Сафар



-Фақат бардагон хомӯшанд.То забону мағзам кор мекунад, ҳақиқатро хоҳам гуфт. Ғайр аз ин ҳунаре надорам, ҳоло ҳар коре мехоҳед бикунед-инҳоро гуфту гӯширо дар кисааш гузошт ва вориди мағозаи пур аз муштарии кӯдакон шуд.

Асбоббозиҳоро аз пушти айнакаш яке – яке нигоҳ кард ва дар назди лухтакҳо қарор гирифт. Якеро, ки чашмони сиёҳ дошт, рӯи даст гирифт ва пешу пушташро гардонд ва чанд лаҳза муқобили чашмонаш нигоҳ дошт. Гӯё мехост вокуниши духтарашро тасаввур кунад. Зоҳиран интихобаш ҳамин аст. Онро ҳамроҳ бо ойинае, ки ду тараф дошт ва як тарафаш тасвирро калон нишон медиҳад, пеши мағозадор – зане, ки чашмонаш кабуди шаффофанд ва ба сӯяш табассум мекунад, гузошт. Марди ҷавон дар ҳоле, ки мунтазир буд, пеши сари каммӯяшро хорид. Зан лухтаку ойинаро ба дастгоҳ наздик бурд ва мошинҳисоб қимати онҳоро чоп кард.
Мард ҷузвдонро рӯи миз гузошт ва корташро ба фурӯшанда дароз кард. Бо худкор рӯи тӯҳфаҳои бастабандишуда навишт: “Тақдим ба духтарам – илоҳаи орзуҳои ман, зодрӯзат муборак!”.
Бо покете, ки асбоббозиҳо дар он қарор дода шудаанд аз мағоза хориҷ мешавад.

Телефонаш занг мезанад. Гӯширо бармедорад. Ман аз дохили лӯлаи торик садояшро мешунавам: — Бале азизам, харидам, ҳамонеро, ки дӯст дорад. Кейк гирифтӣ? Ман сари кӯчаам ва чанд дақиқаи дигар мерасам. Намедонӣ чи ғазале барояш сурудаам… Кофӣ аст як бор бишнавӣ…Феълан.

Садои нафас кашидан ва сурфаҳои кӯтоҳашро мешунавам. Сигоре дармегиронад ва аз зери дарахтони пиёдарав ба сӯи хона роҳашро давом медиҳад. Ҳамсару духтараш мунтазиранд. Суръати қадамзаданаш тезтар мешавад.
 
Телефон дубора занг мезанад. Аз он тараф касе омирона мегӯяд:

-Бубин, фурсат дорӣ, метунӣ тасмиматро дигар кунӣ. Қасре ки бисёриҳо орзуяшро доранд, дар ихтиёрат қарор мегирад, ҳар кишвар ки бихоҳӣ иқомататро дуруст мекунем, ту фақат аз ин масир берун биё! Биҳиште бароят фароҳам хоҳем кард ки бисёриҳо дар талабашанд…

Мард дуди сигорро ба берун сар медиҳад ва мегуяд:

-Ман ҳарфамро гуфтам, суханро ба ҳеч чизе намефурӯшам. Бирав, худатро ташвиш надеҳ. Магар дунёи ман камтар аз биҳишти шумост?

Гӯширо қатъ мекунад ва дар киса мегузорад.
Эй кош забон доштам ва ба гӯшаш оҳиста мегуфтам: Бигзар аз баҳри ин ҳарфҳо. Ту намедонӣ рӯзгор чи бозиҳое дорад. Ба фикри зану фарзандат бош. Ҳеч кас дар ин замона намехоҳад ҳарфи ҳақро бишнавад. Ҳақиқат? Ҳамон сароб? Ҳақиқат фақат як рӯъёст ки ҳамаро фиреб медиҳад. Дод аз дасти кутоҳ! Оҳ, намехоҳам аз ин торикӣ берун биравам ва ин ҷашнро барҳам бизанам. Не, ба ҳеҷ ваҷҳ намехоҳам, худоё, чорае бисоз, ки аз ин зулмат берун наравам. Рӯшанӣ бо ман созгор нест. Агар ҷои ман будед, ҳатман бо ман ҳамақида мешудед. Ман дида нашавам беҳтар аст. Ҳаминҷо, даруни зулмат сокит бимонам ба нафъи ҳамаамон аст. Ба девораҳои лӯла худамро муҳкам часпондаам ва нафасам дар гулу банд омада. Кӯчактарин ҳаракати ман метавонад бузургтарин фоҷеаро халқ кунад. Кош иродаам дасти худам буд.
Худоё, маро дар кадом гӯшаи дунё офаридаанд ки ба инҷо уфтодаам? Ҳувияти худамро намедонам. Падару модари ман кистанд ва куҷоянд? Эй кош сарнавишти маро ба дасти нокасе намедоданд. Кош дар ҳамин чола бимонам. Инҷо амнтарин ҷо барои ману дигарон аст…

Вой, дод!  ин беинсоф билохира маро бо фишор куҷо партофт? Ва дар як лаҳза аз пусти ӯ убур кардам.

