Фирдавси Аъзам:Ман шоири шумояму колои ман вафост…


yak baghal ghazal londonМаҷмӯаи шеъри «Як бағал ғазал»- и шоири ҷавони тоҷик Фирдавси Аъзам, ки чанде қабл дар шаҳри Теҳрони Эрон нашр шуда буд, дар шаҳри Лондони Ингилистон аз сӯи интишороти H&S Media-и Лондон бо саъй ва эхтимоми рузноманигори точики мукими Лондон Дориюши Рачабиён дубора мунташир шуд.Албатта, дар хориҷ аз кишвар интишор шудани маҷмӯaи шеъри шоир аз як сӯ ҳосили ҳунар ва истеъдоди фитрӣ бошад, аз сӯи дигар самари истиқлолияти давлатии кишвар аст, ки чунин фазои ободу созандаро барои зиндагиву эҷоди насли ҷавон фароҳам овардааст. Бо баҳонаи нашри дувумин китоби шоири ҷавону боистеъдод дар Лондон бо Фирдавси Аъзам сӯҳбате доштем, ки фишурдаи онро манзури хонандагон мегардонем.

Фирдавси Аъзам 21 ноябри соли 1984 дар рустои Худгифи Сояи ноҳияи Масчоҳ чашм ба ҷаҳон кушод. Фориғуттаҳсили риштаи забонҳои хориҷии Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ва мутарҷими забони англисист. То кунун навиштаҳо ва чакомаҳояш дар нашрияхои Тоҷикистон ва торнамоҳои мухталифи Эрон, Афғонистон мунташир шудаанд.

— Сароғоз бо дуруди фаровон интишор шудани маҷмӯаи «Як бағал газал»-ро дар кишварҳои Эрону Инглистон муборакод мегӯем. Албатта дар синни ҷавонӣ нашр шудани китоб дар ду кишвари бонуфузи ҷаҳон боиси ифтихор ва саодати мо насли ҷавони кишвар аст. Лутфан бигӯед, ки нашри китоб дар ин кишварҳо чигуна даст дод?

-Сипосгузорам. Нашри ин китобро ба аҳли адаби кишвар низ муборакбод мегӯям. Чун дар шабакаи иҷтимоии фейсбук аксаран шеърҳоямро бо дабираи порсӣ мегузорам, ин боис шуд то доираи мухотабон зиёд шаванд ва интишороти Пуёни Теҳрон пешниҳод кард, то аз ҳисоби хазинаи худаш маҷмӯаи шеъриямро нашр кунад. Баъд аз интишори маҷмӯа дар Теҳрон интишороти H&S Mеdia-и Ландан дубора онро нашр кард, ки ман аз ин икдомот сипосгузорам.

— Огоҳем, ки «Як бағал ғазал» дувумин маҷмӯаи ашъори шумост ва пештар аз ин соли 2012 аввалин маҷмӯаи шеърҳоятон бо номи «Абрҳои обӣ» дастраси ҳаводорон гардид. Лутфан бигӯед, ки аз нигоҳи хеш Фирдавси Аъзам аз маҷмӯа то маҷмӯа то куҷо рушд карда?

-Ба назари ман шеърҳо ва сурудаҳое, ки дар «Абрҳои обӣ» гирд омадаанд, бештар бозгӯи мавзӯъҳо, эҳсосот ва нигоҳи шахсии ман ба зиндагист, яьне дар маҳдудаи нигоҳу хостаҳои шахсии худ ба зиндагӣ нигоҳ кардаам. Дар «Як бағал ғазал» ба андешаи ман як андоза биниши муаллиф ба зиндагӣ ва дарки ҳастӣ фарқ дорад. То андозае аз нигоҳи қабли фосила гирифтам ва нигоҳи тозае бо дардҳои иҷтимоъ пайванд хурд. Дар ин китоб бештар ба мавзӯъҳои ишқу муҳаббат, фарҳанг таърих, иҷтимоъ ва мушкилоти ҷомеа руҷӯъ шудааст. «Як бағал ғазал», ки шомили 30 ғазал аст ба баҳонаи сисолагиям нашр шуд.

