Ҷудоӣ


cropped-fb_img_15182707702741.jpg

Аз одатҳои қадимӣ намешавад ба осонӣ гузашт. Муддатҳо буд, ки ҳар субҳ баъд аз кушодани чашмҳояш, вақте навозиши хуршедро ба сураташ эҳсос мекард, ба худаш қавл медод, ки: «Имрӯз охирин рӯз аст, бояд тамомаш кунам ва аз шарри ин вобастагӣ роҳат шавам, вале одати ҳамешагӣ раҳояш намекард ва бо аташ сӯяш мешитофт».
Аммо, ба маҳзи ин ки пояшро аз хона берун мегузошт ва ба дӯстонаш мепайваст, гӯё ба худаш қавле надода бошад, хумори ҳамроҳӣ бо ӯ боло мегирифт ва деви нафс бар ақлу дил чира мешуд. Албатта кори осоне набуд. Ҷуръат ва иродаи муҳкаме мехост. Ҷудоӣ аз ҳамдаме, ки солҳои сол ҳамрозу ҳамнафасаш буда, кори осоне нест. Дурӣ аз рафиқи рӯзҳои танҳойӣ сахт аст ва таҳаммулаш душвортар.

Ҳаргиз он рӯзро фаромӯш намекунад. Он ғуруби фасли баргрез, ки аз сари гӯри танҳо дӯсти ҷавонмарги тамоми даврони мактабхонияш меомад, бо ӯ барои аввалин бор ошно шуд. Кристофер буд, ки дастонашонро ба ҳам пайванд зад ва ӯ шуда буд рафиқи тамоми лаҳзаҳои сиёҳу рӯшанаш. Тавре, ки бо хуну рӯҳаш аҷин шуда буд. Он рӯз ки ӯро ёфт, ба худаш гуфт иксири хушбахтиро кашф кардаам. Аммо ҳоло чӣ гуна метавонист аз ӯ даст бикашад? Ӯ, ки намехост рафиқи нимароҳаш бошад. Ӯ, ки дар рагу хунаш пайванд хӯрда, ҳоло бо чӣ ҷасорат аз ӯ ҷудо бишавад? Дар лаҳзаҳое, ки касе ғаму дардашро намефаҳмид ва ҳама танҳояш гузоштанд, гӯшаи узлат интихоб мекард ва ӯ буд, ки канораш менишаст ва ба ҳарфи дилаш гӯш медод. Ӯ ҳар замон, ки мехост — чӣ шабу чӣ рӯз ҳамроҳаш буд ва ҳаргиз танҳояш нагузошт. Ҳамдили бемалолаш шуда буд. Ин андешаҳо рӯҳашро сурох мекард.
Рӯзҳо ҳамин тавр яке пас аз дигаре мегузаштанд ва ӯ ҳар бор тасмим мегирифт ва дер ё зуд таслими баҳонаҳое мешуд. Таҳаммули ҷудоиро надошт.
Рӯзи таваллудаш наздик буд. Он рӯз вақте аз хоб бедор шуд, эҳсоси аҷибе дошт. Ин ҳисро намешинохт, вале дӯсташ дошт. Эҳсос мекард бояд коре бикунад ва тасмими қотеъе бигирад ва таҳаввуле дар зиндагияш ба вуҷуд биоварад.
Вақташ буд то кори нотамомашро тамом кунад. Наҳаросад ва мисли падарбузургаш қавӣ бошад. «Ҷудойӣ сахт аст, вале таҳаммулаш бояд кард», ин ҷумлаи падарбузургро чандин бор бо худаш бо овози баланд такрор кард.
Баъд аз хӯрдани субҳонаи муфассал омода шуд ва аз хона берун рафт, то дӯстонашро дар қаҳвахонаи шаҳр бубинад. Ҳавои матбӯъи қаҳвахона эҳсоси хубе ба ӯ дод. Нигоҳе ба атроф андохт. Мисли ҳамеша дар ин соат аз рӯз аксари мизҳо холӣ буд. Чанд духтари ҷавон даври мизи наздики даромадгоҳ нишаста буданд ва каме онтарафтар дӯстонаш сӯҳбат доштанд. Бо дидани онҳо ба тарафашон рафт ва дар сандалии холие, ки наздики Кристофер буд, нишаст. Мехост рафиқонашро бо гуфтани як хабар «сюрприз» кунад.
