
Бино ба иттилои сардори бозрасии давлатии автомобилии раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд Сафаров Мирзо Нуралиевич шумораи бонувони ронанда дар ин вилоят афзоиш меёбад.
Сафаров Мирзо Нуралиевич сардори бозрасии давлатии автомобилии раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд мегӯяд, имрузҳо таҳлилу мушоҳидаҳо ҳоки бар он аст, ки омӯхтани ронандагӣ барои ҳар як зан манфиъатовар мебошад ки ин далел бар некуаҳволии ҳаёти ҷомеа маҳсуб меёбад. “Дар ҳар як гуруҳи иборат аз 30 нафара бонувон 20-40 фоизро ташкил медиҳанд, ки ин худ гувоҳи афзоиш ёфтани мизони бонувони ронанда дар Суғд аст”.
Дидани занҳои тоҷик дар сари фармони мошин воқеан як падидаи ҷадиде дар ҷомеаи ин кишвар маҳсуб меёбад. Ҳарчанд, ки дар Аврупо ё Амрико ё умуман мамолики ғарби дидани занҳо ва бонувон дар паси фармони мошин кори ғайримуқаррари нест, аммо ин падида дар кишвари мо воқеан нав ба шумор меравад. Замони пеш , дар Тоҷикистон кори ронандаги асосан бар души мардон буд, аммо ҳоло дидани занҳои тоҷик дар сари фармон имконпазир аст.
Занон бо дар назарадошти баробарии ҳуқуқҳои худ бо мардон худро ҳамсаф ва ҳампаҳлу бо мардон медонанд. Имрузҳо ҷомеаи башари шоҳиди тараққиёти бесобиқаи технология ва ҷаҳонишави мебошад ва дар ин росто занҳо низ ҳамқадаму ҳамгоми мардҳо буда аз чунин имконоти ба даст омада корбурди фаровоне мекунанд ва дар ҳама соҳот даст доштани худро ошкор мекунанд. Далели ин гуфтаҳо дар соҳоти мухталифи ҷомеа фаол будан, дар пешбурди умури давлати саҳм доштан ва ниҳоят дар сари чанбараки рул дидани бонувони тоҷик аст, ки ин бидуни тардид ба фаол будани занҳо дар ҷомеаи кишвар далолат мекунад.
Коршиносон ва ҷомеашиносон далели афзудани шумораи занҳои ронандаро дар баланду беҳ шудани сатҳи зиндагии онҳо медонанд ва ронандагии бонувонро ҷонибдори мекунанд.
Ҳамсуҳбати ман, ки худро Муҳаммадюсуф ном гирифт мегуяд, ки падидаи ронандаги дар миёни бонувони тоҷик беҳтарин иқдом аст. Ҳамсару як духтари у соҳиби ҳуҷҷати ронандагиянд. Ба бовари ҳамсуҳбатам зане, ки мошини худро дорад дар алоҳидаги пайи кор меравад, беҳтар аз он аст, ки дар нақлиёти умуми тан ба тан бо мардони бегона бошад.
Ҷура Юсуфи муовини сардабири нашрияи “Вароруд” падидаи ронандагии занҳоро дастгири карда мизони болоравии шумори занҳои ронандаро маҳз баъд аз Истиқлолият хусусан дар 10 соли ахир кобили зикр медонад. У мегуяд дар 10 соли охир шумори бонувони мошинсавор чи дар Хуҷанд ва чи дар дигар шаҳру навоҳии Суғд ру ба афзоиш аст ва ҳоло мушоҳида мешавад, ки дар курсҳои ронандаги шумори ҷавонону духтарон қариб баробар аст.
Аҷиб ин аст, ки ҳатто дар деҳот ҳам занону духтарон паси рул менишинанд ва дигар ин касеро ба тааҷҷуб намеоварад. Занон аз воситаи нақлиёт барои соҳибқори ҳам истифода мебаранд (таксирони, боркашони), ки ин падидаи хуб аст. Муродова Раъно сокини ноҳияи Мастчоҳ аз ҷумлаи чунин занҳои ронанда аст, ки тули зиёда аз 15 сол таксирон мебошад. Ёдовар мешавем, ки хонум Раъно Муродова дорандаи унвони Аълочии маорифи халқ буда ва мошинро барои хидматҳои шоистааш туҳфа гирифтааст. Хонум Раъно мегуяд мошин дар ҳаёти шахсии у воситаи хеле мусоидаткунанда буда, кору бори уро осон мекунад.”Ман дар ҳама ҳолат ва дар ҳама ҷо аз мошини худ истифода мекунам”
Агар дар воқеъ шумори занҳои мошинрон зиёд шуда бошад, ин натиҷаи баланд рафтани сатҳи зиндагии мардум аст.
Гуруҳе аз соҳибандешон иллати паси фармон нишастани бонувонро агар аз як тараф дар беҳбудии сатҳи зиндагии мардум донанд, аз тарафи дигар аз ҷониби Ҳукумат таъмин набудани мардум бо нақлиётҳои лозимаи ҷамъияти медонанд.
