Дилам гирифт, дилам мурд аз ҳавои шумо
Куҷо равам, ки раҳо бошам аз ҷафои шумо
Ба сӯи ғурбати талх аз диёр кӯч кунам?
Ки “танг” мекунам ин шаҳрро барои шумо!
Мане, ки дар бағалам сад чароғ месӯзад
Чаро қадам бигузорам ба ҷойпои шумо!?
Ҳанӯз зеҳни ман аз эътироз лабрез аст
Магар ба хоб равам гум шавад садои шумо!
Худам барои худам як рафиқ мемонам
На ошнои касонам, на ошнои шумо!
Маро ба хотири ишқ аз Худо натарсонед
Намешавам нафасе бандаи Худои шумо!
#فردوس_اعظم
#غزل_معاصر_تاجیکستان
#شعر_جدید