#Достонак
#Фирдавси_Аъзам
Шаб аст. Дубора торикию танҳойӣ. Пушти панҷараи гарду ғуборгирифтае, ки рӯ ба кӯча боз мешавад, рӯйи сандалӣ сарашро маъсумона ба тарафе каҷ карда, резаборонро тамошо мекунад. Бороне, ки фақат пушти ҳамин панҷара меборад. Айнакашро аз чашмонаш бармедорад ва шишаҳои пур аз хашҳои зеру дуруштро бо оҳи гармаш оромона пок мекунад.
Гурбаи сафед рӯйи қоличаи фарсудаи канори бухорӣ чашмҳояшро танг карда, ба гӯшае аз утоқ менигарад. Гӯйӣ достони зебоиро ба тамошо нишастааст. Аз сӯрохи шишаи шикастаи панҷара, боди сарде бо фишор ба дохили утоқ меояд.
Нигоҳ кардан ба бороне, ки ҳеҷ гоҳ намеистад, хеле касолатбору ғамнок аст. Ба қавли худаш ҳар чизе, ки аз ҳад гузарад, дилбазан мешавад.
Пирамард ҳамон тавр, ки ба берун нигоҳ мекунад, оҳи ҳасратборе аз сина берун меорад. Бо ҳамин оҳ мисли як пар сабуку холӣ мешавад, холӣ аз эҳсос, умед, зиндагӣ. Гӯйӣ мехоҳад бо ин оҳ ҳамаи дардҳои дарун, андӯҳҳо ва ранҷҳояшро берун афканад. Аз дуриҳо садои аккоси саг меояд. Асояшро ба даст мегирад, аз канори панҷара мехезад ва ба самти гурба меояд. Бо ҳавсалаи тамом ва дар камоли хунсардӣ пушташро навозиш мекунад. Дастони наҳифу лоғар, ки рагҳояшон барҷаста аст, пушти мӯйҳои баланду нарми гурба мехазанд ва гурба, ки бо ин навозиш хӯ дорад, гӯш меҷунбонаду нӯки думаш ба ангуштони соҳибаш мерасад. Ин дастҳоро хуб мешиносад ва дӯст дорад. Солҳост, ки гармии онҳоро эҳсос мекунад. Дастҳое, ки бо меҳрубонӣ ғизо медиҳанд, дари хонаро боз мекунанду ӯ ҳамроҳаш ба гардиш меравад. Зери сояи меҳри ин дастҳо эҳсоси амният мекунад. Ин дастҳо барои ӯ мазҳари ишқанд.
Нохудогоҳ нигоҳаш мутаваҷҷеҳи ойина мешавад, ки гарду хоки зиёде рӯяш нишастааст. Зоҳиран муддатҳост, ки ҳеҷ чашме дар он хира нашуда. Чашмҳояшро аз ойинаи лабпарида бармедорад ва ба тоблуи қаҳваранг, ки канори он рӯи девори хиштӣ насб шуда, мегузорад. Тоблуе, ки акси як зан бо чашмони нофиз дар он наққошӣ шуда. Танҳо ёдгораш аз гузаштаҳои дур.
Ҳамон тавр, ки пушти гурбаро бо дастҳои гармаш навозиш мекунад, чашмонаш ба тоблу хира мешаванд. Садое ба гӯшаш мерасад. Садои мармуз. Аммо чандон аҳамияте надод. Гӯйӣ садои заъиф аз дур меояд.
