Рақси кабӯтар


Баъд аз зуҳри гарми як рӯзи тобистон, ки гӯӣ бодҳоро дар ҷое занҷирбанд кардаанд ва ҳеч барги дарахте намеҷунбид, марде қоматбаланду лоғарандом бо шитоб вориди коборае шуд ва рӯи сандалии мулоим такя зад …

“Ин бача киро дар зеҳнаш тарсим карда, рӯи коғаз кашидааст? Падар ё модарашро?»—дар зеҳнаш ба худ савол дод Миллер, ки пеши назараш фақат Анна пайдо буд. Аннае, ки он рӯз дар коборо бо либоси ҷилодор монанди мурғи ишқ мерақсид ва ҳамаи онҳо фикр мекарданд агар инсоне дар ҷаҳон хушбахту бедарду дур аз ғам бошад ҳамин аст, низ ҳарфҳои марди паҳлӯяш дар гӯшаш мепечид: “ин зан ғуссаро намедонад, хушо ба ҳоли шавҳараш, агар ман ҳам чунин фариштае медоштам”…


Ангуштони фарбеҳи марди сиёҳпуст, ки ҳатман узви ҳамин гурӯҳи мусиқист, орому муназзам ба рӯи сафҳаи пиёну менишинанд. Чанд марди ҷавон бо гитору войлун ӯро ҳамроҳӣ мекунанд. Мусиқии мулоиме танинандоз аст, ки монеъи ҳаёҳуву мавҷи баҳам задани истаконҳо намешавад. Ҷамъияте рӯи сандалиҳои сепояву чорпоя нишаста, саргарми сӯҳбату хӯрдану нӯшидананд. Иддае монанди муҷассамае бидуни ҳаракат ба нуқтае менигаранд. Нуқтае, ки гӯё қарор аст дар онҷо иттифоқе биафтад.
Маъмулан охирҳои ҳафта баъд аз поёни соати корияш ба ҷойҳое монанди инҷо меояд ва соатҳо бо худаш менишинад ва сигор мекашад. Рӯбарӯи дари аслӣ нишаста ва ба осонӣ вуруду хуруҷи муштариёнро мушоҳида мекунад. Ҳатто агар пуштатон ҳам ба даромадгоҳ бошад, боз ҳам тамошои ин саҳнаро аз даст нахоҳед дод: баробари кушода шудани дар, зангӯла ба садо дармеояд. Ва ин боис мешавад, ки сари баъзе аз муштариҳо ба он тараф чарх занад.
Зангӯла даромадани касеро хабар медиҳад. Қабл аз он ки ба тарафи дар нигоҳе андозад, аз болои айнаки доирашаклаш мебинад, ки ин бор гардиши сарҳо ба маротиб афзуда аст. Оҳо, хӯроки ҳамин коборанишинон: зане ҷавон бо қадди нисбатан боло, борхалтае дар даст, кафшҳои пошнабаланд ва лабханде, ки тамоми сураташро пӯшонда аст, ба оромӣ ворид мешавад. Ин табассум ангор барои мард ошност, аммо куҷо ва кай ба ёдаш наомад. Мӯи бури раҳои зан шонаҳои урёни сафедашро пӯшондаанд. Мард, ки моту мабҳут ба ӯ менигарист, боз ҳам як сония хаёл мекунад, ки ӯро ҷое дидааст.
— Куҷо ӯро дида бошам? – мепурсад аз худ ва чашмонаш тангтар мешаванд. Посухе намеёбад. Дар … Не … ё шояд …. муҳим нест.
Зан ба гӯшае, ки ҳунармандон қарор доранд, нигоҳе мекунад ва дасте ба кулоҳи лабапаҳни турияш мебарад ва бо лабханд даст меҷунбонад. Навозандаҳо ҳам, ки ҳатман бо ӯ ошноанд, бо такон додани сар адои эҳтиром мекунанд. Аз сандалии бағалӣ садои марди сигорбадасту зоҳиран масте ба гӯш мерасад, ки ба марди паҳлӯяш мегӯяд: «Бубин, чи қадар шоду хушбахт аст. Шамшери барроқи табассумаш ҷигару рӯҳи одамро пора мекунад. Кош қадре аз ин хушбахтӣ насиби ман ҳам буд. Маълум аст, ки ғуссае надорад ва ба риши дунё механдад» ва дар лаби худаш ҳам табассум мешукуфад.
