Комил Ёдгор – мусаввири мониқалам


(Мутаассифона дар зодгоҳ устохонае надорад, ки дар он саргарм
шавад.)

Наққошӣ ва муҷаcсамасозӣ ҳунарҳое ҳастанд, ки қабл аз пайдоиши хат дар
зиндагии инсон ҳузур доштаанд. Комил Ёдгор, ин мусаввири барҷаста дар тўли наздик ба чиҳилу чанд соли эҷодӣ беш аз 70 иншооту биноҳои фарҳангию давлатиро бо асарҳояш тазйин кардааст, ки ҳунарсолории ў шояд бесобиқа бошад. Фақат дар шаҳри Хуҷанд 6 иншооти бузурги фарҳангӣ тавассути дастони мониқалам — Комил Ёдгор офарида шудаанд.

Комил Ёдгор 6-уми майи соли 1950 дар ноҳияи Масчо таваллуд шудааст. Омўзишгоҳи рассомии шаҳри Душанберо дар соли 1971 ва Институти рассомии ба номи В.И Сурикови шаҳри Маскавро соли 1978 хатм кардааст. Соли 1987 котиби Иттифоқи рассомони Тоҷикистон интихоб шуда буд. Комил Ёдгор аслан рассоми монументалист. Асарҳои ў «Фоҷеъаи Саргазон», «Парастуи аввалин», «Парастуҳои заминҳои
навкорам», «Пиллаи Дилварзин», «Ағбаи Шаҳристон», «Тарки дарбор»,
«Суғддухтарон», «Қатли шоир», “Оҷизон”, “Гаҳвора”, “Терроризм”,
“Зилзила”, “Нақоразан” “Гирбод”,“Модари тоҷик”, “ Ҷугиҳо”, “Интизорӣ ”
ва даҳҳои дигар мебошанд. Дорандаи ҷоизаи комсомоли Тоҷикистон (1987)
аст. Офаридаҳои ин мусаввири мониқалам дар Чехословакия, Булғория, Кореяи Шимолӣ, Никарагуа, Япония ва дигар кишварҳо намоиш дода шудаанд.
Эҷоди қалами ин ҳунарманд аз марзҳои Тоҷикистон фаротар рафта,
дар расадхонаву осорхонаҳои Аврупову дигар манотиқи ҷаҳон зуҳур ёфтаанд. Ў ҳунари ҳайкалсозӣ ҳам дорад. Комил Ёдгор соли 1999 ба унвони рассоми халқии Тоҷикистон мушарраф гашт. Аз соли 1979 инҷониб Комил Ёдгор дар корзори ҳунари рассомӣ машғул аст. Аввалин асари ў «Парастуи нахустин»
ном дорад, ки дар намоишгоҳи умумииттифоқӣ ҷойгоҳи волое касб
карда буд.
Донишманде гуфта буд, ки инсон барои саргармии худаш дар шаҳр зиндагӣ мекунад ва дар русто барои саргармии дигарон. Воқеан, Комил Ёдгор аз зумраи чунин инсонҳост, ки дар шаҳрҳову кишварҳо хонд, дид, омўхт,санҷид, такмил ёфту рушд кард ва дубора ба дудмоне, ки зиндагияш оғоз ёфта буд, баргашт. Ва имрўз дар русто машғули кори худ аст. Барои мусаввир Комил Ёдгор имрўз деҳа қароргоҳи ҳунар гаштааст. Ба андешаи ў русто бартариҳои зиёд дорад, мисли оромӣ, зебоӣ, табиати бикру зинда ва монанди инҳо. Аммо, мутаассифона дар зодгоҳ устохонае надорад, ки дар он саргарм
шавад. Ахиран се маротиба катбӣ ва шифоҳӣ ба ҳукумати марказии
ноҳия ва ҳукумати вилояти Суғд муроҷиат кардааст, лек ҳамоно посухи рад шунидааст. Ва касе ӯро гӯш намекунад. Ҳарҷанд, худи Комил
Ёдгор дигар пайгири устохона нест, вале бо ин ҳол умедворем пас аз
нашри ин мақола масъулин ҷиҳати
таъмин намудани рассом бо
устохона иқдом хоҳанд кард.
Аммо, вақте ба осори ӯ назар мекунед, устохонааш пеш аз ҳама мағзи
