КАЛИД


Офтоб ҳанӯз дар дили торикӣ нопайдо буд, ки бедор шудам. Якрост пушти миз омадаму хостам достони кӯтоҳамро вироиш кунам. Аммо дар қисмати поёнии он дармондам. Моҷаро аз ин қарор буд: шахсияти достон, ки дунболи кашфи рози нависандагӣ аст, дар як пиёдаравии субҳгоҳӣ калиди дари хонаи иҷораашро гум кард. Соҳибхона мусофират рафтаву боистӣ ҳафтаи дигар баргардад, қабл аз сафар ҳам гуфта буд телефонаш то бозгашт рӯшан нахоҳад буд. Қаҳрамони достони ман ҳоло пушти дар истодаву намедонад чи тур вориди хона шавад…

Мисли наҷҷоре, ки бо тарошидани танаи чӯб муҷассамае аз он падид меоварад, пайкари матнро бо диққати тамом ҳай тарошидаму суҳон задам. Ва дар тамоми он муддат ба ин меандешидам, ки оё дар халқи шахсияти достонам муваффақ будаам ё на? Тавонистаам паёмамро ба хонанда бирасонам? Оё набзи вожаҳоям тунд метапад ё кунд? Мавзӯъ ва мусиқӣ чӣ тур? Аслан барои чӣ ё кӣ менавиштам? Ва даҳҳо пурсиши дигар, ки мағзамро сӯрох мекард. Дубора мурури сатр ба сатри достон боис шуд эҳсос кунам мағзам қуфл шудааст. Аксҳои қобшудаи рӯи девор нигоҳам мекарданд. Кош яке аз онҳо аз дили девор хамёзакунон бедор мешуд!

Бояд каме қадам мезадам то ҳолати шаҳрбандии зеҳниро пушти сар мегузоштам…

Аввалин шарораҳои камзӯри офтоб ба кундӣ аз пушти тиреза намудор мешуд. Кафшҳоямро пӯшидаму аз хона берун омадам. Ним соат пиёдаравӣ ҳам ҳич лахчаеро дар мағзам рӯшан накард. Аммо ҳаяҷон дар дилам мавҷ мезад. Ният кардам ба китобхонаи шаҳр биравам ва худамро барои соъоте ба суҳбати китобҳо банд созам. Он қадр биистам, ки либосҳоям на, тамоми ҷону танам бӯи китоб бигирад. Чун муҳити ҷодуии онҷо ёрӣ медиҳад то парокандагии андешаҳоямро муназзам кунам.

Бонуи китобдор тоза омада буду пардаҳои тирезаҳои баландро канор мекашид. Чанд нафар пушти мизи хониш нишаста буданд…

Дар бахши адабиёти хориҷӣ, дунболи маҷмӯаи достонҳои кӯтоҳ аз нависандагони саршиноси ҷаҳон будам, то бубинам чӣ роҳнамоие бароям доранд. Фазо оканда аз бӯи қадимии китоб буд. Ҳамон тур ки чидамони қафасаи китобҳоро аз чашм рад мекардам, ногаҳон иттифоқи аҷибе пеш омад. Аз лои анбӯҳи ҷилдҳои хушранг, се китоби ғафс пеши поям уфтода, шурӯъ карданд ба чархидан ва ман дар васати гирдбод қарор гирифтам. Мисли ҳаракати дандонаҳои калид дар сӯрохи кучаки қуфл. Ҳиссе омехта аз шигифтии ғайриқобили тавсиф вуҷудамро фаро гирифт. Баъд аз он ки ба худ омадам, китобҳоро рӯи дастонам дидам. Дуруст, замоне, ки саҳифаи яке аз се китобро варақ задам, якбора мисли ҷоруббарқӣ маро ба даруни худ фурӯ бурд…