Мард бармегардад ва ба гӯшаи чашм нигоҳ мекунад, ки ҳамистаконии сигорбадаст, ки тугмаҳои пироҳанаш кушода буданд, дар ҳоле, ки бо чашмҳои нимабоз бинияшро бо сари остинаш мемолид, ҳарфи рафиқашро тайид карда -«хуш ба ҳоли ҳамсараш, ки чунин зани дилрабо дорад, одам бо доштани чунин фаришта ҳаргиз таъми тунди пириро намечашад» мегӯяд ва ҷомро, ки дар даст дошт, сар мекашад.
Зан бо чанд тан аз афрод салому рӯбӯсӣ мекунад ва дар интиҳои роҳрави борик пушти пардаи сиёҳе, ки акси чанд паранда рӯи он намудор буд, нопадид мешавад…
Сақфе баланду ороёфта бо рангҳои мухталиф ва чароғҳои овезон фазои ҷодуиеро эҷод кардаанд. Аммо берун гармӣ бедод мекунад. Хушбахтона, дасти офтоб ба инҷо намерасад. Нӯшиданӣ дар чунин ҳавое ба таври ваҳшатнок мечаспад.
Лаҳзае баъд ритми мусиқӣ тағйир мекунад. Баробари он ҳаёҳӯи ҳозирин баландтар мешавад. Зан, ки чанд лаҳза қабл бо зоҳире маъмулӣ омада буд, бо либоси сурхи кутоҳи часпидабатан ва домане гирду бунафшранг то рон рӯи саҳнае начандон бузург зоҳир мешавад ва дар танини мавҷи мусиқӣ шурӯъ мекунад ба рақсидан. Гӯӣ мурғе аз наққошиҳои парда ҷудо шуд ва дар рӯи саҳна ба хиромидан омад. Нерӯи мармузе дар ӯ ҳулул мекунад ва худои ҳиндуҳо дар шакли ӯ зоҳир мешавад. Ӯ мерақсад ва кобора ба ларза дармеояд. Тавре, ки барҷастагии синаҳо ва мӯи парешонаш ҳамроҳ бо ҳаракоти мавзуну ором ақлу ҳуши ҳар бинанда, махсусан мастҳоро мебарад. Канори соати деворӣ чанд тоблуи нимурёни наққошӣ ва як ҷуфт ниқоб насб шудааст. Мард чашмҳояшро мисли гурбае, ки мавриди навозиш қарор гирифта, танг мекунад ва дасташро такягоҳи сар карда, ба  раққоса, ки мисли як парандаи маст, болу пар мезанад, чашм медӯзад. Ҷавони қоматбаланде ба кундии ҳаракати сангпушт аз ҷояш мехезад ва зоҳиран мехоҳад бо ӯ бирақсад, аммо дар ҳоле, ки дастҳояшро боло бардошта чанд қадам ба тарафи зан бармедорад, ногаҳон банди кушодаи кафш дар пояш мисли мор мепечаду шалаппас ба замин меафтад. Мавҷи қоҳ – қоҳи хандаи мастона дар фазо мепечад. Омезиши мусиқию рақс ҳамроҳ бо ҳамҳамаи ризоятбахши ҳозирин фазои оканда аз дуди талхи сигору бӯи тунди алкулро мепӯшонад. Аз пешонии раққоса арақ ба оромӣ зоҳир мешавад. Кам – кам арақ ба рӯй ва тани нимурёнаш нуфуз мекунад ва пусти чун барф сафедашро ҷаззобтару васвасаангезтар ҷилва медиҳад. Монанди онки қатраҳои об рӯи булӯр зуҳур кардаанд.
Мард сигоре рӯшан карда, ба ҳаракоти дилфиреби раққоса зеҳн мемонад. Саъй мекунад ба ёд оварадаш. Зери лаб мегӯяд:-«шарт мебандам, ки худаш аст. Аммо инҷо чи кор дорад?». Намефаҳмад. Ҳофизааш ёрӣ надод …