Ҷузвдон аз зери бағалаш меуфтад ва коғазҳое, ки ҷавҳарашон ҳанӯз хушк нашудааст ба ҳар сӯ пош мехуранд. Покет аз дасташ замин мехурад. Ойина мешиканад ва садои ҷарангасташро мешунавам. Лухтак бо чашмҳои бозу шух механдад. Лухтаке, ки мебоист ба духтараш ҳадя мешуд ва ӯ гармии дастони падарро эҳсос мекард.

Танури тамоми ҷангҳои таърихро ман гарм кардаам. Ин ман будам, ки пеш аз Худо ҷони одамро қабза кардам. Худо, ки қотил нест. Худо, ки ҷиноят намекунад, Худо, ки хунрез нест. Фикр мекунед, шамшерам? Ханҷарам? Нааа!.. Иштибоҳ накунед. Шумо ҳанўз маро нашинохтаед.

Ҳоло мағзи ӯро дар сафҳаи шаффоф мисли ойина мебинам.Чи хаёли нозуку латифе дорад, бориктар аз нахи сапеда.
Чӣ қадр ба гул алоқа дошта. Кош ман ҳам гул будам. Сад боғи шукуфоро дар пушти ойинаи зеҳнаш мебинам. Онҳоро ба зане тақдим мекарда. Ин зан кист, ки ҳамаи афкори ӯ дар гирдаш парвонавор мечарханд. Лаънат ба ман! Оҳ чи қадр зебост!. Агар ман ҳам ба ҷои ӯ будам бо ин зебоӣ ошиқаш мешудам. Ӯ ошиқи зан на, ошиқи фариштае буда, ки барояш шеър мегуфта аст. Шеърашро бубинед аз барои Худо:

Айвони ман тиҳист, парасту биёваред…

Худоё! Ҳазор боғ хазон шуд. Гулҳое, ки дар орзуи дасти меҳрубони навозишгар буданд, акнун ба навдаҳои хорҳо паноҳанда мешаванд. Ҳамин дирӯз шеъре навишта аз кӯдакони ятим ҳимоят кард ва мардони сиёсат, аз ҷумла раҳбари яке аз кишварҳоро ба беурзагиву даст доштан дар бадбахтии онҳо мутаҳҳам намуда ва гуфта аст осиёби давлат ва карру фарри онон аз хуни ин ятимон гардон мешавад. Дар сафҳаи зеҳнаш боз мебинам: Модарашро беш аз ҳама дӯст медорад. Барои расидан ба ҳадафаш, ки ҷоизаи Нубел буда, тамоми саъяшро карда ва вақти зиёдеро қурбони ин ҳадаф намуда аст.  Ҳамаи инҳоро дар зеҳнаш мебинаму мехонам. Борҳо замин хурда, аммо хам шуда, сангҳоро аз пеши роҳаш бардошта, масирашро идома дода ва оқибат ба сарзамини ғурбат паноҳ бурда аст ва ҳамонҷо…на, намегӯям, забонам лол.

Кош инҳоро намедидаму намесӯхтам. Кош дар дастнорастарин гӯшаи торикӣ гум мешудам. Аммо чӣ кор кунам, ки дасти одамӣ ба ҳар ҷое мерасад. Ин дароздастии инсон барояш дардисарсоз шуда аст!

  Ман шояд қотили инсоне ҳастам, ки як рӯз бо шеъраш ҷаҳонро наҷот медод. Шояд ба ҷаҳони кӯчаки нафаре ранг мебахшид, марзҳоро дарменавардид.

Ошиқи атсаи мурчаҳо ва хандаи занбурҳои асал буд. Ӯ зодаи сухан ва ҳамнафаси вожаҳо буд. Шоире, ки ҳатто аз шамими атри гарми нон, таъми тунди бод, бӯи латифи коғазҳои китоби тоза, садои дурударози қатору ҳаракати муназзами мошинҳо ва ҳатто аз тамошои рафтуомади одамҳо дар хиёбонҳо ба ваҷд меомад, ҳоло хобида аст. Аз зоиши калимаю таркибҳо бол дармеовард. Калимаҳое, ки ба по мехезанд ва дар канори ҳам сипоҳеро шакл медиҳанд ва ба хотири тағйиру таҳаввул дар ҷаҳон меҷанганд. Ҷанге барои рӯшноӣ ва шукуфоӣ. Калимаҳо ҷиҳод мекунанд. Аммо акнун фармондеҳи ин сипоҳ кушта шуда ва лашкари вожагон ошуфтаву парешонанд. Месӯзам, шумо бигўед чи кор кунам?

Ман киштии бузурги зиндагии ӯро, ки пур аз ганҷ бо суръат дар ҳоли фатҳи оянда буд, ба гил нишондам. Киштӣ ба мақсад нарасид. Оянда дар баробари гузашта таслим шуд. Калимаҳое, ки ҳадафашон танҳо сохтани пул ба тамоми нуқоти ҷаҳон буд, шаҳид шуданд. Таърих маро нахоҳад бахшид! Эй хок бар сарам! 

