ҶОИЗАИ РОССИЯ БА АДИБИ ТОҶИК

shohmirzo

Чанде кабл Кумитаи ҷоизадиҳии ба номи Лермонтови Россия ба ифтихори 70- солагии нависанда ва шоири ингуш Саид Чахкиев нависанда ва адиби тоҷик Шоҳмирзои Хоҷамуҳаммадро барои китобҳои “Гаҳвораи заррин” ва “Боғи сабзи падар” бо нишони ҷашнӣ қадрдонӣ намуд.
Хамасола ин ниҳод адибони ҷамоҳири собиқ шӯравиро барои тарғибу ташвиқи осори манзум ва мансури адабиёти кишварашон ба арсаи ҷаҳонӣ бо нишон ва шаҳодатнома тақдир мекунад.
“Гахвораи заррин”-и Шоҳмирзои Хоҷамуҳаммад асари дар заминаи мардумшиносӣ таьлифнамудаи муаллиф мебошад, ки асотире аз устураи кӯҳистон аст ва аз тарафи мутахассисони ин ниҳод баҳои баланд гирифтааст.
Шоистаи зикр аст, ки Шоҳмирзои Хоҷамуҳаммад барои китоби «Ахтари зулматсӯз» ва ҳамчунин асари этнографии «Сурмаи дил» соли 2011 низ аз тарафи Академияи Кафкоз бо ду нишони ин ниҳоди муътабар -Ҷоизаи Лермонтов ва 200-солагии пайвастани Кафкоз ба Русия сарфароз шудааст. Ёдовар мешавем, ки Шоҳмирзои Хоҷамуҳаммад бештар дар мавзуъоти фарҳангию иҷтимоӣ менависад ва низ тасвири зиндагии шахсиятҳои шоистаи кишвар аз бахшҳои дигари эҷодиёти ӯст.

Сурайё Хакимова

Фирдавси Аъзам

“Девон”-и Рӯдакӣ дар таҳия ва тавзеҳи донишманди тоҷик бо хатти форсӣ дар Эрон мунташир шуд