… Он рӯз аз ойинаи байн дид, ки зане дар сандалие танҳо нишаста ва ба тасвирҳои пушти шиша нигоҳ мекунад. Манзарае, ки ҳар рӯз шоҳиди он аст. Мусофирон яке-яке пиёда мешаванд. Ҳар қадар автобус пештар меравад, сохтмонҳои осмонхарошу рестурону меҳмонхонаҳо ва огоҳиҳои рангию диҷитолӣ камтару камрангтар ба назар мерасанд ва ҷояшонро ба дарахтҳову алафҳои лаби роҳу манзилҳои пасту куҳна медиҳанд. Роҳи қирпӯш ҷомаи пур гарду хоку даридаро мемонад. Ҳаракати автобус кунд мешавад. Ин ҷост, ки фосиларо эҳсос намуд: ободӣ поён ёфт ва акнун ба вайронаҳо расид.
Мард аз шишаи калони пеш чашмаш ба гурбаи сиёҳе меуфтад, ки аз миёни роҳ бо шитоб мегузарад. Зан аз пушти шиша мебинад, ки марде жулидамӯву ошуфтаҳол сатли пур аз хокрӯбаро, ки канори мошини бечарх қарор дорад, мековад ва чизе пайдо карда, бо сагаш тақсим мекунад. Чанд қадам дуртар аз ӯ масте рӯи коғазе хобидааст. Зоғе болои сутуни барқ бо нулаш чизеро мехӯрад. Гармии ҳаво боис шуда, ки бӯи нофорами пасмондаҳои хокрӯба аз шишаи автобус ворид шуда, фазои дохили онро ҳам олуда кунад.
Садои сабтшудаи апарат охирин истгоҳро хабар медиҳад. Ронанда дар ҳоле, ки арақи пешонии фарох, вале пурчинашро пок кард, дид танҳо мусофир, ки ҳамон зани раққос аст, бо зоҳире хаставу парешон ва ду борхалтаи бузург дар даст пиёда шуд.
Ба ду тараф чашм духт. Сипас муҳаррики автобусро хомӯш кард ва ба сӯи зан шитофт.
— Салом бону. Ман Миллер ҳастам, иҷоза диҳед ёриатон кунам. Боратон зоҳиран вазнин аст.
Зан, ки фақат ба андозаи чанд қадам аз автобус фосила дошт, баргашт, борхалтаҳоро ором рӯи замин гузошт ва оҳе кашиду нафасзанон гуфт:
— Аср бахайр оқои… Миллер, сипосгузорам, лутф мекунед!
Миллер нигоҳе ба автобус меандозад. Дасташро дар ҳаво мечархонад ва чизе мегӯяд, ки фақат худаш мешунавад. Борхалтаҳоро ба даст гирифта, занро ҳамроҳӣ мекунад.
Зан, ки арақи рӯяш сурмаи чашмҳояшро каме шуста аст, ба ҳамроҳаш нигоҳ мекунаду бо лаҳне хиҷолатолуд мегӯяд:
— Бубахшед, ки заҳмат додам. Иҷоза диҳед худамро муаррифӣ кунам. Анна ҳастам.
–Ҳеҷ гап нест хонум Анна. Хушвақтам. Дар зимн поёни соати кориам аст. Ростӣ… он рӯз Шуморо дар он кобора дидам. Чи қадр зебо мерақсед, айнан мисли товус …
Зан эҳсос кард саропояшро оташ гирифта аст, дубора оҳе кашид ва бо табассуми маснуъӣ гуфт:
— Онҷо кор мекунам … Росташ … ҳикояташ дароз аст …
Ронанда аз ин ки дид зан худашро бохтааст, эҳсоси гуноҳ кард ва саросема мавзӯъро самти дигар кашонд:
— Аҷаб ҳавое шуда …
Аз қабати кӯчаҳои танги хокӣ ва хонаҳои куҳна гузаштанд ва ба хонае, ки дари хурди оҳанӣ дошт, расиданд. Мард ба маҳзи гузоштани бастаҳо, мехост хайрухуш кунад, аммо зан монеъ шуд ва ӯро барои як нӯшидании хунук ба хона даъват кард. Миллер борхалтаҳоро ба рӯи замин гузошт. Дудила буд: биравад ё баргардад?
Ресмоне миёни ду дарахт кашида шудааст. Рӯи он либосҳое овезонанд, ки сояҳои дарозу сиёҳашон рӯи тирезаҳои кушодаи чубӣ, ки офтоб сатҳи пусташонро хӯрдааст, нишастаанд. Дар гӯшае чандто гулдони хурди холӣ рӯи ҳам ҷамъ шудаанд ва духтаре рӯи кати зери дарахт машғули кашидани расм аст.
