Навиштаи #Илоҳаи_Фирдавс (11-сола

Мӯйсафед дар айвон якпаҳлӯ нишаста, чойи кабуд менӯшид. Дасти чапашро пушти сараш монда, рӯи ҳавлиро тамошо мекард. Бо дасти дигараш ҳар бор чизе аз рӯи дастархон мегирифту даҳонаш мебурд. Тоқияш дар гӯшаи дастархони гулдор дида мешуд. Гоҳе бо дасти росташ сарашро мемолид. Рӯи дастархон ба ғайр аз нон, боз мавизу лочара ҳам буд. Лочараҳои калону гарм. Аммо мӯйсафед лочараро дар чой тар мекарду баъд мехурд. Рӯйи ҳавлӣ бошад, сояи баргҳои ангур меҷунбид. Ва назди дастшӯяки овезон набераҳояш хокбозӣ мекарданд.
Ногаҳон ду мусича аз кимкуҷое парида омада рӯи ҳавлӣ нишастанд. Мӯйсафед онҳоро дид. Дасташро аз пушти сараш гирифт. Дузону нишаст. Баъд, аз рӯи дастархон нонрезаҳоеро гирифта аз ҷояш нахеста ба тарафи онҳо чошид. Мусичаҳо аввал париданду дуртар рафтанд. Баъд тез дубора пеши нонрезаҳо омаданду ба хурдан сар карданд. Овози қум-қумашон мебаромад. Онҳо заминро нӯл мезаданду мӯйсафед бошад баҳузур пиёлаи чойро менӯшид. Пешонияш арақ карда буд. Охир чой гарму ҷӯшон буд. Ногаҳон дид, мусичае ки фарбеҳтар аз дигарӣ буд, наздиктар омаду шарикашро ба як тараф тела дод. Ва тез тез қум-қум мекард. Мӯйсафед ин ҳолатро медид. Аввал парво накард, аммо дид ки мӯсичаи фарбеҳ, харобакро намемонад нонреза хурад. Пиёлаашро монд ва аз ҷояш хест. Мусичаи фарбеҳро киш гуфт. Баргашту дар ҷояш нишаст. Аммо боз ҳам ҳамон ҳолат такрор шуд. Мӯйсафед ин дафъа хесту як мушт нонрезаро гирифта, ба ду тараф чошид. Мусичаи фарбеҳак ба як тараф рафту мусичаи харобак ба тарафи дигар. Ва ҳар кадом нон мехурданд. Муйсафед аз тамошои ин манзара шод шуд ва ба ҷояш баргашту чойники чояшро нӯшида тамом кард.
#Илоҳаи_Фирдавс
20.02.2021
Ду ҳикояи қаблии ӯ инҷост:
Ҳикоя: Дар хона https://m.facebook.com/groups/627357037280443/permalink/4351089894907120/
Ҳикоя: Ситораи умед
https://m.facebook.com/groups/627357037280443/permalink/4227628320586612/