Оҳой! муддаиёне, ки хуб “машҳуред”
Бидуни баҳрае аз донишеду мағруред!
Шумо ба анҷумани боди сард пайвастед
Ки қотилони ҳазорон чароғи гулнуред
Ба лутфи Мансабу Қонун чи зулмҳо кардед
Ки узви “Маҷлиси шӯрои дасти пурзӯред”
Фақат ба фикри худу дӯстони худ ҳастед
Ва аз тарокуми андӯҳи мардумон дуред!
Ба “лутф”-и дуздиатон обрӯи Миллат рехт
Дареғ, мояи нанги раисҷумҳуред!
Шумо, ки Сарвари Аҳзоби Чоплусонед
Ситоиши ҳамаро мекунед!Маҷбуред?
Ман узви ҷунбиши “андешаҳои бедор”-ам
Шумо ҳам узви ниҳоде ба номи “Муздур” -ед
Дар интиҳои ғазал ҳарфи асли ман ин аст:
Ки анкабут, ки каждум, ки мору занбӯред!..
#Бадоҳа
#Фирдавси _Аъзам