Назди духтар меояд. Уро мебӯсад ва мебинад, ки тарҳи чизе рӯи коғаз дар ҳоли шаклгирист…
–«Расо 13 сол пеш ҳамсарам дар чанги маводи мухаддир гирифтор ва ғарқ шуд. Ин фуру рафтан дар гирдоби одат оҳиста – оҳиста сутунҳои зиндагиямро шикаст. Талошҳоям барои наҷоташ бефоида буд. Талхтарин рӯзам замоне буд, ки ӯ маводро ба ҷои хонавода муҳим донист ва дар зиндон ҷо гирифт. Ва ин ҳодиса замоне уфтод, ки ман Роза – ҳамин духтарчаамро, ки ҳозир 12 сол дорад, якмоҳа дар қад доштам.
  Мард туфашро қурт медиҳад. Бо шунидани ҳарфҳои зан гӯё сӯзан аз пусташ гузашта, ба гӯшти бадан ва устухонҳояш мехалид.
— Вале шавҳарам дар ин бора хабар надошт. Зиндагӣ бо ман қаҳр кард. Дилам мехост шод бошам, хушбахт бошам, бихандам ва дар ҳавои бехудӣ, дар камоли хушбахтӣ бирақсам. Чанд солест, ки дарди пову камар сахт азобам медиҳад. Лаҳзае, ки дар коборо мерақсам, худам медонам чӣ аз дилам мегузарад. Фақат бимам ин аст, ки дар гирдоби тӯфони ғусса ғарқ нашавам. Маҷбурам бихандам, лоилоҷам худро беғам нишон диҳам. Одамони хаста ба ин ҷо аз ҳамон ғаму ранҷи зиндагӣ паноҳ овардаанд. Вале магар касе даруни дили маро медонад? Ба хотири он ба ман пул медиҳанд, ки муштариён шод бошанд, бо рақси худам шӯру шааф барояшон ба вуҷуд биёварам.»
Вақте Анна ба инҷо расид, дар ҳоле, ки нохунҳои ангушташро мехойид, садояш ларзид ва буғз гулӯяшро фишурд. Ашк аз чашмҳои сабзи калонаш рехт. Ҳарчи дар дил дошт, пеши ронанда берун рехт. Мард бо ҳавсала ӯро гӯш мекард ва дар ҳоле ки гоҳе ба духтар нигоҳ мекард, лабаш зери дандон буд. Анна эҳсос кард аз дарунаш чизи вазнинеро берун кашидаанд.
Дар ҳамин ҳол духтараш вуруди занеро эълон кард ва Анна аз ҷояш хесту ашкҳояшро бо кафи даст поккунон пеши ӯ рафт. Мард ба гӯшаи чашмҳои намдораш дид модари Роза бастаеро ба ӯ медиҳад.
Эҳсос кард ҷигараш оташ гирифтааст, пушти сари ҳам чанд бор пилк зад ва дастмолкоғазии қадшудаеро ба тарафи бинияш бурд.
Офтоб дар остонаи нишастан буд.
Миллер дар ҳолати бехудӣ …
Духтарак наққошиашро, ки акнун комил шуда буд, бо табассуми малеҳ ба ӯ нишон дод: кабӯтаре дар гӯшаи осмон бол мезад, гӯӣ мерақсид…
–«Ин бача киро дар зеҳнаш тарсим карда, рӯи коғаз кашидааст? Падар ё модарашро?»—дар зеҳнаш ба худ савол дод Миллер, ки пеши назараш фақат Анна пайдо буд. Аннае, ки он рӯз дар коборо бо либоси ҷилодор монанди мурғи ишқ мерақсид ва ҳамаи онҳо фикр мекарданд агар инсоне дар ҷаҳон хушбахту бедарду дур аз ғам бошад ҳамин аст, низ ҳарфҳои марди паҳлӯяш дар гӯшаш мепечид: “ин зан ғуссаро намедонад, хушо ба ҳоли шавҳараш, агар ман ҳам чунин фариштае медоштам”…

Фирдавси Аъзам

Шарҳи вожагон:

Қирпӯш – осфолт
Кашидани расм – наққошӣ
Расо – дақиқан

Аз китоби “Навҳаи доркӯб”, нашри Орван, Теҳрон

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s