Дар фосилаи чашмбаҳамзадан худро дар даҳлезе ёфтам, ки бӯи хоки тоза медод. Гӯшае часпида ба тиреза, рӯи тахт марди миёнсоле бо чеҳраи лоғару рангпарида дароз кашида буд. Чашмҳои фурӯрафтаю хастаашро ба сақфи сафед дӯхта, риши кампушт ва лабҳои камрангаш ба гунаи ғамангез ба ҳам часпида буданд. Канори тахт мизи чӯбии қаҳваиранг қарор дошт, ки болояш чанд дастнавишта, худнавису чароғу акс ва коғазҳои ғиҷимшуда дида мешуд. Зане паҳлӯяш нишаста, бо чумча хӯрокаш медод. Мард ҳар аз гоҳе порчаи сафедеро пеши даҳонаш мебурду месурфид. Рӯи девори тазйиншуда бо наққошиҳо канори бистараш тақвими зардранги овезонро дидам, ки гӯшаи он бо хатҳои дурушт соли 1904-ро нишон медод. Ман аз дунёи худам канда шуда будам? Хона бо сабки меъмории русӣ сохта шуда буд. Нафасе жарф кашида, гулӯямро соф кардам. Мард сарашро бардошт. Айнакашро ором бо нуги ангуштҳои устухонияш боло кашид. Ба чеҳраи пурсишгарам нигоҳе кард ва гуйӣ фикрамро хонда аст, бо садои паст, аммо хурсанд гуфт: “Наздиктар биё”. Намедонам чаро забонам қуфл шуда буд. Дилам бетобӣ мекард. Ба сахтӣ чанд қадам пеш мондам. Мард лаб ба сухан гушуд: “Мепиндорам охирин нафасҳост, ки мекашам. Бигзор қабл аз сафар розеро бароят бигӯям. Як дастурро дар навиштани достон ҳич гоҳ фаромӯш накун. Матн набояд ҳатто як нуқтаи гунг дошта бошад. Ҳамсони ҷаллод бош: бераҳм, ҷасур. Агар дар фасли аввал навиштаӣ туфанге бар девор овезон аст, дар фаслҳои баъдӣ туфангат қатъан бояд шиллик кунад. Фаромӯш накун ки…” – дигар чизе нагуфт. Барои чанд сония пушти сари ҳам сурфид ва дар камоли оромӣ чашмҳояшро аз пушти шишаи айнаки таҳистаконӣ баст. Аз гӯшаи даҳонаш чизе ба ранги сурх берун меомад. Ман дар ҷоям мехкӯб шуда будам. Фарёди зани паҳлӯяш ҷигарамро пора мекард. Эҳсос кардам, ки ҳуҷра барои нафас кашидан ҳаво кам дорад ва сақф пойинтар меояд.

Ҳамон лаҳза аз синаи девор “Мурғи дарёӣ”-е канда шуду ба сӯям омад ва маро бо худ бурд…

Ғарқи ин фикр будам охирин суханаш чи метавонист бошад, ки сар аз ҳуҷраи нимрӯшане баровардам. Баръакси муҳити қаблӣ, инҷо бӯи дарёву моҳии монда ва ҷангал медод. Гӯшае чанд асбоби моҳигирӣ, чакмаҳои баланди сиёҳ ва ресмону дасткаш дида мешуд. Дар ҷой-ҷойи хона метавонистам пӯстҳо ва шоху каллаҳои ҳайвонотро мушоҳида кунам. Деворҳо пӯшида аз тасовири ҳайвонҳои гуногун, қоиқ ва аслиҳаю ҳайкали марди тануманди ришдоре буд. Наққошии бузурги марди сиёҳпуст, ки абзори дарози калидмонанде дар даст дошт, болои оинаи қаднамо дида мешуд.

Ду гурбаи пашмолу пойини пои марди пушти мошини таҳрир, ки тиқ-тиқ чизе менавишт, хур-хур мекарданд. Китфҳои мард уфтода буданд. Мӯйҳои мисли сару риш сафеди анбӯҳи синааш аз миёни пироҳани тугмабозаш дида мешуд. Аз сигори нисфшудаи дохили хокистардон риштаи дуд ба фазо мепечид ва сатҳи миз пур буд аз бастаи коғазу номаҳои боз. Номаеро дидам, ки рӯяш торихи 2 июли соли 1961 навишта буд. Зери ҳамон миз як туфанги дарози шикорӣ ҳам қарор дошт. Вақте ҳузури маро эҳсос кард, чашмҳояшро аз рӯи варақ набардошта, мисли он ки бо худаш гап мезанад, гуфт: “Ҳатман “Теппаҳои чун фил сафед”-амро хондаӣ, марди роҳ”. Мехостам таъйид кунам, аммо боз ҳам забон дар даҳонам начархид. Сарамро такон додам, надид. Мард даст аз навиштан бардошт: “Боз мегӯям; достон бояд монанди кӯҳи ях бошад, ки нависанда фақат як ҳаштуми онро нишон ва ҳафт ҳаштуми аслии онро дар зери об нигаҳ дорад. Яъне достон дар ҳамон бахшҳое, ки навишта намешавад, гуфта мешавад”…