Омилҳои афзоиши ронандагон аз ҷинси латиф дар болоравии сатҳи беҳдошти зиндагии як зумра аз тоифаи мардум мебошд, ки имконияти харидории мошинро доранд
Мунаввара Бутаева Сарвари маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим дар вилояти Суғд яке аз он бонувонест, ки чандин сол боз паси фармони мошин нишастан ба у муяссар гаштааст. У 5 сол инҷониб мошин меронад. Ва аз ин хеле хушаш меояд, ки дар паси рул нишаста кору бори хешро иҷро мекунад. Барои хонум Бутаева мошинрони аз руи ҳавову ҳавас набуда балки бо воситаи доштани мошин пеш аз ҳама ба ҷойи кор сари вақт ҳозир шудан, ба бозор рафтан, ашёҳои зарурии рузгорро харидорӣ карда, дар ҷустуҷӯи таксӣ ё интизори микроавтобус нашудан, бо воситаи мошинаи шахси ба манзил рафтан мебошад.
Mушкили таъмин набудани мардум бо воситаҳои нақлиёти ҷамъияти дар тамоми марокизи шаҳру навоҳии кишвар вуҷуд дорад, ки ин албатта мардумро хосса ҷинси латифро ба харидану истифодаи мошин сабаб мегардонад, Қисми зиёде аз ҳамсуҳбатонам дар сари ҷанбари мошин будани занро дастгири мекунанд ва норизоии худро аз мошинҳои хизматрасони баён медоранд, ки ронандаҳо аз меъёри муқарраршуда истифода накарда бо нақзи қоъидаҳои ҳаракат ду маротиба мусофир мегиранд, ки ин хилофи қавонини ронандагист зеро вақте, ки дар як “газел” понздаҳ ҷоёи нишаст бошад, ронандагони “муҳтарами” мо бисту панҷ нафарро мегиранд, ки зану мард болои ҳам менишинанд, сипас мардони ба номусу занҳои ҳалим ба хотири аз ин гуна воститаҳои нақлиётии ҷамъияти истифода накарда мошинҳои шахсии хешро истифода мекунанд, ки ин ҳам қобили дастгирист.
Бино ба гуфти хонум Мунаввара нигоҳубини мошин аслан хоси мардон аст, аммо у баҳри он мекӯшад, ки ягон нуқсони техникӣ дар автомобили худ мушоҳида накунад ва тамоми нозукиҳои ронандагиро азхуд намояд. Мавсуф ҳар моҳе мошинашро аз муоинаи техникӣ дар назди мутухассиси мошин мегузаронад. Сарвари маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим дар вилояти Cуғд муътақид аст, ки занҳо дар рондани мошин хеле эҳтиёткоранд, ҳеҷ гоҳ бо суръати баланд мошинро намеронанд, пиёдагардонро ҳамеша роҳ медиҳанд. Маҳз ин хислатҳои занон имкон медиҳанд, ки фалокатҳо ва садамаҳои нақлиёт камтар рух диҳад.
Ҳамчунин Озода Қулова яке дигар аз бонуи суғдист, ки паси фармони мошин нишастан ба у низ муяссар гаштааст. Озода мегуяд, ки аз хурди ин орзуро доштааст. У мегуяд мошин дар пешрафти кораш хеле мусоидат мекунад ва хар ҷо ки хост , метавонад бо мошини худ рафта, ниёзманди такси ё каси дигар нашавад.
Воқеан дар Суғд чунин занхое кам нестанд ва ҳама аз истифодаи мошин барои мусоидат дар умури худ ёдовар мешаванд на барои тафреху худнамои.
Сардори бозрасии давлатии автомобилии раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд Сафаров Мирзо иддао мекунад, ки ҳарчанд занон дар муқоиса бо мардон дар рондани мошин эҳтиёткоранд, аммо мушкилии аслии онҳо ин аст, ки наметавонанд мошини дар роҳ вайроншудаи худро таъмир кунанд.
Бо назардошти ин иддао хонум Муродова Раъно мегуяд, ки дар тули 15 соли ронандагии худ муваффақ шуда то аксар қисмҳои мошинашро омухта ва дар таъмиру дуруст кардани онҳо то андозае махорати комил пайдо кунад
Бо ин вуҷуд муовини сардабири нашрияи “Вароруд” Чура Юсуфи маслиҳат медиҳад ки ронандагии занҳо бояд дар асоси шиори “Оҳиста рав – пайваста рав!” бошад.
Хамон тавре рушан мешавд ронандагии занхо асосан бар асоси ниёзхои чомеа сурат мегирад . Бехтар мебуд чомеа ба сатхе аз таьминот ва худшиноси ва огохи мерасид,ки хар кас дар он ба кори худ машгул мешуд…соддатар карда гуем занхо ба кори худ ва мардхо ба кори худ….Албатта касе инкор намекунад ки ронандагии занхо барои ниёзхои шахси кори нораво нест ,аммо маҷбур шудани онҳо ба ронандаги ба хотири таьмини рузгор аз кабили рондани мошини мусофиркаш ва боркаш коре нест,ки дар дарозмудат ба суди ҷомеа бошад. Модаре,ки ба ингуна корҳо банд аст фурсати кофи барои тарбия ва умури хонаро нахохад дошт….
Чуноне,ки Фирдавсии бузург мегуяд
Занонро бувад бас ҳамин як ҳунар
Ки шинанду зоянд шерони нар
Like this:
Like Loading...