Дар ҳоле, ки чашмони кабудаш ба хотири тасмиме, ки гирифта буд, аз хушҳолӣ барқ мезаданд ва эҳсоси иқтидор мекард, гуфт: «Бачаҳо, ман Роберт Ҷексун, ки се рӯзи дигар сисола мешавам, дар ҳузури ҳамаи шумо қавли мардона медиҳам, ки аз ӯ ҷудо мешавам. Ҳарчанд сахт, вале ин бор тасмимамро гирифтам, гарчи ба қимати ҷон баробар аст. Оре, ин маъшуқаи ҳазорранги қадимиро барои ҳамеша тарк мекунам». Ва бо лабханди ифтихормандона: «Намехоҳед бароям каф бизанед?» — гуфт ва табассуми пирӯзмандонае ба рафиқонаш ҳадия кард.
Мойкел, ки охирин нахи сигорашро мекашид ва бо дуди он абрҳои ҳалқаии зебое дар фазо месохт, аз зери чашм нигоҳе пурмаъно ба рафиқаш андохт ва бо садое, ки заъифтар аз ҳамеша буд, гуфт: » Эй кош ғамҳои мо ҳам ба андозаи ғамҳои ту кӯчак ва сода буд. Аммо ман, м..м.ннн ҳамсар ва бачаҳоям, хонаводаам, яъне тамоми ҳастиамро аз даст додаам ва ту ин мавзӯъро намедонистӣ!!!».
Кристофер, ки торҳои нуқраие лобалои мӯҳояш нишон аз ранҷҳои гузаштааш буд ва канори Мойкел нишаста, шоҳиди чашмони ашколуди рафиқаш буд, дар ҳоле, ки пушти сарашро мехорид, оҳе кашиду ором гуфт: «Дӯсти азизам, ҳамаи мо дардҳое дорем, ки шояд фақат барои худамон бузург аст; яке хонаводаашро аз даст дода, дигаре шуғл, яке обрӯяшро ва дигаре зиндагиашро. Вале ман….! Оё бечоратар ва дармондатар аз ман касе ҳам ҳаст, ки ба хотири як мушт тӯҳмат ва дурӯғ тарки ҳамсару фарзанду шуғлу Ватан карда бошад?!»
Франк дӯсти наққоши Роберт, ки ҳафтаи гузашта бародари 35 — солаашро аз даст дод ва ҳамсараш дар бемористон бистарӣ буд, бо шунидани қиссаи андӯҳноки дӯстонаш лаб во накард.
Роберт, ки чанд лаҳза қабл монанди як сарбози ҷангии хушҳол аз шикасти душман беҳтарин ҳиси дунёро дошт, ҳоло чун девори намкашида фурӯ рехта буд. Ва коре, ки муҳим мепиндошт, барояш беарзиш ва кӯчак шуд. Чашмони чанд лаҳза қабл хушҳолаш ба ғамангезтарин тасвири набарде, ки ашки ҳар бинандаеро дармеовард, табдил шуда буданд. Монанди муҷассамаи мармарини порке, ки бо корд пайкарашро тарошидаанд, шуда буд. Бидуни ҳеҷ ҳиссе ва ҳеҷ раҳгузаре эътиное ба ӯ намекунад.
Дар он лаҳазоти талх, сукути сангине фазои қаҳвахонаро фаро гирифт. Дӯстонаш мисли санги қабр хомӯш буданд. Ва ин сукути ҳузнангез ба ӯ дарсе дод. Дарсе ба ёдмонданӣ, ки фаромӯш накунем: ҳар қалбе дарде дорад ва чӣ зиёданд онҳое, ки аздастрафтаҳои бузургтар аз мо доранд. Пас, бузургтарин дард, дарди мо нест. Шояд ҳамин раҳгузаре, ки алъон аз канорат гузашт, дарде бузургтар аз ту дорад …
Роберт Ҷексун ба сигоре, ки миёни ангуштони дӯсташ қарор гирифта буд, хира шуд ва ба оромӣ онро гирифт ва бо андӯҳе, ки дар нигоҳи сӯхтааш мавҷ мезад, онро миёни лабҳои хушкидааш гузошт. Дуди амиқ кашид ва сандуқи синааш аз дуди сигор пур шуд.
— Алвидоъ шарики ҳамроҳ, ёдат гиромӣ бод, — гуфт ва пасмондаи онро ба хокистарҳои нарми ҷосигорӣ фурӯ бурд. Охирин шарораи сигор, ки андозаи сари сӯзан буд, ба сӯяш чашмак зад ва Роберт қаҳвахонаро тарк кард.

#Фирдавси_Аъзам
#Достонак
#Ҷудоӣ
#Адабиёти_Тоҷикистон

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s