Featured

Ҳафт Хони Исфандиёр

#ҲАФТ_ХОНИ_ИСФАНДИЁР

Ҳафт Хони Исфандиёр

Дар ин навиштори шогирдона ба ихтисор дар бораи осор ва аҳволи Исфандиёр-ин шоири ринду огоҳ, исёнгар, ватандӯст ва мунтақиди иҷтимоӣ ба сурати гузаро ишора хоҳад шуд ва умедворем дар оянда аз сӯи аҳли адаб таҳқиқу пажӯҳишҳои густардатару амиқе роҷеъ ба шинохти осор, андеша ва ҳунари ӯ сурат бигирад. Шоире ҷӯё ва пӯё ки бунмояи осораш чизе ҷуз дарду ранҷу ормони миллат ва ишқ ба Ватан нест.  Ривоятгари андӯҳи талхи торихие, ки мунҳасир ба худаш нест. Исфандиёр, ба пиндори мани хонанда, як шоири ҷомеашинос низ ҳаст. Ҷомеаи дирӯзу имрӯзашро бо вожаҳои оташинаш воковӣ мекунад. Аксари корҳои иҷтимоии ӯ бозтоби ҳунармандонаи ҳақоиқест, ки ё дар атрофу муҳити ӯ иттифоқ уфтода ва ё дар тӯли торих рух додаву онҳоро бо тамоми вуҷудаш ҳиссу ламс карда. Нигоҳи ӯ ба иттифоқот нигоҳи равонковона аст.

Continue reading “Ҳафт Хони Исфандиёр”
Featured

Он рӯзи талх падарамро бурданд

Ҳанӯз ҳам он рӯзи талхро ба ёд дорам…
Гӯшаи ҳавлӣ, зери дарахти бебарги себ зери нури мулоими офтоб бозӣ мекардам. Боди мулоим гоҳ-гоҳе варақҳои китоби суратдорамро бо нармӣ мекушод. Модарам дар танурхона, ки сақфаш мисли мӯйҳояш сиёҳ буд, нон мепухт. Падарам байни ниҳолу алафҳои атрофи оғил меҷунбид. Садои гову гусфанд гоҳе ба гӯшам мерасид. Гурбаи хокистариям, бидуни он ки нӯл задани гунҷишкҳоро халал расонад, худашро ба танаи ниҳоли хурмо мемолид. Бобо, бо остинҳои барзада таҳмондаи оби обдастаро ба бехи гулҳои лаби боғча рехту наздам омад. Қадди баландашро хам карду дасташро ба мӯйҳоям кашид ва бо лабханд ба ниҳоли канори боғча ишора карду гуфт: “ҳамин ниҳоли себ, ки ба бор омад мактабравак мешавӣ баррачаи бобо…»

Continue reading “Он рӯзи талх падарамро бурданд”
Featured

Сафар


-Фақат бардагон хомӯшанд.То забону мағзам кор мекунад, ҳақиқатро хоҳам гуфт. Ғайр аз ин ҳунаре надорам, ҳоло ҳар коре мехоҳед бикунед-инҳоро гуфту гӯширо дар кисааш гузошт ва вориди мағозаи пур аз муштарии кӯдакон шуд.

Асбоббозиҳоро аз пушти айнакаш яке – яке нигоҳ кард ва дар назди лухтакҳо қарор гирифт. Якеро, ки чашмони сиёҳ дошт, рӯи даст гирифт ва пешу пушташро гардонд ва чанд лаҳза муқобили чашмонаш нигоҳ дошт. Гӯё мехост вокуниши духтарашро тасаввур кунад. Зоҳиран интихобаш ҳамин аст. Онро ҳамроҳ бо ойинае, ки ду тараф дошт ва як тарафаш тасвирро калон нишон медиҳад, пеши мағозадор – зане, ки чашмонаш кабуди шаффофанд ва ба сӯяш табассум мекунад, гузошт. Марди ҷавон дар ҳоле, ки мунтазир буд, пеши сари каммӯяшро хорид. Зан лухтаку ойинаро ба дастгоҳ наздик бурд ва мошинҳисоб қимати онҳоро чоп кард.
Мард ҷузвдонро рӯи миз гузошт ва корташро ба фурӯшанда дароз кард. Бо худкор рӯи тӯҳфаҳои бастабандишуда навишт: “Тақдим ба духтарам – илоҳаи орзуҳои ман, зодрӯзат муборак!”.
Бо покете, ки асбоббозиҳо дар он қарор дода шудаанд аз мағоза хориҷ мешавад.

Continue reading “Сафар”
Featured

НАМУНАИ ХОНДАНИИ НАСРИ ШОИРОНА ВА МОДЕРН


Субҳони Аъзамзод, Сурайё Ҳакимова

Чанде пеш дар Интишороти «Орван»-и Теҳрон нахустин маҷмӯаи достонҳо (ҳикояҳо)-и шоир ва нависандаи тоҷик Фирдавси Аъзам бо номи «Навҳаи доркӯб» мунташир шуд.
Аҳли хушзавқи мутолиаи Тоҷикистон ва дигар кишварҳои форсизабон то кунун Фирдавси Аъзамро ба унвони шоири нағз мешинохтанд, аммо бо ин асари мансур олами завқу қареҳаи хуби нависандагии ӯ низ ошкор шуд. Бо мутолиаи чанде аз ҳикоёти ин китоб чигунагии арзу тӯли андеша ва афкори мумтози шоир дар қолаби наср қобили дарк ва ташхис аст.
Китоби аввалини нависандаи ҷавон аз шаш достони хонданӣ – «Сафар», «Тоблу», «Ҷудоӣ», «Рақси кабӯтар», «Навҳаи доркӯб» ва «Афсонаи гунҷишкҳо» фароҳам омада ва дар онҳо зуҳуроти мубрами рӯзгори мо аз диди як нафар эҷодгари кунҷков хеле хуб ва назаррас бозгӯ шудааст. Нависандаи саршиноси тоҷик Қодири Рустам дар пешгуфтори китоб қайд карда, ки «дар аввалин маҷмӯаи достонҳои кӯтоҳи Фирдавси Аъзам диди шоирона авлавият дорад, чунон ки шоир эҳсосоту андешаи худро, ки чун дурахши барқ ҳосили ҷарақаи лаҳзае дар қалбу мағзи ӯст, дар қолиби вожаҳо мутаваққиф мекунад ва зиндагии ҷовидонӣ мебахшад».

Continue reading “НАМУНАИ ХОНДАНИИ НАСРИ ШОИРОНА ВА МОДЕРН”