-Яъне ба назари шумо дар дувумин маҷмӯа андешаи Шумо то андозае ба камол расид. Мехостем дар мавриди нақши «андеша» ва «эҳсос» дар офариниши шеър назари Шуморо донем.

-Гоҳе пеши худам фикр мекунам, ки гузаштагони мо дар осори хеш бо беҳтарин шакли гуфтор ва бо истифода аз саноеи бадеӣ ҳамаи гуфтаниҳоро гуфтаанд ва чизе барои гуфтан намонда, аммо боз андеша дорам, ки як шоири муваффақ метавонад ҳамон гуфтаҳоро дар қолаби имрӯзӣ ва ба навъи тозаву тар сарояд. Яъне гуфтани он чӣ, ки гуфта шуд бо бинишу нигариши нав, бо пушиши тоза. Дар ҷаҳони имрӯзи шеър агар харфи тозае гуфтан натавонӣ фикр мекунам бехтар аст шеър насароӣ.
Яъне андеша дар шеър паёмовари тафаккурот ва тахаюлоти бикру тоза аст. Эҳсос аз дигар аносирест, ки бояд дар шеър ва шоир бошад. Яъне, барои ин ки битавонӣ чароғи шеърро шӯълавар кунӣ бояд, ранҷе, дарде, ҷунуне дошта бошӣ то тавонӣ дар ин рох қалам ба даст бигирӣ.
Мегӯянд, ки «сухан ки аз дил бархост бар дил нишинад», вақте як шоир эҳсоси ғаму андӯҳ, дардро битавонад ба мухотаби шеъри худ ироа намояд ва аз умеду орзуи ӯ бисарояд мусалламан тавониста аст, ки он эҳсосро ба дилҳои мухотаб интиқол диҳад.
Чизе, ки шеърро устувору хонданбоб мекунад ҳамин андешаву эҳсос ва тахаюл аст.
Вақте шумо ба бозор меравед ҳатман дӯст доред як колои босифату боарзиш ва албатта, бокайфияти болоро бихаред, дар дунёи шеър низ ҳамингуна аст. Хонадагон аз шоирон шеъри баландро тақозо доранд. Ва албатта чун ҳамеша имрӯз низ ин бастагӣ ба ҳунари шоир дорад ки, чи гуна метавонад колои шеърашро дар ин бозори пурхаёху бифурушад.
Мусаллам аст, вакте шеър ноб аст, мисли нонест, ки тоза аз танӯр омада, роҳат ба дилҳои мардум менишинад ва он мавриди истиқболи густардаи хонандагон карор мегирад.

-Ба андешаи Шумо оё дидгоҳи як шоир вежагиҳои хоси худро дорад?

-Нигариш ба атроф ва он чӣ ки дар он иттифоқ меафтад, кори ҳар кас нест, хама чашм доранд, аммо ҳама наметавонанд зебоӣ ва ё он чӣ дар атрофашон иттифоқ меафтадро бубинанд. Ва ин шоир аст, ки ҳамеша дар ҳоли нигариш ва тамошост ва кунҷкову ғарқ дар дунёи атрофи хеш аст, то битавонад вокуниш, таасурот ва бардоштҳояшро табии ва шоирона матраҳ намояд.
Ба назари ман танҳо чашми шеъру шоир ин қудратро дорад, ки нузули қатраҳои борон, хиш-хиши баргҳои зери по, тобиши ситораву моҳ, ҳасрати гулдони холии назди панҷара, охарин нафаси шабнам рӯи баргҳо ва сабзаҳоро истишмом, кунад, бинад ва дарк кунад. Вақте ин ҳамаро мебинад, ҳис мекунад, дигар навбат ба дарку санҷишу андешидан мерасад. Як шоири муваффақ бояд ҳамингуна бархурдро ба табиат ва атрофаш дошта бошад. Дар ҷаҳони имрӯзи диҷитолӣ ва электрунӣ барои шоир сухани нав ва ҷаззоб гуфтан кори осоне нест. Бо кӯмаки ҳамин биниши дарунию берунӣ ва бо истифода аз бардоштҳои зоҳириву зеҳнӣ метавон як кори боарзише эҷод кард ва мавқеи худро дар ҷомеаи адабӣ пайдо кард.