“Дево_MG_6328н”-и Устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, нахустин гӯяндаи бономи шеъри форсӣ, ки тавассути Қодири Рустам,муҳаққиқи варзидаи тоҷик дар соли 2007 дар шаҳри Олмотии Қазоқистон мунташир шуда буд, дар Теҳрон бо хатти форсӣ ба нашр расид.Ин “Девон”,ки дар тоҷикӣ таҳти назари доктор Сафари Абдуллоҳ ба чоп расида буд,аз сӯи Шоҳмансури Шоҳмирзо,коршиноси фарҳангии умури Тоҷикистон дар Муассисаи фарҳангии ЭКО бо хатти форсӣ баргардон шуд, тавассути доктор Ҳасани Анўша ,пажуҳишгари саршиноси эронӣ вироиш шудааст.Ношири китоб Муассисаи фарҳангии ЭКО мебошад.
“Девон”-и Рӯдакӣ,ки бо тасҳеҳ, таҳия ва таълиқоту ҳавошии Қодири Рустам омода шудааст,дарвоқеъ барои хонандаи эронӣ ҷаззоб ва пураҳамият хоҳад буд,зеро ҳарчанд бузургтарин пажуҳиш дар бораи Устод Рӯдакӣ ва ашъори ӯ китоби Устоди зиндаёд Саиди Нафисӣ “Муҳити зиндагӣ ва аҳволу ашъори Рӯдакӣ” мебошад,аммо баъд аз нашри ин китоб тақрибан кори мондагор ва пурарзишу академӣ дар мавриди Устод Рӯдакӣ ва осори ӯ дар Эрон ва Тоҷикистон анҷом нашуд ва дар осори мунташиршуда низ иштибоҳ ва камбудҳои фаровон дида мешаванд.
Қодири Рустам дар сарсухани муфассали хеш,ки бар “Девон” нигошта, аз таърихи рӯдакипажуҳӣ дар Эрону Тоҷикистон,Русияву Покистон ва дигар кишварҳо дар 50 соли ахир ёдоварӣ намуда, дар бораи вуҷуд надоштани матни нисбатан саҳеҳ ва комили осори Устоди шоирон изҳори таассуф намудааст. Муаллиф сипас дар идома матни саҳеҳ ва дурусти ашъори Рӯдакиро,ки иборат аз қасида, ғазал,қитъа,пораҳои бозмонда ва рубоиёт мебошанд, меоварад ва ба шарҳу тафсири онҳо мепардозад,ки бидуни шак муҳимтарин қисмати “Девон”- и мазкур аст ва барои алоқамандону аҳолии фарҳанг арзиш ва аҳамияти фаровон дорад, чунки муҳаққиқ бо такя бар манобеъи мавҷуд ҳамаи костӣ ва норушаниҳоро дар ин замина рафъ намуда ва нусхаи саҳеҳ ва дур аз ғалати шеъри соҳибқирони шоириро дар ихтиёри хонанда қарор медиҳад.
Низ дар бораи абёти дигарон,ки ба номи Рӯдакӣ забт шудаанд ва ин иштибоҳро, ки дерест дар адабиётшиносӣ ба як муъзал табдил ёфтааст, мавриди баррасии амиқ қарор медиҳад,зеро таври маълум дар пажуҳишҳои анҷомшуда дар бораи падари шеъри форсӣ бисёре аз абёт ва ашъори ӯ ба шоирони дигар, аз ҷумла Шаҳиди Балхӣ, Абӯшакури Балхӣ, Абулмасал, Абулаббоси Бухорӣ, Шокири Бухороӣ, Кисоии Марвазӣ, Тайёни Марвазӣ, Оғоҷӣ, Фирдавсӣ, Фаррухӣ, Унсурӣ, Алии Қарти Андигонӣ… мансуб шудаанд ё баръакс ашъори шоирони дигарро ба Рӯдакӣ мансуб донистаанд,ки муҳаққиқи мудаққиқ парда аз рӯи ин сӯитафоҳумот бармедорад.
Дар бахши тавзеҳот Қодири Рустам бо такя бар манобеъ ва навиштаи луғатномаю фарҳангҳои муътабар ва овардани мисол ва намунаҳои зиёд сурати саҳеҳи вожагон ва мисраъ ва таркибҳои ашъори шоирро собит месозад,ки манобеъи мавриди назари ӯ 79 китоб ва 13 мақола аз аҳли таҳқиқи кишварҳои мухталиф мебошанд.Divane Roudaki
Ҳамчунонки Ҳасани Анўша дар номае ба Муассисаи фарҳангии ЭКО менависад: “Мусаҳҳеҳи муҳтарам якояки ашъори бозмондаи Рӯдакиро ковида, нуктаҳои дақиқ ва санҷидае аз онҳо берун кашида ва тавзеҳоти рӯшангаре дар бораи онҳо додааст.Эшон дар ин тавзеҳот бар бисёре аз гӯшаҳои торики ашъори Рӯдакӣ рӯшанӣ афканда ва аз ибҳомоти он парда бардоштааст.Афзун бар ин оқои Рустам абёти тозае аз сурудаҳои Рӯдакиро, ки аз баракати чопи порае аз мутуни куҳан пайдо шудаанд. аз онҳо берун кашида ва ба “Девон”-и Рӯдакӣ афзудаанд ва бар порае абёти мунтасаб ба Рӯдакӣ,ки дар дафтар ва девони шоирони дигар пайдо шудаанд,хати бутлон кашидаанд.Истиботҳо ва истидрокҳои эшон дар тавзеҳот,ки шумори онҳо ба понсаду шаст мерасад, дар бисёре маворид дуруст ва пазируфтанист….Кори эшон,ки бар пояи заҳмати дигарон, бавижа устод Саиди Нафисӣ ва Абдулғанӣ Мирзоев устувор аст, мунаққаҳтарин (поккардашуда, каломи ислоҳшуда) ва дақиқтарин пажуҳиш дар бораи Рӯдакӣ боқӣ хоҳад монд”.
Доктор Ҳуҷҷатуллоҳи Аюбӣ, раиси Муассисаи фарҳангии ЭКО дар пешгуфторе, ки бар “Девон” навишта, бар аҳамияти ҷойгоҳи Устоди шоирон дар адабиёти форсӣ ва ҷаҳон ва низ зарурати анҷоми пажуҳишҳои бештар ва амиқтар дар ин заминаро таъкид менамояд ва менависад:”Дар мавриди зиндагӣ ва осори қофиласолори шеъри форсӣ,ки ба қавли Абулфазли Балъамӣ – таърихнависи номдор “ӯро дар Араб ва Аҷам назир нест”,ҳазорон таҳқиқ ва пажуҳиш ва мақолаву рисола дар Шарқу Ғарб аз сӯи аҳли адаб чӣ дар гузашта ва чӣ имрӯз бо забонҳои мухталиф анҷом шуда,ки ҳамагӣ бар ин нукта таъкид доранд: Рӯдакӣ шеъри форсиро бунёд ниҳод ва ба масобаи хуршедест,ки анвори он бар ақсо нуқоти ҷаҳон метобад ва қалби олиму омиро мунаввар мекунад.
Шеъри Рӯдакӣ бо онки бархе онро як миллиону сесад ҳазор мисраъ гуфтаанд ва аз газанди рӯзгорон танҳо ҳазор мисраъ то ба рӯзгори мо расида, таровату тозагии худро аз даст надода,балки бо мурур шоху ҷавонаҳои нав аз ин дарахт бармерӯяд ва то гӯши суханшунав боқист,сарводаҳои ӯ боқӣ хоҳад монд. Далели ин шоистагӣ ҳамоно мавзўъи мондагори онҳо – некӣ ва накукорӣ, хирадварзӣ, дӯстӣ, гузашт, адолат ва муҳаббат будаааст.”
Фирдавси Аъзам,
PC:
“Девон”-и мазкур бо хатти Устод Муҳаммади Ҳайдарӣ, устоди хат ва хушнависии Эрон тазйин ёфта ва бо шуморагони 2000 мунташир шудааст.
“Девон”-и Рӯдакӣ дар ҳамоиши фарҳангӣ ҳунарии кишварҳои форсизабон, ки бо ҳиммати Муссисаи фарҳангии ЭКО дар ҳафтаи гузашта дар Теҳрон барпо шуд, бо ҳузури аҳолии фарҳанг ва ҳунар дар “Толори Шамс”-и ин Муассиса, рӯнамоӣ гардид.