Инро гуфт, сипас оҳи амиқе кашид ва бо дастҳои бузург, аммо ларзон аслиҳаи дулӯлаашро бардошт. Гурбаҳо овозе аз худ бароварданду дур шуданд. Чашмҳои калонамро ба ӯ дӯхта будам. Чине торик зери ҳарду чашм ва пешонии фарохаш дамид. Туфангро пеш аз он ки дар даҳонаш гузорад, ба тасвири рӯи девори рӯбарӯяш нигоҳе кард ва онгоҳ мошаро пахш кард. Тугмаҳои сиёҳи мошини таҳрир сурх шуданд. Эҳсоси одамеро доштам, ки ханҷаре ба ҷигараш фурӯ бурда ва пойҳояшро қатъ кардаанд. Чанд қатра хун рӯи пешонии арақкардаам нишаст. Зонуҳоям суст шуда буданд. Касе ки умре дар пайи сайд буд, ҳоло худ шикор шуд. Гуноҳкор кӣ буд; мошини таҳрир ё туфанг ва ё сарнавишт? Моту мабҳут чашмҳоямро ба наққошии барҷомонда рӯи девор часпонда будам ва наздик буд аз ҳуш равам, ки ногаҳон аз дили девор наҳанги бузурге баромаду маро балъид. Дар тангнои шиками наҳанг мардеро дидам, ки зери лаб чизе мегуфт. Ӯ кӣ буд? Онҷо чӣ мекард? Ҳамин ки ибораи “аз моҳӣ ба моҳ”-ро аз забонаш шунидам, худамро рӯи сатҳи об дидам. Киштии азиме зоҳир шуд ва маро ба соҳил расонд. Ва ҳамонҷо қоличаи парандае маро дар худ нишонду ба маконе овард, ки ҷои сӯзан андохтан набуд. Офтоб гӯйӣ рӯи замин фуромада буд, арақ аз суратам мерехт. Издиҳомеро дидам, ки ба даври каллаашон порчаҳое печида буданд, ки ба лонаи ҷуғд мемонд. Пурсидам: инҷо куҷост? Посух омад: қурбонгоҳ. Дар ҷамъи анбӯҳе аз ҷамъият пирамарде наҳифпайкару хандон дар ҳоли боло рафтан аз поғундаҳое буд, ки ӯро ба пояи дор мерасонд. Ранги ҳама чизу ҳама кас мисли осмони болои сарам хокистарӣ буд.

Баъзе мегиристанду ҷома чок мекарданд ва иддае санг меандохтанду ӯро пайрави шайтон мегуфтанд. Тӯфони шадиде вазид ва ҷасади беҷони овезон дар дорро такон медод. Дар гӯшам “ҳӯ”-е кашиду касе бо садои паст афзуд: “ҷурмаш ин буд, ки асрор ҳувайдо мекард…”. Кадом асрор?…

Ин ҳамаро ба хоб медидам ё руъё? Ва боз ин дафъа худамро рӯи сандалии гушод, дар ҷамъе аз хабарнигорон ёфтам. Сару либосашон мураттаб буд. Касе аз ҳузурам пай намебурд. Гӯӣ номаръӣ будам. Сақфи фарохи болои сарам монанди Ҷоми Ҷам буд, ки чашмҳоям ба он часпиданд. Ҳамчунон ки зеҳнам даргири дунёе буд, ки тоза аз он баргашта будам, ногаҳон тасовире пушти сари ҳам дар ойина зоҳир шуд: шоиреро дар бозори шаҳр гӯсфандвор сар мезананд. Лабҳои мардеро медӯзанд. Деҳқони ришсафедеро кашон-кашон зери пои филҳои маст мебаранд. Рӯи шиками марде кисаҳои пур аз санг мегузоранд, ки дар рӯд ғарқ шавад. Марди кулоҳдореро ҳамроҳи ёронаш тирборон мекунанд. Шоири ҷавоне зери теғи гиютин охарин нафасашро мекашад ва ҷамъе даступобастаро зиндабагӯр мекунанд. Бо гулӯи хушку чашмҳои баромада аз косахона ба сафҳаҳое менигаристам, ки рӯҳамро тика-тика мекард; Дар айвони подшоҳе пеши пои ҷамъе аз ситоишноманависон зар мерехтанд ва амир дастур медод: ҳар қадр даҳонат ҷо дорад, зар бардор. Рӯбарӯи ойина марде мӯяшро ранг медоду дунболи роҳи фарор буд. Китоб дар ойина варақ мехӯрд ва ман дар ҳоли тамошои ваҳшатноктарин филми торих, медидам, ки сарҳои бешуморе дар об ғарқ, пӯстҳое зинда-зинда канда, дасту пойҳои мехкӯбшуда, баданҳое аз нисф бо арра бурида ва ҷисмҳои зиндаро дар оташ месӯзонданд. Ва ҳамчунон, ки мисли бед меларзидам, садое дар гӯшам мегуфт; Дидӣ, ҳамнавъонатро? Оё далели ҳамаи ин бархурдҳои ғайриинсонӣ, чизе ҷуз эътиқодоту боварҳои худсохтаи шахсӣ ва озодиҳои фитрии инсон набуд? Равишҳоеро, ки қонун дастур медод. Қонуне, ки худи инсон ба манзури барқарории “адлу инсоф” офарид ва баргаи сарнавишти инсонҳоро бо баҳои гарон ба худашон фурӯхт. Қонуне, ки ба ҷои ҳимоят, тарсу ваҳшат меофарад. Бо ин ки шояд баъзе аз инҳо мансух шудаанд, аммо теғи бисёре аз муҷозот ҳамчунон тез аст ва оташи ҷаҳаннами сиёҳ дар рӯи замин ҳанӯз рӯшан. Ҷое, ки ҳамнавъон ба хотири иддао ва ҳувиятҳои фарҳангии худ ба ҷони ҳам меуфтанд. Ва башар бо ин ки роҳи калисою масҷиду куништро нағз медонад, аммо ҳанӯз калиди хонаи аслии худашро пайдо накардааст. Нигоҳ доштани чароғи маърифат дар баробари туфонҳои ҷаҳлхези рӯзгор кори осоне нест…

Ман гиҷу мот будам. Руъё аст ин ё хоб ва ё бедорӣ? Пушти сарам касе чунон атсае зад, ки оби даҳонашро пушти гарданам ҳис кардам. Садо гум ва намоиши филм қатъ шуд. Эҳсос мекардам сандалӣ тангтару таҳдортар шуда, маро дар худаш фурӯ мебарад. Чизи пуччандаву газандае зери пӯстам медавид.

Рӯи саҳнаи пеши рӯям, пушти миз марде бо мӯйҳои чун орд сафед ва абруву бурути сиёҳ менишаст. Пушти сараш лавҳаи бузурге ҳамроҳ бо аксе аз ӯ ва тасвири китобе бо номи “Хашму ҳаёҳӯ” гузошта буданд.

Марди бурутдор ба суоли хабарнигори паҳлӯи ман, ки дар мавриди меъёри навиштан аз ӯ пурсида буд, бо ҷиддият гуфт: Иҷоза деҳ чанд калид ба ту бидиҳам. Ҳар нависанда ба чанд чиз дар навиштан эҳтиёҷ дорад: истеъдод, таҷриба, мушоҳида, тахайюл ва инзибот. Ҳич гоҳ аз корат розӣ нашав ва маҳдудае ҳам барои руъёҳоят надошта бош. Бо касе худатро муқоиса накун, фақат саъй кун аз худат беҳтар бошӣ. Ҳич қонуне барои навиштан вуҷуд надорад. Агар бихоҳӣ фақат аз як равия пайравӣ кунӣ, як аблаҳи батамоммаъноӣ. Пас, то метавонӣ, бештар бихону он гоҳ бинавис”.

Вақте инҳоро мегуфт, чашмҳояшро рӯи ман дӯхт. Яъне ӯ ҳам аз дағдағаҳои зеҳниам хабар дошт? Мавҷи ларзандаи кафкӯбӣ аз чаҳор сӯ баромад. Аз ҷо хестам, ки пешаш равам, аммо дар дили ҳамон қарсаку “ҳаёҳӯ” нопадид шудам ва вақте чашмонамро боз кардам, дубора дар ҳалқаи китобҳо будам.