Гурба бо ҳаракати ангуштони навозишгар мисли кӯдаке, ки мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифта, бо ноз гарданашро такон медиҳад. Ангуштонашро оромтар ҳаракат дод, ки ин бор садо аз қабл наздиктар шуд. Чунин менамуд, ки дар фосилаи даҳметрӣ меояд. На, ҳатто хеле наздик, ки нафаси гармашро дар пушти гарданаш ҳис мекунад. Мутмаин шуда буд, ки касе пушти сараш истода, номашро мегирад. Дастҳояш ҳангоми навозиши гурба ба вузӯҳ меларзанд. Бо нигаронӣ дастҳояшро аз пушти гурба бармедорад. Мисли ин ки касе дари утоқашро бо чаккуш муҳкам мезанад, бо тамоми қудрат сарашро 180 дараҷа ба пушт, ки рӯбарӯи дари вурудии утоқ аст, мечархонад. Аммо бараъкси он чи интизор дошт, ҳеҷ касро намебинад. Моту мабҳут чашмҳояшро бо пушти дасташ мемолад. Аз ҷояш баланд мешаваду тавре оҳ мекашад, ки гӯшҳои гурба тезу чашмонаш бузург мешаванд. Парешониву ошуфтагиро аз сурати соҳибаш ҳис мекунад. Мисле, ки шабаҳе дида бошад, якбора садое аз худ дармеовараду зери гаҳвора пинҳон мешавад.
Дубора сарашро мисли дурбинҳои ҷосусӣ мечархонад, аммо дар утоқе, ки ба андозаи ду нафар ҷо дорад, ҷуз гурба, тоблуи канори ойина, гаҳвора, соати қадимии рӯи девор, як ҷуфт кафши бебанд, ки канори бухорӣ қарор доранд ва асои сафеди бандпеч, ҳеҷ касу ҳеҷ чизи дигаре дида намешавад.
Эҳсос кард пешониаш ях зада. Дасти росташро боло оварду бо пушти даст арақи пешонияшро пок кард. Оё ин садои воқеъии худаш буд? Гўшҳояш дуруст шунида буданд? Дучори таваҳҳум нашуда буд?
Пушти панҷара ҳаёҳӯи борон бештар шуда.
Бо қадамҳои заъифтар аз қабл мисли сангпушти захмхӯрдаву маҷрӯҳ дубора ба самти панҷара ҳаракат мекунад. Пашшае рӯи шиша гоҳ визвизкунон ва гоҳе бесадо саъй мекард, ки роҳи берунро биёбад.
Ором рӯи сандалӣ менишинад. Нигоҳе мамлу аз тарсу ҳаяҷон ба берун меандозад ва утоқро аз назар мегузаронад. Дунболи касе мегардад. Дар ниҳояти хомӯшӣ, сукут анкабуте мешавад ва ба тамоми утоқ тор метанад. Даҳонаш хушк мешавад. Ангор даҳонашро бастаанд, наметавонад ҳарфе бизанад. Ба дунболи калимае ҳофизаашро зеру рӯ мекунад, аммо фоидае надорад, ҳеҷ калимае дар дастрас нест. Ҳоло фарз кун калима бошад, аммо бо даҳони баста чӣ метавон гуфт? Дар зеҳнаш бачаоҳӯеро мебинад, ки дар гилу лой фурӯ рафтаю ҳарчи дасту по мезанад, наметавонад худашро наҷот бидиҳад. Дар як лазҳа ҳолаш дигаргун шуд.
Пушти панҷара борон тундтар мерехт …
Мутааҷҷиб аз ин нест, ки чӣ касе ӯро садо мезанад, бештар ба хотири он тааҷҷуб мекунад, ки бо гӯшҳои сангинаш чӣ тавр тавонист садоро башнавад. Накунад мӯъҷизае шудаю ӯ шунавоияшро ба даст овардааст? Накунад гурбаи сафед барояш дуои хайр карда!
Киштиаш дар ҳоли ғарқ шудан буд, ки дубора ҳамон садо дар гӯшаш печид. Ин бор фақат садо нест. Касе бо ӯ ҳарф мезанад.
Ногаҳон нерӯи номаръие дар вуҷудаш ҳулул мекунад ва ба ӯ ҷуръат медиҳад то аз рӯи сандалие, ки порчаи кӯҳнаи пур аз нахҳои баҳампечида дошт, баланд шавад. Ошуфтаю маъюс бо қадамҳои шумурда худашро ба ойина расонд.