фикрофариниаш аст.Ҳастанд рассомоне ки устохонаҳои муҷаҳҳаз
доранд, аммо осорашон ба дил роҳ намеёбанд. Комил Ёдгор 40 аст, ки
асарҳои беназирашро дар манзили худ меофарад.
Дар аксари осори ў симои шодӣ дида намешавад. Бояд таъкид намуд, ки қаламрави ҳар ҳунар — чи тасвирию
чи наққошӣ аз чашмаи андеша
маншаъ мегирад ва ин ҳунар аз
дидгоҳи Комил Ёдгор гунае аз андеша
аст.
Ба эътиқоди ў ҳар нафар мувофиқ ба
дарду ҳолати худ метавонад асарро
дарку фаҳм намояд, яъне пазироии
бинанда аз асар бастагӣ ба дарду
ҳолати худи ў дорад. Санъати
мусиқӣ ҳамсон бо санъати тасвирӣ аз
диди ин рассом ниёзе ба тарҷумон
надоранд. Ў мегўяд осори ҳунарии
чеҳраҳое чун Микеланжело, Рафаэл,
Леонардо де Винчӣ ҷовидона дар
авроқи таърихи башарият маҳфуз
мемонанд ва ҳеч кўҳнашавӣ надоранд.
Аз рассомони Ғарб ҳамаро эътироф
мекунад, ба вижа рассоми чирадасти
Итолиё Сандро Ботичеллиро, ки услуби
вижа ва хосаи худро дорад. Олами
Комил Ёдгор аз лиҳози фалсафӣ хеле
амиқ асту мураккаб.
Оскар Войл, нависандаи ирландӣ чи
хуб фармуда, ки «Як ҳунарманди бузург чизҳоро ҳамон тавр, ки ҳастанд
намебинад, агар медид, ҳунарманд
набуд». Гумон мекунам, ин гуфторро
метавон дар ҳаққи ҳунарманде чун
Комил Ёдгор ишора кард, ки дарвоқеъ
диде дорад мутафовит аз диди
дигарон.
Комил Ёдгор наққоши навпардозест,
ки аксаран мавзўъҳоро барои
асарҳояш интихоб намекунад, бадоҳатан дар зеҳнаш пайдо
намешаванд. Масалан, ў шоҳиди
солҳои ҷанги хунини шаҳрвандӣ буд,
ҳамаро бо ду чашми сар медид.
Даҳшатҳои он солҳо, нолаҳои модари
писаргумкардаро мешунид. Ин ҳама
дар ў таъсире амиқ гузоштааст, ки чун
рассом ва ҳунарманд хомўш будану
бетараф будан нисбати ин ҳолатро ба
худ иҷозат намедиҳад. Дарвоқеъ,
рисолати ҳунарманд дар ҳамин ҷо
барўз мекунад, ки бештару пештар ва
амиқтар печидагиҳои зиндагӣ ва
муаммоҳои онро бинаду эҳсос кунад ва дар амри кушодани ин чигилҳо талош ба харҷ диҳад.
Аз осори ҷозибаноки ў «Нури ситораи
дур» аст, ки бахшида ба 1100-солагии
Исмоили Сомонӣ дар зарфи ду сол
офарида шудааст ва айни замон асари
мазкур дар Осорхонаи Камолиддини
Беҳзод нигаҳдорӣ мешавад.
Дигар асари дардолуду фоҷиавии
рассом «Фоҷиаи булбул» унвон дорад,
ки аз ҳаёту куштори фоҷиаовари
Кароматуллоҳи Қурбон нақл мекунад.
Ба эътиқоди Комил Ёдгор,
Кароматуллои Қурбон сарояндае буд
нотакрору бемисл ва дорои овози
фавқулодда, ки умр фурсат надод то
дар ҳунари сарояндагӣ ва
навозандагии тоҷик таҳаввулоте ба
вуҷуд оварад. Ӯ аз ҷанги хонумонсўзи
солҳои 1992-97-ум бо таассуф ёд
мекунад, ки ҳам қишри оддӣ ва ҳам
истеъдодҳои барҷастаи моро ба коми
хеш бурд. Ва дар миёни он ҳама
қурбониҳо кам набуданд
ҳунармандони моҳир.
Асари «Ҳамсояҳо» аз лиҳози мавзўъ ва мўҳтаво шабоҳате қарин ба «Фоҷиаи булбул» дорад.
Рассом дар зиндагии ҳаррўзаи русто ӣ
шоҳиди хархашаву мубоҳисаҳои
ҳамсояҳост. Ҷангу ҷидолу муноқишаҳо
