Он рӯзи талх падарамро бурданд


Ҳанӯз ҳам он рӯзи талхро ба ёд дорам…
Гӯшаи ҳавлӣ, зери дарахти бебарги себ зери нури мулоими офтоб бозӣ мекардам. Боди мулоим гоҳ-гоҳе варақҳои китоби суратдорамро бо нармӣ мекушод. Модарам дар танурхона, ки сақфаш мисли мӯйҳояш сиёҳ буд, нон мепухт. Падарам байни ниҳолу алафҳои атрофи оғил меҷунбид. Садои гову гусфанд гоҳе ба гӯшам мерасид. Гурбаи хокистариям, бидуни он ки нӯл задани гунҷишкҳоро халал расонад, худашро ба танаи ниҳоли хурмо мемолид. Бобо, бо остинҳои барзада таҳмондаи оби обдастаро ба бехи гулҳои лаби боғча рехту наздам омад. Қадди баландашро хам карду дасташро ба мӯйҳоям кашид ва бо лабханд ба ниҳоли канори боғча ишора карду гуфт: “ҳамин ниҳоли себ, ки ба бор омад мактабравак мешавӣ баррачаи бобо…»

Вақте механдид, хатҳои рӯяш амиқ мешуданд ва чашмҳояш медурахшиданд. Пӯсти тирае дошт бобоям. Гунаҳояш устухонӣ ва берунзада буданд. Аммо гармрӯ буд. Модарам мегуфт, вақти ба дунё омадани ман, бобо тамоми шабро рӯи сандалии бемористон саҳар кардааст. Ҳамроҳи бибӣ бароям афсона мегуфт ва ҳамеша дар поёни қисса риши кӯтоҳи хокистарияшро ба рӯям мемолид, ки ғалғаличам меомад. Қиссаҳоро он қадр зебову бо ҳаяҷон нақл мекард, ки эҳсос мекардам дар ҳоли тамошои филм ҳастам. Аммо қиссаи ҳазрати Исо ва се хишти тиллоро бештар аз ҳамаи қиссаҳои дигараш меписандидам. Аз ин рӯ, борҳо аз ӯ мехостам, ки ҳамон қиссаро ба такрор нақл кунад. Ёд надорам падар боре афсонаам гуфта бошад. Ҳатто нохунҳои дасту поямро ҳам бобо мегирифт. Дар як ҷой қарор надошт. Мудом меҷунбид; гоҳ дар боғча алафҳои хушки бехи гулу ниҳолҳоро меканд ва гоҳе берун аз хона, ҷӯйборҳоро то сари кӯча тоза мекард…
Қисмати бештари замини хонаро ниҳолҳои қадпасту гулу гиёҳҳои рангоранг пур карда буд. Ҳавлии хокии калоне доштем, ки як гӯшааш мудом сурх буд. Модарам ҳар саҳар рӯи ҳавлиро об мепошиду мерӯфт, вале сурхии хун намерафт. Дари анбори хиштии часпида ба танурхона ҳамеша қуфл буд. Падарам ҳар бор, ки дарашро мекушод, бӯи зардолуи хушк ва хун ҳаворо пур мекард.
Тирезаҳои чӯбии ҳамаи ҳуҷраҳо рӯ ба даруни ҳавлӣ кушода мешуд. Сатҳи айвони калонро гилеми сабз мепӯшонд. Деворҳои тамоми ҳуҷраҳо, ҳатто айвон то нимтана ранги кабуд дошт ва болои нимтанаашон хӯшаҳои дурушти ангур кашида буданд. Бештари вақтҳо бибӣ, ки гӯшҳояш каме вазнин буд, кунҷи айвон нишаста чизе медухт.
Ба хонаамон зиёд меомаданд. Ба хотири ҳамин, дарвоза мудом кушода ва фақат шабҳо баста буд. Гоҳе ҳамсояҳо гову барраҳояшонро меоварданд ва ман аз пушти тиреза аробаи пур аз гуштро медидам, ки аз дарвоза берун мешуд. Ба ёд надорам, ки боре ғизои бегӯшт хӯрда бошам. Ҳамон одамҳо табақ-табақ гӯшт ва гоҳе халтаҳои биринҷу гандум медоданд барои мо. Баъзеҳояшон маро, ки медиданд, бағал мекарданду нӯги бинияшонро ба рӯям мемолиданд. Даҳонашон бӯи бад медод. Мисли даҳони падарам. Одати бад дошт; гӯшаи гилемҳоро мебардошту зери онҳо туф мекард. Бобо доим ҷангаш мекард, ки ҳамин “гӯҳ”-ро накаш. Гоҳе шабҳо бевақт меомад ва ман аз садои бобоям бедор мешудам, ки ҷангаш мекард. Шабҳое, ки дер меомад, дар канори ману модарам намехобид. Ман ҳич вақт нафаҳмидам, ки шабҳо куҷо мерафт…
Он рӯз Бобо барои адои намози пешин ба масҷид рафта буд. Саргарми бозӣ бо гурбаам будам, ки падари асабонӣ аз байни дарахту алафҳои назди оғил баромада, “ҳо духтар” гӯён модарамро фарёд кард. Як қад паридам. Фарёдаш гурбаро гурезонд. Ҳич вақт нашунида будам, ки номи модарамро гирад. Бечора модарам, ки ҳатто ҳаққи меҳмонӣ рафтан ҳам надошт. Падарам ҳатто замини бағали дарвозаро канду лулаи об даровард, ки модарам берун набарояд. Бо шитоб наздиктар омад. Рӯи дарозаш, ки бештар ба каллаи асп монандӣ дошт, мисли хун сурх шуда буд. Мекалавид. Намедонам он поён чӣ кор мекард. Як бор маро гуфта буд: “мабодо онҷо равӣ. Дар байни алафҳо мори калони сиёҳе лона дорад, ки мехӯрадат”. Ба хотири ҳамин, тез дасту пояшро нигоҳ кардам, ки эҳтимол мор ӯро газида бошад. Вале намедонам чаро аксари шабҳо миёни ҳамин гулҳо мехобид. Ба худам мегуфтам дилбастаи онҳост. Аҷаб зебо буданд: ҳар кадом чанд қуббаи сарбастаю боз дошт ва ниҳолҳое ҳам аз қадди падарам баландтар. Модарам аз хона саросема баромад. Чашмҳои гирди падарам калонтар шуда буданд. Наздики ӯ рафту хашмгинона пурсид: “Алафҳои байни дарахтҳои хурморо ту кандӣ?”. Вақте модарам гуфт, ки фақат алафҳои ҳарзи байни дарахтҳоро дарав карда ба говҳо додааст, як шапалоқ ба бехи гӯшаш хурд. Як гӯшворааш ғалтид. Ман мисли харгӯши ларзон рост пеши модарам омадам. Бадани ӯ ҳам меларзид. Қаддаш ба китфҳои борики падарам мерасид. Бо он ки дод заданашро борҳо шоҳид будам, аммо ҳич вақт надида будам, ки вақти гап задан даҳонаш кафк кунад. Нӯги бинияш арақ карда буд. Модарам бе он ки чизе гӯяд, мисли гунаҳкорон сарашро пойин андохт. Ду қатра оби дидааш рӯи пешониям рехт. Бо остинаш ашкҳояшро пок кард. Дилам мисли гунҷишки захмӣ тапид. Паи даст рӯи рухсорааш намоён буд. Падарам дасте ба холи гуштии зери манаҳаш заду ба дарвоза нигоҳ кард ва баъд рӯ ба модарам дубора фаш-фашкунон гуфт: “Бефаросат, дастат шиканад, кур будӣ ун гулҳоро надидӣ”. Як дастамро ки даруни кисаам буд, мушт кардам. Аз пушти симтури боғ, ки замини моро бо хонаи ҳамсоя ҷудо мекард, овози Маҳбибии зани ҳамсоя ба гӯш мерасид. Бибиям дар ҳоле ки рӯймоли сафеди калонашро даври гарданаш андохта, об аз рӯяш мерехт, аз таҳоратхона баромад. Ӯ чизеро нафаҳмида буд. Аммо ҳамин ки дид модарам рӯяшро бо дасташ гирифтааст, обдастаро замин монду зуд пешамон омад: “садқаи одам шавӣ, ту чи тур мардӣ, ки ба рӯи зан даст мебардорӣ”—гуфту моро ба тарафи айвон бурд. Бибӣ гапи дили маро зад. Падарам бадҷаҳл буд. Гоҳе эҳсос мекунам дар даруни худ навъе ҷанг дошт. Дар хона як зарфи солим намонда буд. Як бор бо ду чашми худам дидам, ки чи тур ба тарафи модарам пиёла партоб мекард. Ман як чизро намефаҳмидам; падарам доим модарамро ба ҳар баҳона ҷанг мекард, аммо модар ҳамеша либосҳояшро мешуст ва обу нонаш таҳия мекард. Ягон бор надидам, ки падарам дар кӯча бо касе ин гуна бархӯрд кунад. Ҳар вақт берун мерафтем, даст пеши бар мемонду бо раҳгузарон гарм аҳволпурсӣ мекард. Ман таҳи дилам ӯро ҳақорат кардам. Кош он рӯз бобо хона буд. Баъд бе он ки чизе бигӯяд, рӯи замин туф карду дарвозаи оҳанинро сахт кӯбида, берун рафт…


