Намоишгоҳи китоб


Маросими ифтитоҳияи сиюякумин Намоишгоҳи байналмилалии китоби Теҳрон сешанбе 11 урдибиҳишт баробар бо якуми Май бо ҳузури Сайидаббос Солеҳӣ вазири фарҳанг ва иршоди исломӣ, Баҳром Қосимӣ сухангӯи вазорати хориҷа ва суфарои кишварҳои хориҷӣ дар мусаллои Имом Хумайнӣ баргузор шуд.

Ин намоишгоҳ, ки ҳамасола дар моҳи май- урдибиҳишт барпо мешавад ва ба муддати даҳ рӯз идома меёбад, ки бузургтарин рухдоди фарҳангии Ховари миёна шуморида мешавад.

Ҳадаф аз ин намоишгоҳ таҳкиму тақвияти равобити фарҳангӣ дар заминаи китоб, чопи нашр ва равобит миёни ноширон ва ҷомеаи фарҳангист. Ҳамчунин дар ин намоишгоҳ бо ҳузури ноширон, муаллифон, мутарҷимон ва дигар намояндаҳои ҷомеаи адабӣ барномаҳои мухталифи фарҳангӣ ва нишастҳои пурсишу посух, мизи гирдҳо ва сӯҳбатҳо баргузор мешаванд.
Намоишгоҳи мазкур дар радифи намоишгоҳи байналмилалии китоби Маскав, китоби Франкфурт, намоишгоҳи Пекин яке аз бузургтарин намоишгоҳҳои арзаи китоб аст.
Анҷумани дӯстии Эрону Тоҷикистон, ки ҳамасола ғурфа дорад, дар ин намоишгоҳ китобҳо ва осори марбут ба Тоҷикистон ва дар бораи Тоҷикистонро муаррифӣ мекунад.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s