Гурба тарсро дар чеҳраи пирамард мехонад, аз зери гаҳвора берун меояду паҳлӯҳояшро ба пойҳои хастаи мард мемолад. Ангор пойҳояшро мосож медиҳад. Бо чашмони нимабоз ба сурати ӯ менигарад, то вокунишашро бибинад. То ба ҳол ҳеҷ вақт ӯро чунин ошуфтаҳолу беқарор надида буд.
Аз болои айнак ба тоблу нигоҳ мекунад. Қалбаш ба тарзи ваҳшатноке шурӯъ ба тапидан мекунад. Акси дохили тоблу мустақим ба чашмҳои пирамард хира мешавад ва ҳамон наворе, ки ҳазорон бор шунидааст, такрор мешавад:
– Бале, худамам, Ялдо. Тааҷҷуб накун. Ҳамон Ялдое, ки аз даст додияш. То ба кай аз хотироташ фирор мекунӣ? Медонам, ки дар аъмоқи дилат чоҳи азиме кандаӣ ва саъй кардӣ ҳамаи ёду хотироти маро дафн кунӣ. Аммо ҳарчӣ қадар ҳам ин чоҳ амиқу ваҳшатангезу торик бошад, боз дар аъмоқаш садои маро хоҳӣ шунид. Чӣ тавр дилат омад? Эҳсоси гуноҳ намекунӣ? Виҷдон надорӣ? Аз хотираҳо намешавад фирор кард. Онҳо ҳамеша мисли соя бо ту ҳастанд. Ба қавли Достоевский хотирот, чӣ ширину чӣ талх ҳамеша манбаъи азобанд … Ва гоҳе кушанда мешаванд.
Чароғ хомӯш шуда. Пирамард чизеро намешунид. Дар як нафас гузаштаашро дар зеҳни ошӯбзада мурур мекунад. Бале, дақиқан дар ҳамин айёми боронҳои паёпайи поиз миёнашон барои чандумин бор ҷидол ба по хест. Мард ба рафтори зан шак карда буд ва фикр мекард бо каси дигаре дӯстӣ дорад. Баҳсу муҷодала ҳар рӯз идома дошт ва ҳарду аз ин моҷаро ба сутӯҳ омада буданд. То инки рӯзе мард айни даргирии лафзӣ ба хашм омаду ӯро ба самти панҷара тела дод. Сараш ба тезии чӯби панҷара бархӯрд ва хун омад. Ҳамон ҷо канори панҷара мурд. Сӣ сол аз ин моҷаро мегузарад. Ба танҳо хоҳари ҳамсараш гуфт мехост панҷараро боз кунаду боронро тамошо кунад, ки ин ҳодиса иттифоқ афтод. Бовар накард ва пулисро даъват карданд. Пулис қазияро таҳлилу таҷзия кард ва парвандаро ба додгоҳ бурд. Додгоҳ ҳам ҳеҷ далеле барои муҷрим шинохтани мард пайдо накард ва моҷаро бар ин хатм шуд, ки оре, зан гоҳ – гоҳе бар асари фишор чархиши сар доштааст. Хоҳараш ҳам инро таъид кард. Баъдҳо, мард аз одаму олам бурид ва бачаи гурбаи сафедро аз кӯча овард, ки чанд солест бо ӯ ҳамроҳ аст. Бо ин андешаҳо рӯи қоличаи фарсуда фурӯ афтод ва айнакаш аз рӯи чашмонаш берун омаду зери тоблу қарор гирифт. Чашмонаш як лаҳза ба гаҳвораи холӣ, ки ҳеҷ вақт навзоде дар он нахобид, афтод. Ва акси занро дид,ки дар қоб асир буд. Охирин андеша ҳам аз зеҳнаш гузашт: бале, ман маҳкумам, маҳкуми додгоҳи зеҳни худ ва асири зиндони виҷдон! Асо барои ҳамеша аз дасташ ҷудо шуд. Гурбаи сафед рӯяшро мелесид.
Пушти панҷара ҳанӯз борон меборад.
#Фирдавси_Аъзам
#Тоблу