Вақте аз мактаб омадам бобоям танаи анорҳоро бо ҷул мебаст. Дар ҳоле ки белро аз рӯи замин бармедошт, маро диду гуфт:— "Либосҳоятро кашу биё". Бибӣ мисли ҳамеша кунҷи айвон нишаста, айнак дар чашмонаш чизе медухт. Тез ҳуҷра даромада, либосҳои мактабиямро кашида, пеши бобо рафтам. Он рӯз се то баҳои панҷ гирифта будам, ки хостам даври дастархон ба ҳама бигӯям. Сари падарам дар қабати шохаи ниҳолҳои пасту баланди атрофи коҳдон дида мешуд. Бӯи нони гарму атри гулҳо ва ҷик-ҷики парандаҳо фазоро пур карда буд. Модарам лаби оташдон нишаста сангрезаҳои биринҷро аз даруни лаълии калону паҳн ҷудо мекард. Аз остини либосҳои овезони рӯи тор чакраҳои об рӯи хоки сурх мерехт, ки чанд гунҷишк онҷоро нӯл мезаданд. Сояи ҳамон либосҳо рӯи шишабандии айвон ҳам мерақсид. Шохаҳои ҷулпечу хамшудаи анорро муҳкам гирифта будам, ки бобо лабханде заду гуфт: "Анорҳоро, ки гур кардем, як ҷои нағз мебарамат". Ман бо ҳаяҷон пурсидам ки куҷо мебарадам. "Баъд худат мебинӣ"—гуфту бо лабханд хоки белро рӯи анор чаппа кард. Дар ҳоле ки ба шалвору мӯзаҳои хокияш нигоҳ мекардам, ба худам гуфтам чаро падарам моро ёрӣ намекунад. Баъд аз каме фикр гулуямро соф кардаму ҳамин суолро аз бобо пурсидам. Қоматашро рост кард. Лабханди чанд сония пеш, аз рӯи лабонаш гум шуда буд. Фақат сарашро ба тарафи коҳдон чархонду чизе нагуфт. Гирди дастархон ҳам ҳич вақт гап намезаданд. Қошу қавоқи падарам мудом гирифта буд. Ман дар зеҳнам ин муамморо ҳал мекардам, ки касе баланд номи падарро гирифт. Бобо хокро рӯи шоха рехту белро замин гузошт. Гуфтам: "меҳмон омадааст". Ҳамон тур ки бо гӯшаи латтаи сафед арақи рӯяшро пок мекард, дубора сарашро ба тарафи коҳдон чархонду бе ягон ҳарф, дастҳои хокияшро ба ҳам молиду тарафи дарвоза рафт. Ман ҳам даводав аз пушташ рафтам. Модарамро дидам, ки кафгирро монда, гӯшаи рӯймол дар даҳонаш саросема тарафи оғил меравад. Се марди ношинос дами дарвоза истода буданд, ки тугмаи либосҳои кабудрангашон барқ мезад. Каллапӯшҳояшон яксон буд. Яке аз онҳо, ки шикамаш баромада ва ҳамқадди падарам буд, чанд коғаз дар даст дошт. Як ситорача ҳам рӯи синааш меҷунбид. Ҳалқаҳои оҳанин ҳам рӯи кисааш часпида буданд. Гарданаш мисли гардани говамон ғафс буд. Баръакси бобои ман, ҳеч кадомашон риш надоштанд. Марди коғазбадаст, дар ҳоле ки қавоқаш овезон буд, чанд қадам пештар омаду дубора номи падарамро гирифт.