Худи Шумо чаро шеър мегӯед?

-Борҳо аз худам суол кардаам, ки чаро шеър мегӯям? Аслан чӣ зарурат дорад, ки шеър бигӯям? Намешавад, ки нагӯям? Ва ё ҳоло, ки тавонашро дорам, бояд бисароям? Ва даҳҳо ба ин монанд саволҳо…
Аммо вақте ки қобилияти гуфтанро дорам ба унвони рисолати иҷтимоӣ ва адабӣ мутааҳид ҳастам, ки дар сурудани шеър ба унвони як нафар паёмрасон қаламфарсоӣ кунам. Гоҳо иттифоқоте пушти пардаи нохудогохи зехнам рух медиҳад ва рӯҳу ҷони маро тасхир мекунад ва водор мекунад ба гирифтани қалам. Ба гуфти Нитче,»агар дард набуд, шоирон ва мургхо куд- куд намекарданд». Воқеан, он чӣ, ки маро водор ба навиштан мекунад, ҳамин гуна эхсосҳо, нигаришу бинишу бардоштҳост, ки бидуни ихтиёр маро савор бар боли сеҳромези вожаҳо мекунад ва мебарад то он дурҳо, он ҷое, ки дигар маҷбурӣ рӯи коғазро сиёҳ кунӣ ва руху дилатро навье тахлия (холи) кунӣ. Шеър гуфтан барои ман навъе тахлия кардан аст. Вакте ки зеҳн обастани ин гуна гуфтаҳо, бардоштҳо ва.. мешавад, билохира бояд чизе гуфт ва сабук шуд. Дар ин маворид чӣ беҳтар аз Шеър.!
Ман аксар вақт тавассути шеърам ҳисси ҳамдардии худамро нисбат ба мухотабам баён мекунам. Як шоири муваффақ он вақт шеъраш таҳти таъсир қарор мегирад, ки битавонад бо хонандагонаш ҳамдарду ҳамақидаву ҳамзамон бошад. Ин хеле муҳим аст. Яъне мухотабро ҳамроҳи шеърат то уфуқи рӯшани хаёлу эҳсосотат бубарӣ. Шоир бояд мисли ойина бошад, софу зулол. Садоқату ростӣ яке аз аносрест, ки ҳар шоир бояд онро доро бошад. Рӯҳи тавонмандашро ба хотири пашизе олудаи мадҳу ситоиши дигарон ва тақлид аз дигарон накунад. Атрофро аз сари некиву покӣ бингарад. Инҷост, ки Мавлоно мегӯяд:
Ойинаaт донӣ чаро ғаммоз нест?
Чун ки зангор аз рухаш мумтоз нест.

