. То кунун аз ин нависанда наздик ба 1000 мақола дар матбуоти ҷумҳурӣ ба нашр расидааст. Муаллифи китоб барои таълифи осоре дар заминаи мардумшиносӣ ва пайкори тоҷикон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз сӯи Академияи Қафқоз бо нишонҳои Лермонтов ва медали 200 — солагии ҳамроҳ шудани Қафқоз ба Русия тақдир шудааст.

   Гуфтанист, Шоҳмирзои Хоҷамуҳаммад аз ҷумлаи он нависандагони тоҷик аст, ки осораш  дар саҳифаи ҷаҳонии интернет дар торнамои шахсии ӯ таҳти унвони “Ахтари зулматсӯз” қобили дарёфт ва мутолиа аст, ки аз тамоми ҷаҳон  мешавад онро дастрас намуд ва ҳамарӯза алоқамандони зиёде дар нуқоти мухталифи олам вориди он мешаванд ва фикру мулоҳизаи худро дар мавриди навиштаҳои ин пажуҳишгар иброз медоранд. “Солеҳаи даврон” низ ба сурати комил дар ин торнамо ҷой хоҳад ёфт.

Фирдавси Аъзам

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: