
То таваллуди #Табиат рӯзҳои башуморе монда аст. Биёед ба ин муносибат орзу мекунем;
Орзу мекунем, ҳоли ҷаҳону инсонҳо хубтар шавад. Саломатӣ, Сулҳ, Садоқат, Амният, Адолат, Меҳрубонӣ, Огоҳӣ ва Хушбахтӣ дар ҷаҳон ҳукумат кунад ва ҷанг, кина, адоват, бадбахтӣ аз сайёраи мо барои ҳамеша кӯч кунад…
Орзу мекунем бидуниташвиштарин рӯзҳоро пеши рӯ дошта бошем; #бемористонҳо ҷояшонро ба истироҳатгоҳҳо, #зиндонҳо ба осорхонаҳо, #гуристонҳо ба тафреҳгоҳҳо ва #дорухонаҳо ҷояшонро ба китобхонаҳо диҳанд…
Орзу мекунем шонаҳои одамҳо холӣ аз бори сангини ғаму ранҷҳо бошад. Дилҳо шод, чашмҳо беашк, дастҳо пур ва зеҳнҳо ором. Рӯзҳои сиёҳу талх дар гузашта монанд ва рӯзҳои рӯшану ширин сарнавишти одамҳоро рақам бизанад…
Орзу мекунем замин сабзтару амнтар ва заминиён бедардтару бебалотар аз пеш шаванд. Ҳаво поктар шавад, осмон обитар ва #инсон шоҳиди иттифоқҳои нағзу хабарҳои хуштар…
Орзу мекунем дубора кафшфурӯшиҳо дарҳояшонро кушоянд ва садои пои кафши раҳгузарон хоби кӯчаҳоро ошуфта кунад, одамҳо шона ба шонаи ҳам роҳ раванд, ниқобҳо замин уфтанд, чеҳраи хурсанди ҳамдигарро бубинанд, ҷашни оғӯшу лабханд бигиранд, хабаре аз #куруно-пурунову гӯшагириву инзиво набошад…
Орзу мекунем, ки #Баҳор имсол аз даричаҳои кушодаи хонаҳоямон ворид шавад, ҳамроҳаш чой нӯшем ва аз ӯ бихоҳем ки бо мо меҳрубонтар аз қабл бошад ва иҷоза диҳад то шоҳиди шукуфтани дарахтон, хамёзаи гул, рақси бод, ҷуфтгирии парандаҳо ва ишқварзии Осмон бо Замин бошем…
Орзу мекунем ки имсол ба лутфи Худо, ҳофизаи ҷорӯббарқивор (пылесос)-и торих ин давраи куруноиро ҳарчи зудтар ба худ фуру барад ва мо аз он танҳо ба унвони як давраи торихӣ ёд кунем…
Орзу мекунем, ки одамҳо ин қадар ба ҳам муътод шаванд, ки фазои маҷозиро фаромӯш кунанд, соатҳо ба чашмҳои якдигар хира шаванд, ба зигдагии воқеии худ часпанд, риштаи робитаҳо муҳкам шавад, ширкатҳои телефунфурӯшию Интернетрасон варшикаста шаванд…
Орзу мекунем ки ҳамаамон муҳандис шавем ва агар худое накарда “хона”-и диламонро рӯзгор ё касеву чизе вайрон кард, худамон дастбакор шавему аз нав дурусташ кунем…
Орзу мекунем, ки дӯстиҳо мондагор, ойинаи рӯзгор беғубор, дарахти лаҳзаҳо шукуфабор, хушиҳо пойдор ва лабхандаҳоямон бисёр бошад…
Орзу мекунем, ки дастархонамон пур аз обу нон, кисаҳоямон пур аз хушбахтию оромиш, хонаҳоямон пур аз атри гарми Худо, чашмҳоям пур аз умеду қалбҳоямон пур аз ишқ бошад…
Орзу мекунем ки имсол бештар аз солҳои рафта биандешем ва #сипосгузор бошему бипазирем ки #УМР кутоҳ асту қадри якдигарро бидонем ва дар канори зинда будан, #ЗИНДАГӢ ҳам бикунем…
Омин….