Featured

Ҳафт Хони Исфандиёр

#ҲАФТ_ХОНИ_ИСФАНДИЁР

Ҳафт Хони Исфандиёр

Дар ин навиштори шогирдона ба ихтисор дар бораи осор ва аҳволи Исфандиёр-ин шоири ринду огоҳ, исёнгар, ватандӯст ва мунтақиди иҷтимоӣ ба сурати гузаро ишора хоҳад шуд ва умедворем дар оянда аз сӯи аҳли адаб таҳқиқу пажӯҳишҳои густардатару амиқе роҷеъ ба шинохти осор, андеша ва ҳунари ӯ сурат бигирад. Шоире ҷӯё ва пӯё ки бунмояи осораш чизе ҷуз дарду ранҷу ормони миллат ва ишқ ба Ватан нест.  Ривоятгари андӯҳи талхи торихие, ки мунҳасир ба худаш нест. Исфандиёр, ба пиндори мани хонанда, як шоири ҷомеашинос низ ҳаст. Ҷомеаи дирӯзу имрӯзашро бо вожаҳои оташинаш воковӣ мекунад. Аксари корҳои иҷтимоии ӯ бозтоби ҳунармандонаи ҳақоиқест, ки ё дар атрофу муҳити ӯ иттифоқ уфтода ва ё дар тӯли торих рух додаву онҳоро бо тамоми вуҷудаш ҳиссу ламс карда. Нигоҳи ӯ ба иттифоқот нигоҳи равонковона аст.

Continue reading “Ҳафт Хони Исфандиёр”
Featured

Орзуям ин аст…

То таваллуди #Табиат рӯзҳои башуморе монда аст. Биёед ба ин муносибат орзу мекунем;

Орзу мекунем, ҳоли ҷаҳону инсонҳо хубтар шавад. Саломатӣ, Сулҳ, Садоқат, Амният, Адолат, Меҳрубонӣ, Огоҳӣ ва Хушбахтӣ дар ҷаҳон ҳукумат кунад ва ҷанг, кина, адоват, бадбахтӣ аз сайёраи мо барои ҳамеша кӯч кунад…

Орзу мекунем бидуниташвиштарин рӯзҳоро пеши рӯ дошта бошем; #бемористонҳо ҷояшонро ба истироҳатгоҳҳо, #зиндонҳо ба осорхонаҳо, #гуристонҳо ба тафреҳгоҳҳо ва #дорухонаҳо ҷояшонро ба китобхонаҳо диҳанд…

Орзу мекунем шонаҳои одамҳо холӣ аз бори сангини ғаму ранҷҳо бошад. Дилҳо шод, чашмҳо беашк, дастҳо пур ва зеҳнҳо ором. Рӯзҳои сиёҳу талх дар гузашта монанд ва рӯзҳои рӯшану ширин сарнавишти одамҳоро рақам бизанад…

Continue reading “Орзуям ин аст…”
Featured

НАМУНАИ ХОНДАНИИ НАСРИ ШОИРОНА ВА МОДЕРН


Субҳони Аъзамзод, Сурайё Ҳакимова

Чанде пеш дар Интишороти «Орван»-и Теҳрон нахустин маҷмӯаи достонҳо (ҳикояҳо)-и шоир ва нависандаи тоҷик Фирдавси Аъзам бо номи «Навҳаи доркӯб» мунташир шуд.
Аҳли хушзавқи мутолиаи Тоҷикистон ва дигар кишварҳои форсизабон то кунун Фирдавси Аъзамро ба унвони шоири нағз мешинохтанд, аммо бо ин асари мансур олами завқу қареҳаи хуби нависандагии ӯ низ ошкор шуд. Бо мутолиаи чанде аз ҳикоёти ин китоб чигунагии арзу тӯли андеша ва афкори мумтози шоир дар қолаби наср қобили дарк ва ташхис аст.
Китоби аввалини нависандаи ҷавон аз шаш достони хонданӣ – «Сафар», «Тоблу», «Ҷудоӣ», «Рақси кабӯтар», «Навҳаи доркӯб» ва «Афсонаи гунҷишкҳо» фароҳам омада ва дар онҳо зуҳуроти мубрами рӯзгори мо аз диди як нафар эҷодгари кунҷков хеле хуб ва назаррас бозгӯ шудааст. Нависандаи саршиноси тоҷик Қодири Рустам дар пешгуфтори китоб қайд карда, ки «дар аввалин маҷмӯаи достонҳои кӯтоҳи Фирдавси Аъзам диди шоирона авлавият дорад, чунон ки шоир эҳсосоту андешаи худро, ки чун дурахши барқ ҳосили ҷарақаи лаҳзае дар қалбу мағзи ӯст, дар қолиби вожаҳо мутаваққиф мекунад ва зиндагии ҷовидонӣ мебахшад».

Continue reading “НАМУНАИ ХОНДАНИИ НАСРИ ШОИРОНА ВА МОДЕРН”

Featured

Сарҳади номус

Чи рафтааст бародар, ки нотавон шудаем?
Ва сарбазертарин мардуми ҷаҳон шудаем!?
На заррае шарафу нангу орамон монда
Ки дастмоли ҳавасҳои ину он шудаем! Continue reading “Сарҳади номус”

Дарахтҳои ҳезумшуда

Бидуни муқаддима….
Вақте ки тавоноии куллӣ дар анҷоми кӯчактарин умур, тасмим ва барномаеро надорем, вақте ки ҳаққи интихобро аз мо салб мекунанд, вақте ки аз рӯи иродаи шахсӣ дар анҷоми коре оҷизу нотавонем, вақте ки гуфтору кирдору рафторамонро бо чаҳорчубаҳо ва ҳадду марзҳои худтаъйиншуда маҳдуд мекунанд ва кунҷкованд, ки бидонанд масалан зершалворамон чӣ рангӣ аст, инҷост ки фотиҳаи Озодиро хондаем.
Торих гувоҳ аст, ки инсон тӯли қарнҳо ҳамеша дар ҷустуҷӯи чароғи Озодӣ будааст, то ки онро ҳамеша рӯшан нигоҳ дорад, аммо бодҳое худсохта ҳамвора дар садади хомӯш кардани он бархостаанд.
Continue reading “Дарахтҳои ҳезумшуда”

Хоҷа Насриддин ба Эрон бозгашт

Китоби “Бозгашти Хоҷа Насриддин” – асари Темур Зулфиқоров – нависандаи соҳибсабки тоҷик дар интишороти “Фарҳанг ва тамаддун” – и Эрон бо забони форсӣ ва шуморагони 500 нусха чоп шуд. Китоби мазкур тавассути Шоҳмансури Шоҳмирзо – адиб ва коршиноси мизи Тоҷикистон дар Муассисаи фарҳангии Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) аз забони русӣ ба форсӣ тарҷума шудааст ва нахустин бор аст, ки Зулфиқоров ба муҳити форсизабонони Эрон, Афғонистон ва дигар минтақаҳои форсизабон ворид мешавад. То кунун ҳеҷ асари Зулфиқоров ба забону хати форсӣ тарҷума нашудааст.
Continue reading “Хоҷа Насриддин ба Эрон бозгашт”