Китоби “Парчами сафед”-маҷмӯъаи ҳикояҳои Шоҳмансури Шоҳмирзо – нависандаи тоҷик дар Теҳрон равонаи бозор шуд. Китоб фарогири 9 ҳикоя (достон) аз ин адиби тоҷик аст, ки барои хонандаи форсизабон пешкаш шудааст.
Китобро интишороти “Ийҳом”, ки ношири тахассусии адабиёту ҳунар аст, бо шуморагони 500 нусха ва дар 108 сафҳа бо тасвиргарии Фархундабону-духтари адиб ба зевари табъ оростааст.
Шоҳмансури Шоҳмирзо то кунун 4 китоби ҳикоя ва 4 маҷмӯъаи шеър дар Душанбе, Теҳрон ва Деҳлӣ мунташир намуда, наздик ба 30 китоб аз осори адибони тоҷикро ба форсӣ баргардон ва дар Теҳрон ба нашр расонидааст.
Чопи аввали китобҳои ӯ “Боғи шафтолу” (ҳикояҳо, Теҳрон ва Душанбе), “Мехостам паранда шавам” (“Солис”, Теҳрон) ва “Динам ишқ аст” (шеърҳо, “Адиб”) тамом шуда ва қарор аст соли оянда ба нашри дуюм расанд.
Достонҳои ӯ дар миёни хонандагон ва нависандаву мунтақидони Эрон истиқболи гарм ёфт ва маҷаллаи “Бухоро”, Муассисаи Хонаи китоб, нашри “Солис” нишастҳое дар нақду баррасии онҳо баргузор намуданд.
Радиои “Саломат”-и Эрон, ки бештарин шунавандаро дар кишвар дорад, ба далели бархурдор будани ҳикоёташ аз фазоҳои самимию отифии тоҷикона, онро бо садои муаллиф забт ва борҳо пахш кард ва чанд адиби маъруфи эронӣ ба онҳо нақдҳои амиқи таҳлилӣ навиштанд.
Яке аз ноширони маъруф дар Теҳрон қавл додааст осори комили ин нависандаро то охири соли милодӣ бо теъдоди зиёд мунташир намояд.
Муаллифи китоб иллати “Парчами сафед” унвон гирифтани китоби мазкурро чунин шарҳ дод: “Парчами сафед” номи яке аз ҳикоёти инҷониб ва достони яке аз донишмандон аст, ки пас аз бист сол таҳсил дар мадориси Бухоро бо шавқу завқ ба зодгоҳаш-яке аз рустоҳои кӯҳистон бармегардад. Бар хилофи интизор, мардуми омӣ озору азияташ медиҳанд, китобҳояшро ба об меандозанд ва ба баҳонаи инки дар заминаш ….ояи урус-картошка (себи заминӣ) киштааст, ӯро аз деҳа берун мекунанд. Ӯ ба танҳо шогирдаш ҳангоми видоъ васият мекунад: “Танҳо ёдгори ман дар ин олам туӣ, шояд замоне касе ба наздат биёяд ва хоҳиши дарс хондан кунад, дареғ макун”.
Модари шогирд вақте аз хабари тарки диёр кардани устоди писараш огоҳ мешавад, ба ӯ мегӯяд: “Ту ҳанӯз ба бозиҳои рӯзгор ошно нестӣ, писарам. Ҳамин тоифа Бобои Рӯдакиро кӯр карданд. Китобҳои падарбузургам куҷо шуданд? Мекушем, баъд оҳу нола мекунем. То даме, ки нодонҳо бар сари маснаданд, доно хору зор аст. Худат навиштаи санги Сари Меҳробро бароям хондӣ:
Доно ба ҳар диёр азизу мукаррам аст,
Лаънат ба он диёр, ки нодон бувад азиз.
… Шогирд аз фироқи устод ва ҷаҳолати ҳамдеҳагон дучори ҷунун мешавад ва ба хотири тасаллои дили дардманди хеш ду парчам-якеро дар деҳаи худ ва дигариро дар зодгоҳи устод насб мекунад ва ҳар рӯз ҳамчун Робиаи Адавия афтону синахез аз ин парчам ба он парчам мерафту меомад.
Китоби “Парчами сафед” маҷмӯъае тоза, аммо қудратманд аз достонҳои Шоҳмансури Шоҳмирзо аст, ки нависанда нигоҳе ба фарҳанг ва суннатҳои ғании кишвараш-Тоҷикистон андохта ва онҳоро аз зовияи худ шарҳу баст медиҳад.
Вай бо навиштаҳояш хонандаро ба кӯҳҳо, дарёҳо ва рустоҳои афсонаии сарзамини худ мебарад ва тасвире зинда аз мардум ва шеваи зиндагии онҳо тарсим мекунад.
Достонҳои ӯ бо ҳиссе аз асолат ва воқеъгароӣ омехта шудаанд, ки ба онҳо эҳсоси воқеӣ ва қобили рабт медиҳад.
“Парчами сафед” барои ҳар касе, ки алоқаманд ба ковиш дар фарҳанг ва суннатҳои ғании Тоҷикистон аст, асарест хонданӣ.