
Ҳамеша рӯзи таваллуди падару модарам хостарину баёдмондатарин рӯзҳои зиндагиям аст.
Имрӯз таваллуди модарам аст. 60-сола шуд. Номи дигараш Зиндагист. Модаре, ки мисли ҳазорон модари дигар, меҳрубону поку содаю мамлу аз отифааст. Содагиҳояшро дӯст дорам, меҳрубониҳояшро меситоям. Наҷобату иффаташро мепарастам. Модарам қалби бузурге ба вусъати дарёҳову хуршеду осмон дорад. Ҳамеша чун кӯҳ пуштам истода. Дуруст мисли падарам. Ин қадр меҳрубон аст, ки ҳамаи мо- фарзандонро ба хотири муҳаббаташ, ба хотири хушқалбиаш “Шумо” садо мекунад. Модаре, ки ҳамвора мисли падарам бароям шӯру нишоту умеду ишқ ба зиндагӣ мебахшад.
Чӣ зебо мегӯяд Онорее де Балзак: “Модар ягона мавҷудест, ки ҳақиқати ишқи покро мешиносад”
Ё Ҷурҷ Ҳерберт: “Як модари хуб ба сад устоду омӯзгор меарзад”
Ё ба қавли Фаридун Муширӣ чӣ қадар хуб аст “лаззати як лаҳза модар доштан” ва . . . .
Аз ин ки ин ӯ ва падарамро дорам, Худоро ҳазорон бор сипосгузорам. Сояашон ҳамеша болои сарамон бошад илоҳӣ!
Имрӯз таваллуди модарам аст. Ҳамон модаре, ки ба покию зулолии чашмҳояш имон дорам ва ошиқона мепарастамаш. Ҳамон модаре, ки фариштааст, фақат дар қолаби як инсони маъмулӣ. Модаре, ки ҷояшро ҳиҷ гоҳе ҳиҷ касе намегирад. Одамҳое ҳастанд, ки ҳаргиз такрор намешаванд, модарам, падарам, хонаводаам ва дӯстони ба ҷон баробарам барои ман ҳамингунаанд.
Модари ман, модари меҳрубони ман, мафҳуми баҳору рӯиш ва сабзиш аст ва зеботарину латифтарин ғазали ошиқонаи ман ки ҳиҷ гоҳ наметавонам бисароямаш!
Атри вуҷудаш аз тамоми ёсҳои баҳорӣ муъаттар. Медонам ин ҳарфҳо такрорианд, аммо эҳсоси мананд.
Тақрибан панҷ сол аст, ки канори дастархони таваллуди ӯ нестам. Дасти бераҳми ғурбат маро аз оғӯши гарму домони амну фарохи ӯ дур карда…
Аз ҳамин ҷо, пушти деворҳои баланди фосила, ки дастони ман кутоҳанд, дасту сӯраташро мебўсаму рӯзи таваллудашро табрик мегӯям.
Орзӯ мекунам ки Худованд ҳамаи модаронро дар паноҳи худ нигоҳ дорад ва ба модари ман низ умри бобаракат ва иззат диҳад. Модарон паёмбаронеанд ки мешавад дар оғӯшу доманашон ва остонаи меҳрашон ба меъроҷи хушбахтӣ рафт. Модарон бӯи Худо медиҳанд.
Таваллудат муборак паёмбари ман, ки ба рисолатат имон дорам!! Ман ҳамеша канори туям. Дасту поятро мебӯсам. Оғӯшат мегирам. Аммо аз дур…
Нозанин модар, маро бубахш ки натавонистам бароят шеъри тозае банависам, танҳо як байт аз як ғазали бисёр- бисёр қадимӣ ва ҳамон шеъри Панҷараро, ки солҳо пеш бароят навишта будам бо тамоми вуҷудам тақдимат мекунам.
Рӯзи таваллуди туву гарчи наям канори Ту
Муборак эй азизи дил ,таваллуду баҳори Ту
(2010)
Буҳту ғурубу халсаи кашдори панҷара
Лаънат бар ин ҳавои дилозори панҷара
Борону ҳиқ-ҳиқе, ки фазоро гирифтааст Фарёд мезанад дили афгори панҷара
Пушти ҳисори фосилаҳо гиря мекунам
Шоҳид ҳамин ду дидаи намдори панҷара
Модар!Канори панҷараам шеър мешавӣ
Дар дафтари таровати ашъори панҷара
Аз ту ба моҳу оинаҳо ҳарф мезанам
То субҳ аз даричаи бедори панҷара
Дилгирам аз таҳоҷуми андӯҳи ёдҳо
Хушҳолам аз муҳаббати бисёри панҷара
Чашмони чори оина шуд беқарори ту
Модар!Биё ба хона ба дидори панҷара!
Имшаб биё, ба лутфи ҳузури ту мекашам
Ман дасту пои фосила бар дори панҷара
(2015-2016)
Писарат:
Фирдавс
10.03.2021