Бобо бо садое, ки мисли ҳамеша набуд, салом карду аз ношиносҳо пурсид:

—Тинҷӣ аст баччам? Марҳамат, хона дароед, як пиёла чой менӯшем.Марди коғазбадаст, айнан Муллокарими ҳамсоя ба чор тарафи ҳавлӣ гарданашро ёзонд. Баъд бе ҷавоби салом, коғазеро ба бобо нишон доду чизе гуфт, ки ман нафаҳмидам. Ҳамин вақт ҳамроҳонаш бо ишораи ӯ, яке ба дохили ҳуҷраҳо ва дигаре ба тарафи танурхона бо шитоб рафтанд. Мард калаашро ба чаҳор тараф ёзонд ва бе он ки ба бобо нигоҳ кунад: "Медонем Асрор дар хона ҳаст"— гуфту ба тарафи оғил рафт. Бобо пушти сари ҳам сурфид. Чашмҳояш калон шуданд. Ман маънии ин калоншавии чашмҳоро медонистам. Пойҳоям мисли лабони Бобо меларзиданд. Аз қафои мард рафтем. Бобо дубора бо садои ларзон пурсид: "Аз барои Худо, гӯед чӣ шудааст?..." Ҳамин лаҳза падарамро дидам, ки нарасида ба оғил алафҳои дасташро ба тарафе мепартояд. Модарам ҳам паҳлӯяш. Тез худамро ба ӯ расондам. Либосаш бӯи дуд мекард.