  Магар ман гунаҳкорам? Ман, ки ба ихтиёри худам коре накардаам. Сахт нест инки туро ба иҷбор ба коре, ки аслан алоқае надорӣ, водор кунанд? Аз дасти ман занҳои зиёде бева монданд. Чи зиндагиҳое, ки хароб ва чи рӯъёҳое,ки зиндабагур накардам. Чӣ қадр дардовар аст зистан дар дунёе, ки аслаш вайрониву табоҳист! Шикорро ман ихтироъ кардам. Тарҳи ҷиноятро ман рехтам. Маргро ман бано кардам! Ман бояд нобуд шавам то дунё ба оромиш бирасад!

Ҳама аз диданам ваҳшат доранд, ман танҳо тарсу яъсу ҷинояту гуноҳ меоварам, ман сояи сарди маргам. Марге, ки иттифоқӣ нест. Кош дар ҳамон амиқтарин чоҳи бетаҳ барои ҳамеша дафн мешудам! 
  Танури тамоми ҷангҳои таърихро ман гарм кардаам. Ин ман будам, ки пеш аз Худо ҷони одамро қабза кардам. Худо, ки қотил нест. Худо, ки ҷиноят намекунад, Худо, ки хунрез нест. Фикр мекунед, шамшерам? Ханҷарам? Нааа!.. Иштибоҳ накунед. Шумо ҳанўз маро нашинохтаед.

Чигуна бо тамоми вуҷуд фарёд бизанам: Ман шеърро нобуд кардам. Кош чун туп будам, ки бо партофтанам агар қарор буд ба ҷое мехӯрдам, он по буд, на дил ё мағз! Чӣ осон масиреро тай кардам ва чӣ сахт масиреро тай кардааст ин шоир. Касе, ки борҳо осораш сонсур шуда ва борҳо ба хотири баёни андеша пояш ба додгоҳу зиндон боз шудааст. Касе, ки китобҳояш тамоми ҷаҳонаш будаанд!
Базрҳоеро зери по маҷақ намудам, ки ҳаргиз ниҳол нашуданд ва ҷавона назаданд ва ба барнанишастанд… Вале дардноктар аз ҳама… бибахшед маро, зану фарзандонашро ғарибу бесарпараст кардам. Ҷаҳонро ба сӯг нишондам. Ман худои хушунату нестиям!
 
Аз ҳарчи филиз аст, мутанафирам. Як мавҷуди изофӣ, дӯсту душман надорам. Метавонам дар як он душмани касе бошам, ки дирӯз бо ӯ лофи рафоқат мезадам.

Кош ба ҷои ман чанголе месохтанд ва бачае бо он ғизо мехӯрд. Ё ҳаддиақал калиде месохтанд ки дареро боз менамуд. На, инҳо ҳама мушти пас аз ҷанганд. Дигар дер шуд, ман ҳам мисли мағзу андешаҳои ин шоир аз маъманам берун рафтам ва фикри рӯшанеро нобуд кардам. Аз мағзи ӯ дар як сония берун омадам ва дар ҳоле, ки ҳамаҷоям хунолуд аст, ба дарахте бармехӯрам, ки зери сояи он бачаҳои фориғ аз бозиҳои рӯзгор бозӣ доранд. Пӯстлохи дарахтеро сӯрох мекунам ва бар замин меуфтам. Ҳунару тавони ман ҳамин аст. Ҷое намоди қудратам, акнун бозичаи дасти кӯдакон мешавам. Бачае маро рӯи даст мегирад. Бо ангуштони нозукаш маро ламс мекунад. Ангуштони наҳифаш хунолуд мешаванд. Маро ба ҳамбозиҳояш нишон медиҳад: худам ёфтам, худам ёфтам… Рафиқаш фарёд мезанад: ин тир аст, нигоҳ кун, хунолуд аст … 

Оне, ки тирро ёфтааст метарсад ва ҳаросон мегӯяд: Ба падарам медиҳам, ки ҷое пинҳонаш кунад, мумкин ягон одами бад паррандаеро бо ин тир кушта бошад …
Ҳама гирдаш ҷамъ мешаванд. Пойҳояш меларзанд ва ман рӯи дастони нозукаш зарабони қалбашро мешунавам. Қалбе ки ба ёди азизе метапад, ки дигар ӯро нахоҳад дид. Гармии хун аз рӯи танам нарафтааст ва дар пеши чашмонам фақат тобути сангину пур аз андӯҳро мебинам, ки аз ҳавопаймо пойин меояд. Издиҳоме дар такопӯянд ки худро ба он наздик кунанд ва дасташон бар пояи он бирасад. Имрӯз забони гӯёи онон барои ҳамеша ба зери хок хоҳад рафт. Тобут мисли заврақи сабз рӯи дастонашон шино мекунад…

Фирдавси Аъзам

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s