Намедонам замон чи тур гузашт. Акнун аз офтоб нишоне набуд. Китобҳои ғафс дар қафасаҳо ором мехобиданд. Сангинии сарам китфҳоямро хам ва пойҳоямро бемадор карда буд. Оё ин як рӯъё буд ё сафарам ба гузашта воқеият дошт? Бо гардани каҷ ба китобҳо хира шуда будам, ки бонуи китобдор муқобилам зоҳир шуд: “Хушҳолам, ки дубора мебинамат”.

Ӯ ҳам медонист? Пас ман ба ростӣ аз оҳуни торики замон гузашта, ба жарфои бетаҳи торих сафар карда будам? Яъне сафар дар замон?…

Инро ҳам бигӯям, ки баъд аз охирин мақсад, ёдам аст, китобҳо маро ба ҷойҳои дигар бурда буданд;

Бо Толстой чой нӯшидему сари 580 шахсияти румони “Ҷанг ва сулҳ”-аш ҳарф задем. Достоевский нахустин дастхатҳои “Ҷиноят ва мукофот”-ро пешам гузошт ва парда аз асрори афкори ошуфтаи Росколников бардошт. Ҷеймс Ҷуйс ду соати тамом дар бораи нозукиҳои ҷараёни сайёли зеҳн суханронӣ кард. Морсел Прустро дар утоқи нимрӯшане ёфтам, ки зери нури ларзони шамъ охирин қисмати дарозтарин румонашро менавишт. Аз ҳарфҳояш фаҳмидам, ки “ҳама чиз дар рӯди замон ҷорист ва гарди замон ҳама ҷо нишастааст”. Пай ба ин роз ҳам бурдам, ки ӯ асосан ба дунболи гавҳари ростӣ будааст. Вақте гуфтамаш, ки дар батни ҷомеаҳои баста, замон маъние надорад ва инсон ба вазъияти ибтидоӣ бармегардад, чизе нагуфт. Дар ин миён ҳарфҳои Эдгар Аллан По розолуду тарснок буданд. Аммо аз суҳбатҳои Николай Гогол дар бораи достонаш “Бинӣ”, ки дар он бинии як масъули расмӣ сураташро тарк мекунад, хандаам гирифт. Баъдтар мутаваҷҷеҳ шудам, ки танзи талхе пушти ҳарфҳояш нуҳуфта аст. Ҳамин тур муваффақ ба дидору гуфтугӯ бо Моркезу Кофкою Мурокомӣ ва шогирдҳои онҳо ҳам шудам. Онҳо ҳам нукотеро баён фармуданд, ки саратонро ба дард намеорам, хонандаи азизам. Вале аз худам мепурсам: оё онҳо низ ингуна сафарро таҷруба карда буданд?

Аз он саёҳат ба хеле аз суолҳои таланборшуда дар зеҳнам посух ёфтам. Аммо намедонам чаро баъд аз он гашти тӯлонӣ мӯйҳои пеши сарам рехт.

Пушти мизи таҳрир нишастам. Ҳоло бояд дар баробари дунёи махуфи гузашта ба пои сукут менишастаму шамъе рӯшан карда, азо мегирифтам ва ё ин ки қалам тез мекардам? Мане, ки аз дурдасти садаҳои торики торих омада будам. Торихе, ки мудом бордор мешуд ва сарнавишту рӯзгори талху тарсу таҳқиру маргро мезоид. Ман гузаштаро нафас кашида будам. Гузаштае, ки дудастӣ гулӯямро гирифта буд…

Шахсияти достон ҳанӯз дармонда буд аз ёфтани калиди хонааш. Пеши калидсози наздики хона рафт. Ҳарду пушти дари хонаи иҷора қарор гирифтанд. Калидсоз ҷаъбаашро боз кард, ҳалқаи пур аз калидро гирифт. Тақрибан чиҳил калид гирди қуфли дар рафту баргашт, бархе аз онҳо вориди махзан шуданд, вале дандонаҳо мувофиқ наомаданд ва дар кушода нашуд. Калидсоз сигоре рӯшан карду китф дарҳам кашид: бизоатам дар ҳамин ҳад буд, дигар худ донӣ. Ва рафт.

Иҷоранишин табари ҳамсояро гирифт ва қуфлро шикасту вориди хона шуд. Чизе аз ҷояш такон нахӯрда буд ва ҳоло бояд пушти роёна менишаст.

Фирдавси_Аъзам

Достони_кутоҳ

Калид

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s