“Боғи сабз” -и нависанда ба бар нишаст

Чанде қабл  нашриёти “Андеша” дар шаҳри Хуҷанд асари тозаи нависанда ва адиби хушсалиқаи тоҷик устод Шоҳмирзо Хоҷамуҳаммадро бо теъдоди 235 саҳфа таҳти унвони “Боғи сабзи падар”  ба чоп расонд. Асари мазкур дар бораи зиндагӣ ва фаъолиятҳои сутудаи Муҳаммадамин Шарифов – яке аз симоҳои матраҳи соҳаи маориф ва фаъоли ҷамъиятӣ ҳикоят мекунад. Қаҳрамони ин китоб дар ҳарду Масчоҳ – ҳам кўҳна ва ҳам нав солҳои сол дар хизмати мардум буд ва нависанда кӯшидааст дар пешорӯи хонанда симои ин зиёии пешқадам, хайрхоҳ, ботадбир, саховатманд, аҳли салоҳ ва дар маҷмўъ инсони намунаро муҷассам созад. Continue reading ““Боғи сабз” -и нависанда ба бар нишаст”

“Гаҳвораи заррин” – и Шоҳмирзо Хўҷаев нашр шуд

 Чанде қабл нашриёти “Меъроҷ” асари тозаи нависандаи тоҷик Шоҳмирзо Хўҷаев (Хоҷамухаммад)- ро таҳти унвони “Гаҳвораи заррин” ба нашр расонид. Ин асар устурае аз асотири кўҳистонист, ки ҳақиқате аз ҳақиқатҳои урёнро дар худ таҷассум намудааст. Дар асари мазкур аносири далелу исбот, масалу макол, илму дин, назму наср, ҳаҷву фантастика чун тору пуд ба ҳам омехта, дар ниҳоят  навиштае хонданй ба бор омадааст, ки кас аз мутолиаи он манзараи дилангези Лангари Мастчоҳ ва шуҷоату набардҳои рустамонаи сокинонашро пеши чашм хоҳад дид.

Нависанда дар ин асар аз нозукиҳои рўзгори мардуми  деҳаи Лангари Кўҳистони Мастчоҳ ба хонанда иттилоъ медиҳад. Ин асарро метавон  шиносномаи Лангар донист.

 Дар пешгуфтори асар шоири тоҷик Маликнеъмат  мегўяд, ки “Фалсафаи ” Гаҳвораи заррин”  ҳар нафареро, ки гунахкор ва баландандеш бошад, суи худ рох намедихад, пок ва мубарро чун дили хар фарди кухистон аст.”

 Зимнан ёдовар мешавем, ки Шохмирзо Хуҷаев зодаи нохияи Мастчох, узви Конфедератсияи байналхалкии журналистон, муаллифи китобхои “Сурмаи дил” (хамрох бо писараш Шохмансур) , “Гулшани дилхо” ва “Касидаи ҷавонмардй”  буда “Ахтари зулматсуз” асари ҷахорумини уст, ки аз рузгору корномаи Кахрамони Мехнати Сотсиалистй зиндаёд Навруз Раҷабов хикоят мекунад.

Шоистаи зикр аст, ки  Шохмирзои Хоҷамухаммад барои китоби “Ахтари зулматсуз” ва хамчунин асари этнографии “Сурмаи дил” аз тарафи Академияи Қафқоз барандаи ду нишони ин ниходи муътабар -Ҷоизаи Лермонтов ва 200-солагии пайвастани Қафкоз ба Русия шудааст.

“Гахвораи заррин” асари ҷадиди муаллиф  асотире аз устураи кухистон мебошад, ки дар мавриди мардумшиносй низ бахс мекунад.

Фирдавси Аъзам