Шаҳриёри Бухоро


Алӣ Деҳбошӣ

Гуфта мешавад, ҷаноби #Алӣ_Деҳбошӣ, нависанда, адиб, сардабири маҷаллаи "Бухоро" китобҳои китобхонаи шахсии худашро фурухта аст то коғаз бихарад барои интишори шумораи наврӯзии ҳаштсадсафҳаи "Бухоро". Аммо, бадбахтона, ҳоло вируси манҳуси куруно домани ӯро гирифта ва бистарияш карда аст...

Ҷаноби Деҳбошӣ яке аз барҷастатарин ходимони фарҳанги муосири Эрон аст. Касе ки ба танҳоӣ як ниҳоди бузургу таъсиргузори фарҳангист. Касе ки талоши густардае дар муаррифии осор ва зиндагии бузургони арсаи адабу фарҳанги Эрону ҷаҳон дошта аст. Ӯ қатореро мемонад ки ҳамеша дар ҳаракат аст. Ва ба дунболи решаҳост, решаҳои торихӣ, решаҳои дирӯз, ки то пайвандашон диҳад ба имрӯзу фардо. Тамоми зиндагияшро сарфи коре карда аст, ки ба он самимона ишқ меварзад, яъне ҳифзи фарҳангу адаби форсӣ. Пас мешавад гуфт, ки нигоҳбони фарҳанг аст. Шуҳрати ӯ маҳдуд ба Эрон нест, фаротар аз марзҳои ҷуғрофист. Барои аҳолии адабу фарҳанги Тоҷикистон ҳам ному чеҳраи ошност. Донишҷӯ будам, ки бо "Бухоро" ошно шудам ва чандин шумораи ин маҷалларо дар Хуҷанд хондаам. "Шабҳои Бухоро" ва баргузории садҳо руйдодҳои илмӣ-адабӣ ва фарҳангӣ ҳосили талошҳои вазину хастагинопазири устод Деҳбошист. Ӯ подшоҳест ки "Бухоро" тоҷу тахташ аст. "Бухоро"-е ки намоди фарҳангу ҳунару забони форсист. "Бухоро"-е ки номи дигари ӯст. Аз Худованди маннон барои устод Алӣ Деҳбошӣ орзуи тандурустӣ ва пирӯзӣ металабем. Эй Бухоро шод бошу дер зӣ!

На мисли касе ки аз дарахт уфтодаст
На он ки аз остони бахт уфтодаст
Ин мард фақат Алии Деҳбошӣ нест
Эрони бузург рӯи тахт уфтодаст!

Фирдавси_Аъзам

Тоҷикистон

Алӣ_Деҳбошӣ

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s