Дарахтҳои ҳезумшуда


Бидуни муқаддима….
Вақте ки тавоноии куллӣ дар анҷоми кӯчактарин умур, тасмим ва барномаеро надорем, вақте ки ҳаққи интихобро аз мо салб мекунанд, вақте ки аз рӯи иродаи шахсӣ дар анҷоми коре оҷизу нотавонем, вақте ки гуфтору кирдору рафторамонро бо чаҳорчубаҳо ва ҳадду марзҳои худтаъйиншуда маҳдуд мекунанд ва кунҷкованд, ки бидонанд масалан зершалворамон чӣ рангӣ аст, инҷост ки фотиҳаи Озодиро хондаем.
Торих гувоҳ аст, ки инсон тӯли қарнҳо ҳамеша дар ҷустуҷӯи чароғи Озодӣ будааст, то ки онро ҳамеша рӯшан нигоҳ дорад, аммо бодҳое худсохта ҳамвора дар садади хомӯш кардани он бархостаанд.

Торих гувоҳ аст, ки милёнҳо нафар ба хотири убур аз ағбаи пуршебу фарози Озодӣ аз осоишу зиндагию ҷони боарзиши худ гузаштаанд. Муборизаҳои мудовими инсон барои ба даст овардани ҳама навъ озодӣ чи берунӣ ва чи дарунӣ ҳанӯз ҳам идома дорад ва ин чароғро ҳеч боде хомӯш намекунад.
Вақте озодии матбуот мегӯем, пас ин нуктаро бояд бипазирем, ки он ҳаққи мусаллами ҳар як қаламбадасту соҳибсухан аст. Албатта ин озодӣ танҳо дар як калимаи рӯзноманигор хулоса намешавад. Мутаассифона дар аксари кишварҳо ин ҳаққи мусаллами ҷомеаи башарӣ дур аз тақдиру арҷгузориҳост. Мутаассифона дар кишвари мо бино ба фишорҳои саркубгароёна ба таври умум аҳли қалам ба тарсу изтиробу ваҳшат қалам ба даст мегиранд. Озодии матбуотро дар Сарқонуни кишвар замонат медиҳем, аммо иттилорасониҳои озод, фаъолияти расонаҳои мустақилро саркуб мекунем ва иҷоза намедиҳем, ки фазои хокистарии расонаҳо каме офтобӣ шавад. Чатри сонсур ҳамеша боз аст. Талош мекунем то ба истилоҳ хабарнигоронро маҷбур бикунем ки сукут кунанд ва барчаспи бузурге ба номи “қатъи фаъолият” мегузорем рӯи лабу даҳонашон. Қаламҳоро мешиканем, даҳонҳоро мебандем, дастҳоро кутоҳ мекунем. Ва аз ин таби ҷонгудоз месӯзем. Монеъи фаъолияти расонаҳои хусусӣ ва мустақил мешавем ва фазоро он қадар танг мекунем, ки нафасгир мешавем.Оқибат тарҳи тарк аз Ватанро мерезем…
Рӯи арзишҳои демукротик по мегузорем ва ҳаққу ҳуқуқи фитрии ҷомеаи башариро зери пои бетафовутию истисмору худкомагӣ мисли кирми лойхурак леҳ мекунем.
Лаҳза ба лаҳза мизони демукротҳо меафзояд аммо арзишҳои демукросӣ дар ҳоли завол аст.
Нашрия ва рӯзномаҳоро мисли шохаҳо, на, дурустараш мисли танаи дарахт роҳат табар мезанему қатъ мекунем. Намегузорем, ки ҷавона бизанад, гул кунад, шукуфад ва борвар шавад.
Мо қотилони дарахтҳои сабзем, ки ҳезум шудаанд…

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s