Featured

КУРӢ

Гуфтанд иттифоқи милал рӯи касрат аст
Чизе ки дар замонаи мо нест Ваҳдат аст!
Инсон ба чашми танги шумо “Масх”-и Кофкост
Мавҷуди зиштрӯ ки сазоврои нафрат аст!
“Кӯрӣ” ки худ хулосаи имрӯзи одам аст
Мақсуди ин китоб набуди басират аст!
Continue reading “КУРӢ”

Featured

#ДУ_УҚОБ #ПИРУ_МУРИД

Имрӯз 20.05.2018 зодрӯзи ду устураи адабиёти муосири Тоҷикистон, пиру мурид, устоду шогирд, ду абармарди беҳамто, ду шоири дардошно, ду пояҳои устувори назми тоҷик, устодони равоншод Муъмин Қаноъат ва Лоиқ Шералӣ аст.
Ҳар ду дар як рӯзу як моҳ ба дунё салом гуфтанд – Устод Муъмин Қаноъат 20 майи соли 1932 ва устод Лоиқ Шералӣ 20 майи соли 1941 ба дунё омаданд. Аммо падрудашон фарқ мекард. Лоиқ дар синни 59 солагӣ чашм аз ҷаҳон барбаст ва агар умр вафо мекард, устод Муъмин Қаноъат имрӯз дар ҳалқаи пайвандон 86 – солагияшро ҷашн мегирифт, ки шӯрбахтона зодмаргашро ба сӯг менишинем.
Continue reading “#ДУ_УҚОБ #ПИРУ_МУРИД”

Featured

Барои устод Қаноъат

Шунидам, ки устоди шеъри буланд
Ки буд рӯзгоре каме дардманд

Ба ҳаштоду шаш омаду пар кашид
Дилам хун шуд аз дида ашкам чакид

Дуо мекунем аз Худованди ҷон
Ки шодӣ бубахшад ба рӯҳу равон

Бубахшад ба ҷонаш шукӯҳи дигар
Набахшад ба мо ғуссае бештар

Ки мо худ ба андоза ғам дидаем
Хуширо, дареғо ки кам дидаем
Continue reading “Барои устод Қаноъат”

Featured

#ХУДАМ_БАРОИ_ХУДАМ_ЯК_РАФИҚ_МЕМОНАМ

Дилам гирифт, дилам мурд аз ҳавои шумо
Куҷо равам, ки раҳо бошам аз ҷафои шумо

Ба сӯи ғурбати талх аз диёр кӯч кунам?
Ки “танг” мекунам ин шаҳрро барои шумо!

Мане, ки дар бағалам сад чароғ месӯзад
Чаро қадам бигузорам ба ҷойпои шумо!?
Continue reading “#ХУДАМ_БАРОИ_ХУДАМ_ЯК_РАФИҚ_МЕМОНАМ”

Featured

ИНЧО ФАЛАСТИН АСТ

Дар саҳнаи замин
Рақси гулӯлаҳост
Хунрезиву асорату куштору тиру ҷанг
Шаҳре харобгаштаву тифле миёни хун
Овози даҳшатовари бумбу туфангҳост
Инҷо Фаластин аст!
Инҷо ҳалокат асту шаҳодат, таҷовуз аст
Овози гиряҳои ҳазорон фариштаҳо
– Ин кӯдакони аз падару модарон ҷудо
Сад сояи шикаставу сад рӯҳи бенаво
Ҷое, ки осмони сиёҳаш гирифта аст
Борони ҷангу ҳодиса ба боми хонаҳо
Саррез мешавад…
Continue reading “ИНЧО ФАЛАСТИН АСТ”