— Дар «Як бағал ғазал» бештар ғазалҳоятон аз иҷтимоъ мегӯяд

Бале, дуруст фармудед. Дар ҷомеаи башарӣ ҳар фарде сохиби ӯҳдадоирҳо ва масъулиятҳост. Аз ҷумла шоирон низ мутааҳиди коре ҳастанд. Вазифаи ҳар шоир дар ҳар ҷомеае ин аст, ки ба василаи завқи ҳунарие, ки соҳибанд, эҳсосу дарк ва авотифи инсониро дар шеърашон ғунҷоиш диҳанд ва ба дигарон мунтақил намоянд. Шоирро лозим аст, ки дарёфтҳо, мушоҳидахо, вокунишҳо ва бардоштҳои худро бо баёни завқи хунарии худ ба дигарон бирасонад. Ман ҳам ба унвони як нафар раҳгузори кӯчаҳои сабзи шеър талош мекунам ҳамин вазифаро иҷро намоям. Холо дар ин роҳ то чӣ андоза муваффақ будаам вогузор мекунам ба хонанда. Гуфтаанд, ҳар чизе ба ҷои хеш некӯст, агар шоир битавонад дар иртиботи инсонӣ вазифаи худро хуб анҷом диҳад, он ҷомеа бешак рӯ ба рушд хоҳад гузошт.
Ногуфта намонад, ки дар дунёи имрӯз нақши шеъри иҷтимоӣ ончунон, ки бояд бошад нест, камранг аст. Мавзӯи аксар шоиронагиҳо, ошиқона ҳастанд, аз иҷтимоиёт ва дарду мушкилоти воқеии мардум кам мегӯем. Бештар аз дарди худ мегӯем то мардум, аз эҳсосу авотифи худ мегуем, то дигарон.
Бархурдамон бо масоили иҷтимои беранг аст, заиф аст. Дар ҳоле, ки бояд қави бошад, чун адабиёт ва иҷтимоъро наметавон аз ҳам ҷудо кард.
Шоир бояд таҳти таъсири руйдодхои иҷтимоии ҷомеаи худ бошад ва сайъ намояд, ки дар он таъсиргузор бошад. Нисбат ба дарду ормонҳои мардумаш бетафовут набошад. Ба назари ман шоир ҳассостарин фарди ҷомеа аст. Ва ӯст, ки нисбат ба сарнавишти мардум ва хостаҳову ниёзҳои онҳо соҳиби нигоҳи мутафовит аст ва ӯст ки ҷахони атрофашро ба мухотаб ироа ва бозсозӣ мекунад.

-Медонем, ки дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук фаъолед. Ба фикри Шумо рушди техноложӣ ва вуруди бемайлони интернет ба зиндагӣ ба шеър ва шоир чӣ таъсир мегузорад?

-Аввалҳо вақте, ки дар фейсбук шеър мегузоштам, шоҳиди баҳ- баҳу чаҳ- чаҳи мухотабони гуногуне мешудам ва росташ аз ин таҳсину офаринҳо хушам меомад, пеши худам фикр мекардам шеърам «баланд» будааст. Аммо на, баъдан ба худ омадам ва дигар асири ин васвасахои маҷозӣ нашудам.
Ман фикр мекунам ин тайидхову таҳсинхову ташвиқҳо мунҷар ба уфту хезҳо ва осебҳои зиёде ба худи шоир мешавад. Интишори ашъор дар фазоҳои маҷозӣ ва аз сӯи мухотаб пазируфта шудани осорашон ҳаргиз маънои онро надорад, ки ба муваффакият расидаанд. Баръакс мӯъҷиби шикасташон мешавад, чун дар ин гуна фазохо касе чуз таҳсину офарин чизе намегӯяд ва интикод намекунад ва шоир фикр мекунад ба ҷое расида аст ва ин низ метавонад ба фазои адабиёти воқеӣ низ осеб бирасонад.
Дар баробари ин ҳастии шабакаҳои иҷтимоӣ ва маҳфилҳои маҷозӣ имкон медиҳад равобити шуарои манотиқи гуногуни кишварро бештар кунад ва пайванди ҳамзабонони мо Эрон ва Афғонистонро густариш диҳад. Ба нашр расидани «Як бағал ғазал» низ ҳосили ҳамин рушди равобити маҷозист.

Барои сӯҳбати самими ташаккур, мурғи илҳоматон ҳамеша дар парвоз бошад.
-Сипос, сарбаланд бошед.

Сухбати Гулчахон Махкамова

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: