Чи рафтааст бародар, ки нотавон шудаем?
Ва сарбазертарин мардуми ҷаҳон шудаем!?
На заррае шарафу нангу орамон монда
Ки дастмоли ҳавасҳои ину он шудаем! Continue reading “Сарҳади номус”
Month: June 2018
ДУР АЗ МАНӢ..
Дар орзуи як нафас оромишам, Гулӣ
Бо ёди ту ҳанӯз нафас мекашам, Гулӣ
Ғурбат бубин чигуна маро хаста кардааст
Ҳар рӯз рӯ ба нестиам, коҳишам, Гулӣ
Вақте ки нестӣ шаби ман ҳам ба хайр нест
Тар мешавад тамомии шаб болишам, Гулӣ
Continue reading “ДУР АЗ МАНӢ..”
ҲАМРАНГИ ХУДАМ
Дар пеши касе дарди дили танг нагуфтам
Хомӯшаму чун мурғи шабоҳанг нагуфтам
Монанди фалонӣ нашудам шоири дарбор
Чизе ба ҷуз аз миллату фарҳанг нагуфтам
Ойина манам, об манам, мазҳабам ишқ аст
Бо шишадилон марсияи санг нагуфтам
Бисёр ғазал гуфтаам аз ваҳдати дилҳо
Аз сулҳу сафо гуфтаам аз ҷанг нагуфтам