Ҳамрешаҳо дуруд, манам, ҳамдами шумо
Ровии достони суруру ғами шумо
Эй насли захмдидаи торихи султавар
Рухсат диҳед то бишавам марҳами шумо
Одам ҳамеша зинда ба умеду орзуст
Шодӣ кунед то биравад мотами шумо
Ин девсиратон ба муроде намерасанд
Аз ҳафтхон убур кунад Рустами шумо!
Имон биёваред ба ойини иттиҳод
То душмани палид шавад сархами шумо
Мерақсад ошиқона ба сози насими ишқ
Бар бом-боми хонаатон парчами шумо
Шаб мондагор нест! Тулӯъ мекунад кунун
Хуршед пушти дидаи пуршабнами шумо
Фирдавсии замонаи худ нестам, вале
Меофарам ҳамоса барои ғами шумо
#Фирдавси_Аъзам | #Ғазал | #Ҳамоса |
04.03.2023
Day: March 6, 2023
Шаҳр ва деворҳои машкукаш
Румони тозаи Ҳорукӣ Мурокомӣ (пас аз шаш сол) баҳори имсол мунташир мешавад.
Бино ба иттилои Интишороти Шинчушо (Shinchosha Publishing) аввалин румони Мурокомӣ пас аз охирин асараш дар соли 2017 – имсол дар торихи 13 Апрел мунташир хоҳад шуд.
Аммо феълан фақат ба забони жопунӣ. Ҳанӯз ҷузъиёте дар мавриди тарҷумаи инглисии он гуфта нашудааст. Бо ин ҳол, ҷои нигаронӣ нест, тарҷумаҳо дар роҳанд.
Интишороти Шинчушо навишта аст, ки ин асар дар ду шакл; чопӣ ва диҷитол мунташир хоҳад шуд.
Гуфта мешавад нусхаи жопунии ин асар, ки “Шаҳр ва деворҳои машкукаш” унвон дорад, фарогири 1200 сафҳа аст.
Мурокомӣ 74 сол дорад ва аввалин китоби худро бо номи “Ба овози бод гӯш биспор” дар соли 1979 мунташир кард. Мурокомӣ то ба ҳол беш аз 30 асар навишта ва чандин ҷавоизи муътабарро аз они худ карда аст. Осораш ба беш аз 50 забони дунё тарҷума шуда ва миллионҳо нусха аз он дар хориҷ аз кишвараш ба фурӯш рафта аст. Сабки навиштории ӯ достонӣ, воқеагароии ҷодуӣ, илмӣ-тахайюлӣ ва фаровоқеъгароист.
#Ҳорукӣ_Мурокомӣ
