Featured

НАМУНАИ ХОНДАНИИ НАСРИ ШОИРОНА ВА МОДЕРН


Субҳони Аъзамзод, Сурайё Ҳакимова

Чанде пеш дар Интишороти «Орван»-и Теҳрон нахустин маҷмӯаи достонҳо (ҳикояҳо)-и шоир ва нависандаи тоҷик Фирдавси Аъзам бо номи «Навҳаи доркӯб» мунташир шуд.
Аҳли хушзавқи мутолиаи Тоҷикистон ва дигар кишварҳои форсизабон то кунун Фирдавси Аъзамро ба унвони шоири нағз мешинохтанд, аммо бо ин асари мансур олами завқу қареҳаи хуби нависандагии ӯ низ ошкор шуд. Бо мутолиаи чанде аз ҳикоёти ин китоб чигунагии арзу тӯли андеша ва афкори мумтози шоир дар қолаби наср қобили дарк ва ташхис аст.
Китоби аввалини нависандаи ҷавон аз шаш достони хонданӣ – «Сафар», «Тоблу», «Ҷудоӣ», «Рақси кабӯтар», «Навҳаи доркӯб» ва «Афсонаи гунҷишкҳо» фароҳам омада ва дар онҳо зуҳуроти мубрами рӯзгори мо аз диди як нафар эҷодгари кунҷков хеле хуб ва назаррас бозгӯ шудааст. Нависандаи саршиноси тоҷик Қодири Рустам дар пешгуфтори китоб қайд карда, ки «дар аввалин маҷмӯаи достонҳои кӯтоҳи Фирдавси Аъзам диди шоирона авлавият дорад, чунон ки шоир эҳсосоту андешаи худро, ки чун дурахши барқ ҳосили ҷарақаи лаҳзае дар қалбу мағзи ӯст, дар қолиби вожаҳо мутаваққиф мекунад ва зиндагии ҷовидонӣ мебахшад».

Continue reading “НАМУНАИ ХОНДАНИИ НАСРИ ШОИРОНА ВА МОДЕРН”

Featured

“Навҳаи доркӯб” – и Фирдавс дар Теҳрон шунида шуд

Хонандагони форсизабон то кунун Фирдавси Аъзамро ба унвони шоир мешинохтанд, акнун аз тариқи достонҳои ӯ бо андеша ва афкори вай ошно хоҳанд шуд. Интишороти “Орван” дар шаҳри Теҳрон нахустин маҷмуъаи достонҳои ин шоири тозабаёнро бо номи “Навҳаи доркӯб” бо хати форсӣ мунташир кард.

Continue reading ““Навҳаи доркӯб” – и Фирдавс дар Теҳрон шунида шуд”

Featured

Сарҳади номус

Чи рафтааст бародар, ки нотавон шудаем?
Ва сарбазертарин мардуми ҷаҳон шудаем!?
На заррае шарафу нангу орамон монда
Ки дастмоли ҳавасҳои ину он шудаем! Continue reading “Сарҳади номус”

Featured

ИНЧО ФАЛАСТИН АСТ

Дар саҳнаи замин
Рақси гулӯлаҳост
Хунрезиву асорату куштору тиру ҷанг
Шаҳре харобгаштаву тифле миёни хун
Овози даҳшатовари бумбу туфангҳост
Инҷо Фаластин аст!
Инҷо ҳалокат асту шаҳодат, таҷовуз аст
Овози гиряҳои ҳазорон фариштаҳо
– Ин кӯдакони аз падару модарон ҷудо
Сад сояи шикаставу сад рӯҳи бенаво
Ҷое, ки осмони сиёҳаш гирифта аст
Борони ҷангу ҳодиса ба боми хонаҳо
Саррез мешавад…
Continue reading “ИНЧО ФАЛАСТИН АСТ”

#АҲЗОБИ_ЧОПЛУС

Оҳой! муддаиёне, ки хуб “машҳуред”
Бидуни баҳрае аз донишеду мағруред!

Шумо ба анҷумани боди сард пайвастед
Ки қотилони ҳазорон чароғи гулнуред

Ба лутфи Мансабу Қонун чи зулмҳо кардед
Ки узви “Маҷлиси шӯрои дасти пурзӯред”
Continue reading “#АҲЗОБИ_ЧОПЛУС”

Дарахтҳои ҳезумшуда

Бидуни муқаддима….
Вақте ки тавоноии куллӣ дар анҷоми кӯчактарин умур, тасмим ва барномаеро надорем, вақте ки ҳаққи интихобро аз мо салб мекунанд, вақте ки аз рӯи иродаи шахсӣ дар анҷоми коре оҷизу нотавонем, вақте ки гуфтору кирдору рафторамонро бо чаҳорчубаҳо ва ҳадду марзҳои худтаъйиншуда маҳдуд мекунанд ва кунҷкованд, ки бидонанд масалан зершалворамон чӣ рангӣ аст, инҷост ки фотиҳаи Озодиро хондаем.
Торих гувоҳ аст, ки инсон тӯли қарнҳо ҳамеша дар ҷустуҷӯи чароғи Озодӣ будааст, то ки онро ҳамеша рӯшан нигоҳ дорад, аммо бодҳое худсохта ҳамвора дар садади хомӯш кардани он бархостаанд.
Continue reading “Дарахтҳои ҳезумшуда”