ва нотифоқии онҳо ўро ором
намегузорад ва даст мебарад ба
тасвири ҳолати рўҳии хеш дар шакли
тоблу. Ӯ аз бемеҳриҳо, беотифагиҳои
инсонҳо шикоят мекунад.
«Атои худо» — асарест, ки мавзўи онро
Комил Ёдгор мавзӯи ором унвон
мекунад. Ӯ дар ин мусаввара талош
кардааст ҳаёти якрўзаи деҳотиёнро ба
тасвир кашад. Гов дар ин тасвир рамзи серию пурист, онро беҳтарин муъҷиза мехонад. Зеро зиндагӣ бидуни маҳсулоти ин махлуқ душвор аст. Он тавр, ки дар тасвир мушоҳида
мешавад, ҳамроҳи модар ду кўдак низ
ҳузур доранд, ки зебоии ин манзараро
даҳчанд мекунад. Рассом ҳадаф аз
офаридани чунин асарро таҷассуми
зебоии бонуи тоҷик ва мўъҷиза будани
вай медонад.
Дар «Субҳ» рассоми мониқалам ҳаёти
ҳаррўзаи инсонҳои гуногунро таҷассум мекунад, ки ба иллати нодориҳо ва талош барои бақо, дар партовгоҳҳои мухталиф ризқи хеш меҷўянд. Дар ин асар рассом кўшидааст нишон бидиҳад, ки ин зумра одамон баҳри ризқи хеш ҳатто бо сагу гурба дар набарданд, чун ин махлуқот низ дунболи қути лоямути хеш мегарданд. Яъне рассом мурод аз чунин наққоширо эътирози худ нисбати камбизоативу нодорӣ баён мекунад ва аз дороён даъват мекунад, дасти кўмак ба эшон дароз кунанд. Ин асари зебо гўиё мегўяд: дар ҳоле, ки Худованд ҷумла инсонро якхел, яъне урён меофарад, чаро қисме нисбати иддае бетараф ҳастанд, чаро мардум дидаи бино боз намекунанд? Ин андешаҳо рассоми моҳирро ранҷ медиҳанд. Ў ин амалкарди инсонҳоро истисмор мехонад.
“Терроризм” номи асари тозаи рассом
аст, ки нооромиҳо ва даргириҳои
ҷаҳони имрӯзро бозгӯ мекунад. Дидани кушторҳои ваҳшиёна, амалҳои шӯми террор қалби ҳассоси ҳунармандро ҷареҳадор карда, эътирозу маҳкумияти худро нисбат ба ин иттифоқот ва зуҳурот дар ин асар нишон дода аст.
Асари “Интизорӣ” бозгӯи интизориҳои
чандинсолаи модарону падарон ҳаст,
ки барои фарзандони ба ҷанг рафтаашон, ки дигар барнагаштаанд,
ҳанӯз умедворона чашмбароҳанд. Дар
ин асар тасвири модарони тоҷик бо
пои луч ва чеҳраҳои маҳзун нишон
дода шудааст.
Комил Ёдгор дар асарҳояш ба вижагии
мутобиқати рангҳо бо мавзўъ ва
мўҳтаво таваҷҷўҳи хос дорад. Аз ҷумла, дар асари «Даравгар», ки мавзўи он воқеан умумибашарист, тарзи ранггузорӣ низ мутобиқи мавзўъ сурат гирифтааст. Ин асар нишон медиҳад, ки ҳамарўза теъдоди бузурги инсонҳо аз истифода ва истеъмоли машрубот, маводи мухаддир ҷон месупоранд.
Мусаввир талош мекунад то ба
корбарони ин корзор нишон бидиҳад,
ки оқибати ин амалҳо ҷуз маргу фано
чизе нест ва рўзе аз рўзҳо доси марг
сабзаи инсониятро хоҳад даравид.

#Фирдавси_АЪЗАМ

Ишора:
Ин мақола чанд сол қабл ба баҳонаи зодрӯзи рассом навишта шуд. Ва мусалламан дар ин солҳо ҳатман осори нав халқ кардааст.
Аммо ҳоло намедонам, ки оё Комил Ёдгор ҳанӯз ҳам беустохона аст…!?

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s