Чашми марди коғазбадаст, ки ба падарам уфтод, бо садои баланд ҳамроҳонашро фарёд кард: “Инҷо биёед, ёфтамаш”-гӯён тез самти ӯ рафту бе ҳич ҳарфе дастҳои падарамро бо як ҳаракати тез, ки дар умрам надида будам, тоб доду ба пушт кашид. Ва ҳалқаи оҳанини овезон дар камарашро гирифта, ба дастонаш зад. Тамоми бутаю ниҳолҳои боқимондаро бо як суръати баланд аз бех решакан карданду ба пушти мошин гузоштанд. Аммо намедонам чаро падарам ҳич коре накард. Бобо мехост пештар равад, ки ҳамин лаҳза он ду нафари дигар омада, ӯро қафо карданду аз ду китфи падарам гирифтанд. Аз қафои онҳо бибӣ ҳашшу ҳушкунон омад. Ношиносҳо намегузоштанд, ки касе наздик шавад. Ман аз дидани он саҳна, ки падарамро сахт гирифта буданд, метарсидам. Айнан гусфанде ки дасту пояшро муҳкам баста, чанд нафар нигоҳаш медоранд, то сарашро буранд. Якбор шоҳиди он ҳолат будам. Ҳоли падарро дида, ҳунгас гиря кардам. Падарам ҳамон гусфанди даступобаста буд дар чанголашон. Рӯяш мисли барф шуда буд. Се тугмаи болоии куртаи зардаш нагузаронда ва мӯйҳои тунуку сиёҳи банди синааш ҳам дида мешуд. Гӯшаҳои шалвори ғиҷимшудааш чанд лакаи сурх дошт. Чашмҳои ӯ ҳам мисли чашмҳои бобою бибӣ калон шуда буданд. Намегузоштанд ӯ ҳарф занад. Бо асабоният чизе гуфтанд, ки боз ҳам нафаҳмидам. Бибию бобо ҳарчанд ба такрор зорикунон далели он корашонро пурсиданд, аммо ҷавобе нашуниданд. Ҳиқ-ҳиқи ману модарам бо овози гову кола меомехт.
Ҳамон тавр ки падарамро ба тарафи дарвоза мекашонданд, аз пушташон давида додзанон пурсидам: “Падарамро куҷо мебаред?” Аммо чизе намегуфтанд. Фақат марди коғазбадаст рӯ ба бобоям гуфт: “Қассобияш бас набуд, Бобои Исмат?”
Ман, ки чизе намефаҳмидам, гиря рӯямро мешуст. Бобо пушти сари ҳам миҷа мезаду ранг дар рӯяш намонда буд.
Вақте аз дарвоза берун шуданд, дубора гирякунон ҳамон суолро аз ношиносҳо пурсидам, ки падарамро куҷо мебаранд. Аммо гӯё кар буданд, ки ҷавобамро надоданд. Фақат падарам гарданашро ба қафо чархонду саросема гуфт: “Натарс Аброр, ҳозир меоям”. Наметавонистам пеши оби дидаамро бигирам. Бобою бибӣ ва модарам ҳам хомӯшона мегиристанд. Чанд марду зани ҳамсоя пеши дарвозаҳояшон истода ба мошини ношиносҳо нигоҳ мекарданд. Яке аз мардҳо дари пуштро кушоду падарамро сахт тела дод, ки савор шавад. Тори сараш ба лабаи тези дари миладори мошин хурд. Вақте мошин ҳаракат кард, чангу ғубор рӯи кӯча хест. Ман пушти чанг ҳунгаскунон то сари чаҳорроҳ давидам…
Офтоб шуъоҳояшро аз рӯи деворҳову тирезаҳо чид ва пушти боми оғил рафт, аммо падар наомад. Ман чизе аз буттаҳо намедонистам. Бобоям низ. Баъд аз шунидани ин хабар бобо сахт касал шуд ва дигар натавонист ба масҷид равад. Хонаамон ҳам дигар мисли пештара серодам нашуд.
Рӯзҳову моҳҳо гузаштанд, аз падар хабаре наомад. Модарам чашмонаш доим тар, бибӣ чизе намедухт. Риши то сина овезони бобо сапсафед ва қоматаш хамтар гашт. Ҳаргиз “он ҷои нағз”-и гуфтаашро ҳам ки намедонистам куҷо буд, надидам. Якбор аз модарам пурсидам ки падарам куҷост ва кай меояд. “Хеле зуд аз Русия бароят дучарха меорад”- гуфту чашмҳояшро молид. Аммо ман дар мактабу кӯча гапҳои дигар мешунидам. Орзу мекардам канорам бошад; бигзор аз фарёдаш гурбаю гунҷишкҳо гурезанд, бигзор даҳонаш бӯи бад диҳад, бигзор шабҳо бевақт ояд. Сахт пазмонаш шуда будам. Хона бефайз буд. Ҳеч вақт натавонистам он се баҳои панҷамро ба ӯ бигӯям…
Анорҳо хамёзакунон аз хоб хестанд. Аммо бибӣ ба хоби ҳамешагӣ рафт. Бобо гуфт, пеши Худо рафтааст. Вақте гуфтамаш, ки ман ҳам мехоҳам Худоро бинам. Ҷангам карду гуфт:— “Ин тур нагӯ, ҳоло навбати ман аст”. Ман фикр мекардам, ки барои дидани Худо, одам бояд навбат гирад.
Ҳоло қаддам ба андозае буд, ки метавонистам аз пушти тиреза даруни анборро бубинам. Дараш қуфл надошт. Дигар касе ҳам ба ҳавлиямон гову гусфанд намеовард. Ҳоло медонистам, ки падар дар онҷо корду табару ресмону намакҳояшро нигоҳ медоштааст. Маънои қассобро ҳам фаҳмида будам…
Машғули бел задани замини боғамон будам. Модар рӯи ҳавлӣ нишаста ҷомашӯӣ мекард, ки бобо нафасзанон аз дарвоза даромаду гуфт: “хезед, хезед, ҳавлиро об занеду рӯбед, Асрор имрӯз меояд”. Ҳич вақт бобоямро ин қадр ҳаяҷонзада надида будам. Модарам шукуфт. Дастҳояшро ба гӯшаи доманаш пок карду саросема аз ҷояш хест. Маро фарёд кард, ки либоси нав пӯшаму мӯйҳоямро шона кунам. Намедонам белро чигуна раҳо кардам. Модар ҳама ҷоро рӯфт. Либоси тоза пӯшид. Базебтар шуда буд. Он рӯз дидам, ки модарам, бо вуҷуди чанд тори мӯи сафеди зери рӯймолаш чиқадар зебо ҳаст. Ба назарам менамуд, ки қомати бобо ҳам рост шуда.
Офтоб охарин партавҳои камрангашро ҷамъ мекард, ки пушти дарвоза садои таваққуфи мошинро шунидем. Даводав аз айвон берун шудем. Марди лоғарандому дароз бо борхалтае дар даст, аз мошин фаромад. Риши баланде дошт. Ӯ падарам буд. Мисли уқоби пире шуда буд, ки болҳояш ба синааш часпидаанд. Дилам тез-тез мезад. Чунин ба назар менамуд, ки мӯи сарашро ба рӯяш кӯчонда бошанд.
Мисли бод ба тарафаш давидам. Хам шуду бағалам кард ва пешониямро бӯсид. Даҳонаш ҳеч бӯе намедод. Фақат пушти дасти чапаш расми сабзранги як баргро дидам. Зери чашмҳои аз ҳадақа берунзадааш беист мепариданд. Бобо ба асояш такя карда, шонаҳояш ором-ором боло-пойин мешуданд. Модарам гӯшаи рӯймолашро мемакид. Вақте аз дарвоза ворид шудем, нигоҳашро мисли бегонаҳо ба чор тарафи ҳавлӣ ва замини холӣ ки ҳич гову кола ва буттае дида намешуд, духт.
Чашмонаш дунболи чизе мегаштанд…

Фирдавси_Аъзам

Достон

Ҳикоя

20.03.2021

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s