Хонатаконӣ


Ҳамсарам тамоми пардаҳоро канда буд. Дар осмон як тикка абр ҳам намедидед. Нури мулоим ва беминнати офтоби афсунгари субҳгоҳӣ аз тирезаҳои кушода бар рӯи ашёи хона менишаст. Писари нуҳсолаам рӯи тахти ҳуҷрааш бо ҳавсала қаламашро метарошид. Ман, бо он ки сардарди сабукеро ҳанӯз эҳсос мекардам ва чанд рӯзи охир шоҳиди номулоимоте низ будам,

бо каме бемайлӣ ҷевони шишагӣ ва қафасаи китобро гардгирӣ кардаму васоилашро мураттаб.
Ҳамсарам дар ошпазхона ҷунбуҷӯл дошт. Корамро шудам ва пешаш рафтам. Хостам ёрияш кунам, қабул накард ва ду селлофани сиёҳи дуррехтаниро дастам доду бо ишораи чашм маро барои қадамзании кутоҳ берун фиристод. Манзурашро медонистам.
Одатан дучархаамро дар балкони табақаи дуюм, ҳамон ҷое ки зиндагӣ мекунем, мегузорам. Қисми зиёди мардум дучарха доранд ва ҳатто то маҳалли корашон бо ҳамон мераванд. Вақте аз дар баромадам, мардеро дидам бузургтар аз худам, ки дар балкон дунболи чизе мегашт. Бо ин хаёл, ки ҳамсоя аст, салом кардам. Як қад париду саросема нигоҳе кард ва рӯяшро тез баргардонду ҷавоб надод. Китфҳоямро боло кардаму роҳамро идома додам…
Селлофанҳои вазнинро дар қуттии сабзи плостикӣ рехтам ва шуруъ кардам ба қадамзанӣ дар атрофи порки пушти хона. Осмон он қадр соф буд, ки мехостам бағалаш бигирам ва замин ба андозае сабз, ки дӯст доштам тамошояш кунам. Ва он қадр рӯяш бинишинам, ки ҷавона занам, сабз шавам. Шопаракҳои бехаёл дар рақс. Танини садои парандаҳои бепарво дар фазо печида. Офтоб сояҳоро балъида буд. Бод ором-ором менавохт. Нури мулоиму гарми офтоб гунаҳоямро мебӯсид. Шохаҳои яквақтҳо хушку сармозада аз нав ҷавона зада ва меҳрубонона заминро бод медоданд. Чанд зану мард дар ҳошияи порк баданашонро хаму рост мекарданд. Саги фарбеҳу мӯбӯре, ки ба эҳтимоли зиёд аз они онҳо буд, дар наздикияшон алафҳоро бӯ мекашид ва худашро метаконд. Гоҳе нохудогоҳ зеҳнам тасвири он марди дар балконбударо пеши назарам меовард, ки чаро ҷавоби саломамро надод. Рӯяшро ба дурустӣ надида будам. Дар он сохтмони панҷтабақа тақрибан ҳама якдигарро мешиносем. Аммо ӯ кӣ буд?… Гоҳе гумонҳои беҷо чӣ қадар ба оромиши мо зарба мезананд. “Гумаш кун” – гуфтам ва ба қадамзанӣ идома додам. Атри чаман машомамро навозиш мекард. Чашмҳоямро бастаму ҳавои тозаро амиқ нафас кашидам. Дарунам салқин шуд. Оҳ, худои ман, ҳама чиз дар ҷараён буд. Гӯӣ офтоб ҳамроҳи ман қадам мезад, якмаром ва муназзам. Чи қадр қадамзанӣ дар ин ҳавои латифи субҳгоҳӣ ҳоламро хуб кард.
Пиру кампире ҳам даст дар дасти ҳам аз гӯшаи дигари роҳрав бо қадамҳои сусту шумурда аз канорам мегузаштанд. Он қадр кунд, ки гӯйӣ мадоре надоранд. Он субҳи барвақт куҷо мерафтанд? Ба ман чӣ, ки онҳо азми куҷо доранд. Пиранд, шояд ҳавохӯрӣ омадаанд. Ва ё эҳтимол ҷое харид, ё шояд ҳам аёдати дӯсте, хешу таборе … мераванд. Аслан ин фарзияҳо ҳам дуруст набошад. Чӣ зарурат аст донистани мақсади онҳо?. Агар қарор бошад, рафту омади ҳамаи ҳамсояҳоро бидонам, он вақт кай барои худам зиндагӣ мекунам?
Ҳамон тур, ки ором-ором қадам бармедоштам, бидуни ҳеч барномарезии қаблӣ худам ва зеҳнамро раҳо кардам. Раҳову холӣ аз ҳама чиз; фикри рӯзҳои талху ширин, нигарониҳои рӯзгор, тарсҳо, вобастагиҳо, таваққуъҳо, танаффурҳо, озмунҳое ки ҳамеша бо онҳо рӯбарӯям, чизҳое ки дар дарунам таланбор шудаанд, иттифоқоти хубу бад, эҳсосҳои гарму сарде, ки часпидаанд ба рӯҳу равонам ва ҳатто чеҳраи ҳамон марди дар балконбударо… Гӯри падари дунё. Худамро такондам аз ҳама чиз. Аз чизҳое, ки боиси пайдо шудани ожангҳои амиқ рӯи пешонӣ ва шумори зиёди торҳои сафеди мӯи сарам буданд.
Наздики дари сохтмон расидам. Рамзи дарро задам ва ворид шудам. Аз зинаҳо, ҳамон тур, ки эҳсоси сабукӣ ва сархушӣ вуҷудамро фаро гирифта буд, ором-ором боло рафтам. Сардардро эҳсос намекардам. Сипосгузор будам аз нур, барг, ҳаво ва раҳоӣ.
Ба он меандешидам, ки чи қадр лаззатбахш аст зистан дар акнун. Набзам ором мезад. Ҳиси хушоянде зери пустам медавид…
Расидам ба пушти дари хона. Дастам рӯи дастгираи дар, чашмам якбора ба гӯшаи балкон уфтод. Чизе кам дошт. Дучархаам, аспи беминнати ман дар ҷояш набуд …

Фирдавси_Аъзам

Хонатаконӣ

20.03.2021

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s